Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї


Асосњои бењдошт (гигиена)-и руњї ва пешгирї


Download 0.75 Mb.
Pdf ko'rish
bet34/48
Sana11.11.2023
Hajmi0.75 Mb.
#1765687
1   ...   30   31   32   33   34   35   36   37   ...   48
Bog'liq
Шаропова Н.М. Психологияи умуми

Асосњои бењдошт (гигиена)-и руњї ва пешгирї 
(профилактика)-и руњї 
Таълимот дар бораи бењдошт илм дар бораи саломатї ва 
нигоњдории он мебошад. Бењдошт њамчун илм як кисми пешгирикунии 
тиббї мебошад, ки таъсири омилхои мухити берунї ба саломатии инсон 
ва коркарди пешгирикунии касалињоро меомузад. 
Бехдошт хамчун таълимот дар бораи саломатї бо бехдошти рухї - 
яъне илм оид ба нигохдории саломатии рухї сахт алоќаманд аст. 
Вазифаи асосии бењдошти руњ-омузиш ва чорабинињо оид ба 
нигоњдории саломатии руњии одам мебошад. Бењдошти руњ ва пешгирии 
бемории руњї бо њам зич алоќаманд мебошанд. Бењдошти руњ инчунин 
бо терапияи руњї алоќаманд аст, ки он бо ёрии усулњои худ ин ё он 
сифати фардро ислоњо мекунад. 
Чи тавре ки дар боло зикр карда шуд, руњи инсон аз лањзаи ба дунё 
омадан дар њолати ташаккули доимї мебошад. Яке аз шартњои асосии 
ташаккули руњии инсон дар љараёни таълим аз худ кардани тадрибаи 
иљтимої-љамъиятї ба шумор меравад. Дар байни руњи кўдаки ширмак, 
синну соли ибтидоии кўдак, синну соли томактабї, наврасї, давонї, 
камолот ва пирї фарќияти калон мављуд аст. 
Аз ин рў масъалањои асосии бењдошти руњиро мувофиќи синну сол 
омўхтан зарур аст. Мо дар ин љо ба мафњумњои психологияи синну солї, 
ки онњоро дар боби пештара дида баромада будем, такя мекунем ва 


182 
фаќат 
лањзањои 
алоњидаро 
њангоми 
бањисобгирии 
хусусиятњои 
синнусолї такрор менамоему халос. 
Бењдошти руњии синну соли кудакї. Дар давраи навзодї (аз рўзи 
таваллуд то 2-3 моњагї) инкишофи бошиддати анализаторњо сурат 
мегирад, ки он аз инкишофи љисмонї пеш мегузарад ва ба пайдоиши 
рефлексњои шартї мусоидат мекунад. Агар кўдаки навзод ба шароити 
иволютсияи сенсорї афтад, он гоњ ташаккули анализаторњо нигоњ дошта 
мешавад, ки он ба тараќќиёти рухии кўдак таъсири манфї мерасонад. 
Аз давраи 2-3 мохагї то яксолагии кўдак, вакте ки ба тараќќиёти ў 
њаракатњои ишоратї таъсири калон мебахшанд, «гурун-гурунг»-е пайдо 
мешавад, ки дар он малакаи талаффуз намудани овозхои забони модарї 
ташаккул меёбад. Ин амал њангоми њузур доштани шахси калонсол ва 
амалњои њавасмандкунии ў ањамияти калон дорад. Кўдак дар њузури 
шахси калонсол ба таври фаъол амалњои ишоратї карда, овоз 
мебарорад. Њангоме, ки шахси калонсолон кўдакро руи даст гирифта, 
ўро бозї медоронад, кўдак таасуроти зиёд мегирад, ки ба инкишофи ў 
мусоидат мекунад. Ѓайр аз ин дар интињои синну соли кудакї пайдо 
шудани фаъолияти таќлидкорї, ки ба тараќќиёти психика ањамияти 
калон дорад, низ аз њузури одами калонсол вобаста аст. 
Дар синну соли ибтидоии кўдак (аз 1 то 3-солагї) роњгардии 
бевоситаи кудак ба тараќќиёти рухии ў такон медињад ва ба ў инчунин 
имкон медињад, ки ба миќдори зиёди чизњо ва хусусиятњои онњо шинос 
шавад. Кўдак дар ин давраи синну сол бо предметњо бозї карданро ёд 
мегирад, ки онњо дар њаётї одам вазифаи муайянро адо мекунанд. 
Њангоми бо чизхо бозї кардан кўдак вазифаи онњоро низ аз худ 
мекунад. Аз ин рў дар ин синну сол кушиш кардан лозим аст, ки барои 
тараќќиёти дурусти руњии кўдак дастрас будани чизњои гирду атроф 
мањдудтар бошад. Кўдак дар интињои 3-4 солагї ба мустаќил будан 
њаракат мекунад. Агар калонсолон муносибати худро чун пештара нигоњ 
доранд ва мустаќилияти ўро мањдуд намоянд, кўдак инљик, гапнодаро, 


183 
якрав мешавад, яъне «бўњрони сесолагї» руй медињад. Агар калонсолон 
мустаќилияти кўдакро ба таври оќилона мањдуд намоянд, он гоњ аз 
ходисањои бухронї дар канор мондан мумкин аст. 
Њаракати кўдак ба суи мустаќилї њангоми бозї зоњир мешавад ва 
«љамъияти кўдакон» ташаккул меёбад. Аз «љамъияти кўдакон» мањрум 
кардани ў маънои ба инкишофи руњии кўдак таъсири манфї расонданро 
дорад. Шарти зарурии ташаккули муносибати руњии кўдак ин ташкили 
дурусти фаъолияти бозї мебошад. Аз ин рў дар даврањои томактабї ва 
хурди мактабї бояд таълим шакли бозиро ба худ гирад. 
Тараќќиёти руњии кўдак протсесси номуташаккили нест, балки дар 
зери роњбарии бевоситаи калонсолон ба вуљуд меояд ва бо усулњои ба 
вуљуд омадаи таърихии тарбия таъмин карда мешавад. Тарбия љараёни 
мунтазам аст, аммо аз давраи мактабрав шудани кўдак, гайр аз оила 
тарбиятгари асосии ў хамаи системањои таълим мешавад. 
Таълими дуруст ташкилшуда роњро солим гардонида, тараќќиёти онро 
мутаносиб мекунад. Нуксонњои таълим бошад, ба ќафомонї сабаб шуда, 
баъзе элементњои њанўз инкишофёфтаи рухї кўдакро нигох медоранд. 
Дар синну соли наврасї, дар давраи пубертатї дар чисму руњ 
вобаста ба балоѓати чинсї таѓирот ба амал меояд. Дар духтарбачањо дар 
ин давра мумкин аст њайз (менструатсия) ба амал ояд, ки он ба руњї онњо 
низ бетаъсир намемонад. Дигаргунињои биологии наврасон аз рўи 
бањодињии онњо ба хаќиќат муайян карда мешавад. Аммо ин 
дигаргунињо агар аз тарафи калонсолон фањмонда шаванд, ба 
ташаккулёбии муносибати руњї наврас халал намерасонанд. 
Бењдошти руњї дар давраи љавонї. Чавонї як давраи муайяни 
синну сол аст, ки дар байни бачаг ва камолот меистад (аз 14 то 18 
солагї). 
Њангоми бањодињї ба њар гуна рафтор, њамеша онро бо ягон меъёр 
баробар мекунанд. Каљравињои рафторро њамчун тањрифи инкишоф 
ишора мекунанд. Рафтори тањрифноки инкишоф њамчун системаи 


184 
кирдорњои аз меъёри умумї беруншуда дониста мешавад. Ин рафтор аз 
меъёри умумї ё бо сабаби мавчуд будани патологияи руњї берун 
мешавад ё бо сабаби рафтори зидди иљтимої, ки он меъёрњои маданию 
ичтимоиро вайрон мекунад. Махсусан вайрон кардани меъёрњои њуќуќї 
(майзадагї, нашъамандї, рафтори таљовузкорона, рафтори суитсидалї) 
ба дигар омилхо вобастагї дорад. Масалан, майзадагї ва нашъамандї 
дар љавонї ба санљиши руњии худ ё љустуљуї њиссиётњои ѓайриоддї, 
кушиши аз худидоракунии барзиёд, меъёрњои маданияти давраи љавонї 
халос шудан вобастагї дорад. 
Рафтори таљовузкорона. Таљовузкорї ва берањмї хусусиятњои хоси 
рафтори гурўњии наврасон ва љавонон мебошад. Амалњои зидди- 
љамъиятие, ки якљоя содир мекунанд, њиссиёти њамдилии гурўњиро 
мустањкам менамояд ва дар баробари ин масъулияти шахсии ахлоќї аз 
байн меравад. 
Рафтори худмавхумкунии (суитсидалї) љавонон ё аз сабаби 
бемории руњї ё љанљол ба амал меояд. Пешгирии худкушии шахсоне, ки 
руњан солиманд, на танхо аз бартараф кардани љанљол, балки аз ташкил 
додани чунин мухити рахие иборат аст, ки дар он наврас ё љавон худро 
танњо њис накунад. 
Шаклњои гуногуни рафтори девиантї дар байни хамдигар зич 
алокаманд мебошанд. Ба як намуди рафтори девиантї љалб намудани як 
намуди љавон метавонад боиси ба дигар рафтори девиантї љалб 
намудани ў гардад. Њамаи ин хусусиятњои рафтор ба ислоњ ва роњбарии 
махсус муњтољанд, ки дар он барои пешгирї намудани шаклњои 
девиантии рафторї бояд хусусиятњои психологии синну соли љавон ба 
инобат гирифта шаванд. 
Бењдошти руњии шахси баркамол. Фаъолияти асосї дар ин синну 
сол мењнат мебошад. Шаклњои њозираи мењнат ба фаъолияти руњии 
инсон мураккабињои зиёдеро ба миён меоранд. Ин мураккабињо дар 
майнаи сари инсон метавонанд таъсири њам мусбат ва њам манфї дошта 


185 
бошанд. Р
оњи њалли ин масъалањо вобаста ба намуди фаъолият дар 
психологияи ичтимої, тибб, инженерї омухта мешавад. 
Масъалањои бењдошти руњї дар синну соли камолот бевосита бо 
оила алоќаманд мебошад. О
нњо бо муносибатњои байнињамдигарии зану 
шавњар, алокањои хешутаборї, муносибатњои анъанашудаи байни 
волидону фарзандон сабабгор мебошанд. Аз ин рў бењдошти руњии оила 
яке аз кисматњои муњимтарани бењдошти руњї буда, ба коркарди 
чорабинињои пурмањсуле, ки боиси низоми њаётї оилавї мегарданд, 
равона карда шудааст. 
Бењдошти руњии шахсони куњансол. Дар давраи хозира аз сабаби 
дароз шудани умри одамон бењдошти руњии шахсони куњансол хеле 
муњим мебошад. Дар ин масъала шиори «Зиндагии хакикї дар 
пиронсолагї», 
ки 
онро 
соли 
2002 
Ташкилоти 
Умумиљањонии
Тандурустї (ТУТ) пешнињод кардааст, шањодат медињад. Мазмуни 
асосии ин шиорро зарурати таъмин намудани талаботњои хусусии 
шахсони куњансол ташкил медињад. Барои ба даст овардани ин маќсад 
шахсони куњансол бояд ба амалиёти фаъолона љалб карда шаванд, ки 
дар он чорабинињои бењдошти руњї риоя карда, хусусияти руњии онњо ба 
инобат гирифта мешаванд. Њангоми њалли масъалаи одаткунии шахсони 
куњансол ба муњити нав ва амалиёти фаъолона таљрибаи бои њаётии онњо 
низ бояд ба назар гирифта шавад. 
Асосњои пешгирикунии руњї. Чи хеле ки дар боло ќайд кардем, 
бењдошти руњї ва пешгирикунии руњї бо њам зич алоќаманд мебошад, аз 
ин 
рў 
чорабинињои 
бењдошти 
руњї 
хусусияти 
чорабинињои 
пешгирикунии руњро доро мебошанд. Ањамияти муњими омили «беруна» 
(экзогенї) дар этиологияи касалињои руњї нишон медињад, ки ќисман 
пешгирии руњї бо пешгирии умумї рост меояд. 


186 
Мафњуми пешгирикунии руњї як ќисми пешгирикунии умумиро 
дар назар дорад, ки дар он чорабинињо ба пешгирикунии бемории руњї 
равона карда шудаанд. 
Вазифањои асосии пешгирикунии руњї инњоянд : огоњ кардани 
таъсири омилњои этиологї дар љисм, ки метавонанд касалиро оваранд, 
пешгирикунии инкишофи касалї бо ёрии ташхис ва табобат, ба кор 
бурдани чорањои тиббї, ки ба пешгирии такрор шудани касалї ва ба 
шакли доимї табдил ёфтани он равона шудаанд. 
Пешгирикунии ибтидої, дуюмбора ва сеюмбораи руњї аз њам фарќ 
доранд. Дар зери мафњуми пешгирикунии ибтидої чорабинињое дар 
назар дошта шудаанд, ки ба огоњкунии бемории руњї равона шудаанд. 
Тарбияи дурусти кўдак, мубориза бо зарарнокии экзогенї, ки 
метавонанд тараќќиёти руњиро боздоранд, инфантилизми (аќибмонии 
инкишофи руњї) руњиро ба амал оварда, боиси ноустувории руњї инсон 
ба таъсироти беруна мешаванд, аз љумлаи ин чорабинињо мебошанд. 
Дар пешгирикунии ибтидої чорабинињои умумии пешгирикунии 
касалињои гузаранда, захуї, захми косахонаи cap, муњофизати модар аз 
таъсироти берунии зарарнок ба тифли батни ў, љисми навзод ва маќоми 
махсус доранд. 
Мафњуми пешгирикунии дуюмбора системаи чорабинињоро дар 
назар дорад, ки ба огоњкунии протсесси шиддатгирии касалии нав 
саршудаи руњї равона шудаанд. Барои амалї кардани пешгирии 
дуюмбора бояд чорабинињое гузаронида шаванд, ки ба онњо ташхиси 
пештара, муќарраркунии пешгуии њолатњои барои бемор хавфнок, оѓози 
барваќти табобат, ба даст овардани ифоќат (ремиссия)-и пурраи, 
пешгирии имконияти такроршавии беморї дохил мешаванд. 
Дар зери мафњуми пешгирии сеюмбора он чорабинињое дар назар 
дошта шудаанд, ки ба огоњ кардани тараќќиёти маъюбї њангоми 
бемории руњии доимї равона карда шудаанд. Њангоми бемории руњии 
доимї равона карда шудаанд. Њ
ангоми пешгирии тараќќиёти маъюбї 


187 
истифодаи дурусти усулњои табобат, усулњои тасњењу ислоњи педагогию 
психологї ва истифодаи чорабинињои одаткунонї маќоми асосї дорад. 
Њангоми 
гузаронидани 
чорабинињои 
бењдошти 
руњї 
ва 
пешгирикунии руњї ба њисоб гирифтани хусусиятњои индивидуали- 
психологї ва синнусолии шахсияти бемор њатман зарур аст, ки аз 
хусусашон дар бобњои гузаштаи психологияи умумї ва синнусолї кайд 
карда будем. 

Download 0.75 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   30   31   32   33   34   35   36   37   ...   48




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling