Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї
Асосњои муолиља бо воситаи таъсиррасонии руњї
Download 0.75 Mb. Pdf ko'rish
|
Шаропова Н.М. Психологияи умуми
Асосњои муолиља бо воситаи таъсиррасонии руњї
(Психотерапия) Муолиља бо воситаи таъсироти руњї яке аз намудњои табобат мебошад, ки бо ёрии он ба психикаи бемор таъсир расонида, аломатњои касалиро аз љисми бемор берун мекунанд. Мафњуми муолиља бо воситаи таъсиррасонии руњї яке аз намудњои табобат буда аз ду калимаи юнонй иборат аст. Яъне љон, руњ, шуур ва табобат муолиља. Дар он барои табобати шахси бемор таъсироти руњї ба таври маќсаднок истифода мешавад. Њануз аз замонњои ќадим таъсироти руњии як гуруњи одамон ба њолати руњии дигарон маълум аст. Табобати касалињо аз тарафи коњинони ибодатхонањо, истифодаи дуохонї, «истифодаи раќсхои» соњирон асосан ба таъсироти руњии шахси бемор равона карда мешуданд. Дар китоби кадими тиббии Эберс (асри XVI то м.) дар ќатори 900 тасвири дорувори шифобахш дуоњое низ оварда шудаанд, ки шахси бемор хангоми хўрдани онњо бояд хонад. Мазмуни яке аз онњо чунин 188 аст: «Ёрї дењ! Рав ва он чи дар дилу узвњои ман чой дорад, пеш кун. Дуоњо бо њамроњии дору давобахшанду дору бо њамроњии дуоњо давобахш аст». Аз даврањои ќадим ифодае машхур буд, ки тиб тавассути се аркон пойдор аст: теѓ руњ ва сухан. Ќувваи сухан дар ин љо ба ќувваи теѓи љарроњ баробар карда шудааст. кушиши илман асоснок кардани усулњои табобат бо воситаи таъсиррасонии руњї њанўз охири асри XVIII аз тарафи духтури венагї А. Местер ба миён омада буд. Ў чунон мешуморид, ки таъсиррасонии руњї ба туфайли моеи махсус («Флюиди магникї») ба амал меояд, ки он дар тамоми олам пањн шудааст ва ќудрати аз як одам ба одами дигар гузаштанро дорад. Инкишофи муолиља бо воситаи таъсиррасонии руњї дар Россия бо номњои клинитсистњои машњур С.П. Боткин, Г.Н. Захарин, С.С. Корсаков алоќаманд аст. Онњо истифодаи таъсиррасонии руњиро дар табобати касалињои гуногун аз имкон берун намедонистанд. Сањми И.П.Павлов дар тараќќиёти муолиља бо воситаи таъсиррасонии руњї бебањост ва ў механизмњои физиологии хоб, њолатњои гузариш ва гипнозро кушода дод. И.П.Павлов ин њодисањоро илман асоснок намуда, бо ин пардаро аз болои сирру асрор ва муаммоњои асрњо вуљуддошта бардошт. Таълимоти И.П.Павлов дар бораи системањои сигналї, оид ба таъсири физиологии калима ва талќин асосњои илмии ин соњаи тиб гаштааст. Сањми нињоят бузургтар дар тараќќиёти муолиља бо воситаи таъсиррасонии руњї тадќиќотњои илмии психиатрњо В.Е.Рожнов, A.M. Свядош, ин табобат бо ёрии ахбор аст. Натиљаи табобат дар ин љо ба туфайли на хосиятњои физикї ё химиявии ангеза, балки ба фазли он ахбори дар худ љойдода ба даст оварда мешавад. Њангоми муолиља роли муњимро таъсири эмотсионалї ба бемор мебозад, ки он бо ахбори аз духтур, нутќ ва тамоили шахсияти ў бароянда муайян карда мешавад. Ахбори табобаткунанда метавонад ба як бемор (таъсиррасонии руњии 189 индивидуалї) ё якбора ба гуруњи беморон (таъсиррасонии руњии гуруњї ё коллективї) равона карда шавад. Духтур ин ахборро метавонад хангоми алоќаи бевоситааш бо бемор ё ба воситаи сабти овоз (лентаи магнитї, картањо) бо радио (сеансњои таъсиррасонии руњии коллективона дар хобгоњњои беморон), туфайли оинаи нилгун, кино ( филмњои табобатї) гузаронад. Муолиља бо воситаи таъсиррасонии руњиро ба ќихои умумї ва љузъї људо мекунанд. Муолиља бо воситаи таъсиррасонии руњии умумї маљмўаи омилњои руњии таъсиррасонї ба њама навъи бемори, ки маќсади он мубориза бо касалї, инчунин дар атрофи бемор сохтани муњити њимоякунї-баркароркунї мебошад, ки он љарохатнокшавии руњиро пешгирї мекунад. Дар ин њолат ин навъи табобат њамчун воситаи ёрирасон њисоб мешавад. Истифодаи он дар њамаи дармонгоњњо зарур аст. Муолиља бо воситаи таъсиррасонии љузъї бошад, дар чунин дармонгоњњое истифода мешавад, ки дар он љо усулњои муолиљаи руњї наќшаи асосиро мебозад. Ду омили ба таври васеъ истифода бурдани ин навъи табобат мављуд аст. Дар њолати якум, ин истифодабарии бевоситаи амалиёти табобатии он њангоми мављуд будани гурўњи зиёди беморон мебошад, ки дар он омили руњї љои намоёнро ишѓол мекунад. Дар дигар њолат барои пешгирии аксуламали касалии љисмонї ва оќибатњои он, таъсири ранљурии љисмонї ба амалиёти руњии фард, рафтори он истифода мешавад. Интихоби методу усули муолиља бо чунин нишондињандањои бемор, ба монанди хусусиятњои шахсии бемор, таассури ў ба касалї, омилњои психологии этиопатогенезаи беморї, мансубияти нозологии касалї ва зинањои он муайян карда мешавад. Усулњои муолиља бо воситаи таъсиррасонии руњї, боваркунонї, талќинкунонї (дар њолати њушёрї, хоби гипнозї), худталќинкунї мебошад. 190 Боваркунонї ё муолиљаи аклї. Яке аз хусусиятњои муњими ин усули табобат таъсиррасонї ба бемор тавассути бароваркунонии мантиќї мебошад. Ин усул аз тарафи духтурон њангоми њар як суњбаташон бо бемор ба таври васеъ истифода мешавад ва гоњо намуди асосии таъсиррасонии табобатї мегардад. Духтур њангоми суњбат бо бемор ба ў сабабњои касалї, такроршавии вайрон шудани мубодилаи моддањои организмро фањмонда, аз ў хоњиш мекунад, ки ба аломатњои зухуроти касалї диќќат дихад. Њангоми аз ин усул истифода бурдан, духтур на танхо нуктаи назари беморро ба ин ё он касалї дигар мекунад, балки ба сифатњои шахсии ў таъсир мерасонад. Духтур метавонад, ки рафтори беморро ё ба њодисањои атроф бањои нодуруст доданро танќид кунад, аммо дар ин њолат бемор бояд њис кунад, ки ба ў хамдардї мекунад, ўро њурмат менамоянд ва ба ў ёрї расонидан мехоњад. Далелњои, ки духтур меорад, бояд ќотеона ва ба бемор фањмо бошанд. Духтур дар рафти табобат бо воситаи боваркунонї беморро даъват мекунад, ки бањодињии худро ба сабабњои касалї дигар кунад, аз талаботњои зиёди иљрошаванда даст кашад, ба њолати бавуљудомада розї шавад. Бояд бо вай дар оянда чи гуна рафтор карданро фањмонда, завќи ўро ба сињат шудан тезонад. Яке аз усулњои табобати боваркунонии аќлї он аст, ки аз бобњои алоњидаи адабиёти тиббї истифода шавад, чунки баъзе беморон бештар ба навиштањои китоб бовар карда, гумон мекунанд, ки духтур барои ором кардан ва тасаллї бахшидани онњо дурўѓ мегуяд. Талкинкунї њангоми хоби гипнозї. Барои ба вуљуд овардани хоби гипнозї усули бо воситаи сухан талќин карданро истифода мебаранд, ки он бо воситаи ангезандањои дурахшандаи биної ва шунавої ба амал бароварда мешавад. Мафњуми гипноз гуфта њолати нимхобию нимбедориро дар назар доранд, ки дар ин њолат алоќаи сухании духтур ва бемор канда намешавад ва онро Раппорт меноманд. Таъсири табобати гипноз аз як тараф њангоми нимхобї, аз тарафи дигар дар 191 бемор пайдо шудани њолати талќиншавии баланд, ки ќудрати сухани духтурро меафзояд, зохир мешавад. Талќинкунї - ин протсессе мебошад, ки дар он бо максади табобат ба воситаи сухан ба психикаи бемор таъсир расонида мешавад. Ду навъи талќинкунї мављуд аст: бевосита ва бавосита. Дар њолати аввал ба шахси бемор талќин мекунанд, ки аломатњои касалї бевосита баъд аз талќин нест мешаванд. Дар њолати дуюм бошад, талќин мекунанд, ки баъди муолиљаи тиббї ањволи бемор бењ мешавад. То саршавии табобати гипнозї бояд муносибати бемор ба ин усули табобат аниќ карда шавад. Агар муносибати бемор ба табобати гипнозї манфї бошад, онро гузаронидан мумкин нест. Пеш аз гузаронидани ќисмњои талќинкунии гипнозї бояд ба бемор моњияти гипноз фахмонида шавад. Ќайд мешавад, ки ин хоби сунъї буда, дар ин холат алоќаи сухании байни бемор ва духтур боќї мемонад. Фањмонда мешавад, ки суханњои шунидашуда таъсири пурќувват ва дурудароз доранд. Бемор бояд донад, ки хоби гипнозї хељ зараре надорад ва ў бояд фаќат ба суханони духтур диќќати худро равона кунад. Дар ин ќатор ба бемор фањмонда мешавад, ки хангоми гипноз бемор ягон њолати нохушро њис намекунад, гипноз як навъ хоби табии буда, ба барќароршашии фаъолияти системаи асаб мусоидат мекунад, иродаро мустањкам мегардонад ва барои тезтар шифоёбї боварї мебахшад. То саршавии табобати гипнозї бояд барои дараљаи талќиншавандагии беморро фањмидан санљиш гузаронида шавад. Барои ин аз бемор хоњиш мекунанд, ки дасташро ба руи зону гузорад ва дар давоми якчанд сония ба ягон нуќтаи муайян нигоњ карда, дар ин њолат ба худ талќин намояд, ки дасташ вазнинтар мешавад. Баъд аз ин духтур дасти беморро бардошта ба болои зонуи ў мепартояд. Њар ќадар муќобилати даст зиёд бошад, талќинкунї хамон ќадар хубтар мешавад. Воситаи дигари бањодињї ба талќин дар амал нишон додани зуњуроти фалаљ мебошад. Барои ин озмоиш аз бемор хоњиш карда мешавад, ки 192 дастонашро харпанља карда, сахт фишор дињад ва дар ин њолат ба бемор мефањмонанд, ки бо њисоби «се» ў дастонашро кушода наметавонад. Сипас духтур бо овози баланд то се шуморида талќин мекунад, ки дастони ў аз њам људо намешаванд. Агар фалаљ ба амал ояд, он гоњ ин гуна беморон ба талќин осонтар дода мешаванд.баъди муайян кардани дараљаи талќиншавандагии бемор ба гипноз cap мекунанд, ки дар он усулњои гуногун истифода бурда мешаванд. Яке аз усулњои ќабулшуда ва дастраси гипноз бештар усули шифохї (вербалї) мебошад, ки њангоми истифодаи он ба воситаи сухан бемор ба хоб меравад. Дар ин њолат мазмуну оњанги сухан роли калон мебозад. Бемор дар нимкат ё ќуреї нишаста, барои хоб рафтан њолати кулайро интихоб мекунад. Духтур дар болои сари бемор ќарор мегирад ва ба овози мулоиму талќинкунанда гап зада, баъзе калимањоро дароз талаффуз мекунад. Њоло баъзе мисолњои тахминии матни суханронеро, ки бояд духтур гўяд, нишон медињем. «Чашматонро пўшед ... Кушиш намоед, ки дар бораи чизњои зиёдатї фикр накунед... Шумо хоб меравед ва ба он муќобилият накунед... Ором нафас гиред... Њоло ман њисоб мекунам ва баробари он шуморо бештар хоб зер мекунад... Як... ду... се... Нафасгирї ором ва муътадил ... Оромии пурра фаро мерасад... Шаш... њафт... Садои ман Шуморо ором мекунад, бештар ба хоб даъват мекунад... Нуњ--. дањ... ёздањ... Шуморо хоб пахш мекунад... Хоњиши хоб рафтан боз њам зиёдтар мешавад… Дувоздањ... сездањ... чањордањ... понздањ... Сахттар хоб мебарад». Њамин тариќ, то 20, 30 мешуморанд. Се-чор шумораи охиринро пасттар ва шиддатнок талаффуз мекунанд. Усули табобат бо садоњои монотонї. Иљрошавии он бо истифодаи амали хобовари овозњои такроршавандаи якхела сурат мегирад. Ин садои андак пасти метроном, овози мављњои бањр, садои ќатрањои афтидаи об буданаш мумкин аст, ки дар лентаи магнитофон сабт шудаанд. Беморро дар хонаи нимторик дар нимкат љойгир мекунанд, ба кор медароранд. Сипас ба бемор дастур дода мешавад, ки чашмонашро 193 пўшад ва дар зери таъсири ин садо хоб равад. Тахминан чунин гуфта мешавад: «Чашмонатро пўшед, дар бораи ягон чизи беруна фикр накунед. Кушиши хоб рафтанро кунед. Шумо садои метроном (мављњои бахр, садои ќатрахои афтанда) ва овози манро шунида истодаед. Шумо бо шунидани њар як садои метроном боз њам љуќуртару сахттар хоб мекунед...» Усули назар андўхтан. Моњияти ин усул дар он зоњир мешавад, ки ба бемор бењаракат ба ягон нуќта назар карданро пешнињод мекунанд. Дар натиља чашмони бемор хаста мешаванд ва хоњиши пўшидани он ба вуљуд меояд, ки ин аз омадани хоб дарак медињад. Дар баробари ин, талќини суханиро низ истифода мебаранд: «Пилкњои чашмони Шумо боз њам вазнинтару вазнинтар мешаванд... Чашмонатон хаста шуда истодаанд... Атрофи Шумо боз њам ториктару ториктар мегардад... Њар чи бештар хоб рафтан мехоњед... Шуморо хоболуди зер кардааст... Пилкњои боз њам зич шудаанд... Хоб...». Усули пассњо. Ин усул бо усулњои дар боло номбаршуда мувофиќат мекунад. Духтур њангоми беморро ба њолати хоби гипнозї овардан дар пеши рўй ва бадани ў бо дастњояш њаракатњои якхела (пассхо) мекунад. Ў барои ин аз сари бемор ба тарафи пойхо дар масофаи 2-3 см ба он нарасида, кафи даст ва ангуштони аз якдигар ба таври васеъ љойгиршудаи худр мегузаронад. Њангоми беморро аз њолати хоби гипнозї берун баровардан мегўянд: «Шумо ба ќарибї бедор мешавед. Шумо худро хеле хуб њис мекунед. Шумо хуб хоб рафта дам гирифтед. Шумо руњ ва кувваю дармони нав гирифтед. Хоби Шумо оњиста-оњиста мегузарад. Њоло Шумо пинак рафта истодаед. Шумо хеле сабук шудед. Акнун бедор шавед!» Сеансњои таъсири гипнозиро якбора бо гуруњи беморон гузаронидан мумкин аст, ки ин на танхо сарфа кардани ваќт, балки ба баланд шудани дараљаи талќиншавандагї имконият медињад. Сеансњои 194 гипнотерапияи коллективонаро барои табобати майзадагї ва љунуният ба таври васеъ истифода мебаранд. Тарзи гузаронидани гипнотератияи коллективона аз гипнотерапияи индивидуалї фарќ намекунад. Давомнокии гипноз аз 15 то 20 даќиќа аст. Суръати сеанс аз хусусияти бемори, њолати шахси бемор ва натиљаи табобат вобастагї дорад. Масалан, барои бартараф намудани аломатњои васвосї як сеанс кифоя аст. Одатан миќдори сеансњо набояд аз 15 зиёд бошад. Се дараља хоби гипнозиро фарќ мекунанд. Ба дараљаи якум хоболуди хос аст, вале гипнозшаванда метавонад ба талќин муќобилият нишон дињад ва чашмонашро кушода наметавонад; баъди бедоршавї он чизеро, ки дар њолати гипноз дида буд, одатан дар хотира нигоњ медорад. Дараљаи сеюмро хоби чуќур (сомнамбулизм) ташкил медињад ва он бо амнезия, талќини гипнозию баъдигипнозї тавсиф дода мешавад. Њамин тавр ба бемор њангоми дараљаи сеюми хоби гипнозї ба осони фалаљ («Бо њисоби» се «пои Шумо аз њаракат мемонад») ва анастезияро талќин кардан мумкин аст. Баъзан дар ин дараља беморро чарроњї мекунад ё худ дардро њангоми зоиш бартараф менамоянд. Инчунин дар гипнозшаванда карї, курї, бўида ва чашида натавонистанро талќин кардан мумкин аст. Усули талќини хоби гипнозї барои табобати майзадагї, ба љунуният гирифтор њастанд, дар зери таъсири гипноз кайфияташон бењтар шуда, хаяљону изтиробашон бартараф мегардад, хобашон муътадил гашта, худро хуб њис мекунанд. Ѓайр аз ин гипноз барои касалињои пўст (шукуфа, озах, акушери-гинекологї, зањролудии њомиладорї, аменор, меннораг) низ истифода мешавад. Истифодаи гипнозро барои муолиљаи беморони майзада дар асоси методикаи коркардаи профессор В.Е.Рожнов дида мебароем, ки он ба тадќиќи њолати пуршиддати эмотсионалї (стресс) равона шудааст. Пеш аз гузаронидани ин методика бояд бо худи бемор аз наздик шинос шуд, яъне зуњуроти беморї, хусусиятњои шахсияти бемор ва 195 дигаргуншавии онњоро дар љараёни касалї муайян намуд, њолати љисмонї, мазмуни индивидуалии фољиаи майзадагии бемор ва наздикони ўро фањмида гирифт. Њамаи ин барои кор карда баромадани муносибати индивидуалии табобат бо њар як бемор бењад муњим аст. Духтур пеш аз cap кардани муолиља бояд суњбатњои индивидуалї ва сеансњои коллективонаи табобатиро дар њолати бедорї гузаронад. Баъди як њафтаи кор бо бемор ба гузаронидани сеансњои муолиљаи коллективона аз рўи методикаи тадќиќи њолати пуршиддати эмотсионалї (стресс) шурўъ мекунад. Миќдори 6-20 нафар ташкил дода метавонад. Сеансњои муолиљавиро дар хобгоњњои табобатї њар рўз ё худ як рўз баъд дар њолати бењтараш хобида мегузаронанд. Як даври табобат аз 10-15 сеанс иборат аст. Сеансњои муолиљаи коллективонаро аз рўи методикаи дар боло номбаршуда шартан ба панљ зина људо мекунанд: 1) гирифторшавї ба гипноз, 2) талќинњои махсуси табобатї, ки њолати пуршиддати эмотсионалї бартараф карда мешавад, 3) њолати пуршиддати эмотсионалї (стресс), талќин дар њолати стресс, 4) талќини руњбахш барои баромадан аз њолати стресс, 5) бедоршавї. Сеанси табобатї аз 30 даќиќа то як соат давом мекунанд. Љараёни гирифторшавии бемор ба хоби гипнозї бо њолатњои дар боло дида шуда пурра монанд аст. Талќинњои махсуси табобатї, ки њолати пуршиддати эмотсионалиро бартараф менамоянд, њамон хулосањои кўтоње мебошанд, ки дар бемор аз суњбатњои индивидуалию коллективона, бањсу андешањо њосил шудаанд ва аллакай барои таѓир додани муносибаташ бо ѓаму андуњи майзадагии худ, ба хаёти оянда ёрї расонидаанд. Дар поён њамчун намуна мазмуни нутќи духтурро барои њамин муолиља меорем. Ќайд кардан зарур аст, ки њар як чизи шунидашуда дар ин њолат бетаъсир наменоманд ва то ба ќаъри дили бемор мерасад. «Шумо ќарор додед, ки аз бањри машруботи спиртї мебароед, Шумо аллакай муддате комилан њушёр зиндагї доред ва як 196 навъ ифтихор аз он доред, ки ѓайрат карда барои табобат ба ин љо омадед, вале чи миќдор одамон ин корро карда наметавонанд чи миќдор одамон бо сабаби майхўрї барбод рафта истодаанд. Њоло бо ман њис кардани он чиз муњим аст, ки шумо акнун њеч вакт машруботи спиртиро ба андоза, кам-кам, бо ќаноатмандї нўшида наметавонед, чи навъе, ки инро дар њузури ту дигарон мекунанд. Беморї майзада гумон мекунад, ки баъди табобат, баъди чанде шаробнахурї метавонад боз чун њама кам-кам шароб нушад. Ва мутаасифона бисёрињо барои он табобат мекунанд, то ки минбаъд боз кам-кам нушанд. Ба њамин умед яке сол, дигаре ду сол аз шаробнушї њазар мекунанду халос. Аммо чунин нашудааст, ки беморї майзада (њамаи шумо бешубња гирифтори он мебошед) њатто багьди дањњо соли шаробнохуриаш тавонад ба андоза шароб нушад. Бисёр беморон ба ин бовар кардан намехоњанд ва баъди комилан солим шуданашон боз майли кам-кам нушидан мекунанд. Агар аз ќадањи якум набошад њам, вале аз дуюмаш он касалї боз аз нав хуруљ мекунад ва халокатовар шудан мегирад. Майли шаробнушии бемор нисбат ба пештара дида зиёдтар мешавад. Баъзе майзадагон бо истифодаи миќдори начандон зиёди шароб майбезории худашонро нигоњ доштанианд. Аммо ин як навъ бозии хавфнок ва ба доми бало гирифторкунанда мебошад, ки њамеша бо њалокат хотима меёбад. Ин механизмхои бемориро аз нав бедор мекунаду бо май мешуронад. Механизмњои беморї оњиста-оњиста мустањкаму устувор мегарданд ва ба аз нав гирифторшавї ба касалии аввала мусоидат мекунанд. Иллюзияи ба андоза нўшидани май беморонро чунон фаро мегирад, ки худи онњо чи тавр боз гирифтори майзадагї шуданашонро пайхас намебаранд. Њамин тавр, дар пеши хар яки шумо танњо ду роњ аст: ё бемории майзадагиро давом додан лозим аст, ки он љисму руњи одамро барбод медињад, ноќисилаќл карда ба љунунњои майзадагї гирифтор мекунад ё оќилона аз руи имконият дарду захмњои майзадагиро табобат 197 намуда, комилан одами солим шудан лозим аст. Њолати саломатии шумо ба табобат ёфтанатон умед мебахшад. Дуруст аст, ки майли шаробнўшї њарчанд паст шуда бошад њам, вале дар ботини шумо он вуљуд дорад ва ањён-ањён дар вазъияти сари дастархон ё худ њангоми вохўрї бо шарикони пешина, ки бо онњо шароб менушидед, эхсоси номаълум ва бе њузуру халоват ба вуљуд меояд ва шумо аз руи соддагї андеша мекунед: «банохост нўшаму њамааш нагз шавад». Ба ин лањзањои фиребанда тайёр будан лозим аст ва имконият додан лозим нест, ки ин майл бар шумо ѓолиб ояд. Шумо аз он бояд дур шавед ва аз ўњдаи ин кор мебароед ва умуман метавонед онро нанўшед. Бояд шаклњои махсуси ќатъиян рад кардан, шарњ додани рафторро дар ин вазъияти мураккаб кор карда баромада машќ намуд. Дар суњбатњои индивидуалї ва коллективонаи худ мо бо њамин чиз машгулем. Њозир барои он ки ин майли сабилмонда ба шароб паст шавад, шумо бояд даврањои мастигарии худро ба ёд оваред ва ба шароб нафрат пайдо кунед, ки он ба худи шумо ва наздикони шумо чи ќадар ѓаму андўњро насиб гардонидааст. Охир баъзеи шумо бо сабаби майзадагї оила, љои корро аз даст додаед, ба касалињои узвњои дарунї ва сустшавии фаъолияти узви таносул гирифтор шудаед. Њолати пуршиддати эмотсионалї /стресс/ ва талќин дар њолати стресс ин баландтарин нуќтаи методика мебошад. Пас, бо овози начандон баланд, вале хоњишамонро самимона ифода карда суњбатамонро давом медињем, то ки бемор барои аз вартаи майзадагї баромадан ёрї расонем. Акнун мастигарии пешинаи худро, ходисањои аз њама нафратангез, лањзањои њаётй пешинаи майхурї, њолати баду мудњиши хуморшиканиро бо дастони ларзон ва дарди сарро ба ёд оваред. Дар бораи араќ, дар бораи нушокињои спиртие, ки нушидаеду худро барбод додаед ва њаёти наздикони худро низ шикастаед, фикр кунед. Њар кас аз они худашро ба ёд оварад. Њоло аз хама лањзаи кабењтаринро ба ёд оварда, азоб кашидан зарур аст, то ин ки майли 198 сабилмонда ба шароб паст шавад. Дар бораи араќ фикр кунед. Дар бораи портвейн, оид ба шаробњои спиртї, ки аз онњо суйиститеъмол мекардед, фикр кунед! Нафратовар! Чи њолати баде дар дањон! Ањволи шикам ба даст, меъда чаппагардон мешавад, лундае ба гулў меравад, дил бењузур мешавад, хафа мекунад. Араќ хафа мекунад, шароби спиртдор хафа мекунад. Дар хамин њолат спирти реактификатй 96%-ро ба дањон ва гулўи бемор то пайдоиши дилбењузуршавй пошидан зарур аст. Одатан ин аксуламали вегатативї бо њиссиёти нафастангї, сулфа ва нафрат мебошад. Беморон руњан ба якдигар таъсир бахшида, дар нимкатњои худ дар хаќиќат азобу шиканља мекашанд. Њатман азоб кашидан зарур аст, њатман! Њар чи ќадаре, ки бештар ба њаёти пештараи майзадагии худ нафрат пайдо кардан зарур аст. Њоло боз бори дигар оќибатњои мастигариро ба ёд оваред: чашмони тарсидаи кўдакон, чи тавр аз занатон љабр кашида пул гирифтаед, чи тавр тамоми маошро ба шаробнўшї сарф кардаед, чи тавр занатон бо кўдакон аз шумо дар хонаи њамсоя пинњон шудаанд, чи тавр субњидам њангоми хуморшиканї меларзидед, ба кор нарафтан, вайронкорї дар љои кор, сустии узви таносул, аз даст додани оила, кор, саломатї ва ѓ. Дар зинаи талќини руњбахш барои баромадан аз њолати пуршиддати эмосионалї чунин хитоб карда мешавад: «Шароб туро тарк мекунад, тарк мекунад, бўи араќу портфейнро дафъ мекунам. Акнун дам гиред. Њама љоятон сует мешавад... Аз сеанс ба сеанс њисси нафрату бадбинї ба шароб боз њам зиёдтар шудан мегирад. Дар пеш њаёти равшан ва тозаи бе шароб туро гражданини комил, узви манфиатовари љамъият интизор аст. Ин тавр хобидан хеле хубу бароњат аст. Ќувваю дармон, боварї ва оромиро ба даст оред! » Беморро аз хоби гипнозї бо тарзњои дар боло ишорашуда берун баровардан мумкин аст. Download 0.75 Mb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling