Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї


Download 0.75 Mb.
Pdf ko'rish
bet1/48
Sana11.11.2023
Hajmi0.75 Mb.
#1765687
  1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   48
Bog'liq
Шаропова Н.М. Психологияи умуми



НИГИНА ШАРОПОВА 
 
 
ПСИХОЛОГИЯИ УМУМЇ, СИННУСОЛЇ ВА ТИББЇ 
 
 
 
 
 
 
 
 
ДУШАНБЕ - 2012 
 



ДОНИШГОЊИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ТОЉИКИСТОН БА НОМИ 
АБЎАЛЇ ИБНИ СИНО 
ПСИХОЛОГИЯИ УМУМЇ, СИННУСОЛЇ ВА ТИББЇ 
 
 
 
 ДУШАНБЕ - 2012 
 



ББК 88 
Ш 264 
ПСИХОЛОГИЯИ УМУМЇ, СИННУСОЛЇ ВА ТИББЇ – Душанбе: 
Матбааи ДДТТ ба номи Аб
ўалї ибни Сино, 2012с., 228 сах. 
 
 Муаллиф: 
 Шаропова Н.М. – доктори илми тиб, профессор. 
Мукарризон: 
Юнусова Н.М. – номзади илми психология, дотсент, мудири кафедраи 
психологияи Донишго
њи Миллии Тољикистон. 
Коломиетс В.Ф. - номзади илми тиб, дотсенти кафедраи психиатрия ва 
наркологияи ба номи проф. М.Г.Гуломови ДДТТ ба номи Аб
ўалї ибни 
Сино 
 Му
њарир: 
Юсупов А.И. – номзади илми филология, мудири кафедраи забони 
то
љикии ДДТТ ба номи Абўалї ибни Сино. 
Аз 
љониби Шўрои таъбу нашри Вазорати тандурустии Чумњурии 
То
љикистон (ќарори протоколи № 3 аз 29.12.2011сол) дида баромада, ба 
нашр и
љозат дода шудааст. 



МУЌАДДИМА
 
Психология яке аз соњањои илм буда, дар асри XX1 ба ављи 
инкишофи худ соњиб шудааст. Психология дар бораи ќонуниятњои 
зуњуроту ташаккули фаъолият, шахсият ва шуури одам бањс мекунад. Он 
яке аз илмњои ќадим буда, инкишофи фаъолияташ бо талаботњои 
амалияи њаёт ва назария алоќаманд аст. Психология якљоя бо фалсафа, 
илмњои табиї, љамъиятию техникї, проблемањои инъикос, маърифати 
олами берунї, такомули инсон ва инкишофи имкониятњои потенциалии 
ў, ќонуниятњои тараќќиёти љамъият ва муносибатњои љамъиятї, 
масъалањои идоранамои дар системаи «Инсон-машина» ва ѓайраро кор 
карда мебарояд. Њалли масъалањои психологии илм ва соњањои гуногуни 
фаъолияти инсонї бечунучаро алоќаманданд. 
Сохти психологияи имрўзараро ба дарахте монанд кардан мумкин 
аст, ки танаи он психологияи умумї буда, ба соњањои гуногун - «шоху 
шохчањо» људо мешавад. Њангоми таснифи соњањои психология се 
њолати асосї ба эътибор гирифта мешавад: 
1) 
алоќамандї бо фаъолияти конкретї 
2) 
инкишоф 
3) 
муносибати шахсияти алоњида ба љамъият 
Њамаи ин се гурўњи соњањо проблемањоеро дар бар мегиранд, ки 
барои табибони оянда аз ањамият холї нестанд. Мувофиќи њолати якуми 
таснифот чунин соњањоро људо кардан мумкин аст. Аввалан, 
психологияи мењнат, ки хусусиятњои психологии фаъолияти мењнатї, 
проблемањои ташкилии илмии мењнат, коршомияии кўдакон ба ин ё он 
касб, ќонуниятњои ташаккул ва инкишофи малакањои мењнатї, таъсири 
шароитњои гуногуни истењсолї ва хусусиятњои намудњои гуногуни 
фаъолиятро ба инсон меомўзонад. Психологияи мењнат аз чунин 



ќисматњои нисбатан мустаќил иборат аст: психологияи инженерї
психологияи њавопаймої, психологияи кайњонї ва ѓайра. 
Психологияи педагогї ќонуниятњои таълим ва тарбияи инсонро 
тањќиќ мекунад. Аз он љумла, ташаккули маърифати шахсро дар 
љараёни таълим (азхуднамоии донишро идора намудан, инкишоф 
додани 
эњсос, 
идроќ, 
хотира, 
хаёл) 
масъалањои 
муносибати 
байнињамдигарии муаллим ва хонанда, ба њисоб гирифтани хусусиятњои 
фардии хонандагон дар љараёни таълиму тарбия, хусусиятњои таълимро 
дар даврањои гуногуни синнусолии инкишофёбии инсон меомўзад. 
Психологияи педагогї аз ќисматњои психологияи таълим, психологияи 
тарбия, психологияи муаллим, психологияи кори таълиму тарбия бо 
кўдакони носолим инкишоф ёфта (психологияи махсус) иборат 
мебошад. 
Психологияи тиб љињатњои психологии фаъолияти табиб ва 
хусусиятњои психологии рафтори беморро меомўзад ва «шоха»-њои 
зеринро дорад: нейропсихология, патопсихология, психофармакология, 
психотерапия, психопрофилактика ва психогигиена, ки њар яки онњо 
проблемањои худро доранд: таъсири моддањои доругї (ва нашъадор) ба 
фаъолияти психикї ва рафтори инсон (психофармакология), маљмўи 
тадбирњое, 
ки 
ба 
таъмини 
тандурустии 
рўњии 
кўдакон 
(психопрофилактика ва психогигиена) ва ѓайра равона шудааст. 
Инчунин соњаи психологияи њуќуќиро зикр кардан мумкин аст, ки 
аз «шохањои» психологияи судї, љиноятї, ислоњотию мењнатї иборат 
аст. 
Психологияи њарбї, психологияи спорт, варзиш, психологияи 
савдо, психологияи эљодии илмї, психологияи санъат ё худ эљодиёти 
бадеї, соњањои дигари илми психология мебошанд. 
Аз рўи таснифоти дуюм психологияи синнусолї, психологияи 
инкишофи 
аномалї 
(патопсихология, 
сурдопсихология 



олигофренопсихология,) ва психологияи муќоисавиро (зоопсихология, 
тифлопсихология) људо мекунанд. Психологияи синну сол, антогенези 
протссесњои психикї, њолатњои психикї ва хусусиятњои психологии 
шахсро дар даврањои гуногуни синнусолї меомўзад. Ин соња дар 
навбати худ ба психологияи бачањо, психологияи љавонї, психологияи 
одами ба камол расида (калонсол), геронтопсихология ё худ 
психологияи кўњансолон људо мешавад. 
Мувофиќи 
таснифоти 
сеюми 
асосї, 
яъне 
муносибати 
байнињамдигарии шахс ва љамъият психологияи иљтимоиро људо 
мекунанд, ки чунин проблемањоро меомўзад: њодисањои иљтимоию 
психологї дар гурўњњои калон (этнопсихология, психологияи дин, 
психологияи саноат, таъсироти воситањои ахбори оммавї, кино, радио, 
оинаи нилгун, матбуот ва ѓайра), њодисањои иљтимоию психологї дар 
гурўњњои хурд: психологияи иљтимоии шахс. 
Њамин тариќ, соњањои психология байни худ алоќа доранд, 
масалан, психологияи педагогї бо психологияи синнусолї ва иљтимої 
алокамандии људонашаванда доранд, чунки таълим ва тарбия бояд 
хусусиятњои синнусолии хонандагон, тавсифоти иљтимоию психологии 
гурўњњо ва коллективњо, ки кўдак ба онњо дохил аст ва ба туфайли онњо 
шароити таълиму тарбияи насли наврас ба вуљуд оварда мешавад, ба 
њисоб гирад. Аз ин рў, психологияи умумї, синнусолї ва тиббї алоќаи 
дутарафа доранд. 
Муаллифони ин дастури таълимї дар назди худ маќсад 
гузоштаанд, ки ба таври умумї мафњумњои асосии психологияи умумї
синнусолї ва тиббиро кушода дињанд. Донистани онњо барои табибони 
оянда, донишљўёни Донишгоњи тиббї нињоят зарур аст. 




Download 0.75 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
  1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   48




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling