Мавзӯи Тавсифоти муќоисавии психологияи илмй ва хаётй


Расми №1 Инкишофи тасаввурот дар бораи предмети илми психология


Download 189.54 Kb.
bet2/6
Sana17.06.2023
Hajmi189.54 Kb.
#1520847
1   2   3   4   5   6
Расми №1


Инкишофи тасаввурот дар бораи предмети илми психология
Психологияи хаётӣ ханӯз аз афкори психологии одамони қадим сарчашма гирифта, давра ба давра ташаккул ёфтааст ва самтхои гуногуни инкишофи он дар мархалаи муайян ба тадқиқоти илмй бархурда, заминахои психологияи илмиро ба вучуд овардаанд.
Бояд зикр кард, ки таърихи пайдоиши предмети илми психологияро ба 4 навъ чудо мекунанд:

  • Психология илм дар бораи рўх;

  • Психология илм дар бораи шуур;

  • Психология илм дар бораи рафтор;

  • Психология илм дар бораи психика.

Раванди тахаввулоти донишхои психологӣ таърихи нихоят дурудароз дошта, якчанд мархмларо дар бар мегирад.
Мархалаи якуми инкишофи донишхои психологӣ афкори мутафаккирони дунёи қадим ва асрхои миёна дар бораи «РЎХ» мебошад. Дар замони қадим одамон хамагуна ходисахои психикиро бо фаъолияти рӯх алоқаманд дониста, худи рӯхро ба монанди як сояи шаффофи ҷисм, як мавчудоти новобаста аз чисм вучуддошта тасаввур мекарданд. Тасаввурот дар бораи талаботи маърифатии одамони он замонро нисбати дарки ходисахои “пурасрор”, аз қабили хобу хоббинӣ, иллюзия, галлютсинатсияхо (таваххумот) ва ғайра қаноатманд менамуд. Аз ин рӯ, дар хама тамаддунхои замони бостон атрофи ин мафхум фикру ақидахо ташаккул меёфтанд. Табиат ва мохияти рӯх аз чониби мутафаккирони замони қадим ба таври гуногун шархдода мешуд. Илми муосир нуқтахои асосии ин афкорро дар зери мафхумхои гилозоизм ва анимизм гурўхбандӣ менамояд. Мафхуми гилозоизм (аз юн. гилос-модда, ашё ва зоо-хаёт) таълимоти фалсафиеро ифода мекунад, ки асоси онро тасаввурот дар бораи хаёт хамчун хусусияти умумии ашё ташкил медихад. Мувофиқи ин таълимот, рӯх чун вазн, шакл ва хачм хосияти хамагуна ашё мебошад ва ин аст, ки тамоми ашё зиндааст.
Дар зери мафхуми анимизм (аз рим. анима-чон) дар илми муосир тасаввуротеро мефахманд, ки мувофиқи он хар як ашёи алохида рӯхи худро дорад, ки новобаста аз он мавчуд аст. Рӯх дар тасаввуроти анимистӣ мавчуди махсус буда, хамрохи чисм ё ҷудо аз он вучуд дошта метавонад.
Дар афкори мутафаккирони асрхои миёна таълимот дар бораи рӯх бо каме тағйироти миқдорӣ боқӣ монданд. Акнун рӯх танхо хоси мавчудоти зинда дониста шуда, кушишхои аввалини басистемадарории донишхо ва омўзиши тачрибавӣ ба вуҷуд омаданд. Махз дар ин давра мафхуми психология ба майдони илм омад, ки дар ибтидо маънои илм дар бораи рӯхро дошт. Муаллифони он пешниход менамуданд, ки психология бояд рӯх ва механизмхои фаъолияти онро омўзад, вале на дар он замон ва на минбаъд роху воситахои омўзиши объективии рӯх (тавре ки онро дар замони қадим тасаввур мекарданд) пайдо карда нашуд. Хамин тавр, таълимот дар бораи рӯх хамчун предмети психология то ибтидои асри XVIII арзи вуҷуд дошт ва хамагон онро эътироф мекарданд. Таълимот дар бораи рӯх зинаи аввали инкишофи тасаввурот дар бораи предмети илми психология буд. Таълимот дар бораи «шуур»-ро дар мавзўи дигар баррасй хохем кард.

Download 189.54 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling