Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї


Хусусиятњои фардї-психологии шахс


Download 0.75 Mb.
Pdf ko'rish
bet20/48
Sana11.11.2023
Hajmi0.75 Mb.
#1765687
1   ...   16   17   18   19   20   21   22   23   ...   48
Bog'liq
Шаропова Н.М. Психологияи умуми

Хусусиятњои фардї-психологии шахс 
Њар як одам бо хусусиятњои психикии фаќат ба ў хос фарди 
такрорнашаванда мебошад, бинобар ин ду шахси ба њамдигар мутлаќо 
монанд нест ва вуљуд дошта њам наметавонад. Хусусиятњои 
индивидуалии одам бо аломатњои бисёре тавсиф дода мешаванд. 
Дараљањои индивидуалнокиро бо мафхумхои мун мизоч, характер, 
кобилият, шахс ифода мекунанд. 


89 
Гиппократ фарќњои индивидуалии одамонро дар чор намуди 
мизољ дида баромадааст: 
а) сангвинникњо - дар мувозинат, серњаракат, улфатпазир ва 
муттаассиршавандаанд; 
б) флегматикњо - ботамкин, сусткор, боандешаанд; 
в) холерикњо - чусту чолок, аз хад зиёд серњаракат, сабук ва 
њаячонпазиранд, бяъзан фаъоли ба њолати ѓайрату руњбаландии паст 
табдил меёбад.; 
г) меланхоликњо - дамдузд, тарсончак, бељуръат, дилтанг ба ќувваи 
худ эътимод надоранд. 
Дар ин таснифи мизољ асосхои муносибати индивидуалї намудан 
ба беморон низ ифода ёфтаанд. Мизољ чунин хусусиятњои модарзодии 
индивидуалии устувори шахс мебошад, кам таѓирёбанда буда, дар тули 
тамоми 
њаёт 
ў 
зоњир 
мешавад. 
Дар 
заминаи 
мизољ 
дигар 
хусусиятњоимуњими фардии одамон ташаккул меёбанд. 
Аз нуќтаи назари И.П. Павлов мизољ тавсифдињандаи асосии 
системаи асаб буда, ба тамоми фаъолияти њар як фард тарњи муайяне 
мебахшад. Функсияи боискунандаи мизољ дар мутаассиршавандагии 
эмотсионалии протсессњои асабии одам равшан зоњир мешавад. 
И.П. Павлов асосњои нейрофизиологии мизољи одамонро кор 
карда баромад. Ў вобаста ба њодисањои протсессњои асаби 4 типи 
фаъолияти олии асабро муайян намуд, ки ба таснифоти Гиппократ 
мувофиќ меоянд: 
а) типи зуру дар мувозинат будаи тезњаракат сангвинник мебошад; 
б) типи зуру дар мувозинат будаи суст флегматикї ба њисоб 
меравад; 
в) типи зуру дар мувозинат будаи њаячонпазир ба мизољи холерикї 
мувофиќ меояд; 


90 
г) типи суст ки дар он њолати мувозинату серњаракати равшан 
ифода намеёбад меланхолик мебошад. 
Ба одами соњиби типи зури фаъолияти асаб буда хос аст: 
а) ќобилияти баланди кори чї дар тањсил ва чї дар фаъолияти 
мењнатї; 
б) фаъоли ѓайратнокї, суботкорї ќобилияти бартараф намудани 
душворињо; 
в) мустакилї, љасурї ва боварии катъї; 
г) осон аз саргузаронии ин ё он мањрумї (гуруснагї, ташнагї, 
дард) ва кобилиятиба осонї аз конеъ намудани талаботхои худ даст 
кашидан; 
д) аксуламалњо ва зарбањои рўхї зур, ифоданок, вале кутоњмуддат 
ба вуљуд меоянд. 
Чунин хусусиятњо ба одами типи сусти фаъолияти асабро дошта 
хосанд: 
а) ќобилияти ласти корї, бефаъолиятї ва сустї; 
б) 
бељуръатї, 
эътимод 
надоштан, 
майли 
шубња 
кардан, 
талкиншавандагї ва гапдароии аз њад зиёд; 
в) тоќатфарсо будан ба мањрумињои гуногун (гуруснагї, ташнагї, 
дард); 
г) аксуламалњо ба зарбањон рўхї на љандон, вале нисбатан дуру 
дарозу кашолёфта ба вуљуд меояд; 
д) њангоми њаядон худро гум кардан; 
е) тарсу њарос аз душворї ва кушиши аз онњоо рањо ёфтан; 
ж) карахтии њаракату киёфа. 
Аломатњое, ки аз ќувваи кофии боздории ва мувозинати 
протсессњои асабї шањодат медиханд инњо мебошанд: 
а) худдорї дар вазъияти душвор; 
б) ќобилияти нишон надодани њаяљон; 


91 
в) эњтиёткории бе тарсу њарос; 
г) тањаммул њангоми зуњуроти њаяљон; 
д) аз руи андеша будани рафтору кирдор; 
е) мављудияти хоби чуќури шабона. 
Дар баробари ин ба бемувозинати ва бартарии протсессњои њаячон 
чунин сифатњо ба монанди бадкањрї, зуњуроти пурњаяљон, нигоњ дошта 
натавонистани њаядонњо (ваљд, шодии пурдуши хуруш), набудани 
эњтиёткорї, рафтору кирдор аз рўи андеша ва хоби бероњат. 
Аломатњои зерин серњаракатии протсессњои асабиро тавсиф 
медињанд: 
а) бо осонї мутобиќ шудан ба муњиту шароитњои нав; 
б) ба таъсироти гуногун тез љавоб гардонидан; 
в) майл доштан ба дигар кардани таасуротњо, иваз намудани шавку 
марокњо ва дилбастагињо, муњаббат ба саёњату экскурсияњо 
г) тез ивазшавї њаяљонњо;
д) њозирљавобї њангоми суњбат ва зуњуроти чаќќонї дар 
вазъиятњои нав; 
е) тез аз худ намудани дониш ва малакањои нав; 
ж) интихоби тези амалу кирдорњо; 
з) суръати тези нутќ ва њаракат. 
Сифатњои зерин аз сустии протсессњои асабї дарак медињад: 
а) суст мутобикшавї ва шароитњои нав; 
б) ба таъсиротњои гуногун бо сустї љавоб гардонидан; 
в) набудани њозирљавобию чаќќонї; 
г) суст одат намудан ба шароити нав, устувории зохир намудан ба 
шавќу ба шавќу њавасњо, дилбастагињо майл ба конвертатизм 
(куњнапарастї); 
д) аз андешаи дуру дароз гузаронидани амалу рафтори 
иљрошаванда; 


92 
е) сустии нутќу њаракат; 
ж) давомдор будани њаяљонњо, андармон шуда мондани эмотсияњо. 
Ба љуз фарќњои дар боло зикршудаи типњои фаъолияти олии асаб, 
инчунин хусусиятњоеро људо мекунанд, ки бо бартарї пайдо кардани 
системаи якум (типи «бадей») ва ё дуюми (фикрї) сигнали дар одам 
алоќаманданд. 
Ба одамони типи «бадеї»-ро дошта хос аст: 
а) барљастагї ва хушобурангии тасаввурот; 
б) тезии аксулмалњои эмотсионалї ба њодиса; 
в) хуб дар хотира нигоњ доштани чењрањо, предметњо, фактњо ва 
бад ба хотира гирифтани истилоњњо, таърифњо ва маънои асосии чизи 
хондашуда; 
г) майл ба эљодиёти бадеї, илмхои гуманитарї, муњаббат ба театр, 
кино, адабиёти бадеї, санъати тасвирї; 
д) ќобилияти хуби ташаккули малакаю мањоратњои дастї; 
е) пуртаљриба будан; 
ж) зуњуроти равшану ифоданокї мимика, имову ишорањо. 
Одамони типи «фикрї» чунин хусусиятњоро соњибанд: 
а) нокифоя будани равшании эмотсияњо, идроќ ва тасаввуротњо; 
б) батарии тафаккури нутќї бар образї; 
в) хуб ба хотирагирии умумии чизи хондашуда, истилоњњо, 
таърифњо; 
г) боварии ќатъї ба муошират; 
д) майл ба кори фикрї ва илмхои даќиќ; 
е) ќобилияти сусти ташаккули малакаю махоратхои дастї, майл ба 
назариябозї; 
ж) камтаљриба будан; 
з) аз мимика ва имову ишорањо худдорї кардан. 


93 
Бояд ќайд кард, ки чунин таќсимоти фаъолияти олии асаб то 
андозае шартї аст. Дар њаёт типњои миёнаро низ вохўрдан мумкин аст, 
ки ба онњо дараљаи миёнаи ќувваю серњаракатї ва њоказо хос мебошад. 
Дар одамон зери таъсири муњити ињотакарда ва тарбия характер- 
системаи муносибат ва рафторњои одам ташаккул меёбад. 
Характер - ин пеш аз хама дар муносибатњои байнињамдигарї бо 
одамон, дар муносибат ба кор ва ба зоњир мешавад. Характер ин 
пайвасти индивидуалии хусусиятњои муњими шахс аст, ки муносибати 
одамро ба њаќиќат ифода мекунад ва дар рафтори ў зоњир мешавад. 
Одатан сухан дар бораи ягон хислати асосии характер меравад, ки дар 
он системаи муайяни сифатњои шахсї ифода меёбад: равия ва ирода, 
сифатњои аќлї ва эмотсионалї. Њангоми тањлили характери ягон одами 
конкретї бояд шароитњои љамъиятию таърихї, равияї тарбия ба 
эътибор гирифта шавад, чунки онњо дар ташаккули хислатњои характер 
имконият медиханд. 
Ташаккули характер инчунин ба хусусиятњои сохти системаи асаби 
одам, ба мувозинати ё бемувозинатї, ба зур ё суст будани протсессхои 
асабї вобаста аст. 
Характер пайвасти хусусиятњои системаи асаб ва таљрибаи њаёт 
буда, дар шакли алоќањои муваќќатии шарти устувор гаштааст ва 
омехтаи хусусиятњои устувору таѓирёбандаи шахсро дар њаёту фаъолият, 
рафтор ифода мекунад. 
Характер сохти мураккаби системаи ташаккулёфтаю дар љараёни 
њаёту фаъолият соњиб аст: системаи эътиќодњо, системаи талаботњои 
моддї ва маънавї, системаи аќлу хиради шахс, системаи ирода, њиссиёт - 
зуњуроти яклухту томи њамаи инњо нишондихандаи тарафхои сифатии 
характер ба шумор меравад. Характери одам аз хислатњои муайян 
иборат аст: 


94 
1) 
Хислатњое, ки дар онњо равияи шахс ва шаклњои муносибати ў 
ба њаќиќат (одамдўстї, некї, коллективизм, боодобї, эњтироми худ 
ва дигарон) ифода меёбад. 
2) 
Пуррагии характер, ки он аз гуногун будани шавќу њавас ва 
љањду кушишњои одам шањодат медихад. 
3) 
Яклухтии характер бо беихтилофї ва ягонагии фикр, њиссиёт 
рафтор ва амалњо тавсиф дода мешавад. 
4) 
Муайянии характер, ки устувории рафтори одамро ифода 
мекунад. 
5) 
Ќувваи характер шахсияти боѓайрат, иштирокманд ва 
маќсаддорро тавсиф медињад. 
6) 
Устувории характер дар пайдарпаии амалњо ва матонати одам, 
дар бошуурона аз паи маќсадњои гузошташуда будан зоњир 
мешавад. 
7) 
Мувозинатии характер, ки дар ботамкинии одам ва рафтори 
равони ў ифода меёбад. 
Ин хислатњои характер дар таносубњои гуногун фарќияти шахсро 
нишон медињанд ва ўро аз дигарон фарќ мекунонанд. 
Баъзе одамон вобаста ба фарќњои индивидуалї ќобилияташон 
њангоми як хел будани шароитњо, донишњо, малакањо, мањоратњо ва 
ваќти сарфшуда ба натидањои гуногун ноил мешаванд. 
Ќобилият гуфта чунин хусусиятњои индивидуалї-психологии 
одамро меноманд, ки онњо талаботњои фаъолияти муайянро ќаноат 
мекунонанд ва шарти бомуваффаќият иљро намудани он мебошанд. 
Ќобилиятњо бо хусусиятњои табии одам-аломату нишонањои 
анатомї-физиологї муайян карда мешаванд. Ин аломату нишонањо 
заминањои табиии ќобилият ба шумор мераванд ва ба одам имкон 
медиханд, ки хангоми кушишхои аввалини бо фаъолияте машѓул шудан 
натиљаи онро ба даст орад, ки баланд бошад. 


95 
Аломату нишонањои модарзодї дар љараёни њаёту фаъолият ва 
мењнати одам зери таъсири шароитњои берунї-таълиму тарбия тараќќї 
мекунанд ва ба ташаккули сифатњои шахсї мусоидат менамоянд. 
Ќобилияти умумии аклї ва махсусро фарќ мекунанд. Ќобилияти 
умумии аклї чунин системаи сифатхои аклии шахс мебошад, ки осонию 
сермахсулиро дар азхуднамоии дониш ва фаъолияти эљодї таъмин 
менамояд. Ин ќобилият барои идрои ягон фаъолият не, балки 
фаъолиятхои гуногун зарур аст. 
Ќобилияти махсус ќобилияте мебошад, ки барои бомуваффаќият 
иљро намудани ягон фаъолияти муайян, масалан, мусиќа, эдодиёти 
бадеї, математика, фаъолияти бадеї-тасвирї ва ѓ. лозим аст. 
Ќобилият чунин пайвастагии хислатњои индивидуалии шахс аст, ки 
он бо бисёр сифатњои одам, хусусиятњои протсессии психикии ў хусусан 
ирода алоќаманд аст ва чунин сифатњои шахсонро, ба монанди 
корношоямї, маќсаднокї, нисбат ба худ ва дигарон серталаб будан, 
иштироки кор ва ѓайра ташаккул медињад. Аз ин рў дар љараёни тарбия 
ва мушоирати духтур бо бемор бояд ќобилияти хар як шахс дониста ва 
ба њисоб гирифта шавад, ки ин муносибати индивидуалии ё духтурро 
бањар як фард муайян мекунад. 
Тавсифи индивидуалнокї, яъне такрорнашаванда, ягон ва мисл 
будани њар як шахс на танњо фарќиятњои протсессњои маърифатї (эњсос, 
идроќ, хотира, тафаккур, соњаи эмотсионалию идоравии сифатњои аќл, 
зуњуроти мизод, характер ва ќобилиятро) иишон медињад, балки чунин 
хусусияти одам-шахсро низ муайян мекунад. Бинобар ин психологияи 
дар баробари протсессу њолатњои психикї шахсро низ меомўзад. 
Одам на танњо мањсули эволютсияи инкишофи олами њайвонот, 
балки мавњуми тараќќиёти љамъиятию таърихї низ мебошад. Аз ин ру 
табиист ки ба зуњуроти хусусиятњои шас њам амилњои биологї ва њам 
омилњои љамъияти (иљтимой) тавсир мерасонад. 


96 
Шахс гуфта индивиди бошууреро меноманд, ки дар љамъият 
мавќеи муайян дорад. Маќом ва вазифаи љамъиятии шахс: масалан, 
наќши табиб - табобати инсон, наќши роњбари беморхона-идора 
намудани коллективи табибон, ташкили протсесси табобат, наќши 
падару модар - тарбияи фарзандон ва г. 
Ташаккули хусусиятњои психологии шахс (характер, шавку њавас, 
майлу хохиш, ќобилият, мизољ) дар рафти њаёти одам зери таъсири 
таълиму тарбия ва мухити ихотакардаи ў ба вудуд меояд. 
Љињати муњимтарини тавсифдињандаи ў мебошад, ки маќсад ва 
системаи маромњои одам, саъю кўшишњои ба у хосро тавсиф медињад. 
Барои фањмидани психологияи шахс талабот, маром ва шавќу 
њавасњоеро омухтан зарур аст, ки одам дар фаъолияти худ онњоро ба 
асос мегирад. 
Фаъолияти хусусияти дигари муњими шас буда, дар љараёни 
фаъолияти у зоњир мешавад. Аммо одамро чи водор мекунад, ки 
њаракату амал кунад, дар пеши худ максад гузорад ва бањри он 
кушишњои иродавиро ба хард дињад. 
Мављудияти талаботњо њамин гуна сабабњое, ки одамро ба фаъолї 
водор менамоянд. 
Дар одам талаботи моддї (хурок, сару либос, манзил ва г.) ва 
маънавиро (талабот ба муошират, хондани китоб, мењнат, дониш ва г) 
ки нисбатан пурра шахсияти уро тавсиф медињанд, фарќ мекунанд. 
Фаъолии шахс ба ќаноатманд гардонидани талаботњо равона 
карда мешавад. Талаботњои одам мањсули тараќќиёти таърихї-
љамъиятии инеоният мебошад Дар протсесси ин тараќќиёт њам 
талаботњои моддї ва њам маънавии одамро ба вудуд меомаданд, таъгир 
меёфтанд ва мураккаб мегардиданд. 


97 
Њодисањои психологї њамчун маромњои фаъолияти шас гуногун ва 
ташкили чунин маромњо ба монанди шавќу њавасњои васеъ ва амик, 
хисси масъулият, вазифашиноеи амри виљдон дар одамон зарур аст. 
Маромњои ахлоќии рафтор ва фаъолият њамеша дар идеалњои 
ахлокие ифода меёбанд, ки хамчун намунахо барои таъклид намудан 
хизмат мекунанд. 
Равияи шахс монанди дигар хусусиятњои индивидуалии дар боло 
зикршуда (ќобилият, характер, мизод) дар фаъолият зоњир мешавад ва 
ташаккул меёбад. 
Шахс - ин ташкилаи таркибан томи психикї мебошад, ки моњияти 
иљтимоии одами реалиро њамчун субъекти бошуури маърифат ва 
дигаргунсозї фаъоли олам инъикос мекунад. Ибтидои ташаккули шахс 
ба синни кўдакї рост меояд, вале ба камолрасии њаќиќї њангоми пурра 
ба муошират бо коллектив ва њаёти дин даромадани одам, яъне аз синни 
нављавонї (16- сола ва камтар аз ин) cap мешавад. Дар хусусиятњои 
шахсияти одам, чун дар оина, њамаи сифатњои индивидуалии ба у хос 
инъикос меёбанд. 
Рушду камоли шахс дар охири синнидавонї ва ибтидои синни 
камолот (20-22 солагї) ба вуљуд меояд, вале такмили он минъбад њам 
давом мекунад. 
Шахс зери таъсири муњити иљтимої ташаккулу инкишоф меёбад ва 
мањсули он низ ба шумор меравад. Шас њамчун одами зиндаи конкрет 
дорои шуур ва худшиносї мебошад. Шуруи шахси алоњида њамеша 
табиати љамъиятй- таърихиро дорад ва он ба манфиату маќсадњо ва 
сиёсати њамон љамъият, сннф ё гуруње вобаста аст, ки одам мутаалики он 
аст. Худшиносї њамчун дарадаи олии тараќќиёти шуруи одам асоси 
ташаќќули фаъоли ва мустакилии шахсро дар фикру амалњо ташкил 
медињад. 


98 
Хулоса, сохти психологии шахс аз маљмуи хусусиятњо психикии 
ањамияти дин онхо ва њаракату амалњои индивид таркиб ёфтааст, ки дар 
љараёни онтогонез ба вуљуд омадаанд ва рафтору фаъолияти уро муайян 
мекунанд. 
ПСИХОЛОГИЯИ СИННУ СОЛ 

Download 0.75 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   16   17   18   19   20   21   22   23   ...   48




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling