Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї


ХУСУСИЯТЊОИ ПСИХОЛОГИИ ТАРАЌЌИЁТ ДАР ДАВРАИ


Download 0.75 Mb.
Pdf ko'rish
bet24/48
Sana11.11.2023
Hajmi0.75 Mb.
#1765687
1   ...   20   21   22   23   24   25   26   27   ...   48
Bog'liq
Шаропова Н.М. Психологияи умуми

ХУСУСИЯТЊОИ ПСИХОЛОГИИ ТАРАЌЌИЁТ ДАР ДАВРАИ 
СИННИ КУДАКЇ ВА ИБТИДОИ БАЧАГЇ 
Давраи кудакї соли аввали њаёти кудак ва синни ибтидои бачагї 
аз 1 то 3
- соларо дар бар мегирад. 
Дар давраи кудакї синни навзодиро њамчун давраи ягонаи њаёт 
људо мекунанд, ки дар он ба намуди тоза зуњуроти шаклњои модарзодї 
ва инстинктивии рафторро мушоњида кардан мумкин аст. Шаклњои 
рафтори инстинктивї ба ќонеъ намудани талаботњои органикї равона 
шудаанд ва бояд гуфт, ки конеъгардии онњо асоси тараќќиёти психикиро 
ташкил надода, балки зинда мондани кудакро таъмин мекунад. Таваллуд 
барои организми кудак як навъ шикастест калон, чунки муњити зиндагии 
ў тез дигар шуда алоќањо бо организми модар канда мешаванд, яъне 
њаёти
муcтаќилона шурўъ мешавад. 
Рефлексњои ѓайришартии кўдак бар хилофи бачаи њайвон 
зоњиршавии шаклњои рафтори одамро таъмин намекунанд. Дар байни 
рефлексњои гайришартї рефлексњои номатавистї (рефлекси дошта 
гирифтан, рефлекси хазидан) мављуданд, ки онњо дањо охири давраи 
навзодї хомўш мегарданд. Онњо асоси тараќќиёти психикї намебошанд. 
Хусусияти асосии навзодро имкониятњои бењбудї азхуднамоии таљрибаи 
нав, њосил намудани шаклњои ба одам хоси рафтор, инкишофи 
талаботњои нав (дар таасурот гирифтан, дар њаракат, дар муошират бо 
калонсолон) дар бар мегирад, ки дар асоси мањз онњо тараќќиёти 
психикї ба амал меояд. 
Тараќќиёти ќувваи биниш ва шунавої дар навзод нисбат ба 
тараќќиёти њаракатњои љисмонї, ки махсус бо парпеч кардани кўдак 
мањдуд мешаванд, тезтар ба вуљуд меояд. 


122 
Майнаи сари навзод ба туфайли машќдињии узвњои њис расидани 
сигналњои гуногун аз олами берунї инкишоф меёбад ки ташкилкунандаи 
он калонсол мебошад. Протсесси нигаронидани ќувваи бинои ва 
шунавои ташаккул меёбад, аксуламалњои эмотсионалии чун гиря ва 
табассум, ки њиссиёти азоб ва муносибатро ифода мекунанд, ба вуљуд 
меоянд. Дар кудак дар охири давраи навзоди аксуламали махсуси 
эмотсионалию њаракати ба калонсол, яъне комплекси њаракатњо намоён 
мешавад. 
Њаёти кўдак пурра ба калонсолон вобаста аст, ки онњо талаботњои 
органикии уро ќонеъ мегардонанд-мехўронанд, оббозї медоронанд, аз 
як тараф ба тарафи дигар мегардонанд ва инчунин талаботњои 
афзояндаро ба таассуротњои гулогун ќонеъ месозанд. Фаъолияти якљояи 
калонсолон ва кўдак аз он иборат аст, ки чї тавр калонсол амалиёти 
кўдакро роњбарї менамояд ва инчунин чї тавр кудаки хурдсол 
имконияти њалли ин ё он амалро надошта бо мададу ёрии калонсолон 
мурољиат мекунад. Дар давраи кудакї ќобилияти таклид намудан ба 
рафторњои калонсолон инкишоф меёбад. Кўдак дар њафт-дањмоњагї 
бодиќќат њаракатро ва нутќи калонсолонро назорат карда, кушиши 
такрор намудани онњоро мекунад. 
Протсессњои психикї ва сифатњои кўдак зери таъсири шароитњои 
њаёт тарбия ва омузиш ташаккул меёбанд. Муносибати кўдак ба олам аз 
ибтидо муносибати ичтимої, љамъиятї мебошад, ки дар асоси 
муносибатњои байнињамдигарї бо калонсолон ба вуљуд меояд. 
Талабот ба протсесси муошират барои пайдоиши таклид намудан 
ба овозњои нутќи инсони заминаро ба вуљуд меорад. Кўдак танњо садо 
медињад, норавшан овоз мебарорад, сипас дар асоси таќлид намудан ва 
овозњои табиии худ ва нутќи шунидашудаи калонсолон њамчун амали 
љавобї беробита гап задан ба вуљуд меояд, ки дар он тайёрї ба 
протсесси муошират намудан ифода меёбад. Ањамияти беробита 


123 
гапзаниро барои тараќќиёти нутќи кудак аз будаш зиёд бањо додан 
душвор аст. Вай барои такмилу тараќкиёти аппарата нутќи (лабњо, 
забон, нафаскашї, шунавоии фонеттикї њамчун зинаи тайёрї хизмат 
мекунад. 
Кўдак аввалан фаќат бо тобиши эмотсионалии нутќи ба у 
равонкардаи 
калонсолон, 
ба 
талаффузи 
нутќ, 
ќиёфа 
эътибор 
медињад.заминањо барои фањмидани нутќ, азхудкунии маъно ва моњияти 
калимањо аз мобайнњои давраи кўдакї cap карда ба вуљуд меоянд. 
Такрори бисёркаратаи алоќа калима бо предмет ба ин мусоидат 
мекунад. Ташаќќули ин алоќа аз эътибори умумї ба љое, ки дар он 
одатан предмет меистад ва ба талаффузи савол cap мешавад. Дар охири 
соли аввали њаёт алокаи калиам бо предмет дар љустуљуи предмет ва 
пайдо кардани он ифода меёбад. 
Ин шаклу њам бошад ибтидои фањмидани нутќ аст, ки он ба 
туфайли воридшавии кўдак ба системаи Ман-одами дигар-олам
(предмет) ташаќќул меёбад. Дар ин давра аксуламалњои љавобии нутќи 
ба вуљуд меоянд ва ба ин васила зањираи гайрифаъоли калиамњо васеъ 
гашта, фаъолии нутќ меафзоянду имконияти муошират намудан бо 
калонсолон вусъат мегирад. 
Кўдак дар ин давра ба муваффаќиятњои калон ноил мешавад, 
њаракаткунї ва истифодаи амалњои соддаро бо предметњо аз худ 
мекунад. Ў нигоњ доштани cap, нишастан, хазидан, гавак кашидан, 
њолати вертикалиро гирифтан ва якчанд ќадам гузоштанро ёд мегирад. 
Ў ба сўи предмет њаракат намуда, бо онњо муносибат карданро ёд 
мегирад (доштан, њаракат додан, партофтан, предметро ба предмет 
задан), ки ба туфайли он ташаќќули равия ба натиљаи амал ба вуљуд 
меояд. Кўдак ба хосияту муносибатњои предметњо шинос мешавад, 
мавќеи худро дар фазо муайян мекунад ва ба василаи онњо њаќиќат, 
идрок, хотира, тафаќќур ва дигар протсессу њолатњои психикї тараќќї 


124 
мекунанд. Кўдак на танњо мебинаду мешунавад, у бо шавќу рагбат ба 
таасуротњои биноию шунавої таваљљуњ зоњир мекунад ва аз онњо лаззат 
мебарад. Ќувваи бинои ва шунавої рафтор идрок ва тафакурро идора 
менамоянд, ба кўдак барои муайян кардани мавќеи худ дар олами 
ихотакарда мусоидат мекунанд. Предметњо барои кудак оњиста-оњиста 
аз паси таасуротњои дигаршаванда њамчун чизе ки доимо дар олами 
ињотакарда вуљуд дорад ва сифатњњои муайянро соњибанд, баромад 
кардан мегирад. Ба ќавли дигар, дар охири ин давраи синнусолї дар 
асоси аз тарафи калонсолон ташкил намудани њаракату амалњои кудак, 
дар у тасаввуротњои аввалин дар бораи олам њосил мешавад ва шаклњои 
соддаи идроку тафаќкур ба вуљуд меоянд. 
Тавсифи давраи ибтидоии кудакї (аз 1 то 3 солагї). Психологњо 
B.C. 
Муњина, 
А.А. 
Люблинская, 
М.И. 
Лисина 
ва 
дигарон 
муваффаќиятњои асосии ин давраро дар ростшавии комати кудак, 
инкишофи фаъолияти предметї ва азхудкунии нутќи у дидаанд, ки онњо 
бо муоширати кудак бо одамони уро ињотакарда зич алокаманданд. 
Кудакон дар охири яксолагї ва ё худ дар ибтидои соли дуюми 
хаёти худ ба гузоштани кадамњои иахустин cap мекунанд, ки онњо 
аввалан бечуръатона буда сипас боз њам мустањкаму устувортар 
мегарданд. Ростгардї ба худи кудак ва атрофиёнаш халоват ва 
хурсандии зиёде мебахшад. Кудак гашти худро мураккаб намуда, ба 
давидан cap мекунад. Чунин чойивазкунї доираи ашёи аз тарафи кудак 
маърифатшавандаро якбора васеъ менамояд. Кудак оњиста-оњиста ба 
фаъолияти предмета мегузарад, ки он дар ин давраи синну соли њамчун 
намуди пешбаранда шуда мемонад. Кудак ба туфайли фаъолияти 
предмета вазифањои ба ашё хосро аз худ менамояд: алоќаи амал бо 
предмет дар натиљаи ичй њар гуна амалњои ба кудак маълум то ба озод 
истифода бурдани предметњо мувофиќи вазифаашон инкишоф меёбад. 


125 
Амал кардан ба олот барои тараќкиёти психикї ањамиятнок буда, ба 
туфайли он амалњо боз х ксаднок мешаванд. 
Азхуднамоии протсесси амал кардан бо олот дар рафти омузиш 
њангоми роњбарии мунтазами калонсол, ки амалро нишон медињаду 
дасти кудакро рост мекунад, сурат мегирад, яъне худи принсипи 
истифодабарии олоти амал кардан аз худ мешавад. 
Аввалан ашё ба сифати олоти оддї истифода мешавад. Аллакай 
кудак аз назари психологї ба фаъолияти предметї ворид шуда, минбаъд, 
тараќќиёти иљтимоии ў бо азхудкунии меъёрњои ахлокї, бо азхудкунии 
баъзе шаклњои муносибатњои байнињамдигарї бо одамон, бо воситањои 
«инсонии» истифодабарии ашё муайян карда мешавад. Мароми 
фаъолият, системаи сабабањои водоркунанда инкишоф меёбанд. Њамин 
тариќ, на танњо муносибат ашё, одамон, балки бо худаш низ ташаккул 
меёбад. Худбањодињии мусбат («Ман худам») ба амал меояд, ки ин барои 
бамуваффаќият тараќќї додани психикаи кудак дар давраи минбаъдаи 
тараќќиёт низ бењад зарур мешавад. 
Дар соли сеюми њаёт намудњои нави фаъолият-бозї ва намудњои 
сермањсули фаъолият (расмкаши, гаљкори, наќшаќашї) ба вуљуд меояд. 
Аввалан кудакони давраи ибтидои бачагї бо предметњо амал мекунанд, 
сипае маъни предметро дар арфти бозї фањмида мегиранд. Кудакон дар 
асоси таклид амалњои конкретии калонсолонро (модар, мураббї, доя, 
духтур, ронанда) тасвир мекунанд, бозињои роли инкишоф иеёбанд ва 
мувофиќан дар љараёни бозї азхудкунии таљрибаи љамъияти ба вуљуд 
меояд, малакањои фаъолияти мењнати ташаќќул ёфтан мегирад, ки дар 
ибтидо дар шакли худхизматрасонї ва ёридињї ба калонсолон дар кору 
бори хона зоњир мешавад. 
Агар синну соли навзодї давраи тайёрии азхудкунии нутќ 
њисобида шавад, он гоњ дар давраи ибтидои бачагї ин роњи тараќќиёт 
давом ёфта, барои азхудкунии нутќ њамчун давраи мувофиќ ва 


126 
таъсирпазир шуда мемонад. Талабот ба муоширати нутќи афзуда, 
фаъолияти предмет ба зиёдшавии таассурот мусоидат мекунад, ки зимни 
он асоси азхудкунии маънои калимањо алоќаманд намудани онњо бо 
образи предмет ва њодисањои њаќиќї ба вуљуд хамидани нутќи калонсол 
такмил ёфта нутќи фаъоли худи кудак низ ташаккул меёбад, дар ибтидо 
протсесси фањм ў аз њудуди вазъияте, ки дар он муошират ба амал меояд, 
намебарояд, вале минбаъд шунидан ва фањмидани нутќ аз њудуди 
муошират баромада, кудак акнун метавонад дар бораи ашёњое гаи 
занад, ки онњо берун аз вазъияти муошират мондаанд. Нутќи фаъоли 
кўдак то якунимсолагї нисбатан суст инкишоф ёфта, захираи луѓавии ў 
то 100 калимаро дар бар мегирад. Захираи фаъоли луѓавї дар охири 
дусолагї то 300 калима зиёд шуда, дар соли сеюми њаёт 1500 калима 
мерасад. Кудак таљрибан аз нутќи автономї, ки истифодаи калимањои 
«кудаконаро» ифода мекунад, аз вайрон карда гуфтани калимањои 
муќаррарї ба нутќи солим мегузарад. Дар баробари васеъшавии 
захираи лугат ва мукаммалшавии талаффуз, азхудкунии сохти 
граматикии забони модарї низ ба амал меояд, ки дар натиљакудак 
амалан дуруст аз калимањо чумлањо сохта метавонистагї мешавад. 
Асоси тараќќиёти аќлии кудакї, давраи ибтидои бачагиро 
ташаккули намудњои нави амалњои фикрию иљрокунї ташкил медињад. 
Кўдак њангоми идрок намудани предмет ягон ќисми онро људо 
мекунад, бокимондаи онро бошад, њамчун кисмњои номуњим инъикос 
менамояд. Кўдак људо кардани аломатњои предмет ва ё тасвири онро ёд 
мегирад. Мањорати ба таври биної ва аз рўйи на танњо амалњои берунї 
нисбат додани хосияти предметњо ташаккул меёбад. 
Интихоби биноии предметњо аз рўи намуна ба кудаки 2,5-3- солае 
муяссар мешавад, ки хосиятњои якхеларо дошта метавонанд, ташаккул 
меёбад. Кудаки сесола метавонад шаклњои соддатарини геометрї 
(доира, квадрат, секунља, росткунља) ва 7-8 рангро (сурх, норанљї, зард, 


127 
сабз, кабуд, бунафш, сафед, сиёњ) аз худ намояд. Одатан шунавоии 
фонетикї зуд инкишоф меёбад, вале тараќкиёти шунавоии садоњои 
баланд суст ба амал меояд, њарчанд кудакї сесола аллакай садои 
«борик» ва «ѓафси» њайвонот, овози пасту баландро фарќ мекунад. 
Зуњуроти аввалини тафаккур дар давраи ибтидои бачагї бо 
истифодаи алокай байни предметњо барои ба ягон маќсад ноил шудан 
тавсиф дода мешавад: масалан, кашолакунон наздик овардани курсї ба 
тарафи предмете, ки гирифтани он зарур аст. Кудак на танњо алоќаеро, 
ки калонсолон нишон додаанд, истифода мебарад, балки худаш низ 
онњоро ошкор менамояд ва барои њалли масъалањои худ, ки бештар бо 
фаъолияти предмета ва бозї алоќаманд аст, истифода мебарад. 
Тафаккури кудакї ин давра њамчун тафаккури амали-предмети тавсиф 
карда мешавад, вале њудуди синну соли ибтидои бачагї бошад, 
ташаќкули намуди тафаккури аёни-образи низ ба амал меояд. Амали 
фикрии љамъбаст, ки бо калима мустањкам карда мешавад, ташаккул 
меёбад, ташаккули функсияи аломатии шуру ба вуљуд омадан мегирад. 
Заминањои ташаккули шахс дар давраи ибтидои бачагї на танњо 
бо азхудкунии амалњои гуногун ва ташаккули протсессу сифатњои 
психикї, балки бо азхудкунии амалњои гуногун ва ташаккули протсессу 
сифатњои психикї, шаклњои рафтору муносибатњои махсуси одам дар 
љамъият бо азхуднамоии сифатњои дохилии иљтимоии ба инсон, фард ва 
шахс хос низ алоќаманданд. Маромњои рафтори кўдакон њанўз фањмида 
шудаанд ва ањамияти онњоро дар њаёту фаъолият дарк намекунад. Олами 
ботинии кўдак фаќат таљрибаи муайян ва устувор мегардад. Вале кўдак 
дар ин давра ва дигар даврањои тараќќиёт на танњо ба њаёт ва зиндагї 
кардан тайёрї мебинад, ў дар њаёти ба назари худаш бойи ботинии худ 
зиндагї мекунад. 
Хусусияти фарќкунандаи рафтори кудаки ин давраи синнусолї 
импулснокї мебошад, яъне у беихтиёр зери таъсири хоњиш ва 


128 
њиссиётњои дар айни њол мављуда амал мекунад. Ўро ба чизе љалб 
намудан ва аз чизе ба љои дигар низ љалб кардан осон аст. Масалан, 
кўдак гиря мекунад, чунки аз гум шудани бозича хафа шудааст, вале ўро 
хурсанд кардан чандон душвор нест ва кифоя аст, ки бозичаи дигар дода 
шавад. Баркароршавии алоќаи њиссиёту хоњишњо бо тасаввуротњо 
рафтори кудакро боз њам маќсаднок ва аз вазъияти конкретї кам 
вобаста буда мегардонад: идоракунии нутќии рафтор инкишоф меёбад. 
Соњаи эмотсионалии шахсияти кудак низ инкишоф меёбад, вай 
метавонад гирифтори њиссиётњои одамони дигар шавад, дар ў таъриф ва 
тахеини калонсолон хисси ифтихорро ба вуљуд меорад, њисси шарму њаё 
ташаккул меёбад. Дар кудакї ин давра њануз њам назорати рафтори худ, 
ба тартиб дарории шуурона ва идоранамоии рафтор хеле махуд аст. 
Тараќќиёти иљтимоии кўдак бо азхудкунии ќонуну ќоидањои 
муносибатњои байнињамдигарии одамон ва якљоя амал кардани кўдак бо 
предметњо дар олами ашё тавсиф мешавад. «Олами одамон» ва олами 
ашё ду нишонаи асосии тараќќиёти психикии кудак ба шумор меравад, 
вале дар охири соли сеюми њаёт, инчунин нишонаи сеюм «Ман худам» 
ба вуљуд меояд. Фарќияти кудак бо номаш алоќаманд мешавад. Ном 
миллатро инъиќос намуда, њамчун меъёри химояи иљтимої баромад 
мекунад ва гуё, ки кудак барваќт бо номи худ як шуда , худро берун аз 
он тасаввур намекунад, ном асоси шахсияти ташаккулёбанда шуда, 
мемонад. 
Кўдак давраи ибтидоии бачагии худро њамчун одами алоњидаю 
људогона дарк мекунад. Ў худро дар охири сесолагї чун манбаи майлу 
хоњиш ва амалњои гуногун медонад. Дар ин давра фаъолияти 
худхизматрасонї инкишоф ёфта, кудак мефањмад, ки амалро ў, 
калонсолон, на шахси дигар иљро менамояд. Ман медавам, лухтакро ба 
ман дењ, маро бардор мегуяд, ки ин чунин маъно дорад: «Ман алоњида 
вуљуд дорам, ман худ манам». Кудак дар ин давра хоњиши тез калон 


129 
шуданро дорад, ки ин дар љањду кушиши у ба мустаќили, дар 
муќобилгузории хоњишњои худ ба майлу хоњишњои калонсолон ифода 
меёбад. Аз ин ру кудакон нисбат ба калонсолон якравй ва негативизм 
зоњир мекунанд, на танњо ба муќобили гамхории аз хад хиёд бар 
мехезанд, балки аксар ваќт бахусус он мизеро мекунанд, ки манъ аст. 
Њамин тавр буњрони давраи сесолагї буњрони якум дар њаёти шахс 
мебошад, ки бо шиори «ман худам» мегузарад. Буњрони давраи сесолагї 
њодисаи гузаранда буда, бо ба вуљудоии хусусиятњои навташкил дар 
кудак худро аз атрофиён људо кардан, муќоиса намудани худ бо одамони 
дигар, муоширати у бо њамсолон алоќаманд аст. 
Тараќќиёти психика дар синну соли томактабї. Бозї њамчун 
фаъолияти пешбаранда дар давраи томактабї. Намудњои дигари 
фаъолият. 
Ањамияти бозиро дар тараќќиёти психикии кўдак ба њисоб 
гирифта, ин намуди фаъолиятро муфассалтар дида мебароем. 
Давраи томактабї, ки дар он намуди пешбарандаи фаъолият бозї 
аст. 
Бозии кўдакона-ин фаъолияте мебошад, ки дар рафти он 
муносибатњои иљтимоии байни одамон аз нав њосил мешавад. Бозї яке аз 
шаклњои таљрибаи љамъиятї буда, дар он њодисањои њаётї инъикос 
мегардад. Аммо аз нав ба вуљуд овардани њар гуна њодисаи њаётї бозї 
нест. Бозї чунин фаъолияти одам аст, ки дар он моњияти иљтимої, 
инсонї, яъне вазифа ва ќоидаќои муносибати байни одамон таљассум 
ёфтааст. Бозињои роли яке аз шаклњои асосии њаётї кудакї њозира ба 
шумор меравад. Кудакон њар ќадаре, ки аз фаъолияти якљоя бо 
калонсолон дур шудан гиранд, њамон ќадар ањамияти шаклњои бозињои 
роли дар тараќкиёти психикї боз њам баланд шудан мегирад. 
Бояд сюжет ва мазмуни бозї фарќ карда шавад. Сюжет - ин њамон 
соњаи њаќиќат, яъне шароитњои конкретии њаёт аст, ки дар рафти бозї аз 


130 
нав барќарор карда мешавад. Ин сюжетњо вобаста ба шароитњои 
конкретии њаёт, воридшавии кудак ба доирањои васеи њаёт, вобаста 
вусъатёбии доираи назари ў дигаргун мешавад. 
Мазмуни бозиро аз нав барќарор намудани лањзањои муњими 
фаъолият ва муносибат бо калонсолон дар њаёти мењнатию љамъиятї 
ташкил медињад. Дар мазмуни бозї воридшавии кудак ба фаъолияти 
калонсолон боз њам равшантар ифода меёбад. Мазмуни бозї метавонад 
дар худ фаќат тарафи зоњирии фаъолияти одамро, яъне ў бо чї фаъолият 
мебарад, инъикос намояд, ё худ ба одамони дигар ифода кунад. 
Характери муносибатњои одамон, ки дар бозї амалї мегарданд, 
нињоят гуногун мешавад. Ин њам метавонад муносибати њамкорї, ёрии 
њамдигарї, таќсимот ба мењнат, ѓамхорї ва эътибор намудан ба якдигар 
бошад 
ва 
метавонад 
муносибати 
њукмфармоёна, 
ситамгарона, 
бадбинона, даѓал ва ѓайра шавад. Њамаи ин ба шароитњои конкретии 
иљтимоии њаётї кудак вобаста аст. Аз ин рў бозї сюжетњои худро аз 
шароитњои њаётии кудак гирифта, аз рўи мазмуни дохилиаш табиати 
иљтимоиро дорад ва бинобар ин њодисаи биологї шуда наметавонад. 
Бозї инъикоскунандаи њаётї реалї аст. Кўдак њангоми бозї бо 
предметњо амал мекунад, ки ба њаёти воќеї тааллуќ доранд. Талаботхои 
кўдак дар бозї ба он вобаста аст, ки бояд амали ў на характери хаёлї, 
балки реалиро дошта бошад. Масалан, агар кўдак њангоми бозї дар 
муносибатњои реалї бо рафиќони худ бошад, он гоњ ин муносибатњо
талаботњои муайян, ба монанди талабот ба муошират намуданро бо 
рафиќон ќонеъ менамояд. Агар кўдак њангоми бозї дар шакли хаёлї 
амал кунад, он гоњ талаботњои ў ќонеъ намегарданд. 
Бозї яке аз роњњои асосии ташаккули шаклњои махсуси 
ќобилиятњои одам ба шумор меравад. Бозї на бо гузашта, балки бо 
оянда равона шудааст ва он фаъолиятест, ки инќилобро дар муносибати 
кудак ба олам ба вуљуд меорад. Вай дар тараќќиёти шахсияти кудак, 


131 
ташаккули дараљаи баланду нави тафаккур роли муайянро мебозад. 
Њангоми истифодаи амалњои махсус дар рафти бозї чизњои ба кудак 
номаълум равшан мешаванд. Бозї - ин ифодаи фикри нави њоло 
мустањкам нашуда аст, ки амал карданро ба предметњо талаб мекунад. 
Л.С.Вигитский бозиро њамчун намуди асосии фаъолияти давраи 
томактабї дониста, фарзияеро оид ба моњияти психологии бозињои роли 
пешнињод намудааст, ки мазмуни асосии он чунин аст: 
1) Бозї њамон ваќте, ки саъю кўшиш ва хоњишњои фаврии кўдак пайдо 
мешавад, ба вуљуд меояд. Моњияти бозиро на иљрои хоњишњои алоњида, 
балки аффектњои љамъбасткардашудае низ ташкил медињанд, ки онњо аз 
тарафи кўдак метавонанд фањмида нашаванд. Мазмуни асосии онро 
системаи муносибатњо бо калонсолон дар бар мегирад. 
2) Хусусияти марказї ва њаракатнок барои фаъолияти бозї овардани 
чунин вазъияти «сохта» мебошад, ки он ќабул кардани роли калонсолон 
ва амалї гаштани онро дар њолатњои офаридаи худи кўдак ифода 
мекунад. Барои вазъияти «сохтаи» кўчонидани мазмун ва амали 
љамъбасткунандашуда аз як предмет ба дигараш характернок аст, ки дар 
он кўдак одатан роли калонсолонро ќабул мекунад. Ин дар асоси 
људошавии майдони дидашаванда ва маъногии кудак, ки дар синну соли 
томактабї зоњир мегардад ба вуљуд омада метавонад. 
3) Њар гуна бозї бо вазъияти «сохта» дар айни замон бозї бо маљмўи 
ќоидањо аст ва њар гуна бозї бо ќоидањо бошад бозї бо вазъияти «сохта» 
аст. Ќоида дар бозї, ин ќоида барои худи кудак, барои худмуайянкунии 
дохилии ў мебошад. 
4) Кўдак њангоми бозї кардан ба амалњои реалї такя намуда, маъноњои 
аз ашё дуршударо истифода мебарад. Њамаи протсессњои дохилї дар 
рафти бозї дар шакли амали берунї дода шудаанд. 
5) Бозї муттассил чунин вазъиятњоеро ба вуљуд меоварад, ки онњо аз 
кудак амали љиддї ва муќобилати бештар намуданро талаб мекунанд. 


132 
Завќи махсуси бозї бо бартараф намудани кушишњои бевосита, бо тобеъ 
шудан ба ќоидахои дар рол вуљуддошта алоќаманд аст. 
6) Бозї типи пешбарандаи фаъолият дар синну соли томактабї мебошад. 
Вай дар худ њамаи тамоюлњои тараќќиётро таљассум мекунад, 
сарчашмаи тараќќиёт буда, минтаќаи наздиктарини инкишофро ба 
вуљуд меорад, ба туфайли бозї дигаршавии талабот ва таѓйирёбии 
талабот ва таѓйирёбии шуури кўдак сурат мегирад. 
Аз тарафи аксарияти психологњо ду љињати бозии кўдакон таъкид 
карда мешавад: фантазия ва тахаюлот. Хаёли эљодї дар њар давраи 
синну соли ба таври махсус зоњир мешавад. Овони кудакї њамон 
давраест, ки дар он фантазия нисбатан тараќќї кардааст ва ба дараљаи 
инкишофи кўдак нигоњ карда хаёл ва фантазияи ў низ паст шудан 
мегирад. Кўдак нисбат ба калонсолон камтар тахаюл мекунад, вале ў 
бештар ба мањсули хаёли худ бо боварї њоло камтар назорат менамояд. 
Фантазия шарти муњими тараќќиёти шахсияти кўдак буда, барои 
равшан намудоршавии имкониятњои эљодии ў зарур аст. Фантазия дар 
синну соли томактабї њамчун шарти муњими аз худ намудани таљрибаи 
љамъиятї баромад мекунад. Образњои фантазия чун барномаи 
фаъолияти бозї хизмат менамоянд. Кўдак худро кайњоннавард тасаввур 
намуда, рафтору кирдори худ ва њамсолонашро ба он мувофиќ 
мегардонад. Ў дар предметњои ламсшавандаи њаќиќї барои объект ва 
муносибатњои хаёлкардаи худ замина мељўяд. 
Хаёли кўдакон равшан ифода меёбад ва бештар аз унсурњои 
фантазия иборат аст. Бозї барои кўдакон - ин пеш аз њама фаъолияти 
фикрї ва бошуурона аст. Кўдакон на танњо предметњои реалї, инчунин 
ѓайриреалиро низ тасаввур мекунанд ва ба амалњои худ љињатњои навро 
дохил мекунанд, ба бозї характери эљодї медињанд. Онњо мошин ва 
ракетањо меофаранд ва њамон лањза хилофи ќонуни мантиќ онњоро ба 
куттињои худ пинњон мекунанд. Бозињои кудакон хусусиятњои реалї ва 


133 
тахаллусиро ба осонї бо њам пайваст менамоянд. Агар дар фаъолияти 
бозї љињатњои реалї бештар вуљуд дошта бошанд, њамон ќадар эњтиёљ 
ба хаёл камтар мемонад. Ин хусусиятро бояд ба хотира гирифт ва њар 
гуна фаъолияти кудакон ба хаёл ва эљодиёт љои муайянро гузошт. 
Дар психология ва педагогикаи кудакон масъалаи эљодиёт ва 
тараќќї додани он яке аз проблемањои муњим ба шумор меравад. Њанўз 
дар синни ибтидоии бачагї дар кудакон протсессњои эљодиро мушоњида 
кардан мумкин аст, ки дар бозињо нињоят хуб ифода меёбанд. Кудакї 
дар чуб нишаста худро аспсавор ва духтараке, ки бо лухтак бозї 
менамояд, худро њамчун модар тасаввур мекунад. Њамаи ин мисоли 
њаќиќии эљодиёт мебошанд. Онњо дар бозињои худ бисёр чизњоеро, ки 
пеш дидаанд, боз аз нав њосил мекунанд. 
Таќлид дар бозї мавќеи муайянро соњиб аст. Бозињои кудакон 
инъикоскунандаи он чизе аст, ки ў дидааст ва ё худ аз калонсолон 
шунидааст. Вале бояд гуфт, ки унсурњои таљрибаи гузаштаи кудак да 
бозї њамон тавре, ки дар њаќиќат рўй дода буданд, аз нав њосил 
мегарданд. Бозии кудак бахотиоварии оддии тассуротњои гузашта 
набуда, дар он коркарди нави њиссиётњои азсаргузаронидашуда ва вуљуд 
меояд, яъне њаќиќати наве офарида мешавад, ки ба маќсад ва хоњишњои 
худи кудак љавоб дода метавонад. 
Майдони таљрибаи кўдакро васеъ намудан зарур аст, то ки барои 
фаъолияти эљодї асосњои устувор ба вуљуд ояд. Кўдак њар чї бештар 
дидаю шунида ва дар таљрибаи худ унсурњои њарчї бисёртари 133 
њаќиќатро аз худ карда бошад, њамон ќадар фаъолияти хаёли ў 
сермањсултар мегардад. 
Кўдак расм мекашад ва якбора дар бораи тасвири кашидааш наќл 
мекунад. Ин синкретизм ишора ба он решаи умумие мекунад, ки зимни 
он намудњои санъати кўдакон ба вуљуд меояд. Решаи умуми бозї 


134 
мебошад, ки њамчун зинаи тайёрї ба эљодиёти бадеии ў хизмат мекунад. 
Бозї бо шавќу њавас ва таасуроти шахсии кудак алоќаманд аст. 
Калонсолон набояд фаромўш кунанд, ки бозї яке аз воситањои 
маърифати њаќиќат, ба њам мувофиќ овардани муносибатњои худ бо 
одамони гирду атроф ва ѓайра аст. 
Сол ба сол ќобилият фарќ намудани њаќиќатва фантазия дар кудак 
пурќувват шудан мегирад. Хаёли инкишофёфта таъсири таълиму 
тарбияро пурзур мекунад. Агар психологияи кудак ба њисоб гирифта 
нашавад, он гоњ афсона ва бозињо пурра кудакро фаро мегиранд ва 
хулку атрофи номатлубро ташкил медиханд. Бисёр бозињо ба љараёни 
тахаюл ва њаячон мусоидат мекунанд ва агар онњо зери назорат гирифта 
нашаванд, он гоњ бадќасдона рафтор кардану берањмї барин хислатњои 
характер ба вуљуд оманаш мумкин аст. 
Хаёли кўдак мазмун ва вазифањои махсус дорад. Бозињо ва 
фантазияњои кўдакон майнаи сари онњоро доимо фаъол нигоњ медорад. 
Ин ѓизои аввалини аќлии кўдак, кори аз њама муњими он ба шумор 
меравад. Дар онњо таќлидкунї ба вуљуд меояд, то ки чизеро худ ва ба 
таври худ эљодкорона эљод намояд. Дар хаёл љараёни мутобиќшавии 
кудак ба олам, маърифати олам ва муносибат ба он воситаи истифодаи 
њолату вазъиятњо рўй медињад. 
Хаёли кўдак нисбат ба калонсолон дида ѓанї нест, вале бо гузашти 
солњо вай такмилу инкишоф ёфтан мегирад. 
Амал кардан дар майдони хаёл, дар вазъиятњои сохтаю бофташуда, 
ба вуљудоии хоњишњои ихтиёрї, наќшањои њаёт ва маромњои њамаи ин 
љараёни бозї зоњир мешаванд ва психикаи кўдакро ба дараљаи баланди 
тараќќиёт мебардоранд. 
Дар рафти тараќќиёт сохтусози њаракатњо дигар мешаванд. 
Мазмуни асосии ролњоро ќоидањои рафтори дар байни одамони 
калонсолон буда, ташкил медиханд. Кудак њангоми бозї ба олами 


135 
ќонуну ќоидањои муносибатњои байнињамдигарии инсонї ворид 
мешавад. Ќонуну ќоидањо ба туфайли бозї сарчашмаи инкишоф ахлоќи 
кудак мегарданд. Бозї мактаби ахлоќ аст, вале он на ахлоќи дар 
тасаввур инъикос ёфта, балки ахлоќи дар амал љоришаванда мебошад. 
Бозї дар ташаккули коллективи тифоќ, мустаќили ва муносибати 
мусбат ба мењнат ва барои ислоњи баъзе рафторњои ношоями кудакони 
алоњида ањамаяти бузургро соњиб аст. 
Дар тараќќиёти психикии томактабиён намудњои гуногуни 
фаъолият, ба монанди фаъолияти тасвирї, наќшакашї, гаљкорї 
аппликатсия ва ѓайра ањамияти калонро моликанд. Дар ин давраи 
синнусолї азхудкунии унсурњои фаъолияти мењнатию таълимї ба вуљуд 
меояд. Дар фаъолияти тасвирї идрок ва тафаккур, мањорати на танњо 
назар кардан, балки амиќ дидан ва биниши ранга тараќќї мекунад. 
Томактабиён одатан он чизеро мекашанд, ки ба онњо калонсолон 
пешнињод намудаанд. Њангоми расмкашї мансубияти љинсии кудак 
фањмида мешавад ва бинобар ин мазмуни расмњои писарон ва духтарон 
аз якдигар фарќ карда меистанд. 
Наќшакашї, гачкорї ва аппликатсия дар ташаккули ба 
пландарории фаъолият мусоидат мекунад, ки ин минбаъд њангоми 
омўзиши маќсадноки кудак зарур аст. 
Омўзиш дар ин давра дар шаклњои гуногуни муоширати 
калонсолон бо кудакон сурат мегирад. Тадриљан омўзиши характери 
маќсаднокро мегирад, яъне кудакон дар муассисањои томактабї дар 
машѓулиятњое, ки аз рўи барномаи махсус гузаронида мешавад, таълим 
мегиранд. Ин омўзиш барои азёдкунии унсурњои фаъолияти таълимї,
ташаккули њисси маърифатї ва ѓайра роли мухим мебозад. Шавќу 
њаваси маърифатї дар кудак хоњиши хондан ва доимо ба даст овардани 
донишњои навро ба вуљуд меоварад. Дар ин давра то андозае малакаи 
худназораткунї ва худбањодихї пайдо мешавад. 


136 
Фаъолияти мењнатї, мењнати истењсолї, ки ба офаридани 
мањсулоти ахамиятл љамъиятї дошта равона шудаанд, дар тараќќиёти 
психикии томактабиён мавкеи муайянро ишгол мекунад. Томактабиён 
дар намудњои фаъолияти эљодї амал карданро ёд мегиранд, мањорати 
дар пеши худ гузоштани маќсади муайян ва роњњои ба он ноилшавиро аз 
худ мекунанд. Њамаи ин аз тараќќиёти психикии кудак ва аз ташаккули 
тайёрии ў ба тањсил дар мактаб шањодат медињад. 

Download 0.75 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   20   21   22   23   24   25   26   27   ...   48




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling