Технологияҳо ва равишҳои педагогӣ барои ташаккули салоҳиятҳо (компетенцияҳо) Нақша


Download 1.07 Mb.
Pdf ko'rish
bet5/7
Sana23.12.2022
Hajmi1.07 Mb.
#1046344
1   2   3   4   5   6   7
V 

ман онро медонам;
 

ин иттилоот барои ман нав аст;

  

ман дигар хел фикр мекардам, бо донистаҳои ман фарқ мекунад;
? 
— 
ин барои ман қобили дарк нест, ба шарҳу эзоҳи бештар ниёз дорам
Муаллимоне, ки аз INSERT дар дарс истифода мекунанд тавсия 
мекунанд, ки пас аз аломатгузорӣ, донишомӯзон он калима ва ҷумлаҳои 
китобро ба як ҷадвал хосс мунтақил мекунанд.


— 

Ёддоштҳои кутоҳи 
воқеиятҳо , истилоҳот 
ва мафҳумҳое, ки 
қаблан медонистанд 
Ҳама иттилооти 
нав , ки пас аз 
хондан 
донистаанд 
Тазодҳое, ки пас аз 
хондан пайдо
шудаанд 
Калимаҳои
номафҳум ва 
далелҳое, ки ниёз 
ба тавзеҳ доранд 
Барои мураттаб ва мустаҳкамкунӣ донишомӯз фақат бояд ёддоштҳои 
худро ба ҷадвал кӯчонад.
Бартариҳои хондани самарабахш. Мо метавонем бо арзёбӣ муносиб 
будани истифода аз он дар як марҳилаи хос аз дарс, самарабахшии як равиши 
хосси корро дарк кунем. Аз INSERT дар ҳар марҳилаи кор бо донишомӯзон 
метавонем истифода кунем:
 
барои такрори мавзӯъҳое, ки омӯхта шудааст;
 
дар раванди ҷудосозии иттилоот дар марҳилаи дарк ;


11 
 
ҳангом таҷзия ва таҳлил иттилооти бадастомада ба таври 
мустақил дар марҳилаи рефлекция. 
Дар натиҷа дар донишомӯзон ингуна тавоноиҳо шакл мегирад:
 хоҳиш барои мутолиаи матлаб бо ҳадафи ҷустуҷӯи мустақил, ки аз 
табиати халлоқона аст, афзоиш меёбад; 
 механизми худомӯзӣ ва тибқи нақшаи худ кор оғоз мешавад, ки ба 
таври куллӣ ангеза омӯзиширо афзоиш медиҳад;
 маҳорати навиштани матнҳо дар жанрҳои мухталиф шакл мегирад
яъне маҳорати навиштан беҳтар мешавад; 
 салоҳияти кор бо иттилоот, тавоноии кори таҳлилӣ ва арзишёби бо 
матн шакл мегирад. 
Илова бар ин, донишомӯзон:
 кор бо манбаҳои дониш, ба вежа бо китобҳои дарси, ки барои 
донишомӯзони ҷавон ва таҳсилоти баъдии онҳо муҳим аст;
 мураттабсозӣ ва ҷудосозии матлабҳои асосӣ ва ҷузъӣ;
 бо диди интиқодӣ нигоҳ кардан ба манбаъҳо; 
 Аз рӯи донистаҳо натиҷагирӣ (хулоса) карданро ёд мегиранд. 
Конфуций гуфта буд: “фикр кардан беҳтарин роҳи дониш аст”. 
Барои муаллиме, ки дар чорчуби барномаҳои омӯзишӣ ё нақшаи тақвимӣ 
камбуди вақт барои ироаи матлабҳои нав дорад, INSERT ин имкониятро 
медиҳад, ки:
 дар давоми дарс хеле вақт сарфаҷӯӣ кунад; 
 ба таври ҷудогона ё индивидуалӣ барои шарҳу тавзеҳ додан бо ҳар як 
донишомӯз кор кунад
 ба донишомӯзон ёд медиҳад, ки ба таври мустақил бо китоби дарсӣ 
кор кунанд;
 барои худаш муайян мекунад, ки дошишомӯзон кадом мавзӯъро хуб 
нафаҳмиданд ва барои ёд додан бояд боз чӣ корҳоро анҷом диҳад;
 потенциали халлоқ ва бо интизом кор кардани бачаҳоро бубинад. 
Масалан, мавзӯъи “ Умари Хайём ”

Download 1.07 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling