Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї
Талќинкунї дар њолати хобби наркозї
Download 0.75 Mb. Pdf ko'rish
|
Шаропова Н.М. Психологияи умуми
Талќинкунї дар њолати хобби наркозї. Хоби наркозиро бо
фиристодани барбамил ва гексенал ба дохили рагњо ба вуљуд меоваранд. Дар заминаи он талќини табобатї гузаронида мешавад, ки одатан дар 199 охираш беморро хоб мебарад. Талќин дар чор зинаи аввали наркоз гузаронида мешавад: 1) пастшавии фаъолї ва ташаббуси умумї; 2) дигаргунињои эмосионалї; 3) таѓъирёбии шуур; 4) хоби рўякї. Талќин дар дараљаи наркозї чуќур ба амал оварда намешавад. Методикаи баёнгардида аз тарафи М.Е.Телешевская /1969/ кор карда шудааст. Аз тарафи коркунони кафедраи психиатрия ва наркологияи ба номи проф. М.Г.Гуломов (Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абўалї ибнї Сино) методикаи табобати беморони аз таъсири бангу нашъа дар њолати гипнози наркозї пешниход мешавад. Њангоми ба ин тарз муолиља намудан доруи камепсол истифода мешавад. Муолиљаи њолати пуршиддати эмосионалї дар дараљаи начандон чуќури наркоз гузаронида мешавад, ки ин имконияти нигоњ доштани раппортро /алокаи суханї/ бо бемор ба вуљуд меоварад. Њолати пасти наркози калонсолї бо вайроншавии мавќеъгирии бемор дар ваќту макон, бо пайдо шудани тасаввуротњои бењад равшани биноии мазмунан ногувор тавсиф дода мешавад. Хусусияти муњими ин њолатро имконияти муайян намудани алоќаи суханї ташкил медињад, ки дар рафти он таасуротњо бо истифодабарии банг ассосиасия кунонида мешавад. Њангоми бештар ифода ёфтани хиссиётњои бемор, ки ба ин аксуламалњои мимикї ва гуфторњои алоњидаи ў далолат мекунанд, ба ковокии пешгоњи ком бо воситаи асбоби махсус дуди тамокуи бангдоро мефиристанд. Дар баъзе њолатњо барои шиддатгирии аксуламалњои манфї ба бўи нашъа 0,5 мл мањлули 1 фоизаи апоморфини перхлоратро илова мекунанд. Гузаронидани чунин муолиља ба пайдо шудани њисси нафрату бадбинї ба банг мусоидат менамояд. Download 0.75 Mb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling