Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї
ИРОДА ВА СИФАТЊОИ ИРОДАВИИ ШАХС
Download 0.75 Mb. Pdf ko'rish
|
Шаропова Н.М. Психологияи умуми
ИРОДА ВА СИФАТЊОИ ИРОДАВИИ ШАХС
Одам олами ињотакардаро бо воситаи эњсосу идроќ ва хотира на танњо инъикос менамояд, балки онро мувофиќи маќсаду талаботњои худ дигаргун месозад. Мо мушоњида мекунем, ки чї тавр одам чизеро рад карда, барои бартараф намудани монеањо ќувваи аќлию љисмонии худро сарф мекунад ва бањри маќсади гузошташуда кушишњои зиёд ба харљ медињад. Одам бо ёрии тафаккур маќсаднок аниќ намуда, барои ба даст овардани натиљаи дилхоњ кай ва дар куљо ба кор андохтани тамоми ќувваю кушишњои худро муайян мекунад. Аксар ваќт ба маќсади бо бартараф намудани душворию монеањои объективию субъективї алоќаманд аст. Чунин фаъолияти психикии одам, ки дар амалњои шуурона ва барои ба даст овардани маќсади муайян нигаронида шудаанд зоњир мегардад, ирода номида мешавад. Аз таърифи додашуда бармеояд, ки ба таври алоњида ва махсус дар бораи протсессњои иродавї сухан рондан комилан хатост. Дурусттараш дар бораи ќисматњои иродавии њар як амали психикї, њар як њаракати психикї сухан гуфтан ба маќсад мувофиќ аст. Психика табиати ягонаро дорад ва таќсим намудани он ба аќд, њиссиёт, ирода шартї аст ва аз ин ру бехтараш бигуем, ки дар хар рафторимо, дар хар амали психикй амали иродавї низ њамчун кисми таркиби иштирок мекунад. Њаракати аз њама оддии психикиро, ки ба ќонеъ гардонидани талаботхо равона карда шудааст майл меноманд. Майл љањду кўшиши номуайян ва соддаи одамро ба фаъолият ифода намуда, дар он амал ва маќсад њануз ноаниќ аст. 79 Ваќте ки аз тарафи одам дараљаи заруратии талабот фањмида гирифта мешавад, ваќте ки маќсад ва роњњои иљрошавии он маълум мегарданд, он гоњ сухан аз хусуси хоњишњо меравад. Амалњои иродавї протсесси мураккаб ба шумор рафта се зинаи худро дорад. Якумаш зинаи пайдоиши саъю кушиш ба фаъолият ва дуюмаш муборизаи маромњо мебоад. Барои одам танхо донистани максади гузошташуда кам аст, инчунин бояд маромњоеро низ донист, ки одамро барои ин тавр ё он тавр рафтор кардан мачбур кардаанд. Зинаи муборизаи маромњо бо кабул кардани карор тамом мешавад. Сипас зинаи сеюм фаро мерасад, ки дар он ќарори ќабулкардаро иљро мекунанд ва он бартараф намудани чї берунї ва чї даруниро дар бар мегирад. Аз хусуси сустии ва ё пурќувваи ирода сухан ронда, ќайд кардан зарур аст, ки ин мафњумњо вобаста ба дараљаи зоњиршавии амалњои иродавї мазмунан гуногун шуда метавонанд. Саъю кушиши нокифоя ба фаъолият боиси зоњиршавии ирода мегардад, ки ин аз беташаббуси шањодат медињад. Ваќте, ки одам аз зинаи дуюм яъне муборизаи маромњо баромада наметавонад, њангоме, ки калавиши дуру дароз ба амал меояд ва маслињату машварат зарур мешавад, он гоњ ин бељуръатии ўро нишон медињад. Бинобар ин дар зинаи сеюм, ваќте, ки карор ќабул карда мешаваду монеањо бартараф намегарданд ва хоњишњо реалї намешаванд, онгоњ, мегуянд, ки дар чунин одамон устуворї намерасад. И. П.Павлов асосњои нейрофизиологии амалњои ихтиёриро муайян намуда, кайд мекунад, ки ин омилњо дар натичаи фаъолияти сохаи кинестезии пустлох ва фаъолияти нугњои дар пустлох воќеъгаштаи анализаторњо ба вуљуд меоянд. Пас амалњои ихтиёрї натиљаи фаъолияти тањлилию таркибии пустлохи майнаи cap мебошад. 80 Ирода хусусияти људонашавандаи психика ба шумор меравад. Ирода бо дигар њодисањои психикї ва пеш аз њама бо тафаккур алоќамандии зич дорад. Чунки иљронамоии идоравии рафтор дар бошуурона равона кардани ќуввањои аќлию љисмонї барои ба максад расидан ва ё аз фаъолият нигоњ доштани одам ифода меёбад. Инчунин ирода ба соњаи эмотсионалии одам алоќаманд аст. И.М. Сеченов таъин мекунад, ки ирода љанбаи фаъоли њиссиёт ба шумор меравад. Ирода дар фаъолияти инсон зоњир мешавад ва дар як амали иродавї се зинаро људо кардан мумкин аст. Якум фањмида гирифтани маќсад. Ибтидои њар гуна фаъолияти одам бо маромњои муайян (хоњишњо, майлњо, далелњо ва ѓ.) алоќаманд аст ва протсессњои психикї аллакаї дар њамин гуна зина махсусан дар њолатњое, ки маромњои номуайян љой доранд, роли муњим мебозанд. Барои саршавии фаъолият ќабули ќарор зарур аст, яъне људо намудани як гуруњи хоњишњо аз дигарашон ва ба вуљуд овардани образи идеалии маќсад. Фањмида гирифтани маќсад холати бошиддатро паст мекунад ва барои боз хам бомуваффаќият љоришавии фаъолият шароитњо меофарад. Зинаи дуюмро иљрои амалњои иродавї банаќшадарории роњњои бамаќсадрасї ташкил медихад, ки ба шиддати иродавї зич алоќаманд аст. Зуњуроти бошиддати иродавї баъди пурра аниќ шудани роњу воситањои ба маќсадрасї сусттар мешавад. Сеюмин зинаи иљрошаванда, ки дар он ќарори ќабул кардашударо иљро мекунанд. Иљрои маќсадњои гузошташуда ба кушишхои иродавї алоќаманд аст, ки онњо љидду љањди одамро мувофиќи ќарори ќабул карда шуда, роњу воситахои интихобгардида ва максадхои фаъолият бошуурона равон кардан идора мекунанд. Њангоми иљрои маќсадњои фаъолият монеањои берунї ва дохилї вомехуранд, ки дар шуури мо 81 инъикос ёфта, шиддати иродавиро ба вуљуд меоварад ва барои паст кардани он мањз амалњои иродавї зарур мешаванд. Download 0.75 Mb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling