Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї
Download 0.75 Mb. Pdf ko'rish
|
Шаропова Н.М. Психологияи умуми
- Bu sahifa navigatsiya:
- Эксперимент (таљриба).
Мушоњида. Хусусияти муњиму хоси методи мушоњида аз он иборат
аст, ки он дар шароитњои муќаррарї гузаронида мешавад. Бо ёрии он протсессњои психикии алоњида (хотираа, диќќат, тафаккур), хислатњои психикии шахс (характер, кобилият) ва њолатњои психикї (кайфият, аффект) омўхта мешаванд. Бо воситаи методи мушоњида як шахс ё гурўњи одамонро омўхтан мумкии аст. Мушохидаи психологї аз рўи план ва барномаи муайян гузаронида мешавад. Маълумотњои дар атрофи мушоњида ба даст овардашударо одатан дар рўзномаи махсус ќайд мекунанд. Њодисањои психикї ба туфайли методи мушоњида на танњо тавсиф, балки аз назари исихологї шарњу эзоњ низ дода мешавад. Ин метод барои омузиши гурўњи боѓчаи бачањо, синфњои мактаб, гурўњњои академикии мактабњои миёнаи махсус ва олї мувофиќ аст. Яке аз камбудињои методи мушоњида аз он иборат аст, ки тадќиќотчї на њар гуна зуњуроти рафтори шахс, балки танњо бо маќсади тадќиќот алоќаманд бударо меомўзад. Тадќиќотчї дар чунин њолат маљбур аст, ки зуњуроти хусусиятњои дигари муњими шахс ва ё њолатњои психикиро сарфи назар кунад. Илова ба он дар протсесси мушоњида ќайди зуњуроти алоњидаи хусусиятњои психикии нокифоя аст, чунки он пурра типи будани ин ё он њодисаро исбот карда наметавонад. Эксперимент (таљриба). Афзалияти ин метод њангоми мушоњида дар он аст, ки тадкикотчї вобаста ба маќсади эксперимент худаш метавонад 28 ягон протсесси психикиро ба вуљуд оварад ва шароитњои берунии ба он таъсиркунандаро назорат кунад. Тадкикотчї экспериментро мувофиќи хоњиши худ таѓир дода метавонад ва ё барои хамаљониба омўхтани њодисаи психикии онро борњо тарор ба такрор имконияти гузаронидан дорад. Чунин афзалиятњои методи экспериментї имконият медињад, ки он дар психология ба таври васеъ истифода шавад. Њаминро бояд ќайд намуд, ки миќдори зиёди маълумотњои таљрибавї бо воситаи эксперимент ба даст оварда шудааст. агар омўзиши протсессњои психикї асосан бо ёрии эксперимент сурат гирад, он гоњ бо ин метод тадќиќи хусусиятњои характериологии шахс ѓайриимкон аст. Ду намуди асосии методи экспериментро дар психология фарќ мекунанд: лабораторї ва табиї. Эксперименти лабораторї бо ёрии асбобоњои махсуси психологї дар шароитњои лабораторї гузаронида мешавад. Њаракату амалиётњои озмудашавандаро (одаме, ки бо ў таљриба гузаронида мешавад) инструксияи эксперимент муайян мекунад. Эксперименти лабораторї протсесњои гуногуни психикиро (эхсос, идрок, нутќ, хаёл ва ѓ.) тадќиќ мекунад. Њангоми гузаронидани эксперименти лабораторї баъзе љањатњои психологии фаъолияти муќаррарии озмундашаванда моделрони кунонида мешавад (барои њавопаймо ё капитани флоти бахрї вазъияти фалокат ба модел кашида мешавад, ки онро дар рафти он бояд роњи халли оќилонаашро истифода баранд ва амалњои мураккабро иљро намоянд). Эксперименти табиї љињатњои мусбати методи мушоњида ва эксперименти лабораториро дар бар мегирад. Дар эксперименти табии шароитњои махсус ба вуљуд оварда мешавад, вале онњо ба шароитњои табиї наздиканд. Дарсњо, бозињои махсуси дар мактаб ташкил кардашуда, пулти идоракунї ва г. мисоли њамин гуна вазъият ба 29 маќсади омўхтани фаъолияти психикии тадќиќшавандагон ба вуљудовардашуда мебошанд. Download 0.75 Mb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling