Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї
Download 0.75 Mb. Pdf ko'rish
|
Шаропова Н.М. Психологияи умуми
СИФАТЊОИ ИРОДАВИИ ШАХС
Сифатњои иродавии одам дар фаъолият суботкорї, худкорї, мустакилї-чунинанд сифатњои ирода. Маќсаднокї - ин мањорати рафтори худро бо маќсади ањамияти муњим љамъияти дошта тобеъ кардан мебошад. Ин сифати шахс дар њаёти љамъиятї ва шахс одам зоњир шуда метавонад. Ќатъият - ин ќобилияти сари ваќт кабул кардани ќарори аниќу устувор ва бе таъхири зиёдати ба ичрои он шурўъ кардан мебошад. Ќатъият хамчун сифати шахс аз дараљаи баланди инкишофи ирода дарак медихад. Сифати муќобили он бечуръатї мебошад, ки дар духелагии фикр ва њиссиёт зоњир мешавад. Одам дар ин њолат маќсад ва роњњои номувофиќи ба маќсад расиданро интихоб мекунад, бе њељ љидду љањди идоравї бо саросемагї ќарор ќабул мекунад. Суботкорї дар ќобилияти муддати дароз равона ва назорат кардани рафтор мувофиќи максади гузошташуда зохир мешавад. Одами суботкор на танхо њолатњои ба вучуд омадаро, ки дар онњо фаъолияти у мегузарад истифода мебарад, балки мустакилона шароитхои боз њам мусоидаттарро низ фароњам меоварад. Агар субботкорї аз вуљудияти сифатњои иродавии шахс дарак дихад, он гох якравї баръакс аз набудани ирода гувоњї медихад. Худдорї - ин ќобилияти худ ва рафтори худро назорат кардан, худ ва хоњишу њиссиёти худро идора карда тавонистан мебошад. Ин сифати иродавии барои бартараф намудани монеъањои ботинї ба рафти фаъолият халал расонанда мадад мекунанд. Чунин одам тобовар ва пурсаб аст. Мустакили њамчун сифати иродавї дар мањорати бо ташаббуси худ маќсад гузоштан ва пайдо кардани роњњои ноилшавї ба он ифода 82 меёбад. Одами мустаќил рафтори худро бо фикру эътиќодњои шахсии худ тобеъ мекунад ва ба ќабул намудани маслињату нишондодњои оќилонаи дигарон низ омода аст. Инчунин одамони талкиншаванда восехуранд, ки онњо мањорати зоњир намудани кушишњои иродавиро надоранд ва ба таъсиру иродаи одамони дигар тез дода мешаванд. Љасурї, далерї, мардонагї, матонат, боинтизомї сифатњои пурќимати иродавии шахсияти одам ба шумор мераванд, ки бисёр ваќт пайвасти индивидуалии сифатњои дар боло зикршударо ташкил медињанд. Одами дараљаи баланди сифатњои иродавї доштаро одами ќавиирода меноманд. Сифатњои алоњидаи иродавии онхо метавонанд характери инкишофи индивидуалї дошта бошанд. Масалан, одами ќатъї камсуботкор њам мешавад. Одамоне, ки дараљаи пасти сифатњои иродавиро соњибанд, одамони сустиродаанд. Ирода њамчун протсесс ва сифатњои иродавии шахс дар љараёни њаёту фаъолият ташаккул меёбанд. Роли коллектив низ дар тарбияи ирода калон аст. Аз ин ру барои муайян кардании роњњои ташаккули сифатњои иродавии шахс њар љињата донистани ин сифатњо зарур аст. Download 0.75 Mb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling