Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї
Тараќќиёти шахсияти кўдак дар синни томактабї
Download 0.75 Mb. Pdf ko'rish
|
Шаропова Н.М. Психологияи умуми
Тараќќиёти шахсияти кўдак дар синни томактабї. Синни
томактабї синну солест, ки дар он ташаккули шахсияти кўдак ба амал меояд. Шахс њамчун пайвастагии протсессњои психикї, њолатњои психикї ва хусусиятхои индивидуалї-психологї зуњуроти худро аз давраи ибтидои бачагї cap мекунад, ваќте ки кудакон њамон як предмету њодисањои њаќиќатро ба таври гуногун дарк мекунанд, ва эътибор медињанд. Фарќияти индивидуалии кудакон бо сифатњои мерос гирифташудаи системаи асаб, бо хусусиятњои њолати саломатї ва тараќќиёти љисмонї, бо ќаноатманд намудани талабњои онњо ба хўрок, ѓамхорї намудан, бо таасуротњои нав шарњу эзоњ дода мешавад. Њанўз дар синни ибтидоии кўдакї кўдакони ором, ноором (њаяљонпазир), фаъол, гирёнчак, зиндадилро фарќ кардан мумкин аст. Њиссањои табиии тараќќиёти психикї дар ин давра ба дараљае эњсос мешавад, ки дар фарќ намудани характер аз мизоч ва хусусиятњои биологию иљтимої дар шахсияти кудак душворї кашида метавонем. Бо вуљуди ин, бо аќидаи А.Н.Леонтев пурра розї шудан мумкин аст, ки мувофиќи он махз дар синни томактабї симои психологии кўдак ташаккул меёбад. Дар ташаккули шахсият ва характери кўдаки синни томактабї инкишофи протсесси бошуурона амал кардан роли муњим мебозад, ки ин хусусан, дар интихоби маромњои асосии фаъолият мушоњида мешавад. Маромњои рафтор барои муайян кардани равияи шахсияти кудак дар давраи томактабї нињоят зарур аст. Имконияте пайдо мешавад, ки кудак мувофиќи маќсадњои дур амал кунад, 140 маромњои шахсиро ба љамъияти тобеъ намояд, ба рафтори худ ва дигарон аз рўй ќоидаю талабњои мураббиёну волидайн бањо дињад. Кудакон одатан барои боз доштани майлу хоњишњои бевоситаи худашон чунин маромњоро истифода мебаранд: аз тарафи калонсолон манъ кардан, туњфа додан, љазодињї ва ѓайра. Дар синни томактабї баъзе зуњуроти хислатњои иродавии характер ташаккул меёбад. Кудакони 3-4 сола рафтори њаракатии худро њоло назорат карда наметавонанд, вале дар 6-7 солањо аллакай устувории назораткунй нисбатан хис карда мешавад. Субботкорй барин хислати шахе ба ташаккул ёфтан cap мекунад ва он мунтазам ба таквиятдихии калонсолон эњтиёљ дорад, масалан хангоми барори кор изхори тањсин намудан. Зухуроти хислатњои иродавии характер чунон номутташаккил аст, ки дар хусуси кувваи ирода ва устувории характер холо сухан рондан душвор аст. Дар ташаккули шахсияти кудакони синни томактабї сатњи шуури ахлокии онњо роли бузург мебозад. Кудак дар синни 2-3 солагї њоло маънои талаби калонсолонро дарк намекунад ва факат ба онњо итоат намуда, хангоми ичрои ин ё он амалњо на хамчун ифодаи донистани вазифаи худ, балки чун конеъгардонии талабот ва шавку хаваси худ шодї ѓамгиниро эхсос менамояд. Ин пеш аз хама барои ташаккули њисси вазифашиносї дар оянда дар асоси таљрибаи андухтаи солхои ин њаёт ва тасаввуротхои аввалини ахлоќї моњияти талабњои ба у изњор кардашударо аллакай метавонад фахмида гирад ва аз нуќтаи назари хамин талабњо ба рафтори худ ва рафиќонаш метавонад бањо дињад. Њисси вазифашиносї дар синни калони томактабї боз хам баландтар мегардад. Кудак зарурати коидањои рафторро мефањмад, кирдорњои худро бештар ба онњо тобеъ менамояд ва аз ин ру њисси вазифашиносї дар ин давра нисбатан устувортар зоњир мешавад. 141 Боинтизомии кўдакон дар муносибати муташаккилонаи онњо чи дар боѓчаи бачагон ва чи дар хона ба талабњои калонсолон, дар кўшиш ва мањорати риоя намудани як ќатор ќоидањои рафтор, дар нигоњ дошта тавонистани худ аз кирдорњое, ки хилофи талабњои интизом аст, зоњир мешавад. Дар тарбияи боинтизомии томактабиён шахсияти мураббї, намунаи рафтор, асоснок ва пай дар пайи талабхо роли мухимро мебозад. Дар давраи томактабї дар фахмиши ќоидахои рафтор ва инчунин бањо додан ба рафтори худ ва рафиќон пешравии назаррас њис карда мешавад. Бинобар ин, кудаки 6 сола аллакай метавонад мустаќилона ќоидањо кор карда барояд ва дар рафтори худ онњоро ба рохбарї гирад, ки ин дар устувор гаштани он мусоидат менамояд. Дар ташаккули шахсияти кудаки синни томактаби фаъолиятњои бозї ва мехнатї роли муайянро мебозад. Бозињои ролдор дар кудак худназораткунї, худдорї карда тавонистанро тарбия мекунад, мањорати идоракунии њаракату амалњо ва диќќати ихтиёриро ташаккул медињад. Кудакон ба мехнати калонсолон нигариста, малакањои ба худ мувофиќ ба монанди худхизматрасониро дар худ ташаккул медињанд, ки ин давра навбати худ ба пайдоиши мехнатдустї, мустакилї, масъулиятшиносї ва покизакорї барин хислатњои характер имконият медињад. Хусусиятњои индивидуалї-психологии кудакони синни томактабї њоло устувору мустахкам нестанд. Кудакон дар амалу муносибатњо ба одамон пурра аз вазъияту шароитњо вобастаанд. Масалан, кудак дар давоми њафта якчанд маротиба бањодињии худро ба мурабиаш дигар мекунад: баъди тањеину офарин-у хубу мењрубон ва баъди сарзаниш-у одами бад мешавад. Шароитњои њаёт ва тарбияи кудак ба инкишоф ва ташаккули шахсияти у минбаъд таъсири амиќ мебахшад ва дар баъзе њолатхо 142 накши худро тамоми њаёт мегузаронанд. Кудакон бисёр предмету њодисањо, ќиёфа ва таасуротњои гирифтаашонро дар синни камолот ба хотира меоваранд. Аз ин ру ќувваи таассурот, устуворию бардавомии он дар ташаккули характер ва шахсияти кудак бетаъсир намемонанд. Бояд гуфт, ки психикаи кудак таѓирёбанда буда, ба хама чизи ба талаботи хаётии ў љавобдињанда таъсирпазир аст. Барои кудаки 3-4 сола чунин талаботњоро номбар кардан мумкин аст: талабот ба навозиш, мехрубонї, кушиши ба кудакон муошират намудан, ба калонсолон наздик шудан, шавќу њаваси ба таассуротњо равшан ва ѓ. Аксар ваќт бо сабаби ќонеъ нашудани ниёзи он талаботњои зикршуда, дар характери кудакон норасоиро эњсос кардан мумкин аст. Агар дар характери ташаккулёбандаи кудаки ин давраи синнусолї камбудї ошкор карда шавад, он гоњ дар навбати аввал муайян кардани он чи зарур аст, ки оё дар тараќќиёти љисмонии кудак ягон хел зуњуроти номатлуб мавчуд нест, яъне бозї ва ѓайра пурра ќонеъ мегарданд. Тарбияи шахсият ва фардияти кудак корест, ки мунтазам маслињату машварати педагог ва инчунин духтурро талаб мекунад. Томактабиён нињоят таъсирпазиру кунљков мебошанд. Онњо њамвора дар љустуљуи таассуротњои зиндаву гуногунанд. Агар талаботи табии-маърифатии кудак ќонеъ карда нашавад, хаёти ў бо таассуротњои нав ба нав бой нагардад, он гоњ ин на танхо тараќќиёти аќлии ўро метавонад нигох дорад, балки ба ташаккули характер низ таъсири манфї мерасонад. Бояд ќайд кард, ки дар ташаккули соњаи маърифатии кудак миќдори зиёди иќбораи таассуротхо ё худ таассуротњое, ки мувофиќи ќувваи системаи асаб нестанд, таъсири бад мерасонад. Кудак њангоми набудани таассуротњои ѓайрифаъол, беѓайрат, танбал мешавад, барои аќли худ аз берун ѓизои мувофиќе ёфта наметавонад, шухихои мамнуъро фикр карда мебарояд ё худ хаёлпарасти хушку холї шуда мемонад. 143 Њангоми тавсиф додани рафтору кирдори томактабиён ба хисоб гирифтани њаяљонпазирї онњо басо муњим аст, яъне зуњуроти зинда, самимї ва бевоситаи худи онњо дар тамоми намудњои фаъолият: бозї, машѓулиятњо, дар нутк, дар муносибат бо одамон, дар зуњуроти њиссиёт худро нигоњ дошта натавонистан аз он шањодат медињад, ки дар кудакони ин давраи синну соли худназораткунї, ќобилияти боздоштаи хаяљонњои номатлуб ба ќадри ќофї ташаккул наёфтааст. Томактабиён табиатан серњаракат, зиндадил ва ноором мебошанд. Бо мурури замон дар психикаи кудакї томактабї дигаргунињои чашмрас ба вуљуд омадан мегирад. Фаъолии ў боз њам шууронаю хам шууронаю муташаккилона мегардад, ба нигоњ доштани њаячонњои худ одат мекунад, ки ин њама зуњурот ва ташаккули хислатњои мусбати характер мусоидат менамояд. Кудакон аз 6-7 солагї cap карда ба фаъолияти начандон мураккаби таълимї машѓул мешавад, яъне мехонанд, њисоб мекунанд ва дар айни замон ба омузиши системаноки мактабї омода мегарданд. Солњои охир аќидае ќабул шудааст, ки кудаконро ба тањсили мактабї бояд њаматарафа, яъне чи аз љињати тараќќиёти љисмонї, чи аќидаву ва чи маънавию иродавї тайёр намуд. Умуман, тайёрї ба мактаб протсесси мураккабу гуногунтараф аст ва дар он танњо хондаю навишта тавонистан асосию басанда нест. Хусусияти асосї тараќќиёти умумии кудак , дар дараљаи зарурї ташаккул ёфтани на танњо соњаи маърифатї, балки эмотсионалию иродавї, инкишофи фардият, мизољ, характер ва ќобилият мебошад. Бо ба мактаб омадан системаи муносибатњои байнињамдигарї бо калонсолон ва њамсолон дигар мешавад, муносибатњои кудак бо табиат, бо одамони дигар, бо худаш феъли он муносибатхои кудак бо табиат, бо одамони дигар, бо худаш васеъ мешавад, ба олами донишњо ру меоварад. |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling