Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї


ШАРОИТЊОИ ЌУВВАЊОИ ЊАРАКАТДИЊАНДА ВА ДАВРАБАНДИИ


Download 0.75 Mb.
Pdf ko'rish
bet23/48
Sana11.11.2023
Hajmi0.75 Mb.
#1765687
1   ...   19   20   21   22   23   24   25   26   ...   48
Bog'liq
Шаропова Н.М. Психологияи умуми

ШАРОИТЊОИ ЌУВВАЊОИ ЊАРАКАТДИЊАНДА ВА ДАВРАБАНДИИ 
ТАРАЌЌИЁТИ ПСИХИКЇ 
Хусусиятњои психикии шахс бо характери муносибатњои љамъиятї 
муайян карда мешаванд, одам дар онњо њамчун аъзои љамъият, 
намояндаи синфи муайян ва ин ё он гуруњи иљтимої, инчунин аъзои 
коллективњои муайяни конкретии дараљаи ташаккулашон гуногун 
баромад мекунад. Моњияти шахс аз рўи табиати худ иљтимої мебошад. 
Манбаи тараќќиёти њамаи сифатњои психикї ва фаъолии эљодии шахс 
дар муњити ињотакардаи иљтимої, дар љамъият воќеъ гаштааст. 
Шахс бо њастии љамаъятиаш муайян карда мешавад. Аз њамин 
нуќтаи назар протсесси тараќкиёти шахс ин протсесси аз тарафи одам аз 
худ кардани таљрибаи иљтимої, љамъиятї мебошад, ки он дар љараёни 
муошират кардан бо одамон сурат мегирад. Хусусиятњои психикии одам: 
сифатњои ахлоќ, хислатњои ирода, шавќу њавас, майл ќобилиятњо ва 
фардияти ў њамчун натиљаи протсесс пайдо мешавад ва ташаккул 
меёбад. Ин нуќтаи назар шарњро талаб мекунад. 
Якум, одам мављудияти фаъол буда, объекти пассиви таъсири 
муњит намебошад. Аз ин рў шароитњои берунии њаёт, таъсири берунии 
психикаи одамро на бевосита, балки ба воситаи протсесси таъсири 
байнињамдигарии одам бо муњит, ба василаи фаъолияти ў дар ин муњит 
муайян мекунанд. Бинобар ин сањењтар аст бигўем, ки на таъсири муњит, 
балки протсесси таъсири байнињамдигарии фаъоли одам бо муњити 
ињотакарда дар ин њолат роли муњим мебозад. 


110 
Дуюм, тараќќиёти психика бо шароитњои берунї, таъсироти 
берунї вобаста аст. Вале ин тараќќиётро бевосита дар шароиту 
вазъиятњои берунї дидан мумкин нест. Ин шароиту вазъиятњо њамеша 
ба воситаи тадрибаи њаётии одам, шахсият, хусусиятњои индивидуалї ва 
сохти психикии ў муайян карда мешавад. 
Сеюм, одам њамчун мављудияти фаъол шахсияти худро худаш 
метавонад бошурона тагир дињад, яъне ба худтарбиякунї машгул шавад. 
Аммо протсесси худтарбиякунї аз мухити ихотакарда људо руй 
намедихад. Ин протсесс дар љараёни таъсири байнињамдигарии фаъол 
бо муњит ба амал меояд. 
Маълум мешавад, ки њамон як шароити берунї, њамон як муњит ба 
кудакони гуногун, наврасон ва давонон таъсири гуногун низ мерасонад. 
Аз ин ру конунњои тараќќиёти психикии хонанда низ ба он сабаб 
мураккабанд, ки худи тараќќиёти психикї протсесси таѓирёбињои 
мураккабу пурихтилоф буда, омилхои ин тараќќиёт гуногуншаклу 
њартарафаанд. Масалан, шароитњои таълиму тарбия ба кудакони 
гуногун таъсири њар хеле расонида метавонад. 
Њамин тариќ, психика на танњо дар фаъолият зоњир мешавад, асос 
ва шарти тараќќиёти психикии одам (кўдак, мактаббача) ба шумор 
меравад. 
Мо то њол одамро њамчун мављудияти љамъиятї, иљтимої дида 
баромадем. Оё инкор кардани моњияти биологии он дуруст аст? Бояд 
гуфт ки моњияти табиии биологии одамро инкор кардан њаргиз мумкин
аст. Одам бевосита мављудияти табиат мебошад. Заминањои табиии 
биологї дар тараќќиёти психикии одам њатман заруранд. 
Якум, хусусиятњои табиии сабабгори роњу воситањои гуногуни 
тараќќиёти хусусияткори психикиро асоснок мегардонанд. 
Сифатњои системаи асаби одам худ аз худ њељ кадом сифатњои 
психикии шахсро пешакї муайян намекунанд. Њељ як бачаи мўътадил 


111 
инкишофёфтаистода табиатан нотарс ё тарсончак, суботкор ё беирода, 
мењнатдўст ё танбал, боинтизом ё беинтизом намешавад. Системаи асаб 
чї хел хусусиятњое, ки надошта бошад дар сурати дуруст ба роњ мондани 
кори тарбиявї њамаи хислатњои неки характери шахсро парваридан 
мумкин аст. 
Дуюм, хусусиятњои табии ба савияю дараљаи дастовардњои одам 
дар ин ё он соња низ таъсир расонида метавонад. Масалан, фарќњои 
модарзодї индивидуалии нишонию аломатњо мавдуданд ва ба ин 
муносибат баъзе одамон бар дигарњо дар имкониятњои азхуднамоии 
танњо як фаъолият бартари дошта метавонанд, вале дар айни замон ба 
худи онњо дар бобати аз худ намудани навъи дигари фаъолият 
метавонанд гузашт кунанд. 
Илми психология масъалаи муносибати таълиму тарбия ва 
тараќќиётро ба таври васеъ тадќиќ менамоянд. Одатан зери мафњуми 
тараќќиёт ду категорияи гуногуни хоса, вале ба њам зич алоќамандро 
мефањманд: 
1) 
инкишофи биологї, органикии майнаи cap, инкишофёбии сохту 
анатомию биологии он; 
2) тараќќиёти психикї њамчун инкишофи аќлї. Таълим инкишофи 
органикии майнаи сарро инкор карда наметавонад ва ба ин маъни 
мо њељ гоњ бо фикри психологи амрикої Д. Брунер розї шуда 
наметавонем. Ба аќидаи ў њар як бача дар њар зинаи тараќќиёт 
ќобилияти пурра аз худ намудани њар гуна материалро дорад 
(фаќат воситањои мувофиќи методии таълимро барои њамон давраи 
синну сол ёфтан зарур аст).
Вале бояд таъкид кард, ки масалан, майнаи сари бачаи њафтсола њоло 
барои дарк кардани ибтидои исботкунии дифференсиалию интегралї ва 


112 
ё асосњои фалсафаи материализми диалектикї пухта нарасидааст, 
гарчанде ўро педагогу методистњои гениалї таълим дода бошанд њам. 
Аз ин рў, ваќте ки сухан аз тараќќиёти аќлии шахс меравад, бояд 
чунин њисобид, ки ин протсесс дар ягонагї бо инкишофи биологии 
майнаи cap ба амал меояд. 
Оид ба ин масъалаи психология В. Штерн чунин аќида дошт: 
«Таълим аз паси тараќќиёт меравад ва ба он мутобиќ мешавад». 
Психологи машњур Л.С. Виготский бар хилофи он бори аввал роли 
пешбарандаи таълим ва тарбияро дар тараќќиёти психикии кўдак 
равшан нишон дод: таълим пеш-пеши тараќќиёт меравад ва онро аз паси 
худ мебарад. Мувофиќи нуќтаи назари якум таълим танњо он чизеро, ки 
тараќќиёт медињад, истифода мебарад. Аз ин рў ба протсесси тараќќиёти 
аќлї набояд дахолат кард, халал расонд, балки босаброна ва пассифони 
мунтазир шуд, то замоне, ки имкониятњои протсесси таълим пухта 
расанд. Психологи машњури швед Ж. Пиаже низ дар њамин аќида буда, 
чунин мењисобид, ки тараќќиёти аќлии кўдак ва мактаббача мувофиќи 
ќонуниятњои дохилии худаш ба вудуд меояд ва якчанд зинаи сифатан 
гуногуни генетикиро аз cap мегузаронад. Таълим танњо ќадре протсесси 
ин тараќќиётро метезонад, паст мекунад, вале ба таври ќатьи ба он 
таъсири муайяне намебозад. Пас таълим бояд ба конунњои тараќќиёт 
итоат кунад. Масалан, то ваќте ки дар кўдак тафаккури мантиќї ва 
оперативї тараќќї накунад, ба ў мањорати ба таври мантиќї муњокима 
карданро омўзондан маъно надорад. 
Психологияи њозира алоќаи диалектикии протсесси таълим ва 
тараќкиётро ба асос гирифта, роли пешбарандаи таълимро таъкид 
мекунад. Њар ду протсесс бо њам зич алоќаманданд. Тараќќиёт ва таълим 
ду протсесси параллел набуда, балки људогона мебошанд. Тараќќиёти 
њаќиќии аќлї бе таълим ба вуљуд намеояд. Таълим њавасманд мекунад, 


113 
тараќкиётро аз паси худ мебарад ва мунтазнри он мешавад, ки кай сохти 
махсуси майна ташаккул меёбаду тафаккури мантиќиро таъмин 
менамоянд. Таълим он ваќт ба ташаккули мањорати ба таври мантиќї 
фикр кардан cap мекунад, ки агар ин заминањои зарурат ба тараќќиёти 
мувофиќи аклї водоркунанда вудуд дошта бошанд. Бояд ќайд кард, ки 
таълим боиси тараќќиёти гардида, дар айни њол ба он такя мекунад, 
хусусиятњои дарадаи аллакай ба даст овардашудаи тараќќиётро ба 
эътибор мегирад ва њељ ваќт ќонунњои дохилии тараќкиётро рад 
намекунад ва рад карда њам наметавонад. Имкониятњои таълим њарчанд 
васеъ бошанд њам, вале бењудуд нестанд. Аз ин рў аз хад зиёд баланд 
бардоштани роли таълим дар рафти тараќкиёт чандон дуруст нест, яъне 
чунин њисобидан хатост, ки психикаи одам ва тараќќиёти аќлии ў мањз 
натиљаи бевоситаи азхудкунї мебошад. 
Њамин тариќ, мо омилњо ва шартњои тараќќиёти психикаро муайян 
намудем. Акнун савол ба миён меояд, ки манбаи бевоситаи 
таѓйирёбињои психика чї мебошад? Ба ибораи дигар ќувваи бевоситаи 
њаракатдињандаи тараќќиёти психикиро чї ташкил медињад? 
Ќуввањои 
њаракатдихандаи 
тараќќиёти 
психикии 
кўдак, 
мактаббача мураккабу гуногунанд. Дар асоси фањмиши диалектикї- 
материалистии моњияти тараќќиёт њамчун муборизаи зиддияњои дохилї 
ба хулоса меоем, ки ќуввањои бевосита њаракатдињандаи тараќќиёти 
психикии кудак, мактаббача зиддиятњои диалектикии байни наву куњна 
мебошанд, ки дар рафти таълиму тарбия ба вуљуд меоянд ва бартараф 
карда мешаванд. Ба чунин зиддиятњо, масалан зиддиятњои байни 
талаботи наву имкониятњои ќаноат гардонидани онњо, байни 
имкониятњои љисмонї ва рухии афзудаи бача ва шаклњои куњнаву 
ташаќќулёфтаи муносибатњои байнихйгй ва намудњои фаъолият, байни 
талабњои афзудаистодаи љамъият, коллектив, калонсолон ва дараљаи 
њозираи тараќќиёти психикї тааллуќ доранд. Ин гуна зиддиятњои ба 


114 
њамаи синну сол характерноканд, вале вобаста бе синну соле, ки дар он 
зоњир мешаванд ба хусусиятњои хос соњиб мегарданд. Масалан, дар 
мактаббачаи хурдсол зиддият байни фаъолияти иродавии мустаќилона 
омода будан ва вобастагии рафтори ў аз вазъияти њозира ё худ 
таассуроти бевосита мављуд аст. Дар наврас, аз як тараф зиддияти байни 
худбањодињї ва дараљаи идеали ў ва аз тарафи дигар байни эњсоси 
муносибате, ки атрофиён ба ў зоњир кардаанд ва эњсоси мавќеи реалии 
худи ў дар коллектив, инчунин зиддияти байни талаботи дар кори 
калонсолон ба сифати аъзои комилхуќуќ иштирок кардан ва ба ин 
мувофиќ набудани имкониятњояш бошиддат мегузарад. 
Чунин зиддиятњо ба воситаи ташаккул додани дараљањои 
баландтарини фаъолияти психикї њал карда мешавад. Дар натиља кўдак, 
мактаббача ба дараљаи баландтари тараќќиёти психикї мегузарад. Агар 
талабот конеъ гардад, он гоњ зиддият бардошта мешавад. Як зиддият ба 
зиддияти дигар иваз мешавад ва тараќќиёт давом мекунад. 
Тараќќиёт 
мувофиќи 
фањмиши 
диалектикї 
фаќат 
рафти 
таѓйирёбињои њолиси миќдорї, зиёдшавї ё камшавии ягон зуњурот, 
хосият ва сифатњои психикї намебошад. Тараќќиёти психикиро пурра ба 
он оварда расонидан мумкин нест, ки баробари калон шудани синну сол 
диќќат меафзояд., протсесси техникй бештар характери ихтиёрї 
мегиранд, хотираи маъноги тараќќї мекунад ва гайра ва ё фантазия ва 
рафтори гаёриихтиёрии бача кам мешавад. Тараќќиёти психикї бо он 
алоќаманд аст, ки дар даврањои муайяни синнусолї дар психика 
хусусиятњои ба ном навташкили сифатан нав (масалан, њисси калонсолї 
дар наврасон ё худ талабот ба худмуайянкунии фаъолияти њаётию 
мењнатї дар нављавонон пайдо мешавад). 
Психологњо ќонунњои умумии тараќкиёти психикаро ќайд 
мекунанд ва номунтазам будани тараќќиёти психикї дар навбати аввал 


115 
аз љумлаи ин ќонуниятњо мебошад. Номунтазамии тараќкиёти психикї 
чунин маъно дорад, ки дар њар шароит, аз љумла дар шароити мусоиди
таълиму тарбия њам зуњуроти психикї, функсияњои психикї ва сифатњои 
гуногуни шахс дар як дараљаи тараќќиёт намеистанд. Дар даврањои 
гуногун барои тараќќиёти љињатњои гуногуни психика шароити 
мувофиќтан пайдо мешавад. Баъзеи ин шароитњо характери муваќќатї 
ва гузаранда доранд. Гуфтан мумкин аст, ки барои ташаккул ёфтан ва 
тараќќї кардани намудњои алоњидаи фаъолияти психикї мўњлатњои 
бењтарин мављуданд. 
Чунин даврањои синнусолиро, ки шароитњои тараќќиёти ин ё он 
сифату хосиятњои психикї дар он аз њама бењтар мегарданд, давраи 
сензитивї (нисбат ба таъсироти берунї њискунанда будан) меноманд. 
Масалан, давраи аз 1 то 5- солагї барои тараќќиёти нутќ, синну соли 
мактабї барои ташаќќули малакањои њаракатњо ва аз 15 то 20- солагї 
барои ташаккули тафаккури математикї давраи сензитивї мебошанд. 
Сабаби 
чунин 
сентизивнокї 
њам 
ќонуниятњои 
органикии 
инкишофи майна, њам таљрибаи њаётї ва инчунин њамон вазъият 
мебошад, ки баъзе протсессу хосиятњои психикї танњо дар асоси дигар 
протсессу сифатњои мављудбуда ташаккул ёфта метавонанд (масалан, 
тафаккури математикї танњо дар заминаи ќобилияти тафаккури 
абстрактии ба дараљаи кифоя тараќќїкарда ташаккул ёфта метавонад). 
Интегратсияи (якљояшавии) психика ќонунияти дигари тараќќиёт 
ба шумор меравад. Психикаи одам вобаста ба дараљаи тараќќиёт боз њам 
пурратар устувор ва таѓйирнопазир мегардад. Таѓйироти психикї 
таќрибан дигаргуншавии њолатњои психикї ва хислатњои шахсро дар 
бар мегирад. 
Таѓйирёбандагї ва имконияти пурра кардани норасої ќонунияти 
сеюми тараќќиёт мебошад. И.П.Павлов ба ин имкониятњои калони 
таѓйирёбандагї ишорат намуда, ќайд мекард, ки агар таъсироти 


116 
мувофиќ ба вуљуд оварда шавад, он гоњ њама чизро ба тарафи мусбат 
таѓйир додан мумкин аст. 
Имкониятњои бойи таѓйирдињии бомаќсади психикаи кўдак, 
мактаббача 
дар 
шароити 
таълиму 
тарбия 
ба 
њамин 
хосият 
(тагирёбандаги системаи асаб) асос ёфтаанд. Хосияти тагирёбандагї ба 
иурра кардани норасої њам имконият медињад. Аз ин рў њангоми суст ё 
бенуќсон тараќќї кардани ин ё он функсияи психикї ин сустї бо 
тараќќиёти нисбатан пурзури дигар функсияњо пурра карда мешавад. 
Масалан, њангоми суст будани хотира норасогиро бо муташаккилии 
калон ва аниќии фаъолият пурра кардан мумкин аст: камбудии биної 
нисбатан ба њисоби хасостар тараќќї кардани анализатори шунавої 
пурра карда мешавад ва монанди ин. 
Инак, тараќќиёти кудак, мактаббача протсесси мураккаби 
диалектикї буда, њарактери даврии ба худ хос дорад, дар даврањои 
гуногуни тараќќиёти синнусолї ба хусусиятњои сифати соњиб аст. Дар 
психологияи синну сол ва педагогии њозира чудо намудани даврањои 
зерини асосии тараќќиёти кудак ва мактаббача кабул шудааст: синни 
навзоди (то 10 рўз), синни кудакї (то 1- солагї), синни ибтидоии бачагї 
(аз 1 то 3 солагй), синни томактабї (аз 3 то 7 солагї), синни хурди 
мактабї (аз 7 то 11- солагї), синни наврасї (аз 11 то 15- солагї), синни 
нављавонй ё синни калони мактабї (аз 15 то 18 солагї). 
Њар як давраи синнусолї ба шароитњои ба худ хоси муњими њаёт 
талабот ва фаъолият, зиддиятњои пешбарандаи њамин синну сол ва 
хусусиятњои навташкили хоси психикї фарќ карда меистад. Њар як 
давраи синнусолии тараќќиёт бо давраи пешгузашта тайёр карда шуда 
дар асоси он ба вучуд меоянд ва заминаи давраи минбаъда шуда хизмат 
мекунад. 
Таснифоти синнусолиро чунин омилњо, монанди таѓирёбии мавќеи 
кўдак дар оила ва мактаб, таѓйирёбии шаклњои таълиму тарбия, 


117 
намудњои нави фаъолияти кўдак ва нињоят баъзе хусусиятњои пухта 
расидани организми у муайян мекунанд. Ба њамин тариќ, синну сол на 
он ќадар категорияи биологї аст, чи ќадаре, ки категорияи ичтимої 
мебошад. 
Вобаста ба њамин дар психологияи синну сол мафњуми намуди 
пешбарандаи фаълият мављуд аст. Дар њар як синну сол њамаи намудњои 
асосии фаъолият-бозї, омўзиш ва мењнат то ин ё он дараља љой доранд. 
Вай дар даврањои гунгогуни тараќкиёт роли ин намудњои фаъолият хар 
хел аст ва онхо маљмўи конкретиро сохибанд. Њамон намуди фаъолият 
пешбаранда номида мешавад, ки дар давраи синну соли муайян 
таѓйиротњои асосї ва муњими психикии кўдак, протсессњои психикї ва 
сифатњои психикии шахс мањз ба он вобастаанд. Гарчанде бачањои 
синни томактабї бо шаклњои дастраси фаъолияти таълимї ва мехнатї 
машгул шаванд хам, бози фаъолияти пешбарандаи тараккиёти психикии 
онхо мебошад. Дар синни мактабї омўзиш фаъолияти пешбаранда 
мешаваду бози чунин ањамияти худро гум мекунад. Дар баробари калон 
шудани синну сол ахамияти фаъолияти мехнатй меафзояд, худи 
фаъолияти таълимї њам моњиятан таѓйир меёбад. Дар давоми дањ соли 
таълим дар мактаб, характер ва мазмуни он дигар мешавад, талабот 
нисбат ба талаба сол аз сол меафзояд, љињати фаъоли, мустаќили ва 
эљодии фаъолияти таълимии ў низ сол ба сол инкишоф ёфтан мегирад. 
Дар доираи њар як синну сол фаркњои калони индивидуалї 
мушоњида карда мешаванд. Онњо натиљаи омилњои зерин мегарданд: 
якум, вариантњои индивидуалии шароити њаёт фаъолият ва тарбия, дуюм 
фарќияти индивидуалии табиї (аз љумла, фарќият дар хосиятњои 
психологии асаб). Шароитњои њаёт фаъолият ва тарбия хеле 
гуногуншакланд, гуногуншаклии хусусиятњои индивидуалии шахс њам 
беинтињост. Вобаста ба њамин саводе ба миён хусусиятхои синнусолї 
асоси сухан гуфтан дорем, оё онњоро фарќњои индивидуалї ташкил 


118 
медињад? Илова ба ин маълум аст, ки солњои охир тасаввуротњои ба 
таври анъанавї вуљуддошта дар бораи имкониятњои синнусолии кудакон 
аз нав дида баромада мешавад. Аз љумла тавсифи хусусиятњои 
синнусолии мактаббачаи хурдсол аз оне, 118 ки 10-15 сол пеш дида шуда 
буд фарки чиддй мекунад. Њамин ки характери таълим дар синфњои 
поёии таѓир ёфт, маълум гардид ки мактаббачаи хурдсол ба дараљаи боз 
њам баландтари тафаккури абстрактї кодир аст. Аз нав дида баромадани 
нишондињандаи синнусолї, инчунин бо њодисаи ба ном акселератсия 
(дот. «инкишофи босуръат») алоќаманд мебошанд, ки солњои охир дар 
тараќќиёти босуръат афзуншавандаи љисмонї ва психикии кўдакон ва 
мактаббачањо мушоњида мешавад. Онњо ба чанд дањсолањои пешина 
дида тезтар инкишоф меёбанд ва ба дараљаи нисбатан баланди 
тараќќиёти психикї ва аќлї ноил мешаванд. Олимон њам сабабњои 
биологии 
ин 
њодисаро 
(таъсири 
миќдори 
хурди 
шуоъдихии 
ионизатсиякунанда ва мављњои радио, дар хољагии ќишлоќ ва тиб 
истифода бурдани моддањои фаъоли биологї, ки боиси тараќќиёти он 
мешаванд, баланд бардоштани вазни хоси моддањои сафеда дар хуроки 
одам) ва њам иљтимоии онро (болоравии босуръати њаёт, ки ќувваи 
њаётро низ баланд мебардорад, аз синни нињоят зиёди ахбор, ки ба кўдак, 
наврасон ва дигарон бо воситаи интернет, оинаи нилгун, радио, 
кинотеатр, театр, рўзномањо расонида мешавад) ќайд кардан зарур аст. 
Њамаи ин, чї навъе ки баъзе муњаќќиќон мењисобанд, тавсифоти 
хусусиятњои синнусолиро чунин шарњи ноустувор, серњаракату серамал 
мекунанд, ки худи мафњуми хусусиятњои синнусолиро ба зери шубња 
мегузоранд. Албатта, бо чунин фикр розї шудан мумкин нест. 
Хусусиятњои синнусолї њамчун хусусиятњои аз њама бештар хоси типї ва 
умумии синну сол вуљуд доранд, ки љараёни умумии тараќќиётро нишон 
медињанд. Бешубња синну сол категорияи мутлаќ ва таѓирёбанда 


119 
намебошад. Мафњуми синну сол, њудудњои синну солї ва хусусиятњои 
синну солї на моњияти мутлаќ, балки нисбиро соњибанд. 
Мавќеъ ва мазмуни асосии психологияи синну солро ташаккул ва 
зуњуроти шахсияти кудак дар фаъолият ба хусус дар фаъолияти 
пешбаранда ташкил медињанд.
Одатан одам дар бораи табиат, дар бораи одами дигар, дар бораи 
худ тасаввуроти муайяне дорад ва фаъолият низ мувофиќан ба њамин се 
объект равона шудааст. ин дар навбати худ тараќќиёти кудакро њам дар 
филогонез ва њам онтогонез њамчун тараќќиёти се тараф ё худ се 
ьдисмати фаъолият ифода мекунад, ки дар он аз як тараф шахс, 
ташаккул меёбад ва аз тарафи дигар зоњар мешавад: 1) фаъолияти 
предметие, ки ба табиат, ба олами ашё равона шудааст, 2) муоширате, ки 
ба одами дигар равона гардидааст, 3) фаъолияте, ки ба худи шахс њамчун 
ба объект ба худ бањодихї, хештангарої ва худтакмилдињї равона 
мешавад. Дар даврањои гуногуни синнусолї, гоњ фаъолияти якум, гоњ 
дигарраш ва гоњ сеюм намуди пешбаранда мешаванд, ки аз њама бештар 
ба протсесси ташаккули шахс таъсир мебахшанд. Масалан, муошират 
њамчун фаъолияти субъект ба объект бар хилофи муошират њамчун 
фаъолияти 
субъект 
ба 
субъект, 
ки 
воридшавии 
шахсияти 
инкишофёбандаро 
ба 
системаи 
муносибатњои 
љамъиятї 
тавсиф 
медињанду ба туфайли он маърифати шахс дигар њамчун субъект ба 
вуљуд меояд, дар даврањои буњрони синну соли намуди пешбаранда ба 
њисоб меравад. Кўдак дар њолати якум ба одами дигар таъсир расонида, 
аз рўйи амалњои чавобии ў худ ва имкониятњои худро њамчун одам, ки ба 
одами дигар, ба табиат ва ба худаш низ таъсири фаъол мебахшанд, 
дониста мегирад. Бо њамин мароми протсесси муошират дар давраи 
сесолагї ва наврасї шарњ дода мешавад, яъне кўдак бо амалњои худ на 
кўшиши љустани ягон мададе аз калонсолон мекунад, балки ў худро 
њамчун сарчашмаи фаъол, њамчун субъекти муошират собит кардани 


120 
мешавад, худ ва олами ботинии худро фањмида гирифтан мехоњад. Ба 
ибораи дигар муошират дар давраи буњрони бо фаъолияти ба худи шахс 
хамчун ба объект равонашуда зич пайваст мешавад, ки ба туфайли он 
шахсияти кудак ва худшиносии ў тараќќї мекунад. Бинобар ин даврањои 
буњронии тараќќиёти кўдак зери талаби «ман худам» мегузарад. Ин 
талаб 
сайру 
кушиши 
кўдакро 
ба 
мустаќили, 
худисботкунї, 
худинкишофдињї ва худтарбиякунї ифода мекунад. Кўдак гуё, ки 
аз калонсолон људо мешавад ва барои ў на њамчун сарчашмаи фаъол, 
балки чун объект баромад мекунад. Аммо кўдак ба калонсол ба 
муошират намудан бо ў њамчун бо дўсти калонсол, чун бо «ман»-и
дуюми худ эхтиёљманд аст. Биеёр ваќт ноумедї, шубња, нобоварї њам ба 
«ман»-и дуюми худ ва њам ба худ пайдо мешавад. 
Калонсолон, падару модар, муаллим, табиб бо сабаби чунин 
мураккабу пурихтилоф ва ивазшаванда будани олами хиссиётњои 
ботинии наврас на њама вакт уро дуруст фањмида метавонад. 
Дар муносибатњои байнињамдигари бо наврас фањмидани он 
чињатњо муњим аст, ки ў аз калонсолон људо истода ба ў боз њам эњтиёч 
пайдо мекунад ва инчунин одами инкишофёбанда дар шубњањо, дар 
мубориза бо худ га калонсолон, дар низоъњо худро дониста мегираду 
худро њамчун шахс собит менамояд. Ман ќистам? Ман чї гунаам? 
Сарнавишти ман дар ин олам чї гунна аст? Мавќеи ман дар байни 
одамон чист? 
Њамин тариќ, саволу масъалањои зиёди мураккабро дар худшиносї 
ва худсобиткунии шахсияти ташаккулёбандаи њам сесола, њам ёздањсола 
ва њам понздањсолаю њафтдањсола дучор омадан мумкин аст.


121 

Download 0.75 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   19   20   21   22   23   24   25   26   ...   48




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling