Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї


Назарияњои тараќќиёти психикї


Download 0.75 Mb.
Pdf ko'rish
bet22/48
Sana11.11.2023
Hajmi0.75 Mb.
#1765687
1   ...   18   19   20   21   22   23   24   25   ...   48
Bog'liq
Шаропова Н.М. Психологияи умуми

Назарияњои тараќќиёти психикї 
Ќуввањои њаракатдихандаи тараќќиёти психикї чї гунаанд? Ин 
проблемањо аз як тараф ба масъалаи таносуби хусусиятњои табиї, 


106 
биологї, модарзодї ва аз тарафи дигар ба хусусиятњои иљтимої ба 
таносуб, ба роли тараќкиёти психикаи одам вобастаанд. Одам дар 
баробари хусусиятњо модарзодї (масалан, баъзе хусусиятхои биной ва 
шунавої, 
баъзе 
хусусиятњои 
системаи 
асаб) 
хусусиятњои 
ба 
дастовардашударо низ дорад, ки онхо зери таъсири шароитњои муайяни 
њаёту фаъолият, зери таъсири таълиму тарбия (масалан, одатњои ахлоќї) 
њосил мешаванд. 
Психологияи буржуазї сабаби биологї доштани табиати 
психикаро эътироф мекунад, яъне онро тасдиќ менамояд, ки хусусиятњои 
психикї модарзодї буда, бо имкониятњои биологї, ки одам бо онњо 
таваллуд шудааст, муайян карда мешавад. Њамаи хусусиятњои умумї ва 
индивидуалии психикаи одам пешакї ба ў дода шудааст ва сабзидани ин 
сифатхои характери ирсї дошта, протсесси тараккиётро ифода мекунад. 
Масалан, дараљаи тараќќиёти ќобилиятњои њар як одам ( њудуд ва њадди 
охири имконњо). Аз рун такдир бо «фонди табиии ќобилиятњои» пешакї 
муайяншуда муайян карда мешавад. 
Њарчанд дар асарњои илмии њозираи психологњои буржуазї аз 
хусуси роли таълиму тарбия ва муњит сухани бисёр гуфта шавад њам, 
вале онњо умуман таъкид мекунанд, ки имкониятњои модарзодии 
биологї њудудњои тараќќиётро пурра муайян менамоянд ва ба хељ вазъ 
аз онњо гузашта намешавад. 
Торндайк дар ин бора ним аср пеш навишта буд, вале имрўзњо 
олимони буржуазй ин фикрро айнан такрор мекунанд: «Кўдаконе, ки 
генњои хуби ќобилиятњои аќлиро ба мерос гирифтаанд, њатто бе њељ 
таълими махсус одамони баландмаърифат мешаванд ва кўдаконе, ки аз 
ин генхо бенасиб мондаанд, хатто аз бехтарин таълим фоида гирифта 
наметавонанд». 
Психологњои 
буржуазї 
барои 
асоснок 
кардани 
роли 
муайянкунандагии омили ирсият дар тараќќиёти психикї, одатан ба 


107 
маърифатњои омузиши муќоисавии чанинњои яктухма (монозиготи) ва 
гуногунтухма (дизиготї) такя мекунанд. Љанинњои яктухма, ки аз як 
њуљайраи бордоркардашуда ба вуљуд омадаанд, аз назари биологї 
нусхаи њамон як организм дугоникњои аслие мебошанд, ки аз табиат 
«сарвати 
ген»-хои 
як 
якхела, 
ирсияти 
якхеларо 
гирифтаанд. 
Тадќиќотњои психологњои буржуазї, ки дар љанинњои яктухма 
гузаронида шудаанд, гуё роли асосию пешбарандаи ирсиятро дар 
ташаккули сифатњои психикї нишон медиханд. Дар дугоникњои 
яктухмаи аз њамдигар дудокардашуда, ки дудогона, дар шароити 
гуногун тарбия гирифтаанд, монанди сифатаои шахсї, кобилиятњои 
тараќќиёти аќлї ошкор карда шуд. Ин чунин маъно дорад, ки њангоми 
як хел будани «таъминоти генї» шароитњои гуногуни тарбия ва муњит 
фарќиятњои ночизро дар тараќќиёти аќлї ва ќобилиятњо медињанд. 
Психологњои буржуазї аз ин хулоса мебароранд, ки нишонаю 
аломатњои биологї омили муайянкунандаи тараќкиёти психикї ба 
шумор мераавнд. 
Аммо бештари мунаќќидони назарияи пайдоиши ирсияти 
сифатњои психикї дуруст ќайд мекунанд, ки дар аксари њолатњо пурра 
норавшан аст: 1) оё дар њолати додашуда мушоњида ва экспериментњо 
дуруст гузаронида шудаанд? 2) оё дар хакикат таъсири муњит гуногун ё 
якхела аст? 3) то чї андоза аз рўйи натиљањои омўзиш бо тестњо ба 
монанди сифатњои шахсї ва ќобилияти аќлии дугоникњои яктухма бањо 
додан мумкин аст. 
Бояд гуфт ки солњои охир масъалаи табиати сифатњои психикї 
хусусан 
кобилиятњо, 
заминањои 
табиии 
тараќќиёти 
психикї 
алоќаманданд бо дастовардњои илмї генетики ба таври васеъ муњокима 
мегардад. Бахсу мунозирањо бо иштироки биологњо, философњо, 
психологњо, духтурон, њуќуќшиносон гузаронида мешаванд ва доир ба 
ин мавзуъ материалњои гуногун ба табъ мерасанд. Дар љараёни бахсњо 


108 
назари диалектики-материалистї ба табиати сифатхои психикї муайян 
гардид. Инчунин ду нуќтаи назари ќатъие, ки аќќалият онњоро 
тарафдорї намуданд, ошкор шуданд. 
Яке аз онњо табиати модарзодї ва ирсї доштани сифатњои психикї 
ва ќобилиятњо мебошад, ки онро асосан баъзе биологњо-генетикњо 
тарафдорї менамоянд. Ин мавќеъ љараёни ташаккул ва тараќкиёти 
сифатњои психикиро њамчун протсесси баамалбароии «программаи 
генетикї»-и одам шарх медињанд. Мувофиќи ин нуќтаи назар истеъдод 
як навъ комбинатсияи хуштолеи генњо мебошад. Сифатњои психикї бо 
генотипњо, бо хусусиятњои генетикии одам муайян карда мешаванд. 
Ташаќкул ва тараќкиёти хусусиятњои психикї протсесси зохиршавии 
(дар шароитњои мувофиќи муњит) сифатњое мебошанд, ки ба хусусияти 
бо генњо таъминшавй вобастаанд. 
Тарафдорони нуќтаи назари дигар баъзе философњо ва психологњо 
мебошанд, онњо сабаби тараќкиёти психикиро мањз дар таъсири фаъоли 
муњити иљтимої, шароити њаёту фаъолият, таълим ва тарбия мебинанд. 
Мувофќи ин назария њамаи одамон њангоми таваллуд имкониятњои 
табии якхеларо барои тараќќиёти њар гуна кобилияти хусусї, ба њар гуна 
дараља (то ба њуди гениалї) мебинанд, Чайковский мусиќашиноси 
гениалї ва Пушкин шоири гениалї шуда бошанд, он гоњ ба ин факат 
шароитњои њаёту фаъолияти онњо сабаб шудаанд. Дар сурати дигар 
шудани шароитњои дигар мумкин аст, ки Пушкин математик, 
Чайковский физик, Лобачевский мусиќишинос мешуданд. 
Дастовардњои илмии психология мањдудият ва яктарафа будани 
њар ду нуќтаи назарро нишон медињанд, њатто њисобидан мумкин аст, ки 
хусусиятњои генетикии одам ба таври якхела хусусиятњои психологии 
ўро муайян мекунанд. Инчунин фарќњои индивидуалии заминањои табии 
тараќќиёти психикаро (масалан, фарќњои индивидуалии нишонањои 


109 
ќобилият) пурра инкор намудан ва гуногунии хусусиятњои индивидуалии 
одамро танњо натиљаи таъсири берунї њисобидан нодуруст аст. 

Download 0.75 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   18   19   20   21   22   23   24   25   ...   48




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling