Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї
Download 0.75 Mb. Pdf ko'rish
|
Шаропова Н.М. Психологияи умуми
ДИЌЌАТ. НАМУДЊОИ ДИЌЌАТ
Ба одам њамеша миќдори зиёди ангезандењо (равшанї, садо, њаљм, масофа ва ѓ.) таъсир мерасонанд, вале онњо бо аникї ва пуррагии гуногун фањмида гирифта мешаванд. Ин ба характери фаъолияти шахс вобаста аст. Барои бомуваффаќият љоришавии фаъолияти одам нигаронидани фаъолияти психикї ба предмету њодисањои муайян, инчунин ба эњсосу фикрњо ва умуман ба просессњои психикї ва аз њама чизњои боќимонда дур шудан зарур аст. Нигаронидани фаъолияти психикї ба предметњои муайяни њаќиќат, ки инъикоси махсусан равшанї уро таъмин мекунад, диќќат номида мешавад. Механизми физиологии диќќат хамчун протсесси психикии нихоят мураккаб аст. Асосан протсесси нигаронидани фаъолияти психикї ба объекта бо мављудияти манбаи оптималии њаячон дар майнаи cap (И.П. Павлов) муайян карда мешавад. А.А. Ухтомский таълимоти доминанта, яъне манбаи хукмфармої њаяљонро ба миён гузошт, ки он аз манбаи оптималии хаячон бо дарачаи баланди устувориаш фарќ мекунад. Доминанта на танњо манбаи њаяљони аз нав пайдошударо бозмедорад, балки ба пурќувватшавии фаъолияти ќисматњои муайяни пустлохи майнаи cap ё худ марказњои асаб низ мусоидат мекунад. Механизми бавуљуддории диккат дар майнаи сари одам нисбат ба њайвон дида мураккабтар аст ва он бо фаъолияти системаи дуюми сигнали зич алоќаманд аст. Диќќати одам дар хусусиятњои зоњирї, яъне дар андом ва ќиёфаи у аён мешавад. Донистани ин љињат махз ба онњое зарур аст, ки бо кудакон 74 сару кор доранд, то ки онњо дарачаи бодиќќатии кудаконро аниќ муайян кунанд ва таќсимоти диќќатро дар рафти дарс назорат намоянд. Се намуди диќќатро фарќ намоянд: беихтиёр, ихтиёрї, баъди- ихтиёрї. Диќќати беихтиёрро хусусиятњои ангезандањои ба одам таъсиркунанда ба вуљуд меоварад. Пеш аз њама ба ќувваи ангезанда (овози баланд, рушноии дурахшон ва ѓ.), серњаракатии предмет ва наву ѓайримукаррарї будани ангезанда вобаста аст. Диќќати беихтиёр кутоњмуддат буда, ѓолиби равшан ифодаёфтаи эмотсионалиро дорад, яъне ба њолати рудї , кайфият мутаасиршавї, орзую умед, талабот ва шавќу њаваси одам вобаста мебошад. Пас, диќќате, ки бе максади пешакй гузошташуда ба вучуд меояд, диккати беихтиёр номида мешавад. Диќќати ихтиёрї малакаю мањорати махсусро талаб мекунад ва бо фаъолию равняї иродавии шахс алоќаманд аст. Диќќате ки дар натиљаи маќсади шуурона гузошташуда пайдо мешавад диќќати ихтиёрї ном дорад. Ин диќќат дар рафти кори таълимї бо хонандагон тарбия меёбад ва дар навбати худ ба ташаккули хислатњои иродавии шахсияти хонанда таъсир мерасонад. Нигоњ доштани диќќати ихтиёрї ба як ќатор шартњо вобаста аст. Масалан, диќќат њангоми равшан фањмидани маќсад ва вазифањои фаъолияти иљрошаванда ва дарк кардаии вазифаи худ дар иљрои фаъолияти муайяи боз њам устувортар мешаванд. Ба пайдоиши диќќати ихтиёрї шароити мувофиќ ва одатшудаи кор низ мусоидат мекунад. Њолатњои психикии одам шарти мухими нигох доштани диккат мебошад. Протсесси нигаронидани шуур ба фаъолияти муайяни зарурй дар одами рухбаланд ба осони ба вучуд меояд. Диќќати баъдиихтиёрї дар худ њам боз баъзе љињатњои диќќати ихтиёрї ва беихтиёрро дар бар мегирад. Ин намуди диќќат барои он 75 баъдиихтиёрї номида мешавад, ки дар асоси диккати ихтиёрй ва баъди он ба вучуд меояд. Диќќати баъдиихтиёрї бо пастшавии фаъолии иродавї тавсиф дода шуда бештар ваќт ба хусусиятњои шахс муайян карда мешавад. Вобаста ба он ки объекти диќќат дар олами берунї љойгир шудааст ва ё дар шакли эњсосот, фикр, таассуроти шахс вуљуд доранд, намуди диќќати ва дохилиро људо мекунанд. Диќќати беруни барои ба тартиб даровардани фаъолияти љисмонии одам имкон медињад. Диќќати дохилї бо фањмидани фаъолияти худ, олами ботинии худ ва бо худшиносї алокаманд аст. Диќќати берунї ва дохилї фаъолияти якдигарро бозмедоранд, чунки якбора ба њодисањои берунї ва ботинї равона кардани фаъолияти шуур душвор аст. Шахс ба диќќати дохилї амали ояндаи худро ва натичаи имконнопазири онро пешбинї карда наметавонад. Мањорати фикр кардан ва бо андеша амал намудан бо функсияи диккати дохилї алоќаманд аст. Намудњои диќќати дида баромадашуда дар навбати худ ба ташаккули хислатњои шахс боис мешаванд. Хусусиятњои диќќат. Хусусиятњои асосии диќќат инхоанд: њаљми диќќат, таќсимоти диќќат, мутамарказияти диќќат, устувории (калавиш ё дуршавї)-и диќќат, кучонидани диќќат. 75 Њаљми диќќат ба миќдори объектњое, ки дар як вакт ба дараљаи кифоя равшан дарк карда мешаванд, чен карда мешавад. Масалан: азбаски хонандаи синфи якум фаќат ба њарф ё њиљо диќќати худро равона карда метавонад, бинобар ин њангоми хондан ў ба душворињои зиёде дучор меояд, хонандае, ки малакаи хонданро дорад, диќќати худро якбора ба якчанд њарфњо, ки калимаро ташкил медиханд равона мекунад. Њаљми диќќат бахусусиятхои объектњои даркшаванда, ба таљриба ва вазифаи гузошташуда вобаста аст. 76 Таќсимоти диќќат хусусияти муњими протсесси диќќат буда, ќобилияти дар як ваќт ба ду ё зиёда объект равона кардани фаъолияти шуур мебошад. Ин хусусиятро дар хонандагон тарбия намудан зарур аст, зеро ки онхо дар рафти фаъолияти таълимї хамеша бо якчанд объект сару кор пайдо мекунанд. Масалан, хонанда хангоми навиштани диктант бояд дар ваќт њам гуш кунаду нависад ва њам фикр кунаду навиштаашро санљад. Мањорати таќсим карда тавонистани диќќат дар фаъолияти амали њосил карда мешавад. Одатан дар љараёни фаъолият дар маркази диќќати одам фаќат ягон объекти аник мемонаду кисми дигараш дар атрофи он љойгир мешавад. Аз нуктаи назари физиологї ин бо мавчудияти фаќат як манбаи оптималии њаячон дар пустлохи майнаи cap шарњ до да мешавад. Мутамарказияти диккат хамчун хусусияти мухимтарин, дар доираи як объект ё фаъолият нигох доштани фаъолияти психикй ва эътибор нагирифтанидигар ходисаю объектхоро дар бар мегирад. Шахс дар ин њолат пурра ба фаъолият до да мешавад ягон даќиќа њам аз он фикри худро канда мекунад. Њатто чи тавр гузаштани ваќтро намефањ њамаи ин ќувваи калони мутамарказияти диќќатро ифода мекунад. Устувории диќќат - ин дар доираи нигоњ доштани диќќат мебошад. Ин хусусияти диќќат ба якчанд сабабњо вобаста аст: ба ќувваи протсесси асабї, характери фаъолият, муносибат ба кор, одатњои 76 устуворшуда… Њолате, ки ба диќќати устувор мувофиќ аст, дуршавї мебошад, ки дар калавишњои диќќат ифода меёбад. Кўчонидани диќќат - ин бо маќсад нигаронидани фаъолияти психики аз як объект ба объекти дигар мебошад. Кучонидан аз парешонии диќќат бо дараљаи фањмидашавии маќсаду вазифањое ки гузоштаи шахс фарќ мекунад. Баъзе одамон аз як фаъолият ба фаъолияти дигар зуд гашта метавонанду баъзе одамони дигар суст аз ин 77 руй ё зуддии кучонидании диќќат ба серњаракати протсессњои асосии асабї (њаячон ва боздорї) вобаста аст. Кучонидани диккат хангоми мондашавй ичрои кори якхела фоиданоку зарур мебошад. Диккат дар рафти ташаккулёбии шахе тараккй мекунад ва такмил меёбад. Аз ин ру одам бо сифатњои тайёри диќќат таваллуд намешавад, балки дар натиљаи таълиму тарбия, таъсири шароитњои њаёт соњиби онхо мегардад. Одамонро аз рўи сифати бодиќќатї ва парешонии диќќат аз якдигар фарќ мекунанд. Бодиќќатї њамчун хислати шахе аз рўи таносуби намудњои гуногунии диккт дар фаъолият муайян карда мешавад. Бартари доштани диккати ихтиёрї ба одами максаддору боирода хос аст ва хукмфармо будани диккати беихтиёр аз сустии ирода ва парешонии бењад шаходат медихад. Сабаби парешонии мутамарказияти диккат мебошад, ки он дар натиљаи нињоят ба кор дода шудани одам ба вуљуд меояд. Сифатњои номбаршудаи диќќат ба дараљаи муайян хислатњои шахсияти инсонро тавсиф медихад, аз ин ру тарбияи ин ё он сифати диккат бо ташаккули шахмиятии кудак зич алоќаманд аст. Масалан, кўдакони синни томактабї ва мактаббачањои хурдсол диќќати беихтиёр, ноустувор ва њачман кам хос мебошад, ки онњо дар протсесси ташкили диќќат дар дарсњо ва иљрои вазифањои хонагї хусусиятњои дигарро соњиб мешаванд, яъне оњиста-оњиста ба диќќати ихтиёрї ва устувор табдил меёбанд, ки ин пеш аз њама ба кушишњои иродавии хонанда вобаста аст. Тарбияи диќќат бо тарбияи сифатњои иродавии шахс алоќаманд аст. |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling