Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї


Дониш, мањорат, малака ва одатњо


Download 0.75 Mb.
Pdf ko'rish
bet3/48
Sana11.11.2023
Hajmi0.75 Mb.
#1765687
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   48
Bog'liq
Шаропова Н.М. Психологияи умуми

Дониш, мањорат, малака ва одатњо. Дониши инсон дар бораи олам 
дар шакли образ, эњсос ва идрок пайдо мешавад, ки дар натиљаи таъсири 
предметњои олами берунї ба узвњои њиссї ба вуљуд меояд. Инро дониши 
њиссї мегўянд. Дараљаи баландтарини маърифат, ки бо протсессњои 
тафаккур, бо истифода бурдани мавњуму тасаввурот алоќаманд аст, 
маърифати мантиќї мебошанд. 
Барои иљроиши навъи фаъолияти дониш дар бораи предмет ва 
системаи амалњо љараёни ба маќсад расиданро таъмин намудан заруранд 
аст. 
Фаъолият аз мањорат ва малакањо иборат аст. Чунин мањоратњоро 
фарќ мекунанд: содда-ин амалњоеанд, ки дар асоси истифодаи донишњо ё 
худ дар натиљаи таќлид намудан њосил мешаванд ва мањоратњои 
мураккаб, ки дар асоси малакаю донишњои такмилдодашудаю 
мустањкамгардида ба вуљуд меоянд. 
Малака тарзи устуворгардидаи амал мебошад. Асоси аксарияти 
малакањоро амалњои фањмидашудае, ки дар натиљаи маишат намудан 
автоматї мегарданд, ташкил медиданд. Машќ иљрои маќсаднок ва 
бисёркаратаи амал аст, ки бо маќсади такмил додани он истифода 
мешавад. 
Якчанд намуди малакаро људо мекунанд: њаракатї, фикрї ва 
сенсорї. Ташаккули ин малакањо дар як хонанда барои иљрои 
бомуваффаќияти њар гуна фаъолият зарур аст. Њангоми њосилшавии 
малакањо чунин њолатњо мушоњида мешаванд: 
1) Кўчонидани малакањо, яъне таъсири мусбати малакањои пештар 
азхудкардашуда барои азхуд кардани малакањои нав; 


16 
2) интерференсия ё худ таъсири манфии малакаи пеш аз 
худкардашуда ба ташаккули малакањои нав; 
3) таъсири байнињамдигарии малакањо. 
Малакањои мустањкам кардашуро одатњо меноманд, яъне амалњое, 
ки ба талаботи шахс табдил ёфтаанд. Одам дар љараёни фаъолияти њаёти
худ одатњои хуб ва бадро, ки бо онњо мубориза бурдан зарур аст, 
метавонад ташаккул дињад. 
Дониш, мањорат, малака ва одатњо бо характеристикаи шахс зич 
алоќаманданд. Зарбулмасали њиндуёни ќадим мегуяд: "Рафтору кирдор 
бикорї одат мерави, одат бикорї характер медаравї, характер бикорї - 
таќдир медаравї". 
Ба мураббии насли наврас ва духтур донистани ќонуниятњои 
азхуднамоии дониш, мањорат ва малакањо дар љараёни таълим бозї ва 
дигар намудњои фаъолият бењад зарур аст. Ин кўдакон дар њолати 
бавуљуд омадани душворї ёрї мерасонад ва ташаккули онњоро ба 
маљрои муайяни зарурї равона мекунанд. 
Протсесси азхуд намудани дониш, мањорат ва малакањо дар 
кўдакон ба таври индивидуалї сурат мегирад, вале хусусиятдои умумии 
синнусолии ин протсесс низ вуљуд дорад. Масалан, ду хонандаи як синф 
барои наќл кардани матни китоб метавонанд маљмўи мањорату 
малакањои гуногунро истифода баранд: масалан хонандае, ки мањорати 
дар матн људо карда тавонистани нуќтањои асосї, маъногї ва 
такягоњиро дорад, ў танњо як маротиба матнро мехонад, китобро 
мепўшад ва онро хуб аз худ мекунад, хонандаи дигар ки чунин 
мањоратро надорад, матнро борњо мехонад ва аксар ваќт ба маънои он 
сарфањм намеравад, яъне онро "тутивор азёд мекунад". 
Табиист, ки малака, надорат ва донишњои хонандагони синфњои 
болої аз якдигар моњиятан фарќ мекунанд. Хонандагони синфњои болої 


17 
аллакай системаи муайяни донишњоро доранд, алоќањои байни фанњоро 
ошкор карда метавонанд ва соњиби малакаи њадди масъалањои фикрї 
мебошанд. Аз ин рў талабот низ мувофиќи дониш, мањорат ва малакањои 
хонандагони синну солашон гуногун (хурд, миёна ва калони мактабї) 
бояд гуногун бошанд. Сохти фаъолияти психикии одам дар худ њамеша 
се љињати бо њам алоќамандро дар бар мегирад: маърифатї, эмотсионалї 
ва идоравї. Дар асоси фаъолияти маърифатї (эдсос, идрод, хотира,
тафаккур, хаёл) дар бораи њаќиќати ињотакарда дониш њосил карда 
мешавад. Зуњуроти эмотсионалї муносибатро ба он чизе, ки маърифат ва 
иљро карда мешавад, ифода менамояд.
Ирода таъсири фаъол 
бахшиданро 
ба 
олами 
берунї 
таъмин 
менамояд 
ва 
њамчун 
идоракунандаи рафтори одам баромад мекунанд. Дар натиљаи таъсири 
байнињамдигарии љињатњои маърифатї, эмотсионалї ва идоравии 
фаъолияти психикї чунин хусусиятњои мураккаб ба монанди миљоз, 
характер ва шахс ташаккул меёбанд. 
Шуур зинаи баландтарини тараккиёти психикии нсон ба шумор 
рафта, пайдоиш ва инкишофи он на танњо ба омилњои биологї, балки 
иљтимоию таърихї низ вобаста аст. Шуур мањсули тараќќиёти таърихии 
одам њамчун мављудияти љамъиятї аст ва аз ин рў протсесси тараќќиёти 
шуур бо рафти умумии тараќќиёти љамъияти инсонї муайян мешавад. 
Чунин нуќтаи назар маълуму маъмал аст, ки заминањои биологии 
шуури одам хусусиятњои муайяни анатомию физиологии сохти 
организми аљдодони дури мо ва тарзи њаётгузаронии ќабилагии онњо 
њастанд. 
Дар баробари ин ќайд кардан зарур аст, ки агар заминањои 
биологї ба зоњиршавии шуури одам имконият дода бошанд, он гоњ 
шарти њалкунандаи пайдошавии шуури одам мењнат буд. 
Фаъолияти мењнатї, сохтани олоти мењнат ва воридшавии 
иштироккунандагони онро ба муносибатњои муайяни љамъиятї дар 


18 
назар дорад, сохтани олоти мењнат, дар навбати худ фањмидани 
маќсадро талаб мекунад, ки он бе муоширати нутќї имконнопазир аст. 
Пас, нутќи инсон дар љараёни мењнат пайдо мешавад ва тараќќї 
мекунад. 
Фаъолияти мењнатї на танњо ба инкишофи даст ва узвњои њиссии 
одам, балки ба ташаккули минъбаъдаи майнаи cap низ мусоидат 
мекунад. 
Дар таърихи љамъияти инсонї ивази форматсияњои љамъиятї ба 
вуљуд омад, ки ин њолат дар шуури одамон низ инъикос меёфт. Одам ба
тафуйли тафаккур ќобилияти муќоиса намудани гузаштаю њозира ва 
дониста гирифтани ќонуниятњои тараќќиёти табиату љамъиятро соњиб 
мешавад. Одам бо донистани ќонуниятњои тараќќиёти табиату љамъият 
метавонад маќсади фаъолиятро бошуурона ба наќша гирад ва ояндаро 
пешбинї кунад. 
Такмили фаъолияти мењнатии дар давоми њаёти инсонї ва вуљуд 
омада инчунин њосилшавии таљрибаи бой ба он мебарад, ки шуур дар 
протсесси тараддиёти таърихї боз њам характери эљодиро соњиб шудан 
мегирад. 
Шуури одам дар ахлоќ, бо дигаргунињои муайяни дар таърихи 
љамъияти инсонї ба амал омада пайдо мешавад ва тараќќї мекунад. 
Характери љамъиятї-таърихиро доштани шуури одам хусусияти якуми 
он аст, ки ўро аз психикаи њайвонот фард мекунонад ва моњияти онро 
механизмњои биологии мутобиќшавї ва рафтор ташкил медињанд. 
Психикаи њайвонотро фаќат мутобиќ шудан ба шароитњои 
мављудаи њаёт таъмин мекунад, аммо шуури одам имконияти ба олами 
ињотакарда фаъолона таъсир бахшидану дигаргун сохтани онро ба 
вуљуд меорад. Аз ин рў хусусияти дуюми фарќкунандаи шуур табиати 
фаъоли ў мебошад. Фаъолияти бошууронаи одам њамеша маќсаднок аст. 


19 
Њамин тариќ, вазифаи асосии психология њамчун илм омўзиши 
ќонуниятњои љоришавї ва ташаккули протсессњои психикї ва 
хусусиятњои психологии дар фаъолияти шахс зоњиршаванда мебошад. 
Ин масъаларо асосан психологияи умумї њал мекунад, ки он 
психикаро њамчун хосияти майнаи одами солими баркамол меомўзад. 
Психологияи умумї, хусусан барои тараќќиёти гносеология 
назарияи 
маърифат, 
соњањои 
филсафї, 
ки 
конунњои 
назарияи 
маърифатро меомўзад, ањамияти калони назариявиро пайдо мекунад. 
Аммо маќсади нињоии психология дар як илм татбиќгардонии донишњои 
ба дастовардашуда аст. Психология дар мубориза бар зидди равияњои 
идеалистї ёрии амалї мерасонад, ба коркарди усулњои маъќули таълиму 
тарбия, такмили соњањои гуногуни истењсолот ва фаъолияти одам, аз 
љумла тиб мусоидат мекунад. Табиб бояд дар бораи протсессу њолатњои 
психикї ва хусусиятњои шахс фањмиши умумї дошта бошад. 

Download 0.75 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   48




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling