Мавзӯи Тавсифоти муќоисавии психологияи илмй ва хаётй


Download 189.54 Kb.
bet1/6
Sana17.06.2023
Hajmi189.54 Kb.
#1520847
  1   2   3   4   5   6

Мавзӯи 2.
Тавсифоти муќоисавии психологияи илмй ва хаётй
Мазмуни дарс :

  1. Хусусиятхои донишхои психологияи ѓайриилмй

  2. Инкишофи тасаввурот дар бораи предмети илми психология

  3. Сохахои психология

Донишхои психологиро ба хаётй (ѓайриилмй) ва илмй чудо менамоянд. Донишхои хаётии психологй ҷахонбинии психологии одамонро берун аз доираи психологияи касбӣ муттахид мекунанд. Чунин донишхо дар асоси тачрибаи шахсӣ ё чамъиятӣ ташаккул меёбанд ва аз ин рӯ, баъзан «психологияи муқаррарӣ» номида мешаванд.


Донишхои гайриилмии психологиро вобаста ба мазмуну мохияташон ба манфӣ ва мусбӣ ҷудо намудан мумкин аст.
Донишхои манфӣ дар заминаи нодуруст шарх додани зухуроти мухталифи психикӣ, ба ашёхо ва одамон нисбат додани хусусиятхои фавқулодда, ақидахои хурофотӣ, афкори стереотипӣ ва ғайра ташаккул меёбанд. Манфӣ ва зарарнок будани ин донишхо дар он ифода меёбад, ки онхо на танхо боиси качфахмихо ва нодуруст маърифат намудани воқеият мешаванд, балки инчунин ба баъзе шахсон имконият медиханд, ки максадхои ғаразноки худро амалй намоянд. Баъзан бо ин мақсад донишхои асоснокшудаи психологй низ истифода мешаванд, ки ба таври ғаразнок тахриф дода шудаанд.
Яке аз шаклхои донишхои ғайриилмии психологӣ парапсихология мебошад, ки гуё имкониятхои фавќулоддаи одам, аз ќабили телепатия (дарки фикри каси дигар бе зохиршавии нишонахои он), ғайбдонӣ (дастраснамоии маълумот дар бораи ашё ва ходисахо бе иштироки узвхои хис), проскопия (пешгуии фикри дигарон ё ходисахои оянда), психокинез (ќобилияти таъсир расонидан ба ашё ва ходисахо тавассути кувваи фикрӣ) ва ғайрахоро меомўзад.
Намунаи донишхои ғайриилмй, вале мусбии психологӣ «психологияи оммавӣ» мебошад. Психологияи оммавӣ донишхои илмии психологиро дар шакли соддаву фахмо ба оммаи васеи хонандагон пешниход намуда, аз истифодаи мафхумхои касбӣ ва илмии психологӣ даст мекашад. Нақши мусбии психологияи оммавй дар он ифода меёбад, ки он чахонбинии психологии одамонро васеъ намуда, боиси ба вучуд омадани шавќу хавас ба психологияи илмй мегардад.
Донишхои ѓайриилмии психологӣ сатхӣ буда, ба система дароварда нашудаанд ва аксаран дар тачрибахо собит нагардидаанд ва аз ин рӯ, ходисахои психикиро асоснок карда наметавонанд. Дар расми №1 хусусиятхои фарќкунандаи донишхои илмй ва донишхои хаётиро дидан мумкин аст.




Download 189.54 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
  1   2   3   4   5   6




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling