Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї


ФАЪОЛИЯТИ ОЛИИ АСАБ ВА ПСИХИКА


Download 0.75 Mb.
Pdf ko'rish
bet4/48
Sana11.11.2023
Hajmi0.75 Mb.
#1765687
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   48
Bog'liq
Шаропова Н.М. Психологияи умуми

ФАЪОЛИЯТИ ОЛИИ АСАБ ВА ПСИХИКА 
Алоќаи организм бо олами берунї ба туфайли системаи асаб, ки 
сохти мураккаб дорад, ба вуљуд меояд. Ќисмати асосии функсионалию 
морфологии системаи асабро нейрон-њуљайраи асаби шохчадор ташкил 
медињад. Њар як њуљайраи асаб тана дорад, яке аз шохчаи дароз (аксон) 
ва дигаре шохчањои сершумори кўтоњ (дентритдо) аст, ки бо ёрии онњо 
алоќаи нейрон бо дигар нейронњою бофтањои бадан ба вуљуд меояд. Љои 
пайвасташавии дентритњоро синапс меноманд. 
Њуљайрањои асаб хосиятњои зеринро соњибанд: 


20 
1) барангезандагї, ки ба туфайли он таъсиротњои берунї 
(механикї, электрикї, химикї ва ѓайра) њуљайраро ба њолати 
њаяљон меоварад. 
2) гузаронандагї, ки ба воситаи он њаяљон ё боздорї аз як 
њуљайра ба дигараш гузаронида мешавад. 
3) њаяљон, яъне њолати фаъоли нейрон ё гурўњи нейронњо, ки бо 
протсессњои мубодилаи моддањо дар њуљайра алоќаманд аст. 
4) боздорї - њолати ѓайрифаъоли њуљайраи асаб, ки ба њаяљон 
муќобил аст. хуљайрањои асаб ё нейронњо ду шакли торњои асабро 
ташкил медињанд: 
1) 
асабњои афферентї ё худ њискунанда, ки нўгњои онњо дар 
узвњои њиссї ё худ атрофи он (ретсепторњо) асбоб барои табдили 
ангезандањо ба њаяљон ва гузаронидани онњо ба минтаќањои системаи 
марказии асаб ташкил медињанд ва дар он тањлили амиќи ангезандаю 
интихобии амалии чавобї сурат мегирад. 
2) 
асабњои эфферентї ё худ њаракатї, ки алоќаи системаи олии
асабро бо узвњои иљрокунанда (мушакњо, ѓадудњо) ташкил медињад. 
Ба ѓайр аз он, њуљайрањои асабии системаи асаби марказї 
вазифањои муайянкунанда ва гузаронандагиро адо мекунанд, ки ба 
воситаи онњо њаяљон аз њуљайрањои афферентї ба эфферентї 
гузаронида мешавад. И.П. Павлов дар системаи асаб анализаторњоро 
људо намуд, ки онњо аз ретсепторњо (ќабулкунандаи ангезанда), роњи 
гузаронанда ва минтаќаи марказии системаи асаб иборатанд, ки дар он 
тањлили ахбори воридшаванда ба вуљуд меояд. 
Умуман, њамаи системаи асаб аз рўи сохти худ ба ќисмати 
перифириягї, ки аз асабњои марказшитоб ё њискунанда ва асабњои 


21 
марказгурез ё њаракаткунанда иборат аст ва ба ќисмати марказии 
системаи асаб, ки ба тариќи он њароммагз ва майнаи cap дохил 
мешаванд, таќсим мегарданд. 
Њароммаѓз дар ковокии сутунмўњра љойгир шудааст ва он ба 31-33 
сегменти яз худ торњои асаб људокунанда таќсим мешаванд. Аз тарафи 
системаи марказии асаб иљрои вазифањои мураккабтарини организм 
идора карда мешавад. Ин барои гузаронидани њаяљон ба минтаќањои 
болоии майнаи cap хизмат мекунад.
Якљояшавии њуљайрањои асаб дар њароммагз моддаи сафед ва 
хокистаррангро ташкил медињад. Моддаи сафедро торњои дароз- 
аксонањо ва хокистаррангро торњои кўтоњ-дентридњо њосил мекунанд. 
Њароммаѓзи одам сохт ва таркиби мураккаб дорад. Чунин ќисмњои 
майнаи сарро људо кардан мумкин аст: майнача, майнаи дарозрўя, аќиб, 
миёна, мобайнї ва нимкурањои калон, ки аз нуќтаи назари феногенетекї 
дертар дорои пўстлохи нимкурањои калони майнаи сари ташаккул ёфта 
мешаванд. 
Њамаи ќисмњои майнаи cap байни худ ва њароммагз алоќаи зич 
дорад ва дар як система аз рўи вазифањояшон муттањид гаштаанд. Онњо 
аз нуќтаи назари филогенетекї тадриљан ба мураккабгардии функсияњои 
организм ва системаи асаби марказї ба вуљуд омадаанд. 
Майнача вазифаи асосиро иљро мекунад ва он аз ба тартиб 
даровардани њаракатњо ва нигоњ доштани тонуси мушакњо иборат аст. 
Майнаи дарозрўя ва купрўки варолиявї ба он пайваст буда, 
марказњои њаракати нафаскашї, хоидан ва фурўбариро дар бар мегирад 
ва инчунин фаъолияти дилу рагњои хунро идора мекунад. Дар њамин љо 
марказњое низ мавчуданд, ки ба танзими мубодилаи моддањо ва ба вуљуд 
омадани як ќатор амали ѓайришартии рефлекторї, монанди атса задан, 
мижа задан, ашкрезї таъсир мебахшанд. 


22 
Майнаи миёна аз чор теппа ва поякњои майна иборат аст ва 
вазифањои зеринро иљро мекунад: а) таќсимоти баробари тонуси 
мушакњоро таъмин мекунад; б) рефлексњои статикиро ба вуљуд 
меоварад, ки туфайлашон њолати мувозинат ва муътадилии баданро 
нигоњ медорад; в) рефлексњои тахминкунии рўшної, овоз ва дигар 
ангезандањоро идора мекунад. 
Майнаи мобайнї аз теппачањои ба ном биної, танаи рангаш тира 
ва зертеппача иборат аст. Дар ин љо љамъшавии њаяљонњои марказшитоб 
аз њамаи ретсепторњо ва алоќадории онњо бо ќисмњои гуногуни пустлохи 
майнаи cap ба вуљуд меояд.
Дар танаи тираи он марказњои њаракатї љамъ омада аст, ки ба 
воситаи онњо њаракатњои гуногун идора карда мешаванд. Зертеппача 
органи олии системаи асаби вегетативї мебошад ва ба воситаи он 
фаъолияти узвњои дохилї идора карда мешавад. Системаи асаби 
вегетативї марказњои худро дар майнаи дарозруя, њароммагз, мобайнї 
ва миёна њам дорад ва фаъолияти онро низ пустлохи майнаи cap идора 
мекунад. 
Сохти аз њама мураккабро пустлохи майнаи cap, ки вазифањои 
мураккабтарини тањлил ва таркиби њаяљонњои воридшударо иљро 
мекунад ва тамоми фаъолияти организмро идора менамояд. Вай аз 15-16 
миллиард њуљайрањои асаби дар њафт ќабат љойгиршуда ва моддае, ки 
бо ёрии он нейронњо нигоњ дошта мешавад ва дар мубодилаи моддањои 
њуљайрањои асаби майна иштирок мекунад (глия ном дорад), иборат аст. 
Ќабатњои њуљайрањои пўстлох аз нейронњое иборатанд, ки аз рўи шакл 
(њуљайрањои пирамидамонанд, ситорашакл, сершакла ва ѓ.) ва вазифа 
фарќ мекунанд. 
Пўстлохи нимкурањои калони майнаи cap узви олии фаъолияти 
олии асаби одам мебошад ва ба љоришавии протсессњои гуногуни 
психикї алоќаманд аст. 


23 
Дар пўстлохи майнаи cap чор њиссаи љуфтро људо мекунанд: њиссаи 
пеш (пешона), поёни (чакка), миёна (фарќи cap) ва пушти cap. Онњо 
вазифањои гуногунро иљро мекунанд, зеро аз рўи вазифањо дар 
ќисматњои гуногуни пўстлох њуљайраю марказњои гуногун љамъ 
омадаанд. 
Масоњати умумии пўстлохи нимкурањои калони майнаи сари одами 
калонсолро 0.22 м. кв. ташкил медињад, ки аз онњо 1/3 ба сатњи болои 
рост меояд ва 2/3 дар даруни љуякњо нињон гаштаанд. Љўякњо бо чунин 
хусусиятњои асосї аз
якдигар људо мешаванд: чинњои марказї, зери 
пешона, болои пешона, пеш аз марказї, баъд аз марказї, зери фарќи cap, 
зери чакка, болои чакка, миёнаи чакка. Дар њиссањои гуногуни чинњои 
миёна марказњои гуногун низ љойгиранд. Масалан, маркази њаракатии 
нутќ (маркази Брок) дар чини болоии чаккаи миёна воќеъ гаштааст ва ѓ. 
Пўстлохи майнаи cap аз рўи сохт ва иљрои вазифањо дар ќисмњои 
гуногуни нейронњо ба минтаќа-майдонњои сершумор људо мешаванд. 
Масалан, олим Бродман 52 майдон ва Фогт зиёда аз 200 майдонро фарќ 
мекунанд. 
Фаъолияти пўстлохи нимкурањои калон бо зери ќишри магзи cap 
алоќаи људонашавандаро дорад. Онро њуљайрањои гуногуни калони 
асаб, ки вазифањои муњимтарини организмро назорат мекунанд ва 
моддаи сафед-шохчањои дарози нейронњоро дар бар мегирад. 
Рефлекс њамчун амали љавобии организм ба таъсироти муњит 
мафњуми асосиест, ки бо он фаъолияти олии асаби организм алоќаманд 
аст. 
Њанўз И.М.Сеченов мењисобид, ки рефлексњо на аз рўи камони 
рефлекторї, балки аз рўи њалкаи рефлекторї ба вуљуд меоянд. Ин 
мафњум алоќаи баръакси организмро бо муњит инъикос мекунад. 
Њалќаи рефлекторї аз чунин ќисмњо иборат аст: 


24 
1) нейрони ретсепторї 
2) нейрони њаракатї 
3) нейрони ретсептории проприоретсептор, ки ба туфайли он дар 
бораи амали љавобии ба вуљудовардаи организм ахбор њосил 
мешавад. 
4) нейрони марказгурез, ки тавассути он мутобиќати дуюми 
харакати мушакњо сурат мегирад. 
Назарияи рефлекторї дар асарњои Декарт, И.М. Сеченов, И.П. 
Павлов, А.А. Ухтомский, З.М. Бехтерев ва дигар физиологњо, 
невропатологњо ва психологњои машњур тадќиќ шудааст. 
Дар осори онњо принсипњои асосии назарияи рефлекторї муайян 
шудааст: 
4) принсипи детерминизми матариалисти, ки мувофики он хамаи 
протсесхои асабии дар майна руйдода сабаберо доранд шаклхои 
гуногуни харакати материя мебошанд; 
5) принсипи структурие, ки дар он алоќаи байнињамдигарии 
функсияи минтаќањои гуногуни системаи асаб ба эътибор гирифта 
мешавад. Ичрошавии функсияњои мураккаб ба фаъолияти минтаќањои 
нисбатан тараќќї кардаю мураккаби системаи асаб вобаста аст; 
6) принсипи тахлилї ва таркиб, ки мувофиќи он њангоми омадани 
ангеза ба ретсептор ва минбаъд гузаштани он ба минтаќањои болоии 
системаи асаб, тањлили ангезаю синтези импулсњои он шуда мегузарад ва 
рефлекс ба туфайли њамаи ин протсесњо ба вуљуд меояд. 


25 
Ба љуз ин принсипњои асосии принсипи доминантї (пайдоиши 
манбаъњои њаяљон дар пўстлохи майнаи cap) ва принсипи фаъолияти 
сарбастаи рефлексњои шартиро низ ќайд кардан зарур аст. 
Њамаи рефлексњо-амалњои љавобии организм ба ду гурўњи калон 
таќсим мешаванд: рефлекси ѓайришартї ё худ модарзодї ва рефлекси 
шартї, ки дар таљрибаи њаёти индивидуалї ба даст оварда мешавад. 
Психика махсусан бо пайдоиши рефлексњои шартї зич алокаманд 
аст, њарчанд дар зоњиршавии протсессњои психикии рефлексњои 
ѓайришартї низ (хўрокхурї, дард, љинсї ва ѓ.) беањамият нест. 
Барои пайдоиши рефлексњои шартї шароитњои зерин муњиманд: 
1) якљояшавии ангезандаи ѓайришартї (масалан хўрокхурї) бо 
ангезандаи индифферентї, яъне бефарќ. Аввал, ангезандаи бефарќ баъди 
якљояшавии бисёркарата бо ангезандаи ѓайришартї љонишини ў 
мегардад, яъне њамон амали љавобиро ба вуљуд меоварад, ки ангезандаи 
ѓайришартї (хўрохурї) низ ба он сабаб мешавад. Дар баробари ин 
барои пайдоиши рефлекс зарур аст, ки ангезандаи бефарќ бояд каме 
ќабл аз амали ангезандаи ѓайришартї ба вуљуд ояд. 
2) барои 
њосилшавии 
рефлекси 
шартї 
якљояшавї 
ва 
мувофиќшавии бисёркаратаи ангезандањои шартї ва ѓайришартї зарур 
аст. 
Рефлексњои шартиро аз рўи ангезандае, ки боиси пайдоиши 
рефлекс мешавад, фарќ мекунанд. Онњо нињоят гуногун мешаванд: 
рефлекс бо ангезандаи садо, рўшної, ваќт, наќши ангезанда ва ѓ. 
Пайдоиши алоќањои муваќќатї ба фаъолияти сарбастае вобаста 
аст, ки њуљайрањои пўстлохи майнаи cap рўх медињанд. Њангоми 
якљояшавии ангезандањои ѓайришартї ва шартї аввал алоќаи байни 
њуљайрањои гуногуни майнаи cap кушода мешавад ва сипас мустањкам 
мегардад. 


26 
И.П. Павлов ангезандањои шартиро сигнал номид. Онњо гўё 
љонишинњо ва пешгузаштагони таъсироти бевоситаи предмет ба 
организм мебошанд. И.П. Павлов системаи сигнали якумро ки њам ба 
инсон ва њам ба њайвон хос аст ва системаи сигналии сеюмро, ки махсуси 
одам аст, фарќ мекард. Системаи сигнали дуюм бо калима њамчун 
ангезанда алоќаманд аст. Дар баробари ин бояд ќайд кард, ки системаи 
сигналии якуми инсон аз системаи сигналии якум ва ягонаи њайвон 
сифатан фарќ мекунанд. 
Њангоми њосилшавии рефлексњои шартї дар майнаи cap ду 
протсесси асосии асабї рух медињад: њаяљон ва боздорие, ки бо њам зич 
вобастаанд. 
Якчанд намуди боздории рефлексњои шартиро фарќ мекунанд, ки 
мављудияти онњо бо нигоњ доштани фаъолияти мўътадили пўстлохи 
майна вобаста аст. 
Боздории ѓайришартї ё худ пассивона боздории берунї мебошад. 
Боздории берунї ё худ ба ном њимояткунанда ба ќувва ва муддати 
дарози амали ангезанда нињоят пурќувват бошад, он гоњ ба маќсади 
худњимоякунии њуљайрањои асаб протсессњои дар он рўйдодаистодаро 
бозмедорад. 
Боздории дарунї ё худ фаъол мављуд аст, ки дар шароитњои 
муайян пайдо мешавад. Мисоли боздории даруни хомушшавии 
рефлексхои шартї шуда метавонад. Агар ангезандаи шартї якчанд 
маротиба пешнињод карда шавад, вале бо ангезандаи ѓайришартї ќувват 
дода нашавад, он гоњ оњиста-оњиста он нисбат мешавад. Аз ин рў 
боздории дарунии шартї дар натиљаи якљояшавии рефлексї аллакай ба 
ангезандаи муайян њосилшуда бо ангезандаи нав ба вуљуд меояд. 
Њангоми њосилшавии рефлексњои шартї дар пўстлохи майнаи cap 
иррадиатсияи аввалин (пањншавии њаяљон дар тамоми сатњи пўстлохи 
майнаи cap) ва сипас љамъшавии њаяљон рўй медињад, ки ба туфайли он 


27 
дар ибтидо рефлекси љамъбасткунанда ва минбаъд тафриќаи онњо ба 
вуљуд омада метавонад. 
Илми психология монанди дигар илмњо дорои методњои асосї ва 
ёридињандаи тадќиќотї мебошад. Методи мушоњида ва эксперимент ба 
гурўњи методњои асосї ва методњои сўњбат, анкета, худмушоњидакунї, 
тестњо, бањоњои санљишї ва ѓ. ба гурўњи методњои ёридињанда дохил 
мешаванд. 

Download 0.75 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   48




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling