Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї


Download 0.75 Mb.
Pdf ko'rish
bet39/48
Sana11.11.2023
Hajmi0.75 Mb.
#1765687
1   ...   35   36   37   38   39   40   41   42   ...   48
Bog'liq
Шаропова Н.М. Психологияи умуми

Рафтори духтурї. Рафтори духтурї чун яке аз объектњои асосии 
омўзиши деонтология бояд мавриди тадќиќоти чуќур карор гирад. Ин 
тадќиќот бояд ба он равона карда шавад, ки сабабњои мусбат ва манфии 
таъсир ба бемор асоси он бошанд. Дар ин маврид бояд дар назар дошт, 
ки дар њар як бемор як чизе мављуд аст, ки ба таъсирбахшињои 
табобатии духтур медарояд. 
Нуќтаи иловагї барои ин таъсиррасонињо табиист, ки њолати 
руњии шахси љисман бемор мебошад. Дар њар як фанни тибби клиникавї 
њам таъсири мусбат ва њам таъсири манфии духтур ба бемор, њолати 
руњии бемор мебошад. Ѓайр аз ин рафтори онњоеро, ки ба бемор 
наздиканд, бояд ба назар гирифт. Рафтори онњо метавонад ба бемор 
таъсири зараровар ё баръакс давобахш расонад. Табиист, ки њар кас ба 


206 
таври худ ба «кайфият» ва «њолати» руњии бемор худро мувофиќ 
мекунад. Пас, моњияту хусусияти асосии рафтори духтур аз чи иборат 
аст? 
Рафтори духтур бояд дар асоси талаботи олии ахлоќи инсонї ба 
таљрибаи њаррўзаи муошират бо бемор такя намояд. Ин ба њар як 
духтури даќиќкор имкон медињад, ки хусусиятњои фардии симои 
психики бемор, таѓъирёби ва на он ќадар аён, дигаргуншавии њолати 
умумии руњии ў, табъ ва муносибати беморро ба њолати ранљурии худаш 
дарёбад. 
Бисёр мешавад, ки дар натиљаи табобати нодуруст байни духтуру 
бемор ё хешовандони вай норизої ба миён меояд ин чиз сабабњои 
гуногун дошта метавонад: хусусияти касалї, амалиёти нодурусти 
кормандони тиб, дараљаи пасти ихтисоси онњо, набудани шароити 
зарурии кор ва ѓайра. 
Омилњои гуногуни муайянкунии ин норизої ба он оварда 
мерасонад, ки бањодињии дурусти тиббї ва њуќуќии ин њодиса 
мураккабињои зиёдеро пеш меоранд. 
Амалњои духтуронро, ки барои бемор оќибатњои ногувор меоранд, 
ба се гурух људо кардан мумкин аст: њодисањои нохуш, хатогињои 
духтурон ва љиноятњои касбии онњо. 
Маќсади 
асосии 
хатои 
духтур 
бисёр 
ваќт 
«иштибоњи 
бовиљдононаи» ў мебошад. Ин хато метавонад аз нокифоягии дониш ё 
таљрибаи духтур ё номукаммалии илми тиб cap занад. Аммо чун ќоида 
дар ин љо њолатњои хунукназарї ва беэхтиётї љой надоранд. Њамин тавр, 
хатои духтур бо њолатњои объективї алоќаманд буда, гуноњи ўро 
сабуктар мекунад. 
Дар таљрибаи њаррўза бо сабабњои дар афлат мондан, дасту по 
хурдан ва баъзан ихтисоси нокифоя доштан ё сифати пасти ахлоќии 
духтур ва ёрдамчии ў ё худ њуќуќвайронкунии касбии кормандони тиб 
хатои духтури cap заданаш мумкин аст. 


207 
Баъзан њолатњое 
мушоњида мешаванд, ки худписандї ва 
беэњтиётии кормандони тиб аз бесаводии касбии онњо дарак медињад. 
Ин ќабил кормандони тиб (духтур, дастёри духтур, њамшираи шафќат) 
барои беморон хеле хавфноканд. Чунки онњо дониши нињоят мањдуд 
дошта, худписанд мебошаьд ва донишу таљрибаи худро такмил 
намедињанд. Дар байни касоне, ки љинояти касбї содир мекунанд, 
бештар шахсоне вомехўранд, ки дар боло зикр кардем. 
Дар тадќиќотњои деонтологї кайд карда мешавад, ки натиљаи як 
табобат вобаста аз шароит њар хел бањо дода мешавад. Масалан, агар 
натиљаи љарроњии ба наќша гирифташуда, ки онро љарроњи пуртаљриба 
гузаронидааст, бо марг анљом ёбад, онро хамчун ходисаи нохуш ё хатои 
духтурї бањо медињанд. Ба њамин монанд љарроњиеро, ки љарроњи 
камтаљриба бо маќсади «ёд гирифтан» гузаронидааст, хамчун 
хунукназарї ба кас бањо додан мумкин аст. 
Њаёт нишон медињад, ки кисми зиёди корњои љиноии духтурон 
аллакай дар рафти тафтиши пешакї катъ карда мешаванд. Фаќат як 
ќисми ночизи онњо ба мурофиаи суд рафта мерасанд. Нисбатан кам 
будани њуќуквайронкунии касбї аз тарафи кормандони тиб маънои онро 
надорад, ки масъала муњим нест. 
Барои пешгирии хуќуќвайронкунї, инчунин бо маќсади пешгири 
кардани беасос айбдоркунии кормандони тиб, њамаи хатоњои духтурї ва 
љинои бояд дар љамъияти духтурон мавриди муњокима ќарор гирад. 

Download 0.75 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   35   36   37   38   39   40   41   42   ...   48




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling