Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї


ХУСУСИЯТЊОИ ПСИХОЛОГИИ НАВРАС


Download 0.75 Mb.
Pdf ko'rish
bet30/48
Sana11.11.2023
Hajmi0.75 Mb.
#1765687
1   ...   26   27   28   29   30   31   32   33   ...   48
Bog'liq
Шаропова Н.М. Психологияи умуми

 
ХУСУСИЯТЊОИ ПСИХОЛОГИИ НАВРАС 
Тавсифи умумии хусусиятњои синну соли наврасї. Синну соли 
наврасї дар психология бо фахрњои гуногун тавсиф дода мешавад: 
синну соли буњронї, синни гузариш, душвор ва њатто синну соли 
фољианок. Дар њаќиќат гузариш аз њолати бачагї ба калонсолї, ки бо 
дигаргуншавии протсессњои психикї, фардият, фаъолият, муносибат ва 
табиат , ба одами дигар, ба худ алоќаманд мебошад, душвор аст. Синни 
наврасї њуќуќњои 11-15 солагиро дар бар мегирад. Бояд гуфт, ки 
нишондињандањои 
алоњидаи 
ин 
давраи 
синнусолї 
хусусиятњои 
мактаббачаи хурдсолро ба ёд меоварад, дигарашон- хусусиятњои давраи 


154 
навчавониро ва аз ин рў дар синну соли наврасї њуќуќњои ќатъї мавчуд 
нест. 
Ба вуљуд омадан ва бартараф намудани зиддиятњои байни 
талабњои нави дар натиљаи фаъолияти наврас пайдошуда ва 
имкониятњои афзудаи љисмонї аќлї ва маънавии наврас ва шаклњои 
куњнаю пештар шаклгирифтаи ташкили психикї, муносибати ў ба 
атрофиён асоси тараќќиёти бачањои синни наврасї мебошад. 
Њангоми бартараф ёфтани ин зиддиятхо намуд ва шаклњои боз њам 
мураккабтари фаъолият, дараљаи боз њам баландтари тараќќиёти 
психикї, маънавї, аклї сифатњои нави психологии шахс ташаккул 
меёбанд. 
Дар синну соли наврасї ба таври равшан њодисаиакселератсия 
инкишофи пурзури љисмонї, физиологї ва психикї зоњир мешавад. Дар 
ин давра инкишофи пурзур ва дар айни замон номунтазами чисмонй 
мушоњида карда мешавад. Ин давраи пурљушу њуруш ва инкишофи 
организм мебошад, ки тараќќиёти пурзури бадан ба вуљуд меояд, 
аппарата мушакї, такмил меёбад, протсесси устухоншавии скелет давом 
дорад. Наврас зоњирати номутаносиб ва нозеб менамояд, ки ин њолат аз 
инкишофи номунтазами љисмонї ба вуљуд меояд. Инкишофи пурзури 
скелет ва дасту по бапо ба дарози рўй медињад, вале ќафаси сина дар 
инкишоб кафо мемонад. Умуман, намуди зоњорї ба наврас ташвиш ва 
таассуротњои зиёдеро ба миён меорад. Дар наврасон номувофиќатии 
синнусолї дар инкишофи системаи дилу рагњо мушоњида карда 
мешавад. Њаљми дил хеле меафзояд, тавонотар мешавад, инкишофи 
диаметрии рагњои хунгард аќиб мемонад. Ин аксар ваќт ба вайронии 
мувоффаќатии гардиши хун, баландшавии фишори хун боис мешавад, 
ки дар натиља дар наврасон сарчархзанї, тапидани дил, дарди cap, 
сустии муваќќатї, тез хасташавї мушоњида карда мешавад. Хусусиятњои 
ќайд карда шудаи системаи дилу paг ибтидои фаъолияти пурављи 


155 
ѓадудњои секлератсияи дарунї (аз љумла ѓадуди сипаршакл) одатан 
боиси вайроншавии зудгузарандаи фаъолияти системаи асаби наврас 
мешаванд. 
Дар 
онњо 
њаяљонпазирї 
тундмиљозї, 
тезхашмии 
ѓайримукарариро мушоњида кардан мумкин аст. 
Бабалоѓатрасї њодисаи аз њама муњимтарини тараќќиёти љисмонї 
мебошад, ки одатан дар духтарон пештар (аз 12-13 то 13-14 солагї) ва 
писарон баъдтар (аз 12-13 то 15-16 солагї) ба вуљуд меояд. Организми 
наврас дар њамин давра аз нуќтаи назари љинсї ба камол мерасад, вале 
ошкор аст, ки дар ин синну сол дар бораи камолоти пурраи љисмонї ва 
илова бар ин дар бораи камолоти маънавї, идеявї, иљтимої, гражданї 
сухан рондан мумкин нест. Дар байни балоѓат, зуњуроти инстинкта 
љинсї, њиссиёти тобиши шањвонї дошта ва дараљаи тараќќиёти 
психикию иљтимої як навъ муносибате ба вуљуд меояд. Душвор ва 
ташвишовар будани ин синну сол дар њамин зоњир мешавад. 
Тараќќиёти шахс дар синну соли наврасї . Ташаккули бошшидати 
маънавї, шуури ахлоќии, аз худ намудани меъёрњои одобу ахлоќии 
рафтор тавсифдињандаи муњимтарини синну соли наврасї - ин давраи
ташаккулёбии љањонбинї , эътикодњои ахлоќї, принсипњо ва идеяњост, 
ки наврас онњоро дар рафтори худ ба роњбарї мегирифтагї мешавад. 
Бояд дар хотира нигоњ дошт, ки баъзан дар шуури наврас чунин 
мафњум ва эътиќодњои ахлоќие ташаккул ёфта метавонанд, ки онњо ба 
маќсадњои дар пеши худ гузоштаи калонсол муќобил меистанд. 
Омўзиши ташаккули шахс дар синни наврасї донистани инкишофи 
биологї ва аз он љумла љинсии наврас аз ду љињат муњим аст. Пеш аз 
њама, инкишофи наврас дар баъзе оилањое, ки дар онњо муњити 
мураккаби маишї љумла ахлоќии мављуд аст, ба таври бояду шояд 
намегузарад. Зухуроти номатлуб дар тараќќиёти љинсї чунин 
хислатњоро дар наврасон метавонанд ба вучуд оваранд: дагалй, худбинї, 


156 
бешармї зудранљї, ноустувории ахлоќ, ѓайра. Минбаъд тараќќиёти 
пурљушу-хуруши љисмонї ва бобалоѓатрасї имконият медињанд, ки дар 
наврас њисси калонсолї пайдо шавад ва мустаќилии худро эњсос намояд. 
Њисси калонсолї сабаби ба мустаќилї ва новобастагии муайян 
саъю кушиш намудани наврасон мегардад. Бинобар ин онњо нисбат ба 
бањои калонсолон њассос мебошанд, ба кушишњои калонсолон, ки ба 
паст кардани эътибор ва калонсолии онњо нигаронида шудааст, 
бошиддат љавоб мегардонанд. Наврасон барои он талош доранд, ки 
калонсолон фикру аќидањои онњоро ба инобат гиранд ва онњоро њурмат 
кунанд. Њисси калонсолї масъулият, дараљаи идеањо, талабро нисбат ба 
худ баланд менамояд. Агар назорати педагогї аз болои саъю кушишњои 
мустаќилї наврас набошад, он гоњ ин хусусият боиси оќибатњои бад 
шуданаш мумкин аст. Дар њамин асос байни наврасону калонсолон 
нозоъњо cap мезананд ва якравию гарданшахии онњо як навъ ифодаи 
бешууронаи эътироз ба калонсолон аст, ки дахолат ба мустаќилиятњо 
кардаанд. 
Ташаккулёбии худшиносї ва талаботи худро њамчун шахс 
фањмидан яке аз лањзањои муњимтарини тараќќиёти шахсияти наврас 
мебошад. Наврас ба худ, ба њаётї ботинї ва ба сифатњои шахсии худ 
шавќу њавас пайдо мекунад, дар ў талаботи худбањодињї, худро ба дигар 
одамон муќоиса кардан пайдо мешавад. 
Равняи шахсии наврас ба таври равшан дар муносибати ў ба 
тањсил, мењнат ва бозї зоњир мешавад. Шавќу њавасњои ў муайяну 
аниќанд. Наврасон маромњои асосии шавќу њавасњои худашонро аз 
ѓайриасосї људо карда метавонанд. Масалан, онњо шарњ дода 
метавонанд, ки чаро ба ин ё он фан ё варзиш ё ягон фаъолияти дигар 
шавќу њавас зоњир намудаанд ва ѓ. 
Дар баробари ин, шавќу њавасњои наврасон на њамеша устуворанд. 
Шавќу њавасњои онњо бо вазъияту шароитњои муайян зич алоќаманд 


157 
мебошанд. Вобаста ба њамин шавќу њавасњои наврас васеъю мањдуд, 
устувору ноустувор, таъсирноку пассив мешаванд ва онњо метавонанд 
наврасро ба ин ё он фаъолият водор намоянд ё нанамоянд. 
Дар рафти аз худ намудани асосњои илм ва дар баробарии 
бойшавии таљрибаи њаётї ва васеъшавии љањонбинї шавќу њаваси 
наврасон, пеш аз њама, шавќу њаваси характери маърифатї дошта 
ташаккул меёбад ва тараќќиёт мекунад. Шавќу њаваси наврасон одатан 
шакли майли љиддї, раѓбати њаќиќиро мегирад, ки аксар ваќт бар 
зарари дигар машѓулиятњо тамоми њастии наврасонро ба худ мекашад. 
Илмдустї ва кунљковии фаъолона, саъю кушиши њарисонаи њарчї 
зиёдтар дониста гирифтан, ки ба наврасон хос аст, сабаби парокандагї 
ва ноустувории шавќу њаваси онњо шуда метавонад. 
Равияи наврас дар хусусиятхои сохаи эмотсионалии ў ифода 
меёбад. Наврасон одатан хиссиёташонро пинхон карда наметавонанд, 
баръакс кушиши тез зохир намудани онро мекунанд. 
Саъю кушиш ба мустаќилї, баландшавии фаъолї ва дараљаи 
шуурнокию худназораткунї, васеъшавию мураккабгардии соњањои 
фаъолият дар наврас хислатњои иродавии характерро ташаккул 
медињанд. Наврас дар инсон чунин хислатњоро, ба монанди бољуръатї, 
љасурї, ташаббускорї, мардонагї ва ѓайраро ќайд мекунанд. Бояд ќайд 
кард, ки наврасон на њамеша сифатњои иродавии шахсро дуруст 
мефањманд. Онњо баъзан якравиро бо устуворї омехта мекунанд 
саросемакории андеша нашударо њамчун бољуръатї дида мебароянд. Аз 
ин рў ба наврасон устуворї барин сифатњои иродавї намерасад, то ки ба 
туфайли он барои муваффаќиятњои баланд дар омўзишу мењнат 
мубориза барад. 


158 
Умуман, дар шахсияти наврас ихтилофњои зиёдеро мушоњида 
кардан мумкин аст, ки онњо дар тарбия душворињоро ба вуљуд меоранд. 
Њамон як наврас худашро метавонад њамчун шахси мењрубону мушфиќ 
нишон дињад ва дар айни њол бе њељ асос ба касе ки њусни таваљљуњ, ба ў 
надорад, метавонад осебе расонад. Дар бораи њамон як наврас 
муаллимон мегуянд: «Ростќавл аст, њамеша њаќиќатро мегўяд», аммо 
рафиќонаш чунин тавсиф медињанд: «Њиллагар, риёкор аст». 
Бисёр ваќт наврас дар мактаб як хислати характер ва дар хона 
метавонад хислати баръаксро зоњир намояд, яъне ў дар мактаб гапдаро, 
иљрогар, ботамкин асту дар хона якрав, густоњ ва беэњтиром. 
Ихтилофнокии наврас бо шароитњои тарбия, ваќте ки нисбат ба ў 
талабњои гуногуни ба њам номувофиќ пешнињод мешаванд, алоќаманд 
аст. Дар ин њолат мутаасиршавандагї ва ангехтпазирии наврас роли 
муњим мебозад, ки асоси физиологии онњоро протсессњои дар мувозинат 
набудаи њаяљон ва боздорї ташкил медињад. Мутаасиршавандагии 
наврас инчунин ба пурзуршавии фаъолияти ѓадуди сипаршакл вобаста 
аст, ки он мутаасиршавандагии системаи асабро баланд намуда, 
аксуламалњои аффективиро ба вуљуд меоварад. 
Тавсифдињандаи муњими синну соли наврасї саъю кушиши 
муошират намудан бо рафиќон мебошад. Мањз ба туфайли муошират 
намудан хусусиятњои шахсии наврасон фардияти онњо ташаккул меёбад. 
Њиссиёти дустии шахсї, талаботњои њаќиќї ба муоширати дустона пайдо 
мешаванд. Дустии наврасон дар асоси ягонагии талаботњо ва шавќу 
њавасњо, маќсадњо ва саъю кушишњо, умумияти нуќтаи назар ба 
масъалањои муњими њаёт, муносибатњои инсонї ба вуљуд меояд. 
Маромњои дустї боз њам амиќтар мегарданд, чунки умумияти шавќу 
њавасњо майлњо, фаъолияти якљоя, эњтироми тарафайн ва њусни таваљљуњ 
ба якдигар, боварї ва фахмиши байнихамдигарй, завк ва акидахои ба 


159 
хам наздик ба вуљуд оию инкишоф ёфтани муносибатњои дустонаи 
наврасон сабаб мешаванд. 
Хусусиятњои фаъолияти таълимї ва тараќќиёти аќлии наврас. Бо 
гузариш ба синну соли наврасї азнавсозии муњим дар фаъолияти 
таълимии мактаббача алоќаманд аст ки мустаќилии зиёдро талаб 
мекунад. Мазмун ва моњияти фаъолияти таълимї њамчун фаъолият 
барои худомузї, ки ба ќонеъ намудани талабот ва шавќу њавасњои 
маърифатї равона шудааст, дар наврас тадричан ошкор шудан мегирад. 
Наврас одатан нобарорињои таълимии худро бо душворї аз cap 
мегузаронад, вале худбинии ў баъзан хохиши рўпўш кардани 
муносибати њаќиќиро ба ин нобаробарињо ба вуљуд меоварад: 
мактаббача чунинвонамуд мекунад, ки нисбати муваффаќиятњо дар 
тањсил тамоман бепарвою бетафовут аст. 
Дар рафти азхуд намудани асосњои илм на танњо таљрибаи њаётї 
бой мешавад ва доираи назар васеъ мегардад, балки шавќу њавасњои 
наврасон низ тараќќї мекунад. Бисёр ваќт мушоњида мекунем, ки шавќу 
њаваси дар синни наврасї пайдошуда минбаъд дар нављавон низ нигоњ 
дошта мешавад, мазмунан амику пурра мегардад ва ба равияи асосии 
касбии ў табдил меёбад. 
Шавќу њавас ба касбу кори муайян дар охири синни наврасї ба 
вуљуд меояд. Дар баробари ин бояд ќайд кард, ки тасаввурот дар бораи 
характери касбњои интихобшаванда дар аксари наврасон хираю 
номуайян аст. Наврас аз касбу корњои гуногун аз талабњое, ки ба ў 
пешнињод менамоянд, хуб бохабар нест. 
Характер ва шаклњои таѓирёфтаи фаъолияти таълимї, кунљковии 
афзуншудаи аќл аз наврас фаъолияти аќлии нисбатан баланд ва 
муташаккилро талаб мекунанд. 


160 
Акнун дар наврас ќобилияти пурра идроќ намудани хусусиятњои 
предмету њодисањо ба вуљуд меояд. 
Диќќат ва хотира њам дар синни наврасї моњиятан таѓир меёбанд. 
Пурќувваттар гардидани љињати ихтиёрии ин функсияњо хусусияти 
асосии синни наврасї мебошад. 
Дар синну соли наврасї доир ба ташаккул додани мањорати 
ташкилу назорат кардани функсияњои психикї, идора намудани онњо 
анъанаи умумї шиддат мегирад. Диќќату хотира тадриљан ба 
протсесњои муташаккил, ба тартиб даровардашаванда ва идорашаванда 
табдил меёбанд. Наврасов нисбат ба мактаббачањои хурдсол усулњои 
махсуси бахотирагирй ва бахотираовариро истифода мебурдагї 
мешаванд. Хотираи мантикї, маъногї бештар љои хотираи механикиро 
мегирад. 
Диќќати наврасро тавсиф дода истода, зиддиятнокии муайяни 
онро низ ќайд кардан лозим аст : дар синни наврасї, аз як тараф, 
диќќати ихтиёрии устувор ташаккул ёбад, аз тарафи дигар, тасаввуроти 
сершумор, фаъолии пурљушу хуруш зуд таѓирёбии наврас аксар ваќт ба 
ноустуворї ва зуд парешоншавии он меоваранд. интихобии диќќат, яъне 
мањорати аз рўи шавќу њавас људо карда тавонистани њодисаю 
предметњо дар наврас равшан ифода меёбад. 
Дар синну соли наврасї ба дараљаи муайян њаљми диќќат зиёд 
мешавад, ќобилияти кучонидани диќќат аз як амал ба дигараш, аз як 
фаъолият ба фаъолияти дигар ташаккул меёбад. Ќобилияти сол аз сол 
афзуншавандаи тафаккури абстракта, таѓирёбии таносуби тафаккури 
абстрактї - хусусияти асосии фаъолияти фикрии наврас мегардад. Дар 
баробари ин љињатњои конкретї-образї (айёнї) - тафаккур нест нашуда, 
бокї мемонанд, тараќќї мекунанд ва дар сохтори умумии тафаккур 
(масалан, 
ќобилияти 
конкретикунонї, 
тасвирнамої, 
кушонидани
мазмуни мафњум дар образу тасаввуротњои конкретї) роли бузургро 


161 
бозидан мегиранд. Инкор намудани хусусиятњои айёнї-амалии тафаккур 
ба њодисањои маълум мебаранд: њангоми якхела, яктарафа ё мањдудияти 
таљрибаи айёнї људонамоии аломатњои муњими абстрактї боздошта 
мешавад. 
Ањамияти љињатњои конкретию образин тафаккур дар он зоњир 
мешавад, ки дар баъзе њолатњо таъсири таассуротњои њиссї нисбат ба 
таъсири калимањо дида пурзуртар аст. Баъзе наврасон ба мафњум 
таърифи дуруст дода, аломатњои муњими онро номбар намуда, њангоми 
истифодабарии мањз њамин фањмишњо ба аломатњои дигар, номуњим ба 
таври айёнї идроќшуда такя мекунанд. 
Дар синну соли наврасї дар зери таъсири кори тарбиявию 
таълимии мактабу муассисањои томактабї, дар зери таъсири асосњои 
илмро омўхтани наврас ќобилиятњои бачањо ба ин ё он намуди фаъолият 
ба ташаккулёбї cap мекунанд ва равшан зоњир шудан мегиранд. Ин 
њодиса ба он алоќаманд аст, ки мањз дар синни наврасї шавќу њаваси 
устувор, чуќур ва амалї пайдо мешавад, муносибати шуурона ва 
фаъолона ба олами ињотакарда ташаккул меёбад, тафаккури эљодию 
мустаќил тараќќї мекунад. 
Дар навбати аввал ќобилиятњои мусиќї, бадеї-тасвирї, адабию 
эљодї равшан зоњир мешаванд. Ба омўзиши љиддї ва мунтазами 
математика ќобилиятњои математикї ташаккул меёбанд. Дар асоси 
омўзиши математика ва физика дар наврасон ќобилиятњои тарњкашию 
техникї ташаккул ёфтан мегиранд. 
Дар охири суханони педагоги машхур В.А. Сухомлинскийро 
меорем, ки синну соли наврасиро њамчун тавлиди дуюмбораи наврас 
тавсиф медињад: «...Инсон бо дуюмбора таваллуд ёфтанаш дар бораи худ 
тамоман ба таври дигар мегўянд: «Ба ман ѓамхорї накунед, аз паси ман 
нагардед, манро бо парпечњои нигоњубин ва нобоварї напечонед, хатто 


162 
бо калимае дар бораи гањвораам хотирарасон накунед. Ман одами
мустаќилам. Намехоњам, ки маро аз дастам гирифта баранд. Дар пеши 
ман куњи баланд аст. Ин маќсади њаёти ман аст. Ман онро мебинам, дар 
борааш фикр мекунам, ба он онил шудан мехоњам, вале ба ин ќулла 
мехоњам мустаќилона бароям. Ман ба ќуллаи худ мерасам, агар такя ба 
одами зуру хирадманд кунам. Вале аз ин хусус ба гуфтан шарм медорам 
ва метарсам. Ман мехоњам, то ки њама њисобанд, ки ман мустаќилона, бо 
ќувваи худ то ба он ќулла мерасам». Ана чиро наврас мегўяд, дар сурате, 
ки ў аз њама чизи асосиро пурра ошкоро гуфтан хоњад. 

Download 0.75 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   26   27   28   29   30   31   32   33   ...   48




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling