Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї


Хусусиятњои психологии мактаббачаи хурдсол


Download 0.75 Mb.
Pdf ko'rish
bet27/48
Sana11.11.2023
Hajmi0.75 Mb.
#1765687
1   ...   23   24   25   26   27   28   29   30   ...   48
Bog'liq
Шаропова Н.М. Психологияи умуми

Хусусиятњои психологии мактаббачаи хурдсол 
Тавсифи умумии мактаббачаи хурдсол ва фаъолияти таълимии он. 
Синну соли хурди мактабї (аз 7 то 11 солагї) ба давраи тањсил дар 
синфњои ибтидої мувофик меоянд. Кудак то лањзаи ба мактаб омадан
одатан њам аз чињати чисмонї ва њам аз чињати психологї ба давраи 
хаёти наву муњими худ, ба иљрои талабњои гуногуне, ки мактаб ба у 
пешбарї мекунад, тайёр аст. Омодагии психологї њам аз тарафи 
объективї ва њам субъективї дида баромада мешавад. 
Ба кудаки њафтсола кушиш ва хоњиш ва кушишњои хондан дар 
мактаб, тайёрии махсус ба шаклњои нави муносибатњои байнињамдигарї 
бо калонсолон хосанд. Шубња ба он, ки хондан зарур аст ё не, дар у нест. 
Ба 
њисоб 
гирифтани 
хусусиятњои 
анотомию 
физиологии 
мактаббачаи хурдсол њангоми ташкили кори педагогї дар синфњои 
ибтидої низ хеле муњим аст. Чи тавре, ки психолог Н.Д.Левитов кайд 
мекунад, фаъолияти таълимї дар ягон давраи синнусоли мактабй чи 
навъе ки дар давраи хурди мактабї аст, дар алокамандии зич бо њолати 
тандурустї ва тараккиёти чисмонї нест. 
Тараќќиёти љисмонии кудаки 7-11 сола нисбатан орому мунтазам 
аст. Афзоиши каду вазн, тобоварї, њаљми њаётии шушњо ба дараљаи 
кифоя 
мунтазам 
ва 
муносиб 
мегузарад. 
Системаи 
устухонии 
мактаббачаи хурдсол њануз дар дараљаи ташаккулёбї мебошад, ба 
устухон табдил ёфтани сутунмухре;, ќафаси сина, устухони кос ва дасту 
пой њоло ба дараљаи тамомшавї нарасидааст, дар системаи устухон 
бофтањои таѓояк њоло бисёранд. Инро ба эътибор гирифтан ва доимо 
дар бораи тарзи нишаст, нигоњ доштани ќаду ќомат ва тарзи роњравии 
талабањо ѓамхорї кардан зарур аст. 


145 
Протсесси шахшавии устухони банди дасту ангуштњо дар синни 
хурди мактабї њам пурра ба анљом намерасад, бинобар ин њаракатњои 
каму даќиќи панљаю банди даст махсусан барои хонандагони синфи 
якум душвор ва хастакунанда аст. Мушакњои дил дар ибтидо њоло 
сустанд, тез афзоиш меёбанд. Диаметри рагњои хунгард нисбатан калон 
аст. Вазни майнаи cap дар синни хурди мактабї ба вазни майнаи сари 
калонсолон кариб наздик мешавад ва он ба хисоби миёнаи аз 1280 грамм 
(7-сола) то 1400 грамм (11-сола) меафзояд. Майна њам аз чињати вазифа 
такмил меёбад, вазифаи тањлилию таркибии пустлох тараккї мекунад, 
таносуби протсессњои њаячон ва боздорї тадриљан дигар мешавад, 
гарчанде протсесси њаяљон бартарї дошта бошад њам, протсесси 
боздорї пуркувваттар мегардад, бинобар ин мактаббачањои хурдсол 
хеле бањаячоноянда буда, бисёр амалњои беихтиёр зоњир мекунанд. 
Аз рузи ба мактаб рафтани бача дар хаёти у таѓироти мухиме ба 
амал меояд. Тартиби њаёт, мавќеи ичтимої ва мавќеи ў дар синфу 
коллектив ва оила дигар мешавад. 
Омузиш ба фаъолияти асосию пешбарандаи хонандаи синфи якум 
ва хондану ба дониш сохиб шудан ба вазифаи муњимтарини у табдил 
меёбад. Омузиш мехнати чиддие мебошад, ки дарачаи муайяни 
муташаккилї, интизом ва кушиши иродавии кудакро талаб мекунад. Ба 
у бештар на он чизеро, ки дил мехоњад, балки он чизеро, ки зарур аст, 
ичро кардан лозим меояд. Мактаббача ба коллективи барояшон нав 
дохил мешавад, ки дар он 10 соли пурра зиндагї, тахсил ва тараккї бояд 
кунад. Коллектив, дар навбати худ, аз бача талаб мекунад, ки дар у 
мањорати ба эътибор гирифта тавонистани манфиати коллектив мављуд 
бошад, ў мањорати хоњишњои худро ба саъю кушиши умумї тобеъ 
намудан дошта бошад, коллектив инчунин нисбат ба якдигар серталаб 
будану ба якдигар ёрї расонидан, масъулияти коллективона доштан ва 


146 
ба дараљаи баланди муташаккулї ва боинтизомї сохиб будани бачањоро 
дар назар дорад. 
Фаъолияти асосии мактаббачаро аз худ намудани дониш, мањорат 
ва малака, чамъ кардани маълумотњои мунтазам дар бораи табиат ва 
чамъият ташкил медињад. 
Дар хонандагони синфи якум баъди ба вучуд омадани шавќу њавас 
ба натиљаи мехнатї таълимии худ, шавќу њавас ба мазмуни фаъолияти 
таълимї ва талабот ба њосил намудани дониш ташаккул меёбад. Дар 
њамин асос дар мактаббачаи хурдсол мароми омухтан пайдо мешавад ва 
устувор мегардад. 
Тараќќиёти протсессхои маърифатии мактаббачаи хурдсол. 
Фаъолияти таълимии мактаббачаи хурдсол ба куллї максаднок аст. 
Хонандагон пеш аз хама бояд соњиби малакањои хондан, навиштан ва 
њисоб кардан шаванд, њаљми зиёди донишњоро аз арифметика, забони 
модарї, таърих, љуѓрофия, асосњои элементарии геометрия ва ѓайра аз 
худ намоянд. Дуюм ин, ки доираи назар васеъ мешавад, шавќу њаваси 
маърифатљуии кудак тараккї мекунад. Дар баробари ин протсессњои 
маърифатї инкишоф ёфта, мустакилияти фаъол ва фаъолияти эчодї 
ташаккул меёбад. Нињоят, дар рафти фаъолияти таълимї бояд равияи 
таълимї, њисси масъулият ба омузиш, маромњои олии чамъиятии 
омузиш ташаккул ёбад. 
Дар синфњои ибтидої фаъолияти таълимї пеш аз њама боиси 
тараќќиёти протсессњои психикии бевосита ба дониста гирифтани дунёи 
ињотакарда нигаронидашуда-эњсос ва идрок мешавад. Мактаббачаи 
хурдсол бо аниќї ва тозагии идроќ, бо мавчудияти шавќи донистагирии 
зиндаи ба худ хос фарќ мекунанд. 
Хусусияти хоси идроќи ин талабањо фарќкунињои ками он 
мебошад. Мактаббачањои хурдсол њангоми идроќ намудани объектњои 
монанд ва људокунии онхо ба норавшанї ва хатоњо роњ медињанд. Онњо 


147 
баъзан њафт ва овозњои аз рўи навишт ё талаффузашон монандро фарќ 
намекунанд, ё аралаш менамоянд. Бачањо аксар ваќт љињатњои 
тасодуфиро људо намуда, дар айни замон хусусиятхои муњимашро идроќ 
намекунанд. 
Алоќаи зичи амалњои мактаббача ва идроќи ў хусусияти дигари 
идроќи талабањо дар ибтидои синни хурди мактабї мебошад. Дар њамин 
зинаи тараќќиёти психикї идроќ бо фаъолияти амалии кудак алоќа 
кардани мактаббача чунин маъно дорад, ки ў бояд бо он ягон кор ё 
амалеро иљро намояд, чизро дар он таѓир дињад, онро ба даст гирад, 
ќапида бинад. 
Равшану эмотсионалї ифода ёфтани идроќ хусусияти хоси 
талабањои синфњои 1-11 мебошад. Бачањо дар навбати аввал њамон 
объект, хосият, аломат ва хусусиятњои онро идроќ мекунанд, ки онњо 
муносибати бевоситаи эмотсионалии ўро ба вуљуд меоварад. Чизи аён 
равшан ва љоннок бењтару аниќтар дарк карда мешавад. 
Дар рафти таълим азнавсозии идроќ ба вуљуд меояд, идроќ ба 
дараљаи баландтари тараќќиёт мебарояд, ба фаъолияти маќсаднок ва 
идорашаванда монанд мешавад. Идроќ инчунин бештар тањлилкунанда, 
фарќкунанда мешавад, ба хусусиятњои мушоњидаи ташкилкунанда соњиб 
мегардад. 
Диќќат. Ба диккати талабањои синфњои ибтидої њам баъзе 
хусусиятњои синнусолї хос аст. Яке аз ин хусусиятњои асосї суст будани 
диќќати ихтиёрї мебошад. Дар ибтидои синни хурди мактабї 
имконияти батартибдорї ва идоракунии иродавии диќќат мањдуд аст. 
Диќќати ихтиёрии мактаббачаи хурдсол маромњои ба ном наздикро 
талаб мекунад. 
Дар бачањои синни хурди мактабї диќќати беихтиёр бењтар 
тараќќї кардааст Ибтидои омўзиш дар мактаб ба тараќќиёти минбаъдаи 


148 
он мусоидат мекунад. Њама чизи нав, ногањонї, равшан ва шавќовар 
диќќати талабањоро ба худ љалб мекунад. 
Ба хусусиятњои синнусолии диќќат на он ќадар устувор будани он 
низ таалук дорад. Хонандагони синфњои якум дуюм муддати дароз худро 
ба кор сафарбар карда наметавонанд, диќќати онњо ба осонї парешон 
мешавад. 
Рафти таълим бачаро дар шароите мегузорад, ки ин шароит аз ў 
барои тараќќї додани диќќати ихтиёрї ва бо кушиши иродавї 
мутамарказонидани он њамеша машќ карданро талаб мекунад. Диќќати 
ихтиёрї дар баробари тараќќиёти маромњои ањамияти љамъиятї доштаи 
омўзиш, фањмидани масъулияти худ дар фаъолияти муваффаќиятноки 
таълимї тараќќї мекунад. Дар мактаббачаи хурдсол дар заминаи ин 
мањорати ташкил кардану ба тартиб даровардани диќќати худ, шуурона 
идора намудани он ташаккул меёбад. 
Хотира. Хусусиятњои синнусолии хотираи бачањои синни хурди 
мактабї дар зери таъсири таълим тараќќї мекунад. Мавќеъ ва ањамияти 
бахотирагирии калимагию мантиќии маъногї (назар ба айёнию образї) 
меафзояд ва имконияти шуурона идора намудани хотира ва ба тартиб 
даровардани зуњуроти он (бахотирагирї, азнавхикуї, бахотираоварї) 
тараќќї мекунад. 
Азбаски дар мактаббачањои хурдсоли њамин синну сол фаъолияти 
системаи сигналии якум нисбатан бартарї дорад, хотираи айёнию 
образї нисбат ба хотираи калимагию мантикї бештар тараќќї кардааст. 
Онњо маълумот, њодиса, ќиёфа, предмет ва фактњоро назар ба таъриф, 
баёнот ва шарњњо бењтару зудтар ба хотира мегиранд ва нисбатан 
мустањкам дар хотира нигоњ медоранд. Мактаббачањои хурдсол 
(махсусан ду синфи аввал) ба хотирагирии механикї майл доранд, ки он 
бе фањмидани алоќањои маъногии дохилии материали ба хотира гирифта 
шаванда мегузарад. 


149 
Хаёл. Хаёл яке аз протсессњои муњими психикии маърифатї ба 
шумор меравад. Азхудкунии њар гуна материали таълимї бе фаъолияти 
фаъоли хаёл, бе мањорати тасаввуру тахайюл карда тавонистани он чизе, 
ки дар китобњои дарсї навишта мешавад ва ё худ муаллим мегўяд, 
номумкин аст. Тараќќиёти хаёл дар ин давраи синнусолї дар ду шакл ба 
вуљуд меояд. Аввалан, такмили хаёли азнавсозї анъанаи асосии 
тараќќиёти хаёли мактаббачаи хурдсол аст. Он бо тасаввур намудани 
чизи пештар идроќ кардашуда ё мувофиќи шарњ, баён, схема, расм ва 
дигар чизњои маълум ба вуљуд овардани образњо алоќаманд аст. Хаёли 
азнавсозї аз њисоби нисбатан пурра ва дуруст инъикос намудани њаќиќат 
такмил меёбад. Хаёли эљоди њамчун ба вуљудоварии образњои нав, ки ба 
дигаргункунї, аз нав кор карда баромадани таассуроти таљрибаи 
гузашта ва дар асоси онњо њосил намудани пайвастањои нав алоќаманд 
аст, низ тараќќї мекунад. Мактаббачаи хурдсол чунин образњои хаёлро 
меофарад, ки хилофи њаќиќатњоро аз мавќеи мантиќ ва ќонунњои олами 
объективї бањо додан мумкин аст. 

Download 0.75 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   23   24   25   26   27   28   29   30   ...   48




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling