Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї


Исботкунандагї ва боэътимодии тафаккур


Download 0.75 Mb.
Pdf ko'rish
bet19/48
Sana11.11.2023
Hajmi0.75 Mb.
#1765687
1   ...   15   16   17   18   19   20   21   22   ...   48
Bog'liq
Шаропова Н.М. Психологияи умуми

Исботкунандагї ва боэътимодии тафаккур. Аз хусуси исботкунанда 
ва боэътимодии тафаккур он вакт сухан гуфтан мумкин аст, ки агар одам 
аз байни донишњои худ кобилияти људо карда тавонистани масъалањои 
асосї аз дуюмдараља, кушодани моњияти њодиса, муайян намудани 
алоќањои заруртарини байни њодисањо мебошад.
Хусусияти дигари аќлу хиради одам хаёл мебошад, ки хосияти 
пурќимати психикии одам ба шумор меравад. 
Ваќте ки њодисањои ба худамон руйдодаро ба хотира меорем, 
формулаю ќоидањои пеш азхудкардашударо аз нав њосил мекунем - ин 
њама фаъолияти хотираи моро ташкил медињад. Аммо аксари мо 
њодисањои аз ин пеш руйдодаро на танњо аз нав њосил мекунем, балки 
онхоро чамъбаст намуда, хусусиятњои асосиро људо менамоем ва аз 
дуюм дараљааш сарфи назар мекунем, яъне дар кори майнаи cap 
элемента фаъолияти эљодиро низ њамроњ мешавад. Коркарди эчодии 


86 
тачрибаи гузашта чизи навро меофарад. Сохтани чизи нав хаёл 
мебошад. 
Моњияти хаёл дар он ифода меёбад, ки тасаввурот ва донишњои 
пештар дар одам њосилшуда аз тарафи ў аз нав њосил карда мешаванд ва 
дар асоси онњо дар хаёли худ образњои нав меофарад. 
Хаёл дар љараёни мењнат њангоми пешбинї намудани натиљаи 
фаъолият ба вуљуд омадааст ва дар он тараќќї кардааст. Хаёл њатто дар 
фаъолияти на чандон мураккаби одам низ иштирок мекунад. Ба туфайли 
хаёл њудудњои маърифати њаќиќат аз тарафи одам васеъ мешавад. Одам 
бо воситаи ин протсесс он чизеро, ки ба ў намебахшад дошта мегирад, 
гузаштаю оянда ва
фикри одамони дигарро маърифат мекунад. 
Хаёл ва маърифат якчоя ба фаъолияти эљодии одам ба ў барои 
дигаргун сохтани олами атроф, офаридани олоти нави мењнат ва ошкор 
намудани ќонуниятњои аз ин пеш ба ў номаълуми табиату љамъият ёрї 
мерасонад. Тадќиќотњои илмї низ дар асоси фаъолияти хаёл сурат 
мегиранд, ки он барои санчиши фарзияхо, аник намудани идеяњо, 
тасаввур намудани љараёни пурраи тадќиќот ва натиљаи он зарур аст. 
Эљодиёти 
нависандагон, 
рассосмон 
бе 
протсесси 
хаёл 
имконнопазир аст. Офаридани образњои ќањрамонон ва рафтору 
кирдори онњо бо ёрии хаёл ба амал меояд. 
Намудњои хаёл. Образњое, ки бе кушишу маќсади махсуси мо 
беихтиёр ба вуљуд меоянд, шакли оддитарини хаёл мебошанд. 
Хаёли ихтиёрї мавридњое зоњир мешавад, ки образњо ё фикрњои 
нав дар натиљаи нияти махсуси чизи гуяндаро хаёл кардан ба вуљуд 
меоянд. 
Яке аз шаклњои ифоданоки хаёли беихтиёр хоббинї мебошад, ки 
идора намудани он ѓайриимкон аст. Моњияти хаёлро мустаќилї, 
оригиналї ва характери эљодї доштанаш бањо медињад. Аз њамин нуќтаи 
назар хаёлро ба хаёли азнавсозї ва эљодї људо мекунанд. 


87 
Хаёли азнавсозї чизи барои худ навро тасаввур кардани одам 
мебошад. Ин тасаввурот ба шарњи калимагї ва ё тасвири шартии њамон 
чизи нав (наќша, схема, бо ёрии нота навиштан) такя мекунад. Ин 
намуди хаёл дар намудњои гуногуни фаъолият, махсусан дар таълим 
васеъ истифода мешавад. 
Талаба дар рафти аз худ кардани материали дар шакли калимагї 
ифодаёфта (наќли муаллим, матни китоби дарсї) бояд чизеро, ки ба 
мафњумњои нави азхудшаванда мувофиќат мекунад, тасаввур намояд. 
Масалан, њангоми омўхтани таърих талабањо бояд ба љойи истиќомати 
одамони ибтидої, аввалин олоти мехнат, сару либосњои даврањои 
гуногун ва ѓ. хаёл кунанд. Њангоми омухтани география бояд љазира, 
нимљазира, бањру куњњоро тасаввур намоянд. Њангоми омухтани 
табиатшиносї бошад бояд растанї ва њайвоноти барояшон ношиносро 
хаёл кунанд. 
Хаёли азнавсозї махсусан њангоми хондани адабиёти бадеї ба 
ањамияти калон молик аст. Талаба њангоми хондани китоб бо ёрии хаёли 
азнавсозї ќахрамонњоро тасаввур мекунад, манзарањои табиат ба 
назараш менамоянд, худро иштирокчии бевоситаи њодисањои дар китоб 
навишташуда њис мекунад ва ѓ. 
Хаёли эчодї - ин офаридани образњои нав мебошад. Ин намуди 
хаёл дар њамаи навъњои фаъолияти эљодии одамон роли муњим мебозад. 
Эљодиёт ё фаъолияти эљодї - ин фаъолиятест, ки мањсули наву 
нахустин бор ба вуљудовардашуда ва ањамияти љамъиятї доштаро 
медињад. Кашф намудани ќонуниятњои нави илм, ихтирои мошинњои 
нав, ёфтани роњњои њосил кардани навъњои растанї ё зоти нави 
њайвонот, офаридани осорњои барљастаи соњаи адабиёту санъат вахоказо 
ба ин мисол шуда метавонанд. Барои фаъолияти эљодї инкишофи 
баланди мушохидакорї зарур аст. 


88 
Роли хаёл дар њолати илњом нињоят бузург аст, илњом лањзаи 
баландтарини протсесси эљодиёт ба шумор рафта , бо шиддати бузурги 
тамоми ќуввањои руњию љисмонии шахс, љушу хуруши эмотсионалї, 
равшании фикр мутамарказияти диќќат бо баландї ва ќувваи махсуси 
хаёл тасвир дода мешавад. Одам дар њолати илњом масъалањои дар 
наздаш истодаро ба осонї ва пурра њал мекунад. 
Яке аз намудњои махсуси хаёл орзу мебошад. Орзу ин хаёле 
мебошад, ки ба оянда, ба пешомади њаёт ва фаъолияти одам нигаронида 
шудааст. Орзу офаридани образњои дилхоњи одам буда, аз талаботњои 
њаёт сарчашма мегирад. Орзу дар њаёту фаъолияти одам ва љамъият 
ањамияти калонро соњиб аст. Одамон њанўз дар замонњои ќадим орзўи 
парвоз кардан доштанд, дар бораи гилеми худпарвоз афсона бофтанд. 
Ин орзуњо барои њаќиќат парвозро ёд гирифтани одам сабаб шуданд. 
К.Э.Сиолковский мудом дар бораи ба коинот парвоз кардани одам орзу 
мекард ва воќеї будани инро назариявї исбот намуд. Ин орзуро бори 
аввал дар љањон кайхоннавард Ю.Гагарин амалї гардонид. 
Он чизе, ки одам њозир орзу мекунад, пагоњ дар фикри эљодии ў 
пайдо шуда, сипас дар њаќиќат дар амал татбиќ шуда метавонад. 

Download 0.75 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   15   16   17   18   19   20   21   22   ...   48




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling