Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї
Талќинкунї дар њолати бедорї
Download 0.75 Mb. Pdf ko'rish
|
Шаропова Н.М. Психологияи умуми
- Bu sahifa navigatsiya:
- Худталќинкунї.
Талќинкунї дар њолати бедорї. Ин навъи муолиља як ќисми муњими
муоширати бемор ба духтур мебошад. Онро ба сифати худталќинкунї низ истифода бурдан мумкин аст. Пеш аз талќинкунї беморро ба моњияти ин усул шинос намуда, натиљабахшии онро мефањмонанд. Њангоми талќинкунї бояд, ки хусусиятњои шахсии бемор, чигунагии 200 зуњуроти касалї ба эътибор гирифта шавад. Талќин мумкин аст ба бењшавии њолати умумї /хоб, иштињо, кобилияти корї/ инчунин ба бартараф намудани аломатњои алоњидаи асабоният /таре, хаяљон, хавотирї аз касалии худ/ равона карда шавад. Шахсияти духтур, обруи ў ба самаранокии талќин таъсири зиёд мерасонад. Агар њангоми бедорї ин намуди талќин самара надињад, он гоњ натиљаи дуруст ба даст намеояд. Худталќинкунї. Ин љараёни пурзўр кардани тасаввурот ба просессњои вегетативї ё руњї мебошад, ки фаъолии психикии шахси худталќинкунро зиёд мегардонад. Њангоми худталќинкунї њиссиёти дард, карахтшавї, бемории cap, фалаљшавї, каршавї, куршавї, вайроншавии кори дилу рагњои хунгузар, нафаскашї, хазмкунї пайдо шуданаш мумкин аст. Яке аз онњо машќи аутогенї мебошад, ки онро духтури немис Шульс пешнињод кардааст. Дар ин њол ба бемор маќсади табобат ва тарзи худталинкунї фањмонда мешавад. Ќайд карда мешавад, ки њангоми худталќинкунй дар љисми одам њар гуна њиссиёт масалан, баландшавии њарорат пайдо шуданаш мумкин аст. Тарзи гузаронидани худталќинкунї хеле оддї аст: њар рўз 2-3 маротиба такрор кардани он, дар 3 њафтаи аввал дар муддати 1-2 даќиќа, баъд аз он 2-5 даќиќа давом додани худталќинкунї. Машќњо дар зери назорати духтур гузаронида мешаванд. Моњњои аввал 1-2 маротиба дар як њафта ва минбаъд 1 маротиба дар 1-2 њафта бемор бояд ба назди духтур омада, дар зери назорати ў сеансро гузаронад. Бемор њангоми гузаронидани сеанс бояд ба таври ќулай шинад ё дароз кашад ва чанд ибораеро такрор кунад. Дар рафти машѓулият шаш намуди машќ аз худ карда мешавад: машќи 1- бедор кардани эњсоси вазнинї: он фикран беягон шиддатокї талаффуз карда мешавад: 1) «Дасти ростам вазнин мешавад»-6 маротиба; «Ман тамоман ором њастам»-1 маротиба. Барои санљиш каме дастро бардоштан мумкин аст, то ки ба пайдоиши эњсоси вазнинї боварї хосил шавад. Машќ 10-14 маротиба 201 такрор карда мешавад. Эњсоси вазнинї дар даст баъди 4-5 рўзи аввали машќ аниќ ба вуљуд омадан мегирад ва оњиста -оњиста ба њар ду даст, ба њар ду по, нињоят ба тамоми бадан пањн мешавад. Њамон ваќт талќин мекунанд: «Њар ду даст... њар ду по... тамоми бадан вазнин шудааст». Баъди аз худ кардани машќи якум ба машќи дуюм мегузаранд. Машќи 2-бедор кардани эњсоси гармї. Худ ба худ такрор мекунад: 1/«Љисми манн вазнин аст»/ эњсоси вазнинї ва сустшавии мушакњо бедор мешавад /1-2 маротиба; 2/ «Ман тамоман ором њастам»-1 маротиба; 3/ «Дасти ростам гарм мешавад»-5 маротиба. Дар љараёни машќкунињо, баъд аз он ки дар дасти дуюм, сипас дар пойњо ва минбаъд дар тамоми бадан гармї пайдо мешавад, ба талаффузи иборањои зерин мегузаранд: «Њар ду дастам гарм аст», «Дасту пойњоям гарм аст», «Баданам гарм аст». Машќи 3-танзим намудани фаъолияти кории дил. Чун дар машќњои дигар эњсоси вазнинї, оромї, гармї бедор карда мешавад. Баъд аз он фикран ибораи зеринро такрор мекунанд: «Дили ман ором мезанад». Касе, ки пешакї тачрибае мегузаронад, бояд фикран задани дилашро њисоб карда тавонад. Њамон ваќт машќ азхудшуда њисоб мешавад, ки ба фаъолияти танзими дил таъсир расонидан муяссар шавад. Машќи 4-ба танзимдарории фаъолияти нафаскашї. Њиссиётњои дар машќњои 1-3 нишон додашуда бедор карда мешаванд. Сипас фикран ибораи зеринро 5-6 маротиба такрор мекунанд: «Манн ором нафас мекашам». Машки 5-таъсиррасонї ба узвњои мањватаи шикам. Ба бемор нишон дода мешавад, ки асабњои болои ноф тахминан дар мобайни масофаи устухони сандуќи дил ва ноф љойгиранд. Эњсосоти дар машќњои 1-4 номбаршуда бедор карда мешаванд. Машќи 6- бедор кардани эњсосоти сардї дар пешонї. Дар аввал эњеосоте, ки дар машќњои 1-5 кайд шудаанд, бедор карда мешаванд. 202 Сипас 5-6 маротиба мафњуми зерин такрор мешавад: «Пешонии ман ба таври форам сард мешавад». Агар бемор њисси сардиро дар пешонии худ бедор карда тавонад, машќ азхудшуда њисоб мешавад. Вакте ки њамаи машќњо хуб аз худ мешаванд, иборањои дарозро ба иборањои кўтоњ иваз кардан мумкин аст, аз ќабили: «оромї», «вазнинї», «гармї», «пешонии сард» ва ѓ. Машќи аутогенї ба бемор имконият медињад, ки худидоракуниро ёд гирад. Вай барои табобати лаќнати забон, беморињои мањрамона, сабуккунии зоиш ва ѓайрањо ба кор бурда мешавад. Ин машќњоро истифода карда, бемор бо касали фаъолона мубориза мебарад ва ба имкониятњои худ боварї њосил мекунад. Download 0.75 Mb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling