Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї


Download 0.75 Mb.
Pdf ko'rish
bet6/48
Sana11.11.2023
Hajmi0.75 Mb.
#1765687
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   48
Bog'liq
Шаропова Н.М. Психологияи умуми

Методи сўњбат. Сўњбат њамчун методи мустаќил дар зинањои 
гуногуни тадќиќот барои аниќ намудани хулосањое истофода мешавад
ки онхо ба туфайли дигар методњо, махсусан методи мушохида хосил 
шудаанд. Њангомн истифода бурдани методи сўњбат максад ва 
саволномаи он бояд пешакй фикр карда шавад. Саволњо бояд кутоху 
фахмо бошанд ва набояд характери «талкинкунанда» дошта бошанд. 
Суњбат бояд самимона гузарад ва натичахои рн пурра навишта шуда
баъд тахлил ва чамъбаст карда шавад. Моњирона истифода бурдани 
методи суњбат ба њосил кардани натиљањои пуркиммат имконият 
медихад. 
Методи анкетї. Талаби асосї нисбат ба ин метод аник намудани 
мазмуни саволњо ва дурусту сањењ тартиб додани онњо мебошад. Барои 
истифодаи анкета ва пур кардани он дастури муфассале бояд ба 
озмудашаванда дода шавад. Анкетахо бо истифодаи методхои 
статистикй коркарди сифатй ва микдорї карда мешаванд. Имконияти 
якбора ба даст овардани маълумотхои хачман зиёд чихати мусбати ин 
метод буда, тарафи манфии онро мавчудияти сохтакории љавобњо 
ташкил медињад. 
Методи бањоњои санљиш. Ин метод дар омўзиши психологияи шахс 
васеъ истифода мешавад. Шахсоне ба сифати эксперт љалб карда 
мешаванд, ки озмудашавандаро хуб медонанд: мураббии боѓчаи бачахо, 
рохбарони синфи мактабњо, устои таълими истехсолии омўзишгоњњо, 
рохбари коллективхои илмї, кормандони њарбї, тренерони соњаи 
варзиш ва дигарон. Бахохои санчишро на дар шакли зухуроти сифатии 
хислатхо, балки ба намуди баходихии микдорї гузоштан ба максад 


30 
мувофик аст, ки дар он дарачаи ифодашавии ин ё он хислат ё унсури 
рафтор ба эътибор гирифта мешавад. 
Методи худмушоњида. Худмушоњида ќисми таркибии методњои 
суњбат ва анкетї ба шумор меравад. Натиљањои методи худмушоњида 
барои дигар методњо низ нихоят мухиманд. Маълумотњои ин методхо 
хангоми тартиб додани саволномахо барои омузиши шахе хатман бояд 
ба инобат гирифт. Худмушохидаро хамчун методи мустакили тадкикоти 
исихологй истифода бурдан мумкин. 
Методи тестњо. Бо ёрии тестњои исихологї хусусиятњои муайяни 
психологии одам ва мувофиќати онхо ба меъёру стандартњои психологї 
мукаррар карда мешавад. Тестњо имконияти муайян кардани дарачаи 
короямии одамро ба ин ё он касб доранд.
Маќсади асосии истифодабарии методњои тадкикоти исихологї 
хосил намудани донишњо дар бораи ќонуниятњои умумии зохиршавии 
ин ё он њодиса мебошад. 
Методи интроспексия ё худ худмушохидаро дар психология хеле 
муддат њамчун методи асосии тадќиќот мењисобиданд. Камбудии ин 
метод аз он иборат аст, ки тадкикотчй на худи протсесхои психикй
балки инъикоси онхоро дар шуур, на худи ходисахои ба таври реалй 
вучуддошта, балки тасаввурот ва фахмишро дар бораи онхо мушохида 
мекунад. Бояд кайд кард, ки ба воситаи методи интроспексия хангоми 
тадкики баъзе протсесхои психикй масалан, хотира маълумотхои пурра 
объективиро дар асосй натичахои ба даст овардаи мухаккикон хосил 
намудан мумкин аст. Дар шароити хозира методхои асосии тадкики 
њодисањои психикї мушохида ва эксперимент мебошанд. 


31 

Download 0.75 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   48




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling