Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї


Таассури (реаксияи) шахс ба беморї


Download 0.75 Mb.
Pdf ko'rish
bet33/48
Sana11.11.2023
Hajmi0.75 Mb.
#1765687
1   ...   29   30   31   32   33   34   35   36   ...   48
Bog'liq
Шаропова Н.М. Психологияи умуми

Таассури (реаксияи) шахс ба беморї 
Таассури шахс ба беморї дар як ќисми беморон мувофиќи касалї 
буда, дар дигарон дар шакли аксуламалњои психогенї, неврозї ва 
руњафтодагї зоњир мешавад. Сифатњои шахсияти одам на танњо дар 
муносибати ў ба касалї, балки дар зуњуроти беморї ва љараёни бисёр 
касалињо низ каму беш инъикос мегарданд. 
Таассури шахс ба касалї аз бисёр омилњо вобастагї дорад. 
Масалан, тасаввуроти худи бемор дар бораи ин касалї, шахсияти бемор, 
муносибати бемор ба касалии атрофиёнро махсус ќайд кардан зарур аст. 
Хусусият ташхис, таѓироти љисмонї ва зоњирї, дигаргуншавии 
мавкеъ дар оила ва чамъият, махдудият ва махрумиятхои зиндагй бо 
сабаби касалї, зарурати табобат (амбулаторї, статсионарї) љароњї ва 
ѓайра ба аксуламали шахсият таъсир мерасонанд. 
Таассури шахс ба касалї аз синну сол низ вобаста аст. Ба њамон як 
касалї намудњои гуногуни таассур мушоњида мешавад. Масалан, дар 
давонон таассур метавонад ба вайроншавии накшахои оянда бурда 
расонад, ба шахсони миёнсол бошад, ба ичро намудани маќсадњои 
пешгирифта монеъ мегардад, аз тарафи пирон њамчун окибати ногузир 
дарк карда мешаванд. Мувофиќи таассури шахс духтур њам бояд 
хангоми суњбат дар асоси ба њисоб гирифтани имкониятњои бемор ба ў 
маќсади нави зиндагиро ба вуљуд оварад. 


174 
Дар байни омилњое, ки муносибати одамро ба касалї муќаррар 
мекунанд, хусусиятњои характери шахсро махсус ќайд кардан зарур аст, 
чунки вобаста ба хусусиятњои характерологии шахс навъњои гуногуни 
муносибат ба касалї ташаккул меёбанд. 
Характери ба шахс хосбуда маљмуи хислатњои муњими психикие 
мебошад, ки гуногунии рафтору муносибатро ба атрофиён ва саломатию 
касалии худ муайян мекунад. Характер аз таъсироти тагирёбандаи муњит 
вобаста аст ва одамро ба њаќикати гирду атроф мутобиќ мегардонад. 
Ваќте мегўем, ки ин одам зудранљ, њассос, пурњаяљон ё нобовар, 
рањмидил ё берањм, нозук ё бепарво ва ѓайра аст, мо феълан сифатњои 
алоњидаи характери ўро ќайд мекунем. Характер дар давоми тамоми 
зиндагии одам ташаккул ёфта, дар навбати худ ба ташаккули умумии 
шахсият таъсири зиёд мерасонад. Вобаста ба характер зиддиятњои 
ботинии одам бартараф карда, амалњои ў муќаррар мешаванд. 
Пеш аз он ки муносибатњои мухталифи патологии шахсро ба 
касалї баён кунем, бояд гуногуннавъии хусусияти патологии характерро 
равшан намоем. 
Хусусияти патологии характер, ба таври равшан дар шахсони 
љунундор ё худ девона зоњир мегарданд. Љунунї характери патологиеро 
дар худ таљљассум мекунад, ки он дар зери таъсири омилхои гуногуни 
модарзод ё пайдошудаи номусоид ташаккул ёфтааст. 
Якчанд намудњои фарќкунандаи љунунї мављуд мебошад. Барои 
шахсони мутаассиршаванда ќобилияти тези ангезиш ва љанљол хос аст. 
Онњо аз њар як чизи беањамият, танбењи хурдтарин њам ба хашму газаб 
меоянд. Дар ин њолат онхо баланд дод зада ба шахсони «озордињанда» тахї 
ку ќодир њастанд, ки ба муќобили онњо амалњои таљовузкорона содир 
кунанд. Агар онњоро нигоњ доштан ё мањкам кардан хоњанд, дарро так-так 
зада, шикастанї мешаванд. Дар лањзаи њаяљон онхо кодиранд ба худ зарар 
расонанд: сари худро ба фарш зада, либосашонро медаронанд ва ѓ. дар ин 


175 
њангоми онхо окибати амалу рафтори худро ба њисоб намегиранд. Ин гуна 
шахсон дар њолати њаяљон серталаб буда, ба атрофиёни худ хурдагир 
мешаванд. Аммо агар нисбатихуди онњо ягон кас хурдагирї кунад, ба 
шунидани он токат надоранд. Ба одамони чунунии хаячоннок дошта 
бедиќќатї хос аст ва он ба иљрои корњое, ки бояд бо диќќат бошанд, халал 
мерасонад. Барои љунунии њаяљонвар дар зер як мисол меорем. 
Дар бемор аз овони кудакї хислатњои оташинї, зудранљї, кинаљуї ва 
дар баробари ин суботкорї, маќсаднокї ва пуртоќатї дар дарсњо зоњир 
мешуд. Хеле барваќт аз падару модар мањрур шуда, дар дасти холааш 
тарбия ёфта буд. Бемор мактабї миёна ва олиро бомуваффаќият хатм 
намуда, зиёда аз 30 сол дар соњаи авиатехника кор кард. 
То ваќтњои охир аз уњдаи кор мебаромад ва њар замон ба корхои 
душвортар гузаронида мешуд. Худи бемор, занаш ва њамкоронаш 
характери «вазнини» ўро ќайд менамуданд. Ў серталаб, суботкор, њар 
чизеро, ки маќсад мекард, аз роњаш намегашт, аз њад покизакор буд, ба 
хона баргаштан замон тафтиш мекард, ки њама чиз дар љои худаш ё не. 
Оташинмизољ ва бадќањр буд, аммо дар љои кор гуфти худаш то дараљаи 
«ифрољї» камтар мерасид ва ба гуфти њамкоронаш, њангоми оташиниаш 
сарашро ба дастонаш зер карда, худро ором мекард. Ба гуфти занаш ў дар 
зиндагии оилавї бисёр тоќатфарсо буд: аз занаш дар масъалаи тарбияи 
фарзандон «принсипнокї» талаб карда, худаш бошад вобаста ба кайфияти 
руњияш гоњо соатњо ба фарзандон дарси ахлоќу одоб меомухт ва гоњо бо 
хурдтарин гуноњ њам онњоро лат мекард. 
Агар аз ягон чиз оташин шавад, чунон хатарнок мешуд, ки гоњо ба 
занаш дар њавлии њамсояњо шабро рўз кардан рост меомад. Аммо дар 
тулли 16 соли зиндагии оилавї ягон бор ба занаш даст набардошта буд. Ба 
оила дастгирї дошта, ѓамхор ва нисбати худ дар масъалаи ахлоќ сахтгир 
буд. Дар давоми њаёташ гоњо шабу рўз ва гоњо соатњо ѓамгин менишаст ва 
хоњиш мекард, ки ба ў кордор нашаванд. Ѓайр аз ин гирифтори сардарди 
хусусияти мигренозї дошта буд. Ягон ваќт дар њолат, рафтор ва характери 


176 
ў таѓироти назаррас ба вуљуд наомадааст. Њангоми ба дармонгоњи амрози 
руњї омадан аз дарди cap, бехобї, кайфияти ночур шикоят мекард. 
Њангоми тадќиќоти њаматарафа (асаб, чуќурии чашм, маѓз 
њароммагз) ягон аломати касалии табиї маѓзи cap ёфт нашуд. њангоми 
муоина сустњаракат, ботамкин буда, хуб фикр карда ба пурсиш љавоб 
медод, то ки бо ёрии иборањои гуфтааш њолати худро хубтару фањмотар 
баён кунад. Ваќте ки аз сардард шикоят мекард, хамаи хиссиётхои љузъии 
дардро тафсил менамуд. 
Бо эњтиром, хушодоб буда, маслињатњои духтурро бодиќќат гуш 
мекард, дар бораи саломатии худ ѓамхорї зоњир намуда, оид ба табобат 
пурсишњо мекард. Худаш ќайд мекард, ки чун пештарї њоло њам соњиби 
хотирааи хуб мебошад. Мувофиќи гуфти коркунони шуъба як ќадар 
хурдагир, майдакор ва боэњтиёт аст. Рафтораш хеле оддї, табиї ва 
хушмуомила буд. 
Љунунии бењоляи - ин гуна одамонро тарсончак, аз њад зиёд шармгин, 
буздил мешаванд. Онњо зудранд буда, њассосу таъсирпазир мебошанд. 
Зудрандии онњо ба дараљае мешавад, ки њатто шухињои њамкоронро, ки 
тамоман беозор мебошанд, ба дил мегирад. Ба онњо њиссиёти 
номукаммалии шахсї хос аст. Ин гуна шахсон ба муњити нав дер одат 
мекунанд ва дар байни шахсони бегона худро нохинљор њис мекунанд 
(сурху сафед мешаванд, ё ба кудо мондани дасти худро намедонанд). 
Шахсони дунунии бењолї дошта мушкилотњои зиндагиро сахт аз cap 
мегузаронанд ва хатто мушкилотхои назарногир метавонанд онњоро аз пой 
афтонанд. Талаботњои оддии њаёт њам барои онњо дастнорас буда, зуд 
хаставу бемадор мешаванд. Дар љараёни кор зуд монда ва хотирапарешон 
мегарданд ва ќобилияти кории худро гум мекунад. 
Шахсони љунунии бењолї дошта танњоиро дуст медоранд ва аз 
љамъияти худро дур мекашанд, манфиатњои худро њимоя карда 
наметавонанд. Аммо онњо дар шароитхои оилавї метавонанд берахм 


177 
шаванд ва ба хешону наздикон талабхои худро амр намоянд. Одамони ин 
гуна касалї дошта доимо аз саломатии худ хавотир мекашанд. Онхоро 
хастагиро њамчун аломати касалии љиддї њисоб мекунанд, аз ин рў њамеша 
ба њиссиётњои дохилии худ диќќат медињанд, гуш ба худ мекунанд. 
Дар љунунии параноялї шахс ба тасаввур намудани идеяњои 
фавќулодда майл мекунад. Ин гуна идеяњо баъди пайдо шуданашон 
шахсони љунунии бењолї доштаро дуру дароз тарк намекунанд ва тадриљан 
хусусияти хос пайдо карда, минбаъд рафтори онњоро идора мекунанд. 
Омилњои пайдоиши ин гуна идеяњо гумони бевафоии зан ё шавњар, 
эътироф накардани пешнињоди ихтирокорї ва ѓайра шуда метавонанд. Ин 
шахсон аќидањоеро, ки ба худи онњо маъќул нест, писанд намекунанд. 
Ба шахсони параноя бовар накардан, гумонбар шудан ва тавассути 
он мардумгурезї хос аст. Онњо идеяњои худро (ихтироъ, накдга) ба њељ кас 
бо њам дидан намехоњанд, гумон мекунанд, ки касе онњоро дуздида ба 
маќсадњои худ истифода мебарад. Агар талабу хоњишњои ин гуна шахсони 
бемор ќонеъ нагардад, онњо ба њимояи њуќуќњои гуё вайроншудаи худ 
бармехезанд. Агар онњо донанд, ки атрофиёнашон ба онњо боѓараз 
муносибат карда, ба кадри кори у намерасад ё махсус халал мерасонанд, ба 
идорањои болої навиштани шикоятро cap карда, барќароршавии 
њаќиќатро талаб мекунанд. 
Касоне, ки касалии руњии љунунї доранд, ба гумонбарии доимї, 
нобоварї ба худ, амалиёти худ ва дурустии рафтори худ майл доранд, дар 
муносибат бо атрофиён бесуръатї зоњир мекунанд. Ба онњо хаядону 
изтироб ва нобоварї хос аст. Муносибати онњо бо дигарон баъзан хело 
мураккаб мешавад. Онњо суханону рафтори худро назорат карда, дуруст ё 
нодурустии рафтору сухани худро аз нав тафтиш карда меистанд. Пеш аз 
он ки ба ягон амал даст зананд, ба маќсаднокии он шубња намуда, ба он дер 


178 
ва душвор бањо медиханд. Барои он ки ба хатогї роњ надињанд, онњо дар 
њолатњои хеле оддї њам маслињат мепурсанд. 
Ба беморони дорои љунунии ѓашкунанда буда рафтори сохтаи зоњирї 
хос аст. Онњо кушиш мекунанд, ки њамеша дар маркази диќќати умум 
бошанд ва дар њама до наќши асосиро бозанд. Барои ба даст овардани ин 
мањсад бомаънигии худро бо дигаргун кардани тарњи рў, њаракатњо ва 
либоспушї зоњир мекунанд. Ин гуна шахсон улфатї буда, бо одамон зуд 
ошної пайдо мекунанд. 
Беморони љунунии гашкунанда дошта дар муомила бо одамон инљиќ, 
хушомадгуї, дар дилёбї усто буда, њамсухбати худро метавонанд аз будаш 
зиёд таърифу тавсиф кунанд. Барои ба даст овардани чунин маќсад онњо ба 
хар кор кодиранд ва ахлоќу одобро риоя намекунанд. Вобаста ба вазъият 
онхо метавонанд хушомадгуї кунанд, худро паст зананд, њилаву найранг ба 
кор баранд ва гапдаро шаванд. Дар муносибат бо шахсоне, ки тобеашон 
мебошанд, баъзан якравй, дилсардй, сангдилию берањмї ва никорталабї 
зоњир мекунанд. Шавќу њавас ва дилбастагии ин гуна беморон доимї нест. 
Онхо худпараст буда, дар бораи шахсияти худашон акидаи баланд доранд. 
Аз ин рў шавќу хавас ва худпарастии онњо вобаста аз он аст ки то кадом 
андоза ба талабашон давоб мегиранд. Шахсиятњои хусусияти ѓашкунї 
дошта ба саъю ба саъю кушишхои дуру дароз кодир нестанд. 
Муњокимаронињои онхо руякї мебошад. Њамаи њалли масъалањои 
мухталиф хатто хурдтарин ва ночиз, махсусан вакте ки касе аз онхо 
маслињат мепурсад, ба худ вазъияти љиддї гирифта, бо овози махсус 
љавобњои фачу бемаза медињанд. 
Ба беморони мазкур дуруѓгуї ва хаёлпарастї хос аст. Онњо њамеша 
ба худ бахои баланд медиханд. Дар њамаи њолатњо онњо њукмфармо буда, 
фармоиши онњо бе чуну чаро иљро мешавад. Дар баъзе њолатњо ин гуна 
шахсон то дараљае ба хаёлфобии худ дода мешаванд, ки худашон ба он 
бовар мекунанд. 


179 
Беморони љунунии ѓашкунї дошта ба аксуламалњои пурњаяљону 
пуризтироб майл доранд. Ваќте ки ягон модаро рўй медињад, онњо 
бадхашм шуда, ба додзанй cap мекунанд ё гиряву фигонро мебардоранд. 
Дар ин лањзањо дар онхо аксуламали вегетативї пайдо мешавад: 
чашмонашон дурахшида, дар руйхояшон дог пайдо мешавад, дасту пояшон 
меларзад ва хоказо. Агар онхоро кассе дастгирй накунад, аксуламал шакли 
химояро ба худ мегирад ва дод зада фањмонданї мешаванд, ки уро ба 
«сактаи дил» оварда расониданианд ва кушиш менамоянд, ки шафќату 
дилсузии атрофиёнро бедор кунанд. 
Дар муносибати беморон ба касалии худ «аксентуасияи характер» 
(ифроти характер) низ таъсири муайян мебахшад, ки оид ба он дар 
психология ва психиатрия солњои охир тадќиќотњои зиёд гузаронида 
шудааст. 
Аксентуасияи характер-ин роњи охирини меъёр мебошад, ки њангоми 
мављудияти онњо баъзе хусусиятњои характер аз њад пурзур
мешаванд ва дар натиљаи он, то дараљае ќоњидагии муайян зоњир мешавад. 
Якчанд намуди ин муносибат вуљуд дорад. 
Дар њолати муносибати лакотию руњафтодагї ба касалї, њиссиёти 
ноустувор ва бетоќатї, сустии фаъолият, куфтагї, махзунї, тарсу њарос 
зоњир мешавад. Ин њолат барои муносибати нодуруст ба касалии худ 
мусоидат карда, рафти табобатро суст мегардонад. 
Дар варианти психастеникї (афтодаруњї) ба бемор тарсу њарос, 
њаяљон хос буда, ў ба натидаи нохуби табобат бовар мекунад ва оќибатњои 
вазнинро интизор мешавад. У духтуронро бо саволњояш безор мекунад. 
Њиссиёти маѓшушро њис карда, аломатњои касалии наздиконашро ба 
хотиран меорад ва зуњуроти онро гуё дар љисми худ њис мекунад. 
Њолати ин гуна беморонро бо суњбати оќилонаю нарм бењтар кардан 
мумкин аст, аммо онњо ба фахмондадихии сабабхои касалиашон 
муњтољанд. 


180 
Аз рўи варишти гашкунандагї ба беморї њамеша аз будаш зиёд бањо 
дода мешавад. Шахсоне, ки майли зиёди њаяљон ва хаёлпарастї доранд, гўё 
ки дар дохили «касалї» зиндагї карда, худ аз њад зиёд рандур њисоб 
мекунанд. Нисбат ба худашон диќќати махсусро талаб карда, атрофиёнро 
ба «бедиќќатї» ва њамдардї айбдор мекунанд. 
Варианти эйфорї-аноогнозии таасур ба касалї ин бедиќќатї ба 
саломатии худ, рад кардани касалї, розї нашудан ба муоина ва табобат 
мебошад. 
Якчанд типии аксентуасияи характер ва хусусиятњои ба онњо 
мувофиќи муносибатро ба касалї људо кардан мумкин аст, ки аз байнашон 
типии шизоидї, гипертимї, ноустувор, астеникї, сензитивї, сиклоидї, 
эпилептоидї, парноялї ва ѓайраро номбар мекунем. Масалан, ба типи 
сензитивии актсентуатсияи характер таъсирпазирии баланд, тарсу њарос, 
њисси номукаммалї хос аст, ки мувофиќи ин сифатњо бемор касалии худро 
дарк мекунад ва аз он мутаасир мешавад. Ба типи
шизоидї, 
дамдуздї, 
дудої, 
таваљљуњ 
пайдо 
намудан 
ба 
худ 
/интроверсия/, дилсардї ва беилтифотї дар муносибатњо бо дигарон хос 
мебошад. Мувофиќан аз рўи аломатњои зоњирї муайян кардани 
муносибатњои њамин гуна бемор ба касалии худ душвор аст, вале он чиз, 
ки ин муносибат, мутаасиршавї аз касалї мављуд аст ва њарчанд чуќур 
љойгир шуда бошад њам, шубњаеро намеоварад, ба ин гуна беморон 
боэњтиёт, бодиќќат, ѓамхорона ва хайрхоњона муносибат кардан зарур 
аст. 
Умуман ќисми зиёди беморон ба касалиашон бањои дуруст дода, 
супоришњои духтурро иљро карда, тартиботро риоя мекунанд. 
шахсиятњои пурќувват, ботамкин ва руњан бакамолрасида одатан 
касалиашонро дуруст дарк карда, барои халос шудан аз он чораљуї 
мекунанд. 
Аммо 
дар 
ин 
њолатњо 
наќши 
асосиро 
суњбатњои 
психотерапевтии духтур мебозад. 


181 
Таассури мувофиќ ба беморї аз дараљаи камолоти шахсият ва 
имкониятњои фикрии у вобастагї дорад. Дар шахсони ба камол 
нарасидаи хусусияти кудакона дошта, бисёр ваќт радкунии касалї ё «ба 
касалї даромадан» мушоњида мешавад. 

Download 0.75 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   29   30   31   32   33   34   35   36   ...   48




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling