Технологияҳо ва равишҳои педагогӣ барои ташаккули салоҳиятҳо (компетенцияҳо) Нақша


Download 1.07 Mb.
Pdf ko'rish
bet2/7
Sana23.12.2022
Hajmi1.07 Mb.
#1046344
1   2   3   4   5   6   7
 
 



1.2.Шунидан. Аз ин тариқ мо аз дигарон ва муҳит паём дарёфт 
мекунем ё садое мешунавем.
 
Сарчашмаи бисёре аз мушкилот рӯзмарра, бетаваҷҷуҳӣ ба суханони 
дигарон аст. Зеро аксари вақтҳо ҳарчанд намедонем дигаре дар бораи чӣ 
чизе сухан хоҳад гуфт, фикр мекунем ҳама чизро медонем. Андешамандони 
бузург бар ин боваранд, ки (ду бояд шунид ва яке бояд гуфт) касоне, ки 
худашонро “ҳамадон” медонанд, дигаронро намешнаванд. Дар ҳоле ки 
«шунидан, баҳрамандӣ аз доноии тамоми афроде аст, ки бо онон зиндагӣ 
мекунем». Ҳол чигуна аз ин маҳорат беҳтар ва бештар баҳраманд шавем:
бипазирем, ки дигарон ҳаққи ҳарф задан ва ҳарфе барои гуфтан доранд;
аз қатъ кардан ҳарф дигарон худдорӣ кунем;
ҳамвора саъй кунем фақат ба ҳарфи як гӯянда гӯш фаро диҳем;
шунавандаи фаъоле бошем, яъне ончиро, ки гӯянда дуруст мегӯяд 
бипазирем; 
агар шубҳае дар бораи суханони гӯянда дорем, савол диҳем; 
барои кӯдакон ва навҷавонон хеле муҳим аст, ки волидайни онон ба 
суханонашон гӯш диҳанд; 
гӯш додан, яъне эҳтиром кардани дигарон аст.



 
1.3. Хондан 
 
Хондан севумин маҳорат иртиботӣ аст, ки ба таври табиӣ одамиён аз 6-
7 солагӣ онро шурӯъ мекунанд, тавоноии хондан имтиёзест, ки инсонҳоро ба 
ду дастаи босавод ва бесавод тақсим менамояд ва маҳоратест, ки ин фурсатро 
эҷод мекунад, то мо битавонем аз андешаҳои инсонҳои бузург, ки умдатан 
дар шакли мактуб ҳастанд, баҳраманд шавем. Воқеият ин аст, ки мо чизе дар 
бораи равиши дурусти хондан ва мутолиа намедонем ва мутаассифона дар 
мактаб ва донишгоҳ чизи камеро ёд мегирем. Дар системаи рӯйкард бар 
мабнои салоҳият мо ин холигиро бояд пур кунем.
1.4. Навиштан 
Забон ва хат умдатарин шеваҳои иртибот каломӣ аст ва инсонҳо барои 
баён эҳсосот бештар аз забон ва барои ибрози афкор умдатан аз хат ёрӣ 
металабанд. Пешрафти илми ҷаҳон низ бо ихтироъи чоп муяссар шудааст. 
Агарчи хуб навиштан кори душворест ва навиштан мушкилтарин маҳорати 
иртиботӣ аст, бояд кӯшиш кунем беҳтар бинависем:
муддат кӯтоҳи қабл аз оғоз навиштан, дар бораи мавзӯъ бояд фикр 
кунем;



навиштаи кӯтоҳ ҳадди ақал бо беш аз 3 бахш

“муқаддима, матн ва 
натиҷа” ташкил шавад; 
навиштаи дароз ҳадди ақал бояд дорои панҷ бахш 

“сарлавҳа, 
муқаддима, матн, натиҷа ва манбаъҳо ё адабиёт” бошад;
барои хуб навиштан ба таври густурда бояд мутолиа кунем;
ғалати имлоӣ дар навишта таъсири шигарф бар хонанда дорад;
аз навиштан калимоте, ки маънои онро намедонем, бояд худдорӣ кунем; 
бояд диққат кунем навиштаҳо аз гуфтаҳо таъсир ҷиддитар ва 
мондагортаре бар дигарон мегузоранд;
ҳамеша бояд матн пас аз поёни навиштан ва пеш аз фиристодан ба 
гиранда як бор хонда шавад
илова бар маҳоратҳои иртиботи ишорашуда маҳоратҳои дигаре низ дар 
зиндагии рӯзмарра мо нақш доранд, ки ба он “таҷриба” мегӯянд. 

Download 1.07 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling