Мавзӯи Тавсифоти муќоисавии психологияи илмй ва хаётй


Download 189.54 Kb.
bet4/6
Sana17.06.2023
Hajmi189.54 Kb.
#1520847
1   2   3   4   5   6
Психологияи умумӣ маъалахои методологии тадқиќти психологӣ, таърихи психология, ќонуниятхои умумии тарақќиёту зухуроти психика ва масъалахои дигари барои хамаи сохахои психология умумиро мавриди омўзиш қарор медихад. Психологияи умумӣ хар як шакли зухуроти психика: раванд, холат, хусусият ва хар як зухуроти мушаххаси психологиро дар алохидагӣ ва дар алоқамандӣ бо зухуроти дигари психологӣ меомӯзад.
Сохохои дигари илми психологияро чунин тавсиф намудан мумкин аст:
Психологияи педагогй. Он масъалахои психологии раванди таълиму тарбияро дида мебарояд, психологияи хонанда ва муаллимро омўхта истода, усулхои самарабахши пешниходи дарс ва роххои бехтарини азхуднамоии онро тавсия медихад. Психологияи педагогӣ дар навбати худ, аз зерсоха яъне психологияи таълим, психологияи тарбия, психологияи муаллим, психологияи корхои таълимӣ-тарбиявӣ бо кўдакони аномалӣ таркиб ёфтааст.
Психологияи тиббӣ. Ин соха масъалахои муносибати байни бемору табиб, мухити психологии беморхона, психологияи кормандони тиб ва беморони гуногунро омўхта, зерсохахои зеринро дар бар мегирад: нейропсихология ё психофизиология, психофармакология, психотерапия, психопрофилактика ва психогигиена.
Психологияи хуќуќ масъалахои психологии вобаста ба амалигардии системаи хуқуқро мавриди баррасӣ қарор медихад. Он аз зерсохохои психологияи судӣ, психологияи криминалӣ ва п с и х о л о ги яи пенитенсиарӣ ё психологияи ислохоти мехнатӣ иборат аст.
Психологияи харбӣ рафтори одамро дар шароити амалиёти ҷангӣ, масъалахои психологии хизмати харбӣ, муносибати байни аскарону афсарон, усулхои психологии ташвиќу тарѓиб, аксулташвиќот, масъалахои психологии идораи техникаи харбй ва ѓайрахоро меомўзад.
Психологияи мехнат ва мухандисӣ хусусиятхои психологии намудхои мухталифи фаъолият, масъалахои интихоби тахассус, ҷобачогузории кадрхо, мухити психологии корхона, кор бо дастгоххои гуногун, шароити кор ва ғайраро дида мебарояд. Он бо сохохои дигари психология, ба монанди психологияи ташхиси мехнат, психологияи маълумоти касбӣ - техникй, психологияи ташкили илмии мехнат ва психологияи ховонавардй алаќаи зич дорад.

Download 189.54 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling