Мавзӯи Тавсифоти муќоисавии психологияи илмй ва хаётй


Download 189.54 Kb.
bet5/6
Sana17.06.2023
Hajmi189.54 Kb.
#1520847
1   2   3   4   5   6
Психологияи варзиш хусусиятхои психологии шахсият ва фаъолияти варзишгарон, шароит ва воситахои психологии тайёрии онхо, омилхои психологии алоќаманд бо ташкил ва гузаронидани мусобиқахои варзиширо меомўзад.
Психологияи савдо. Ин соха шароитхои психологии таъсири реклама, хусусиятхои инфиродӣ ва синнусолии эхтиёчот, омилхои психологии хизматрасонй ба мизочон ва монанди инхоро мавриди баррасй қарор медихад.
Психологияи эҷодиёти илмй хусусиятхои шахсияти эчодкор, омилхои ангезандаи фаъолии эчодй, нақши фаросат (интуитсия) дар амалинамоии кашфиёти илмиро меомўзад. Дар таркиби ин соха эвристикаро фарқ мекунанд, ки вазифаи он аз омўзиши қонуниятхои ҷараёнхои эвристикии фаъолияти эчодӣ ва коркарди методхои идоранамоии раванди эвристики иборат аст.
Психологияи энодиёти бадеӣ масъалахои психологии эчодиётро дар сохахои адабиёт ва санъат дида мебарояд.
Психологияи тарбияи ахлоқӣ. Ин соха низ бешубха ахамияти мухимро сохиб аст, вале айни хол нисбатан кам омўхта шудааст.
Психологияи синнусолӣ онтогенези ҷараёнхои мухталифи психикӣ ва хусусиятхои психологии одами мутараққиро омўхта истода, ба психологияи кўдакон, психологияи наврас, психологияи давраи ҷавонӣ, психологияи давраи камолот ва геронтопсихология чудо мешавад.
Психологияи ташаккули аномалй ё психологияи махсус аз чунин қисматхо таркиб ёфтааст: патопсихология, ки тамоюлхоро дар инкишофи психика меомӯзад; олигофренопсихология, ки патологияи инкишофи психикии алоқаманд бо нуќсонхои модарзодии магзро баррасӣ мекунад; сурдопсихология, ки психологияи ташаккули кўдакро хангоми нуќсонхои узви шунавоӣ меомўзад ва тифлопсихология, ки психологияи инкишофи сустбиноён ва нобиноёнро мавриди омўзиш қарор медихад.
Психологияи муқоисавӣ ё зоопсихология сохаи илми психология мебошад, ки масъалахои вобаста ба намудхои филогенетики хаёти психикиро баррасӣ намуда, психикаи хайвон ва одамро бо маќсади дарёфти ќонуният ва механизмхои инкишофи таърихии психика муқоиса менамояд.
Психологияи иҷтимоӣ зухуроти психикиеро меомўзад, ки дар ҷараёни хамкории одамон дар гурўххои мухталифи муташаккилу номуташаккили ичтимоӣ ба вуҷуд меоянд. Ба сохтори психологияи иҷтимоӣ дар айни замон се гурӯхи масъалахо шомиланд: зухуроти иҷтимоӣ - психологӣ дар гурӯххои калон (макромухит); зухуроти ичтимоӣ - психологӣ дар гурӯххои хурд (микромухит); ва зухуроти ичтимоӣ - психологии шахсияти одам (психологияи ичтимоии шахсият).

Download 189.54 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling