Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї


Предмет, вазифа ва методњои психологияи сол


Download 0.75 Mb.
Pdf ko'rish
bet21/48
Sana11.11.2023
Hajmi0.75 Mb.
#1765687
1   ...   17   18   19   20   21   22   23   24   ...   48
Bog'liq
Шаропова Н.М. Психологияи умуми

Предмет, вазифа ва методњои психологияи сол. 
Мо њангоми дида баромадани масъалањои психологияи синну сол 
ба тадќиќотњои илмии. Л.С. Выготский, Д.Б. Эльконин, Л.И, Божович, 
В.А. Крутетский, М.И. Лисина, С.Л. Рубинштейн ва дигар психологњо 
такя намуда, назарияњои илмии онњоро чи дар њалли проблемањои 
умумии тараќќиёт ва чи дар тавсифи ин ё он давраи синну сол истифода 
бурдем. 


99 
Яке аз масълањои умумии тараќќиёти психикии кудак, масъалаи 
муайян кардани синну сол, вазъияти иљтимоии тараќќиёт ва ќуввањои 
њаракатдихандаи он ба шумор меравад.
Дар психологияи људо намудани се давраи зерини асосии 
тараќќиёти психикии мактаббача ќабул шудааст: синни хурд, миёна ва 
калони мактабї. Њар як давра бо маљмуи махсуси шароитњои њаёту 
фаъолияти хонандагон ва бо сохти њамон хусусиятњои психологие 
тавсиф додамешавад, ки онњо зери таъсири њамин шароитњо ташаќќул 
меёбанд. Дар баробари ин алоќаи байни шароитњои њаёти хонанда 
њарактери мураккаби диалектикиро соњиб аст. Аз як тараф гузаштан ба 
шароитњои нави њаёт дар рафти тараќќиёти пешинаи кудак ба вудуд 
меояд ва мањз њам ин муваффаќиятњои дар рафти тараќќиёт ба даст 
овардашуда ба ин протсес имконият медињанд. Аз тарафи дигар 
талабњои дар давраи нави тараќќиёт ба кудак пешнињодшуда ташаккули 
минбаъдаи психикаи уро муайян мекунанд. Тараќќиёти психикии 
хонандаро ба се давра људо мекунанд: Дар баробари ин бояд гуфт ки 
њудудњои аниќи синнусолї вуљуд надораднд ва таснифоти вуљуддошта 
ба даврабандииумумии тараккиёти психикї хос аст. Яъне њудудњои 
синнусолї тагирёбанда буда, онњо вобаста ба вазъияти ки њаёту 
фаъолияти 
кудак 
ва 
талабњои 
аз 
тарафи 
атрофиён 
ба 
у 
пешнињодшаванда дигар мешаванд. Гузариш аз як давраи синну соли ба 
дигараш протсесси эволютсионї набуда, балки як навъ дахиши 
диалектикї ба сифати нав мебошад, ки аз бухронхо иборат аст. 
Њангоми гузариш аз як синну сол ба синнусоли дигар на танњо 
функсияњои алоњидаи психика, балки таносуб ва сохти онњо низ 
пурќувват ва сифатан дигаргун мешавад. Масалан, дар синни ибтидоии 
бачагї (аз 1 то 3 солагй) протсесси психикии идрок бештар бартари 
дорад: дигар протсессу функсияхои психикии (хотира, диќкат, тафаккур, 
эмотсия) мањз ба воситаи идрок ба вучуд меоянд. Барои кудакони синни 


100 
томактабї роли хотира бештар калон аст ва бо он тамоми функсия ва 
протсессхои психикї, гуногуни ва тараќкиёти онхо алокаманд 
мебошанд. Дар синни мактабй бошад, оњиста-охиста тафаккур бартарї 
пайдо мекунад ва протсесси хотирай бо он алоќаманд таљрибан 
характери калимагию мантикиро соњиб мешавад. 
Вазъияти иљтимоии тараќкиёт хамон пайвасти махсуси протсессхои 
дохилии тараќкиёт ва шароитхои берунй аст, ки он ба хар як давраи 
синнусолї хос ас™ ва ба љараёни тараќкиёти психикаю пайдоиши 
хусусиятњои сифатан навташкил сабаб мешавад. Ташаккули шахсияти 
кудак аз руи муносибати байни њамон мавкеи дар системаи 
муносибатхои љамъиятї ишгол карда бо хусусиятхои психологии пеш 
дар ў ташаккулёфта муайян карда мешавад. Аз рўи њамин таносуб хамон 
мавќеи ботинии кудак, хамон системаи талабот ва хохишхои ў ба вуљуд 
меояд, ки он кувваи бевосита њаракатдихандаи тараккиёти хусусиятњои 
нави психикї мебошад. 
Дар психологияи синну сол дар баробари вазъияти ичтимоии 
тараќкиёт, инчунин фаъолияти пешбарандаро људо мекунанд, ки яке аз 
омилњои асосии тараќкиёти психикї њисоб меравад. 
Чи тавре ки мебинем, проблемањои соњаи психологияи синну сол 
гуногунтарафу мураккабанд ва агар алокаю робитаи масъалањои синну 
сол бо дигар соњањои психологияи ба монанди психологияи умумї, 
педагогї ва тиббї ба эътибор гирифта шавад, он гоњ ањамият ва 
зарурати омузиши психологияи синну сол ба духтурони оянда бешубња 
маълум мегардад. 
Психологияи синну сол ќонуниятњои умумии тараќкияти психикии 
кудакон, наврасон ва давонон, даврањои тараќкиёти психика, 


101 
хусусиятњои психологии њар як давраи синнусолї ва хусусиятњои 
индивидуалиро меомузад. 
Психологияи синнусол ба психологияи умумї такя мекунад, ки он 
ќонуниятњои умумии психологиро ошкор менамояд, протсессу њолатњои 
психикї ва хусусиятњои индивидуалии психологии шахсияти одами 
аллакай ташаќкулёфтаро меомузад. 
Худ аз худ маълум аст ки на психологияи синну сол, ва на 
психологияи педагогї барои ташкили протсесси педагогї тавсияњои 
ќатъї дода наметавонад, вале маълумоту хулосањои ба даст овардаи 
онњо дар ташкили дурусти кори таълиму тарбия истифода бурда 
мешаванд. 
Педагог ва психологи машњури рус К.Д.Ушинский дар ваќташ дар 
муќаддимаи китоби худ «Инсон њамчун предметї тарбия ин фикрро 
чунин таъќид намуда шасх дода буд: «Мо ба омузгорон намегуем, ки ин 
тавр ё таври дигар рафтор кунед, вале мегуем: ќонунњои њамин 
њодисањои психикиеро омузед, ки хоњиши идора намудани онњоро доред 
ва ба њамин ќонунњо ва њамон шароитњое, ки дар онхо мехоњанд 
истифодаашон кунад, сарфањм рафта рафтор намоед». 
Ин суханон барои духтарон низ аз ањамият холи нест.
Методњои психологияи синну сол ва педагогї. Яке аз методњои ин соњаи 
психология мушоњида ба шумор мераавд. Комилан маълум аст, ки 
психикаро бевосита мушоњида кардан гайри имкон аст. Шахсияти одам 
ва психикаи ў дар фаъолият, амал ва рафторњо ифода меёбад. Методи 
мушоњида маърифати бевоситаи хусусиятњои индивидуалии психикаро 
ба василаи омухтани рафторњо дар бар мегирад. Яъне њамон ваќте, ки 
психолог аз руи тнпондињандањои объективї хиран ифодаёфта (амал, 
рафтор, баёноти нутќї, намуди зоњирї ва г.) ба хусусиятњои 


102 
индивидуалии доришавии протсессњои психикї (идрок, тафаккур, 
хотира, хаёл ва ѓ.) бањо медињад. 
Методи мушоњида талабњои худро дорад. 
1) Объекта мушоњида бояд дар шароитњои табии таълиму тарбия 
омухта шавад. 
2) 
Мушоњидашавандаро бояд аз руи принсипи яклухтии 
шахсияти инсон мушоњида намуд. Бе тањлили хардихатаи шахсияти 
инсон, бе дудонамоии дихату хислатњои алоњидаи у ва зуњуроти 
махсус омухтани объекти мушоњида имкониоиазир аст. Аммо 
хусусиятњои алоњидаи шахс бояд њатман дар замипаи умумии 
шахсияти у омухта шаваид. Масалан, тањлили чунин хислатњо ба 
монанди суботкорї, дасурї ё худ бо танќиди бе баэътиборгирии 
дигар хусусиятњои шахс (масалан, равняї ў) нораво аст. 
3) Маърифати њамаљонибаи шахс бояд диддан дар асоси 
маълумотњои объективї сурат гирад. Њангоми шарху эзох ва бањо 
додани нишондињандањои объективї ба субъективизму богаразї, дар 
асоси тањлили сатњии фаќтњои на чандон зиёд ва ё таасуротњои аввал бо 
саросемагї муайян кардани хислатњои шахс нораво аст. 
Њангоми омухтани шахс бояд ба фаќтњои сандидашудае такя 
намуд, ки онњо дар натиљаи мушоњидаи мунтазам ва њарруза ба наќша 
гирифта ба даст оварда шудаанд. 
4) Барои фањмидани хусусиятњои психикии шахс зарур аст, ки у дар 
алоќамандї бо шароитњои ташаќкул, бо муњити ињотакарда дида 
баромада шавад. Бояд сабабњои зуњуроти ин ё он њодисаи психикї 
муќаррар карда шавад. 
5) Хусусиятњои шахс бояд дар тараќкиёт дида баромада шавад ва 
омухтани онњо чун коида муддати дарозеро талаб мекунад. Шахс бо 
дигар шудани шароитњои њаёту фаъолияташ низ дигар мешавад ва 


103 
инкишоф меёбад. Аз ин ру на танњо омухтани таърихи тараќкиёти 
шахсияти кудак, балки фањмидани маќсадњоњии тараќкиёт дидани он 
чизи барњамхурандаву ба ташаќкулдињи мувофиќ низ зарур аст. 
6) Шахсро бояд дар коллектив на њамчун аъзои коллектив омухт. 
Омухтани шахсияти алоњида ба омузиши хусусиятњои коллективї бояд 
баробар сурат гирад. 
7) Мушоњида барои он ки натиљаи пурќиммат дињад, зарур аст ки 
зуњуроти гуногуншакли шахс ба эътибор гирифта шавад ва ин зуњуротњо 
дар шароитњои мунтазам аз рўї њамеша омухта шавад. 
8) Њангоми омухтани зуњуроти берунии ањамияти кудак дуруст 
фањмидани маромњои (сабабњои водоркунанда) амалу рафтор 
зарур аст. Амалњои зоњиран ба њам монанд аз рўї маромњои 
гуногун идро мегарданд ва боиси зуњуроти гуногуни хислатњои 
шахс мешаванд. 
9) Мушоњидаи баёноти нутки низ барои омухтани шахсияти одам 
аз ањамияти муайян холи нест. Сергап будан ё набудани шахс самимона 
ё бепарвоёна, оддї ё бодабдаба ran задан мавзуи дустдоштаи ў, 
истифодаи иборањо-њамаи ин хусусиятњои нутќ метавонад бепарвої, 
дагалї, дилсардї ё худ баръакс, дилсузї, халимї ва самимияти шахсро 
равшан ифода намоянд. Барои чукуртар фањмидани хусусиятњои 
индивидуалї-психологии шахсияти кудак мусоњиба ё худ суњбат роли 
калон мебозад. Суњбат њамчун методи тадќикотии илмї дар асоси чунин 
принсипњо ташкил карда мешавад: 
а) тадќикотчї набояд дар назди кудак њамчун одами бегонаю дур 
тобад, чунки ин метавонад нобоварї ва эњтиёткориро ба вудуд орад. 


104 
Дар байни онњо бояд муњити боварї, хайрњоњї ва самимият њукмрон 
бошад. 
б) сухтатро дар шароити табии, бо душу хуруш озодона ва ба он 
характери омузиши махсус надода гузаронидан зарур аст. 
в) суњбат махорат малака, одобро талаб мекунад ва ба он тайёрї 
дидан зарур аст. Равшан тасаввур намудани маќсади суњбат, тартиб 
додани плани он, пешакї фикр карда баромадани саволњо (саволњо бояд 
якдигарро такмилу пурра намоянд) муайян кардани шакли суњбат, ба 
њисоб гирифтани шароиту вазъиятњои конкретии суњбат ва инчунин 
хусусиятњои индивидуалии кудакон, онњо дар рафти суњбат муњбат 
муњиманд. 
s
Методи анкетї дар солњои охир ба таври васеъ барои омузиши 
шахс истифода мешавад. Дар анкета саволњо бояд дуруст интихоб карда 
шаванд. Онњо бояд аниќ, равшан, фањмо бошанд ва набояд ин ё он 
љавобро талкин намоянд. Љавобњои ба як савол додашударо ба саволњои 
иловагї санљидан зарур аст (њангоми мувофиќат накардани чунин 
љавобњо ба эътибор
гирифта нашаванд, чунки онњо боэътиќод шуда наметавонанд). 
Нињоят методи тахлили психологии љараёни фаъолият ва мањсули 
он маълумотњои иловагиро дар бораи шахс дода метавонад. Ба ин 
омухтани расму накшањои кашидаи шахс, конструксияњои техникї, 
иншоњо ва махеуеан дар мавзуи озод («Орзуи ман», «Ќахрамони 
дўстдоштаи ман», «Одами хаќиќии њозира чї гуна бояд бошад», «Ман 
чї тавр аз болои характери худ кор кунам» ва г.), омўхтани дафтарњои 
хотираавии шахсї дохил мешавад. 
Сўњбат, анкета ва иншоњои гуногун аз назари психологї методњои 
ба даст овардани баёноти калимагии одамро дар бораи худаш ифода 
мекунанд. Кўдак дар њамаи ин њолатњо (бевосита ё бавосита) фикр, 


105 
эътиќод, нуќтаи назар, њиссиёт, таассуроти худашро ифода мекунад ва 
ташаккул медињад. Яъне муносибати худашро худаш ба ин ё он њодисаи 
олами ињотакарда муайян менамояд. Чунин худмушоњидакунию 
худтањлилкунї бехад муњиму зарур аст: агар худи одам баъзе малакањои 
худмушоњидакуниро дошта бошад, агар нутќи у ба таври кофи инкишоф 
ёфта бошад то ки барои тавсифи нисбатан аниќтари калимагии 
ходисањои психикї имконият пайдо намояд, агар ростгую софдил 
бошад, он гоњ ў метавонад фикру таасурот, маромњои асосии амалу 
рафторњои худашро худаш пурраю даќиќ тасвир кунад, ки аз уњдаи ин 
кор баръакс, њатто мушоњидакорї бегонаи боандеша баромада 
наметавонад. 
Солњои охир барои омўхтани коллективњои кўдакон методи ба ном 
санитарї истифода мешавад. Ин метод дар муайян кардани равияи 
коллектив, муносибатњои байнињамдигарї дар он, мавкеи гуруњњои хурд 
дар коллектив ва аъзоёни алоњидаи он ёрї мерасонад. 
Яке аз методњои санљидашуда дар психология эксперимент ба 
шумор меравад. Дар психологияи синну сол ду намуди эксперимент 
мавдуд аст - табии ва лабораторї. Тадќиќотчї њангоми эксперимент
зуњуроти ин ё он њодисаи психикии ба у зарурро пассивона интизор 
намешавад, балки худаш шароитњои мувофиќро ба вудуд меоварад ва 
метавонад мувофиќи хоњиши худ шароити гузаронидани таљрибаро 
таѓйир дињад ё доимї нигоњ дорад. 
Дар психологияи синну сол солњои охир, хусусан њангоми тадќиќи 
ќобилиятњои методї тестњо васеъ истифода мешаванд. 

Download 0.75 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   17   18   19   20   21   22   23   24   ...   48




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling