Технологияҳо ва равишҳои педагогӣ барои ташаккули салоҳиятҳо (компетенцияҳо) Нақша
Download 1.07 Mb. Pdf ko'rish
|
- Bu sahifa navigatsiya:
- 2. Луғатомӯзӣ ва кор бо манбаъҳо 3. Стратегияҳои дарки матн. 1. Равишҳои педагогӣ барои ташаккули салоҳиятҳо
- 1.1 Гуфтан. Мухотаб гуфтаҳои моро дақиқу возеҳ бояд бифаҳмад.
1 Технологияҳо ва равишҳои педагогӣ барои ташаккули салоҳиятҳо (компетенцияҳо) Нақша: 1. Равишҳои педагогӣ барои ташаккули салоҳиятҳо 2. Луғатомӯзӣ ва кор бо манбаъҳо 3. Стратегияҳои дарки матн. 1. Равишҳои педагогӣ барои ташаккули салоҳиятҳо Мо дар дарси қаблӣ ёдовар шудем, ки ба ҷуз 6 салоҳиятҳои асосӣ бояд салоҳиятҳои илмии хосси забону адабиётро низ ҳам шакл диҳем. Ҳамчунин гуфта шуд аз забон ду салоҳият, яъне нутқӣ ва лингвистӣ бояд шакл гирад. 1.Салоҳияти нутқӣ 4 маҳорат, яъне маҳоратҳои гуфтан, шунидан, хондан, навиштанро дар бар мегирад. Инак мо роҳу равишҳо ва технологияҳои шаклгирии ин салоҳиятҳоро баррасӣ мекунем. 1.1 Гуфтан. Мухотаб гуфтаҳои моро дақиқу возеҳ бояд бифаҳмад. Мо дар дарсҳо бояд кӯшиш кунем донишомӯзон ба дурустӣ, дақиқӣ, мантиқӣ, тозагӣ, ғановати сухан таваҷҷуҳи вижа дошта бошанд ва аз таъсиррасону такондиҳанда будани сухан ҳам онҳо огаҳ бошанд. Абӯшакурӣ Балхӣ дар ин марид як шоҳкоре дорад, ки мо маъмулан зиёд такрораш мекунем: Сухан бифканад минбару дорро, Зи сӯрох берун кашад морро. Сухан заҳру позаҳру гарм асту сард, Сухан талху ширину дармону дард... 2 Воқеан, мо дар дарсҳои забон ва адабиёт донишомӯзонро аз неруи сухан бояд огаҳ кунем. Сухан аст, ки оламеро хароб ё обод мекунад. Сухан гуфтан ҳунарест, ки одаме ба васила он бар дигарон таъсир мегузорад. Сухан ҳамвора дар робитаҳои иҷтимоӣ ба шакли зер корбурд дорад: - дар аввалин лаҳза барқарори иртибот шумо бо салом ва ё аҳволпурсӣ қудрати баёни худро нишон медиҳед. Инки ба чӣ андоза бо салобат, бо хушҳолӣ салом кунед ё аз рӯй тарс ё нороҳатӣ ва ё чизи дигаре, вазъият рӯҳии шуморо нишон медиҳад; - гуфтан дар байн маҳоратҳои чаҳоргона бештарин корбурдро дорад ва барои барқарори иртибот муҳим талаққӣ мешавад. Барои ҳамин бояд дар ҳангом сухан гуфтан ва ё суханрони нукотеро риоят кунем; - хуб гӯш кардан моро барои беҳтар гуфтан омода мекунад; - мутолиа кардан ба мо фурсат медиҳад то ҳарфе барои гуфтан дошта бошем; - дар бораи чизе, ки иттилоот надорем изҳори назар ва сӯҳбат накунем; - калимоте, ки маънои онро намедонем, набояд ба кор барем; - ҳангом гуфтугӯ ба дигарон низ фурсати гуфтан диҳем; - дар бораи чизе, ки иттилоот дорем, сӯҳбат кунем; - бояд саъй кунем аз ҳикматҳои бузургон ҳангоми сухан гуфтан нақли қавл кунед. - дар сухан гуфтан аз дигарон тақлид накунем. Як нуктаи дигар инҷо бояд изофа шавад. Мо минтақаҳое дар ин ҷумҳурӣ дорем, ки риоят кардан ба қолабҳои забони меъёрро ғайризарурӣ мешуморанд ва гоҳе гӯяндаро масхара мекунанд. Дар натиҷаи ин забони меъёр, ё ҳамон адабии мо ғайритабиӣ ба назар мерасад. Тамоми лаҳҷаҳои мо 3 мисли як ганҷе ҳастанд. Аммо мо набояд фаромӯш кунем, ки бо ин кор мо забони оламгири худамонро бо як ноҳия, ё вилоят маҳдуд мекунем ва бо гӯйиишварони ин забон дар дигар кишварҳо наметавонем ба роҳатӣ иртибот барқарор кунем. Пажуҳишгари маъруф Шафеъи Кадканӣ ҳам дар яке аз суҳбатҳояш гуфта буд “дар лаҳҷа ... “Шоҳнома” вуҷуд надорад, “Маснавӣ” вуҷуд надорад, “Хамса”-и Низомӣ вуҷуд надорад, “Куллиёт”- Саъдӣ вуҷуд надорад” ва хоста буд мо забонро ба як маҳал маҳдуд накунем. Мо ба донишомӯзон риоя кардан ба меъёрҳои забонро ёд диҳем. Download 1.07 Mb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling