Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї


Тараќќиёти нутќ дар синни томактабї


Download 0.75 Mb.
Pdf ko'rish
bet25/48
Sana11.11.2023
Hajmi0.75 Mb.
#1765687
1   ...   21   22   23   24   25   26   27   28   ...   48
Bog'liq
Шаропова Н.М. Психологияи умуми

Тараќќиёти нутќ дар синни томактабї 
Нутќи томактабиён вобаста ба вусъатёбии доираи муоширати онњо 
бо калонсолон ва хамсолон хусусиятњои муайян пайдо мекунад. Нутќ 
асоси дигаршавии протсессњои психикї, воситаи тафаккур аст. Кўдак 
дар охири синни томактабї ба фањмидани сохти нутќ cap мекунад, ки ин 
нињоят ба азхудкунии хондану навиштан мусоидат менамояд. Фонди 
луѓавии томактабиён нисбат ба давраи ибтидои бачагї дида таќрибан се 
маротиба васеътар мегардад ва ин на танњо аз њисоби калимањои 
предмету исм, балки феъл, сифат љонишин ва шумора истифодакунанда 
таркиб ёфтааст. Кудак ба таври амали грамматикаи забони модариро аз 
худ 
мекунад 
ва 
аз 
уњдаи 
тартибдодани 
љумлањои 
мураккаб 
мебаромадагї меравад. Синни томактабї даврае мебошад, ки дар он як 
навъ њассоси ба њодисањои забони зоњир мешавад. Дар ин давра тез аз 
худ намудани забони дуюм аз љумла забони хориљї рўй медињад. Нутќи 
диалогї, монологї ва баёни инкишоф меёбад. 
Тараќќиёти эњсоси томактабиён дар ин давра рўй медињад, 
инъикоси њисси онњо такмил меёбад ва илова ба он тасаввурот дар бораи 
хусусият ва алоќаю муносибатњои предметњою њодисањо пайдо мешавад, 
идроќи пурраву равшани муњити ињотакарда ба вуљуд меояд. Кудак дар 


137 
идроќи ранг, шакл, андозаи предметњо, мавќеи онњо дар фазо инъикоси 
баланди садо, давомоти њодисањои ваќт ва ѓайра меъёрњои ба таври 
умумї ќабулшудаи њиссиро истифода мебаранд. Дар ин давраи 
синнусолї на танњо тараќќиёти идроќи биноию пустї, балки шунавої
њаракатњои мавзуни дастон, пойњо ва умуман тамоми бадан рўй 
медињад. Идроќи фазову ваќт мураккаб мегардад ва алоќаю 
муносибатњои гуногуни байни предметњо фањмида мешавад. На танњо 
муносибати кўдак ба расм њамчун тасвир дигар мешавад, балки 
мањорати бошуурона нисбат дода тавонистани расм бо њаќиќат 
ташаккул меёбад ва бо ин муносибати худро ба объекти тасвиршаванда 
ифода мекунад. 
Тараќќиёти тафаккур дар сиини томактабї дар асоси гузариши 
амалњои берунии тахминї ба ботин, ба воситаи амалњои оддитарини 
фикри њал намудани масъалањо ба вуљуд меояд, яъне дар асоси 
тафаккури амалї-предметї , тафаккури аёнї-образї ба вуљуд меояд, њал 
карда тавонистани масъалањо дар асоси аломатњо сурат мегирад, яъне 
тафаккури калимагї-мантиќї пайдо мешавад. 
Кўдакони ин давра ба муњокима намудан, шарњу эзоњ додан, ба 
наќша гирифтани амал ва пешбинї намудани оќибатњои он cap 
мекунанд. Кўдак бо ёрии тафаккур алоќаю муносибат, сабабу натиљаи 
њодисањоро фањмида мегирад. Дар кўдак љањду кўшиши гирифтани 
дониш зоњир мегардад, ки ин шарти муњимтарини тараќќиёти тафаккур 
мебошад. Шавќу њаваси ў ба чизњои ињотакарда рўз то рўз меафзояд
саволњои бисёреро ба миён мегузорад (бењуда нест, ки синни 3-5 
солагиро сини «чарогўякњо» меноманд). 
Асоси тараќќиёти тафаккури томактабиёнро ташаккул ва такмили 
амалњои фикрї дар асоси интериоризатсия (воридшавї)-и амалњои 
берунї дињад. Умуман тафаккури образи намуди асосии тафаккури 
томактабиён шуда мемонад. Образњо характери љамъбасткунандаро 


138 
мегиранд ва он хусусият ба кўдак имконият медињад, ки алоќаю 
муносибатњои муњими њодисањоро фањмида гиранд. 
Дар синни томактабї заминањои тараќќиёти шаклњои мантикии 
тафаккур пайдо мешавад. Ташаккули унсурњои мафњумхои илмї, аз 
љумла математикї, забон ба вуљуд меояд. 
Диќќат, хотира ва хаёл дар давраи томактабї тараќќиёти бо њам 
монандро доранд. Амалњои махсус ташаккул меёбанд, ки онњо дар 
мутамарказ намудани фаъолияти шуур ба чизе, дар њар хотира ба таври 
маќсаднок нигоњ дошта тавонистани образњои дидаю шунида ва дар худ 
тасаввур намудани ягон чизе аз доираи пештар идрокшуда мебаромада 
имконият медињанд. 
Агар кўдак дар ибтидои давраи томактабї ба предмет то он лањзае, 
ки ба он шавќу њавас дорад, таваљљўњ дињад, он гоњ диќќат бо 
мураккабшавии фаъолият ва пешрафти умумии тараќќиёти аќли 
устуворию мутамарказияти баландро соњиб мешавад. Кўдак ба идора 
намудани диќќати худ cap мекунад, маќсаднокї ва фањмидашавандагии 
он инкишоф меёбад, аммо диќќати беихтиёр дар давоми синни 
томактабї бартаридор боќї мемонад. 
Дар кўдаки синни томактабї ќобилияти ба хотира гирифтан ва аз 
нав њосил кардани предмету њодисањо бошиддат тараќќї мекунад. 
Хотираи ў асосан характери беихтиёриро дорад, вале дар синни миёнаи 
томактабї шаклњои ихтиёрии бахотирагирї ва азнавхосилкунї пайдо 
мешаванд, ки ба ин фаъолияти бозї, бозии ролдор мусоидат мекунад. 
Бахотирагирии беихтиёр то охири синни томактабї назар ба 
бахотирагирии ихтиёрї нисбатан сермањсултар аст. Дар баъзе 
томактабиён намуди махсуси хотираи биної-хотираї эйдетикиро 
вохурдан мумкин аст, ки образњои он бо равшанию аникии худ ба 
образної идроќ каробат доранд. Хотираи биної дар аксарияти кудакон 
тараќќї кардааст, вале он ба дарачаи эйдекитњо намерасад. 


139 
Хаёли кўдакони синни томактабї ба андозаи зиёд беихтиёр аст ва 
одатан предмета хаёли онњо чизест, ки бештар таасурот мебахшаду сахт 
ба њаяљон меоварад. Хаёли ихтиёрї дар намудњои фаъолияти сермањсули 
кўдакї ин давра ташаккул ёфтан мегирад. Тараќќиёти хаёл дар 
алоќамандї бо тараќќиёти нутќ ва умуман бо соњаи маърифат ба вуљуд 
меояд. 

Download 0.75 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   21   22   23   24   25   26   27   28   ...   48




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling