Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї


Download 0.75 Mb.
Pdf ko'rish
bet31/48
Sana11.11.2023
Hajmi0.75 Mb.
#1765687
1   ...   27   28   29   30   31   32   33   34   ...   48
Bog'liq
Шаропова Н.М. Психологияи умуми

ХУСУСИЯТЊОИ ПСИХОЛОГИЯИ 
 СИННИ НАВЉАВОНЇ 
Тавсифи умумии синну соли нављавонї. Нављавонї ё худ синни 
калони мактабї давраи тараќќиёти кудакро аз 15 то 18 солагї дар бар 
мегирад. Мактаббача дар охири ин давра ба камолоти љисмонї мерасад, 
њамон дараљаи камолоти идеявї ва маънавиро соќиб мешавад, ки дар 
њаёти мустаќилона, омўзиши касо ва мењнат зарур аст. Мавќеи 
иљтимоии нављавон бо он тавсиф дода мешавад, ки ў дар 16 солагї 
соњиби паспорт мегардад, дере нагузашта, бо тамом кардани мактаб, дар 
18 солагї њуќуќи дар интихобот иштирок карданро пайдо мекунад, 
оиларо барпо менамоянд, ки ин аз дараљаи муайяни камолоти гражданї 
ва мустаќилї шањодат медињад. Нављавонї - давраи муњимтарини 
тараќќиёти одам њамчун шахс мебошад. Ин давраи ташаккули 
гражданин одам, бакамолрасии иљтимої, худмуайянкунї, худшиносї, 
фаъолона ворид шудан ба њї їљїї, давраи ташаккули сифатњои 
маънавии гражданин ва ватандуст ба шумор меравад. 


163 
Шахсияти нављавон зери таъсири мавќеи наве, ки дар љамъият ва 
системаи муносибатњои љамъиятї ба ишѓол кардан cap мекунад, 
ташаккул меёбад. Намудњои асосї ва пешбарандаи фаъолияти нављавон
омўзиш бо интихоби ояндаи касбу кор, муайян кардани роњи њаёт, 
таълими касбї ва мењнат мешаванд. Нављавонон ё тањсилро дар мактаб 
давом медињанд, то ки минбаъд ба ягон мактабї олї, техникум дохил 
шаванд, ё барои аз худ кардани касби коргарї ба ягон омўзишгоњњои 
касбї мераванд, ё худ шабона мехонанду рўзона кор мекунанд. Дар ин 
шароитњо ва зери таъсири онњо дар тараќќиёти аќлї ва маънавии 
нављавонон дигаргунињои муњим рўй медињанд. Характери нави тањсил 
ба ташаккули љањонбинї, эњсоси олам, мустаќї, ташаббускорї, њисси 
вазифашиносї, ба тараќќиёти фаъолияти эљодии нављавонон, ки ба 
табиат, одамони дигар ва ба худашон равона мешавад, таъсири бузург 
мебахшад. 
Ин 
синну 
соли 
худтарбиякунї 
ва 
худомузї, 
худинкишофдињию худшиносї мебошад. 
Шахсияти нављавон зери таъсири мавќеи нави ў дар коллективи 
синф, мавќеи дигар талабањои мактаб ва фарзандони калонтари оила 
ташаккул меёбад. Зиддияти байни дараљаи тезафзояндаи талабот, ки 
оила, мактаб, љамъият пешнињод мекунанд ва њамон дараљаи инкишофи 
психикї, ки дар соњаи аќлї, ахлоќї ва эмотсионалию иродавї ба даст 
оварда шудааст, куй њаракатдињандаи тараќќиёти психикї дар синну 
соли калони мактабї мебошад. Ин зиддият бо роњи тараќќиёти 
бошиддати ќуввањои маънавї, аќлї ва эљодии нављавон бартараф карда 
мешавад. 
Њангоми тавсиф додани синну соли нављавонї ба эътибор 
гирифтани хусусиятњои тараќкиёти љисмонї зарур аст ки онњо 
имкониятњои 
ояндаи 
њаёт 
ва 
фаъолияти 
љавонписарон 
ва 
љавондухтаронро муайян мекунанд. Ин бо интихоби касб њам алоќаманд 


164 
аст 
ки 
талабњои 
муайянеро 
ба 
нишондињандањои 
љисмонии 
мактаббачањои синни калони мактабї пешкаш менамоянд. Фањмидани 
ќувваи љисмонї ва дилрабоии худ, тандурустї ва мукаммалї дар 
ташаккули чунин сифатњои нављавон, ба монанди, боварии комил ба худ 
доштан: љасурї, бардамї, зиндадилї ва некхоњї таъсири муайян 
мебахшад. Ва баръакс, фањмидани сустии љисмонї, номукаммалї ва ба 
камол нарасидани организми худ, аксар ваќт дар нављавонон њиссиётњои 
ѓамангезро ба вуљуд меоварад, психикаи ўро хароб мекунад, дар 
пайдоиши чунин сифатњо ба монанди руњафтодагї, бељуръатї, ба ќувваи 
худ боварї надоштан, дамдуздї ва индивидуализм мусоидат мекунад. 
Писарон ва духтарони ин давраи синнусолї аз љињати љисмонї ба 
камол мерасанд ва тараќќиёти љисмонии онњо аз тараќќиёти љисмонии 
одами калонсол кам фарќ мекунад. Давраи инкишофи пурљушу њуруш ва 
номунтазами организм интињо меёбад ва њолати нисбатан ороми 
тараќќиёти љисмонї фаро мерасад. Сифатњои љисмонї (ќад, вазн) дар 
синну соли нављавонї нисбатан бардавому устувор аст. Суръати 
инкишоф ба дарозї хеле суст мешавад. Инчунин ќувваи мушакњо ва 
ќобилияти кории онњо баланд шуда, њаљми кафаси сина васеъ мегардад, 
шахшавии скелет ва устухонњои дарунхолї, ташаккул ва тараќќиёти 
функсионалии бофтањо ва узвњо ба охир мерасад. Маъмулан, дар ин 
синну сол номувофиќатии ба наврасон хоси афзоиши дилу paг барњам 
мехурад, фишори хун ба мувозинат меояд ва мунтазамии кор барќарор 
мегардад. 
Дар ин давраи синнусолї дигаргунињои дар тараќќиёти системаи 
асаб ва хусусан майнаи cap бавуљудомада муайян карда мешаванд. Аммо 
дигаргунињо на аз њисоби зиёдшавии массаи майнаи cap (ин зиёдшавї 
дар синну соли нављавонї чандон баланд нест), балки аз њисоби 
мураккабгардии сохти дохилии њучайрањои майнаи cap ва тараќќиёти 
функсионалии он ба вуљуд меояд. Оњиста-оњиста сохти њучайрањои 


165 
пустлохи нимкурањои калон хусусиятњоеро пайдо мекунанд, ки онњо ба 
сохти њучайрањои майнаи сари одами калонсол хосанд. Миќдори торњои 
ассотсиативї ки минтаќањои пустлохро байни худ мепайванданд, зиёд 
мешаванд. Дар натиља барои мураккабшавии фаъолияти тањлилию 
таркибии пустлохи нимкурањои калон дар љараёни тањсил ва мењнат 
заминањо пайдо мешаванд. Дар мактаббачањои синни калони мактабї
њаячони асабии баланд, вайроншавии фаъолияти муътадили системаи 
асаб мушоњида мешавад, ки онњо дар натиљаи нодуруст тартиб додани 
тарзи зиндагонї: машѓулиятњои шабона, нокифоягии хоб, аз њад зиёд 
мондашавї, тамокукашї, хурокњои камѓизо, одатњои бад ва ѓайра рўй 
медињанд. 
Одатан дар ибтидои синни калони мактабї балоѓати љинсї ба охир 
мерасад, вале аломату нишонањои дуюмини он тараќќї меёбанд, ки дар 
намуди зоњирии љавондухтарон ё худ љавонписарон дигаргунињои 
чашмрасро ба вуљуд меоваранд. протсесси балогати љинсї дар баъзе 
њолатњо кашол меёбанд (бештар дар писарон) ва аз ин рў дар 
мактаббачањои синни калони мактабї баъзе хусусиятњои љисмонии ба 
наврасон хосбуда боќї мондан мегирад. 
Бояд дар ин љо ќайд кард, ки баохиррасии давраи балоѓати љинсї 
(дар 15-16 солагї) њоло аз љихати љисмонї, психикї ва маънавї ба камол 
расидани нављавонро ифода намекунанд. Нављавонњои њаштдањсола аз 
тарафи љамъият њамчун одами калонсол эътироф карда мешаванд. 
Яке аз тавсифдињандањои муњимтарини давраи нављавонї он аст, 
ки 
шахси 
ташаккулёбанда 
интихоби 
касбу 
кор 
мекунад, 
ба 
худмуайянкунии њаёту фаъолияти оянда дода мешавад. 
Тадќиќотњо нишон доданд, ки тасаввурот ва дониши љавонон дар 
бораи касбу корњо тахминию хомакї мебошанд. Онњо њангоми интихоби 
касб меъёру ченакњои гуногунро (он љое, ки конкурс кам аст, нуфузу 
эътибори касб дар љамъият, бо нишондодњои падару модарон ва ѓайра) 


166 
ба асос мегиранд. Масалан, љавон имтињонњоро бо муваффаќият 
супорида, аз конкурс мегузарад, дар донишгоњи тиббї мехонад, вале дар 
бораи ихтисоси духтурї тасаввуротњои бењад дурро дорад. Ў дар бораи 
фарќияти кори љарроњ аз духтурї дандон педиатр аз психиатр 
маълумоти кофї надорад. Аз ин рў баъди омўзиши фанњои асосї 
мефањмад, ки ин љо љои ў нест. Нобарорињо дар интихоби касб ба давлат 
гарон меафтад ва онњо ба тараќќиёти бошиддати психикии нављавонон 
мусоидат намекунанд. Бинобар ин интихоби бошууронаро дар 
нављавонон ба роњо мондан зарур аст. 
Ташаккули шахсияти нављавон. Давраи нављавонї бо талаботњои 
нисбатан баланд ба одам ва бо њисси масъулиятшиносї тавсиф дода 
мешавад, ки он на танњо ба шароитњои њаёт, фаъолияти таълимї
мењнатї ва љамъиятї, балки бо њосил намудани љањонбинї ва 
худмуайянкунии маќсадњои њаётї зич алоќаманд аст. 
Равияи љамъиятии љавонони мо дар коллектив фаъолият бурдан, 
барои коллектив кор кардан ифода меёбад. Кушиши зоњир намудани 
шахсияти худ аз тараќќиёти худшиносї, талаботи худро хубтар 
фањмидан ва ба худ бањо додан шањодат медињад. Худбањодињии 
нављавонон аз наврасон сифатан фарќ мекунад. Онњо ба худбањодињї, 
далелёрї зоњир намуда, худро њаматарафа тањлил мекунанд ва олами 
ботинии худро бо зиддиятњояш нињоят нозук дарк менамоянд. Бинобар 
ин бештар ваќт мулоњизаю муњокимањои мактаббачањои синни калони 
мактабї дар бораи худ ва инчунин дар бораи дигарон камтар ќатъї 
мебошад. 
Нављавонї давраи хаёлу орзуњо аст. Тахаюлоти баланд, 
хаёлпарастї љавонон барои шоирона тасвир кардан, пурмазмун 
намудани хаёташон имконият медињад, наќшањои ояндаи њаётї онњоро 
васеъ менамоянд, њиссиёт ва хаёлро инкишоф медињад. 


167 
Дар баробари ташаккул ёфтани шуури ахлоќї њиссиёти ахлокии 
љавонон 
низ 
амиќтар 
мегарданд 
ва 
васеъ 
мешаванд. 
Њисси 
вазифашиносї, шарафу номус, кушиши бо муваффаќият ва бемайлон иљ 
уї їњои худ-маромњои муњим ва асосии фаъолияти нављавон мебошанд. 
Духтарон ва писарон пастшавии талабро нисбат ба худ мефањманд. 
Њиссиёти дустї ва муњаббат, ки дар он ба таври равшан характери 
нављавон ифода меёбад ва дар навбати худ ба ташаккули характер 
таъсири муайян мебахшанд, маќоми муайянро ишѓол мекунанд. 
Дар солњои нављавонї њиссиёти аввалини муњаббат мушоњида 
мешавад ва он дар њаётї одам осори намоёнро гузошта, хотираоти 
лирикиро ба вуљуд меварад. Муњаббати аввалин вобаста ба хусусиятњои 
индивидуалии нављавон, дараљаи шуурнокї, ахлоќ ва хислатњои 
иродавии онњо њар хел аз cap гузаронида мешавад. Ин муњаббат барои 
аксарияти љавонон њиссиёти нафис ва софи ахлоќї мебошад. Баъзан дар 
љавонон аз нуќтаи назари ахлоќї муносибати бемасъулиятонаро бо 
зуњуроти дурушту даѓалї ва синизм мушоњида кардан мумкин аст. 
Умуман, ин њама ба чунин хислатњои шахс ба монанди амиќфикрї, њисси 
вазифашоносї ва ору номус, худназораткунї, сабру тоќат вобастагї 
дорад. 
Дар давраи нављавонї чунин хислатњои иродавии характер бештар 
устувор мегарданд: ташаббускорї, сабру тоќат ва худдорї кардан, 
устуворї. 
Ташаббускории љавонон аз наврасон бо дараљаи шуурнокї ва 
боандеша буданаш фарќ мекунад, ки дар тањсилу мењнат зоњир мешавад. 
Њисси чизи нав љавононро ба љустуљуї, ба ихтироъ намудан водор 
месозад. Онњо бо шавќи зиёд ташаббуси калонсолонро ба даст мегиранд 
ва дар рафти он љидду љањди зиёд зоњир менамоянд. 


168 
Дар байни љавонон шахсони камташаббускор низ мављуданд, ки 
баъзан аз ташаббуси калонсолон худдорї мекунанд. Чунин беташаббусї 
ва мењрубонии суст ба ташаббуси калонсолон яке аз зуњуротњои танбалї 
ва беѓайратии нављавон ба шумор меравад. 
Дар нављавонон худназораткунї ва худдорї намудан бештар 
тараќќї кардааст. Њаракатњои онњо равону мавзун буда, намуди 
зоњирашон ботартибу озода мебошад. Љавонон лавандї, беинтизомї ва 
дуруштиро дар њаракатњо њам чун як чизи ќабењ мењисобанд. 
Љавонон њарчанд зиндадил бошанд њам вале дар лањзањои алоњида 
онњоро њолати гаму ѓуссаи аз нобарорињо ба вуљудомада низ фаро 
мегирад. Албатта њолати нохуши руњї љавонро бефаъолият мекунад, дар 
ў њисси бефарќию камѓайратиро ба вуљуд меоварад. 
Тадќиќотњои боинтизомии мактаббачањои синни калони мактабї 
имконият додан, ки як ќатор хулосањои характерологии муњим барорем. 
Боинтизомї аз тарафи аксарияти хонандагони синни калони 
мактабї пеш аз њама њамчун иљрои вазифа дар назди мактаб ва Ватан 
фахмида мешавад. Дар баробари ин хонандагон боинтизомиро ќисми 
таркибии рафтор медонанд. Онњо боинтизомиро њамчун ифодаи ќувваи 
ирода (устуворї, худдорї, худназораткунї) дида мебароянд. Зуњуротњои 
беэхтиётї, худдорї карда натавонистани нутќ («сергапї дар дарсњо»), 
даѓалї нишонањои вайроншавии интизом мебошанд. Баъзе хонандагон 
боинтизомии берунї ва дохилиро људо мекунанд ва њатто шахсоне 
њастанд, ки мафњуми интизомро ба хонандагони синфњои болої муносиб 
намедонанд. Мувофиќи андешаи онњо на њамеша ва на дар њар љо 
боинтизом будан шарт аст. Шартњои муњимтарини ташаккули 
боинтизомї хоњиши љиддии боинтизом будан ва ќатъиян баланди 
маромњои рафтор мебошанд. 
Фаъолияти таълимї ва тараќќиёти аќлии нављавонон. Фаъолияти 
таълимии хонандагони синфњои болої аз фаъолияти таълимии наврасон 


169 
мазмунан фарќ мекунад ва ин љињат дар ташаккул ва зуњуроти 
хусусиятњои сохаи аклии шахе таъсири амик мебахшанд. Мазмуни 
омузиш чуќуртар мегардад, фанњои нави таълимї омўхта мешаванд, ки 
онњо асосњои донишњои илмиро дар бар мегиранд. 
Фаъолияти таълимї ба фаъолию мустаќилї онњо ба дараљаи 
тараќќиёти тафаккури назариявї талабњои баланд мегузорад. Зиддияти 
байни дараљаи фаъолияти таълимии аллакай ташаккулёфта њангоми 
омўзиш дар синфњои миёна ва талабњое, ки ба синфњои болої пешнињод 
карда 
мешаванд, 
ќувваи 
њаракатдињандаи 
тараќќиёти 
аќлии 
хонандагони синфњои болої мебошад. Дар ин синну сол дараљаи 
нисбатан баланди фаъолияти таълимї ташаккул меёбад, ки он бо 
инкишофи омўзиши назариявї, малакањои худомузї, бо ташаккули 
муносибати нав ба омўзиш, бо ташаккули љањонбинї ва шавќу њавасњо 
алоќаманд аст. Талабот ба донишњо, муносибати интихобї ба фанњои 
таълимї ташаккул меёбанд, ки аз рўи чунин хусусияташон муайян карда 
мешаванд: 
ањамияти 
љањонбиниро 
доштани 
предмет, 
ањамияти 
маърифатии предмет, ањамияти љамъиятї ва амалии предмет, алоќа бо 
касбї интихобшуда, бо осонї аз худ намудани фанни додашуда, ки 
хонанда ба он уњдабаро будани худро њис мекунад ва таълими хуби 
фанни додашуда. 
Шавќу њавасњои хонандагони синфњои болоиро тавсиф намуда, 
ќайд мекунем, ки мањз дар њамин синну сол писарон ва духтарон шавќу 
њавасњои махсуси устуворї худро ба ин ё он илм, соњаи маърифатию 
намуди фаъолият муайян мекунанд. Шавќу њавасњои маърифатї 
характери нисбатан васеъ, устувор, ва амалиро соњиб мешаванд. Шавќу 
њавас ба техника, табиатшиносї, масъалањои љамъиятию сиёсї, 
проблемањои фалсафию одоб (шараф), маќсадњои њаёт, хушбахтї, њисси 
вазифашиносї, муњаббат, дустї ба вуљуд меояд. 


170 
Хонандагон дар охири синну соли мактабї протсессњои маърифатї 
(идроќ, хотира, тафаккур, хаёл) ва диќќату нутќро пурра аз худ 
менамоянд. Мушоњидаи нављавон боз њам маќсадноку ботартиб 
мешавад, мушоњидакорї њамчун сифати шахс тараќќї мекунад. 
Дар тараќќиёти хотира роли бахотирагирии калимагї-мантикии ва 
маъногї боз њам баландтар мегардад. Њарчанд хотираи ихтиёрї бартарї 
дошта бошад њам, вале бахотирагирии беихтиёр њељ гоњ аз таљрибаи 
хонандагони синфњои болої нест намешавад. Вай бо шавќу њавасњои 
маърифатию касбии хонандагон алоќаманд шуда, характери махсусро 
пайдо мекунад. Хотираи беихтиёр бо вуљуди ин дар фаъолияти фаъоли 
маърифатии таълимї ва љамъиятї роли пешбарандагии худро аз даст 
намедињад. Азёдкунии калима, ки одатан бо роњи такрор намудан ба 
амал меояд, дар ин синну сол маъмул нест. 
Хонандагон равшан медонанд, ки дар кадом њолатњо азёд кардани 
баъзе таъриф, ќонун ва фањмишњои ќатъию аниќ зарур аст. Хонандагони 
синфњои болої нисбат ба наврасон дида аз усулњои бахотирагирї 
васеътар истифода мебаранд. 
Тавсифдињандањои асосии протсесси диќќати хонандагони ин 
синну сол ба хотираи онњо монанд аст. Људонамоии шавќу њавасњо 
интихобї будани диќќатро муайян мекунад. Диќќати баъдиихтиёрї 
њангоми устувор будани шавќу њавасњои хаётї дар ин синну сол доимї 
буда метавонанд. Дар ин давра дар баробари диќќати баъдиихтиёрї 
ањамияти диќќати ихтиёрї низ меафзояд. 
Хусусиятњои кучонидан ва таќсимоти диќќат ташаккул меёбад ва 
тараќќї мекунад. Хонандагони синфњои болої фаъолияти шуури худро 
якбора метавонанд ба якчанд объектњои диќќат баробар равона кунанд 
ва натиљаи дилхоро ба даст оранд. 
Зери таъсири ташкили махсуси фаъолияти таълимї дар фаъолияти 
аќлии хонандагони синфњои болої диграгунињои ќатъй рўй медињанд. 


171 
Мустаќилона иљро намудани машѓулиятњои лабораторї, иљро намудани 
рефератњо, мустакилона дида баромадани материали таълимї ва ѓ. 
шароитњои асосии ташаккули тафаккури фаъол, мустаќил ва эљодии 
хонандагони синфњои болої мебошад. Фаъолияти фикрї бо дараљаи 
баланди љамъбасткунї ва абстраксия намудан, бо мањорати исбот карда 
тавонистани њаќиќат ё дуруѓи њодисањои алоњида, бо майл ба шарњи 
сабабии њодисањо доштану хулосањои аниќ баровардан тавсиф дода 
мешавад. Танќидии тафаккур тараќќї мекунад. Њамаи ин барои 
ташаккули тафаккури назариявї, ќобилияти дониста гирифтани 
ќонунњои олами ињотакарда, ќонунњои табиат ва тараќќиёти љамъият ва 
инчунин љахонбинї заминањои асосї ба шумор мераванд. 
Њамин тариќ синну соли нављавонї давраи тараќќиёти ахлоќї, 
аќлї ва психикии шахс њисобида мешаванд. 
Умуман, омўзиши мафњумњои асосии психологияи умумї ва синну 
сол моро бовар мекунонад, ки шахсияти одам як чизи доимї набуда, 
балки мудом таѓирёбанда аст ва аз ин рў протсессњои психикї 
хусусиятњои индивидуалї-психологї, фардият, мизољ, характер ва 
ќобилияти шахс њамеша дар фаъолияте, ки ба табиат, ба одами дигар ва 
ба худ равона мешавад, зоњир мегарданд, ташаккул меёбанд ва тараќќї 
мекунанд. 

Download 0.75 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   27   28   29   30   31   32   33   34   ...   48




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling