Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї
Download 0.75 Mb. Pdf ko'rish
|
Шаропова Н.М. Психологияи умуми
ДЕНТОЛОГИЯИ ТИББИ
Дентологияи тиббї («деон»- даркорї, зарурї, муносиб. «логос»- омўзиш ) бо тамоми фанњои клиникавї зич алоќаманд аст. Дар њамаи ин фанњо бо ин ё он восита яке аз масъалањои муњимтарин-масъалаи муносибатњои байни њамдигарии духтур бо бемор, рафтори духтур бо бемор њал мешавад. Дар ин њолат табиист, ки аз як тараф хусусияти бо њар кадоми ин фанњо хосбуда ба миён меояд ва аз тарафи дигар мавќеи дурусти деонтологї дар њамаи ќисмњои он шакл мегирад. Истилоњи «деонтологияи тиббї» дар адабиёти тиббї ба наздикї ба миён омадааст, аммо аломатњои масъалањои он њамеша дар маркази диќќати духтурони пешкадам будааст. Деонтология на танњо њамчун маљмуаи ќоидањои муайянкунандаи рафтори касбии духтур, балки хамчун таълимот дар бораи ќарзи ў дониста мешавад, ки бо асосњои фаъолияти духтур, мазмуни кори он, философияи тибб, маънои кори духтур алоќаманд мебошад. 203 Таърихи тибби муосир доир ба деонтология мероси гаронбањое боќї гузоштааст. Он на танњо кашфиётњои илмї, балки категорияњои ахлоќи, шиорњо ва талаботњое мебошанд, ки бе онњо фаъолияти духтурон маъное надорад. Ташаккулёбии шахсияти духтур бо баландшавии маданияти ў, сифатњои сазовори ахлоќии ў вобаста аст. Тарбияи њисси духтуриро бо сохтани як дастгоњи мехнатї инсонро ивазкунанда баробар кардан мумкин аст. Агар бемор бо њама мураккабињо ва ноќисињои худ манфиати олии духтур набошад, он гоњ дар бораи маданияти корманди тиб њарф задан хед аст. Ба њисоб гирифтани муносибатњои байнињамдигарии духтур бо бемор давраи мушаххаси инкишофи ин ё он касалї, таасуротњои руњию эмосионалї ва инчунин њатман ба инобат гирифтани хусусиятњои хоси шахсияти беморро дар назар доард. Дар бисёр тадќиќотњое, ки ба деонтология бахшида шудаанд, чунин аќидае мављуд аст, ки гўё пешрафти босуръати илму техника хавфи вайроншавии алоќаи байни духтуру беморро ба вуљуд меорад. Масалан, дар баъзеи онњо кайд карда мешавад, ки ба кисмњо људо кардани тибби клиникавї ба он бурда мерасонад, ки бемор объекта тадќиќоти «гурўњи хурди мутахассисон» шуда мемонад ва вазифаи духтури табобаткунандаи ў (њамчун шахси маслињатчї) бемасъулият карда мешавад. Дигарон бошанд, ба инќилоби техники дар соњаи тиб ишора карда, кайд мекунанд, ки барои хавфи кандашавии алоќаи байни духтуру беморро пешгирї карда онро ба машина иваз кардан зарур нест. Ба аќидаи онњо формулаи «духтур-бемор» набояд бо формулаи «духтур- асбоб-бемор» иваз карда шавад. Маълум аст, ки пешрави дар ин соњаи тиб чун дигар соњањои илм аз мутахассисон масъулияти зиёд талаб мекунад, ки яке аз ин талабот масъалаи асосии деонтология: духтур - бемор мебошад. Ваќти он расидааст, ки њангоми њалли ин масъала нафаќат дар асоси муносибати бодиќќат, самимона, ѓамхоронаи духтур бо бемор, хамњиссї ва тарзи муносибат бо хешовандону наздикони ў, 204 кўшиши сабук кардани азоби љисмонии бемор, дилбардори кардан, ўро бовари кунонидан такя карда шавад. Њамаи ин албатта ба њар як духтур муњим ва зарур аст, аммо ин талабњо дар дараљаи њозираи тараќќиёти илми тиб хеле калон буда, фаќат бо роњи даъват ба сифатњои баланди ахлоќї ќаноат намекунанд. Онњо бояд ќисми људонашавандаи рафтори њар як духтур бошанд. Иќтидори деонтологї дараља ва натиљаи нињони фаъолияти духтурро муайян мекунад. Барои духтури хаќиќї шудан се чиз зарур аст: дониши духтурї, дар амал истифода бурда тавонистани ин дониш ва иќтидори деонтологї. Худи иќтидори деонтологї аз инњо таркиб ёфтааст: вазифаи духтурї, рафтори духтурї, масъулияти духтурї ва сирри духтурї. Вазифаи духтурї таќозо мекунад, ки њар як духтур уњдадорињои касбие, ки дар меъёрњои ахлоќї ва њуќуќии танзими фаъолияти тиббї пешнињод шудаанд, иљро кунад. Ин чиз дар Ќонуни асосї, конунњо дар бораи нигоњдории тандурустї, дастурамалњо, низомномањо ва ќоидањо дарљ ёфтааст. Аммо уњдадорињои зиёди кормандони тиб на аз дастурамалу фармонњо, балки аз хусусияти таърихии фаъолияти духтурї бармеоянд, ки инъикоси худро дар ќоидањои ахлоќии духтурї ва деонтологї ифода "мекунанд. Шахси бемор саломатии худро ва хатто њаёти худро ба дасти духтур месупорад, ба умеди он, ки духтур барои ўро табобат кардан аз рўи виљдон ва софдилона њамаи чорањоро мебинад. Дар ин лањза он коидањо меъёрњои ахлоќии рафтори духтурро инъикос мекунанд. Духтур нисбат ба дигарон бояд соњиби њисси баланди касбии вазифашиносї бошад, ки он аз давраи тањсил дар донишгоњ оѓоз ёбад ва дар ў тарбия карда шавад. Вазифаи духтурї таќозо мекунад, ки духтур дар њамаи корњо таъиното, муолиља, ќайдњо, сухан ва ваъдањо даќиќ ва покизакор бошад. Фаќат даќиќкор будан барои духтур кам аст, касбаш ўро ба расмиятчигии пухтакорона вазифадор мекунад. Агар сухан дар бораи 205 бемор равад, духтур бояд њамаи таъинотњояшро гаштаю баргашта тафтиш намояд, иљрои амалњои ба бемор таъиншударо бечунучаро таъмин кунад. Агар њисси вазифашиносии духтур дар дараљаи касбї бошад, он гоњ вай камтар ба хатоњо роњ медињад ва роњи дурусти табобати беморро меёбад. Оё адои вазифаи духтурї имрўз хусусиятњои хоси худро дорост? Бале, дорост: бисёр дастовардњои нави илми тиб ва истифодаи онњо дар амал водор мекунанд, ки меъёрњои анъанавии ахлоќи духтурї ва деонтологияи тиббї аз нав дида баромада шаванд. Бисёр масъалањои ахлоќї дар њолатњои зиндакунї, ки аз як љо ба љои дигар пайваст кардани узвњои шахсони зинда ё фавтида, татбиќ кардани инжинерияи ирей, тарзњои идораи љарроњї ва усули давоии рафтори одам ва ѓайра ба миён меоянд. Дар кори духтурї чизњои майда-чуйда мављуд нест. Њар як хатои хурдтарин њам метавонад ба оќибати ногувор оварда расонад. Мутаасифона, холо њам духтуроне ёфт мешаванд, ки нисбат ба касби худ бемасъулият ва бењурматї зоњир мекунанд. Сабаби ин дар онњо кам будани њисси вазифадорї ё худ адои ќарзи духтурї мебошад. Download 0.75 Mb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling