Сифат аломат ва чигунагии прсдметро мефаҳмонад. Аломатҳои хоси он одатан дар дохили ибора равшан зоҳир мегардад
Download 81.92 Kb.
|
1 2
1. Сифат аломат ва чигунагии прсдметро мефаҳмонад. Аломатҳои хоси он одатан дар дохили ибора равшан зоҳир мегардад. Сифат дорой хусусиятҳои зерин мебошад: семантикаи махсус: исм агар предметро ифода кунад, сифат аломат, хусусият ва нисбати чизе ё шахсеро ба чизе ё шахсе мефаҳмонад: шахри зебо, роҳи поњамвор, марди доно, корҳои саҳроӣ; дараҷаҳои муқоиса (қиёсию олӣ) ва шакли таъкидӣ: бинои калонтар, калоитарипн шаҳрҳо, рӯи суп-сурх; аффиксҳои махсуси калимасоз; -й, -манд, -нок, -она, -гун, -ин, но-, ба-, бе-: ранги ҷигарй, марди хирадманд, чизи фоиданок, корҳои оқилона, рӯи гандумгун, камзӯли чармин, бачаи боакл ҷомаи базеб, гули бебӯй, ҷойҳои ношинос; сифат дар ҷумла ба вазифаи муайянкунанда ва хабар меояд. Дар фазой боғҳои пурсамар, Даштҳою кӯҳҳои сарбаланд, — Паҳн карда мужда аз фатҳу зафар —, Мевазад форам насими дилписанд (Миршакар). …ҳоло ҷомаи Хӯҷаназар тозатар, шикамаш аз шиками Раҳимқассоб калонтар, ришаш аз риши Тӯрақули равғангар ғӯлитар ва ҳам рав-ғанинтар аст (Айнӣ). ХЕЛҲОИ СИФАТ СИФАТИ АСЛЙ 1. Аз ҷиҳати маъно ва аломатҳои морфологи сифат ба ду гурӯҳи калон чудо мешавад: аслй ва нисбӣ. Сифати аслй аломат, хусусият ва чигунагии предмету ҳодисаҳоро бевосита ифода менамояд: одами озод, фикри олй, ҷомаи тар, ҳавои гарм, меваи ширин. Ҷиҳати махсуси сифати аслй ин аст, ки дар калимаҳом ифодакунандаи он аломати предмет метавонад тағьир ёбад: ширин, ширинтар, ширинтарин, хеле ширин, бағоят ширин, каме ширин, ширинак. Сифатҳои аслй чунин аломатҳоро ифода карда метавонанд: ранг (сурх, сафед, кабуд, зард ва монанди инҳо); сатҳу масох,а (дур, наздик, рост, васеъ, паст, паҳн, кӯтоҳ, чап ва гайра); хусусияти ашёҳое, ки бо узвҳои хис дарк мешаванд (ширин, талх, гарм, сард ва гайра); аломати чисмонии шахе ва ҳайвонот (зӯр, пир, сует, заиф, хароб, фарбех, кар, гунг, ланг ва ғайра); хусусиятҳои маънавии одамоп (оқил, доно, гам-хор, бахил, дағал, шуҷоъ) ва гайра. Сифатҳои аслй як катор хусусияти лексикию грамматики доранд. Онҳо аломати предмет, ҳодиса ва воқеаро бевосита ифода мена-моянд: калон, хушбахт, муқаддастарин. Сифатхон аслй аломати предметро дар шакли содда хам ифода мекунанд, чунки бештарини онҳо аз рӯи баромад калимаҳои аслй — решагй буда, ба давраи қадимтарини забои мансубанд: нек, бад, гарм, хунук, сурх, тоза, калои, бузург, пир, на в. Дараҷа доранд: одди, муқоисави, оли, ками (хурдию навозиш), зиёдӣ: хубтар, хубтарин, суп-сурх, ниҳоят зебо, сафедча, сурхтоб. Ба тарзи антоним ва синоним воқеъ мешаванд: одати бад — нек, девори паст — баланд, умри дароз — кӯтоҳ, меваи талх — ширин, ҳавои гарм — хунук, дурӯғи маслиҳатомез — рости фитнаангез; калон, бу-зург, аъзам, кабир; хуб, нағз, беҳ, хуш. Такрор шуда, дараҷаи олии аломати предметро ифода менамояд: қадамҳои калон — калон, барфҳои паҳн — паҳн. Аз онко во суффикси -и исми маъин ва бо суффякси -она зарф сохта мешавад: пок-покй, сурх-сурхй, далер-далерй, ором-оромй, чолок-чолокона, ором-оромона, танбал-танбалона. Хусусиятҳои мазкур ҳарчанд хоси сифатҳои аслй бошанд ҳам, баъ-зеи онҳо ин аломатҳоро кабул намекунад. Ин ё он аломатро қабул кар-дани сифатҳои аслй ба маъно, вазифаи услубӣ ва мавқеи истифодаи онҳо вобаста аст. Масалаи, аз снфатҳон норасоии ҷисмонй (кал, кӯр, ланг) дарача’и муқоисавй ва е олй сохтан мумкин нест, чунки ин гурӯҳ сифатҳо табиатан аломати мутлақ ва доимии предметеро ифода карда, миқдоран каму зиёд шуда наметавонанд. Сифатҳои ифодакунандаи хусусият, ҳолат, таъм, хислат ва монан-ди инҳо дараҷа қабул кунаид хам, дар шакли таъкидй памеоянд: хунук, гарм, фарбех, вазнин, тунд, пир, талг, васеъ, ҷоҳил… СИФАТИ НИСБЙ 271. Сифатҳои нисбй аломат, хосият ва чигунагии предмету ҳоди-сахоро аз рӯи муносибати ба предмете, ё ходисае доштаи онҳо мефах-монанд. Ин муносибат ҳар хел мешавад: нисбат ба шахе (мехри мода-рӣ, ҳуқуқи падарй, саломи дӯстона, ёрии бародарона, муҳаббати бача-гона); предметхои гайришахс (боғи наздимактаби, университети давла-тй, аспи зоти); замой (шамоли субхдамй, ғамхории доимӣ, пӯшо-ки тобистона, гандуми тирамоҳй); макон (духтари дарвозӣ, пудинаи боғй, гӯсфаидп ҳисорй); таъипот (боғчаи бачагона, омӯзишгоҳи духта-рона, институти педагоги, ёрии тиббӣ, флоти х^воӣ); воситаи иҷро (меҳ-натй дастӣ, отащдони газй, осиёи электрики); сохта шудани предмет аз чнзе (гулдони булӯрин, бинои сангин, девори тахтагӣ); нисбат ба маф-ҳуми маънй (реализми социалистй, кори илмй, хаёти партиявй). Хусусияти фарқкунандаи сифатҳои нисбй аз аслй ин аст, ки на да-раҷа доранд ва на шакли ифодакунандаи баҳои субъективӣ, аз онҳо исмҳои маънию зарф низ сохта намешавад. Сифатҳои нисбй ҷуфти ан-тонимӣ ҳам надоранд. Опҳо танҳо дар шакли ибора синоним доранд: гулдони булӯрин — гулдони аз булӯр сохташуда. набототи кӯҳӣ — на-бототи дар кӯҳ рӯянда, либоси занона — либос барои занон. ТАБДИЛИ СИФАТИ АСЛЙ БА СИФАТИ НИСБЙ 272. Ба аслй ва нисбй чудо кардани сифатҳо то апдозае шартист, чунки ҳудуди байни онҳо чандон тағьирнопазир нест. Баробари инки-шофи маънои нав ҳудуди сифатҳои аслию нисбй низ тагьир меёбад. >1аънои муносибати предмети бо маънои аслй хеле наздик аст. Аз ин рӯ дар шароити мусоиди нутқ сифати нисбй хусусиятн аслй мегирад. Махсусан маънои маҷозӣ пайдо карда, ба сифати аслй гузаштани он бештар мушоҳида мешавад: симин, булӯрин, сангин, оташин. Табдили сифатҳои аслй ба сифатҳои нисбй ду хел мешавад: а) як гурӯҳ сифатҳои нисбй дар шароити муайяни синтаксией ба вазифаи сифати аслй меоянд. Чунончи, агар дар ибораҳои кафаси симин^ дари оханин, суфаи сангин, канддони булӯрин сифатҳои симин, оханин, сангин, булӯрин аз кадом материал сохта шудани предметро фаҳмонида, ҳамчун сифати ннсбӣ вокеъ шуда бошанд, пас дар ибораҳои сойди си-мин, дили сангин, иродаи оханин, саломи оташин, бозӯи булӯрин онҳо ба аломатҳои мазкур доро будани предметҳоро маҷозан ифода намуда, ҳамчун сифати аслй зухур кардаанд. Асдй ё нисбй будани ин гурӯҳ си-фатх,о танҳо дар матн муайян мегардад; б) гурӯҳи дигари сифатҳои нисбй аслан чун сифати нисбӣ сохта шуда бошанд ҳам, бо мурури замон тадриҷан ба сифати аслй гузашта-анд. Сифатхое, ки бо суффиксҳои -нок, -манд (фоиданок, хатарнок, хи-радманд, давлатманд), бо префиксҳои бо-, ба-, бе-, но- (боақл, бенамак, ботадбир, нокас) сохта шудаанд, ба ҳамин гурӯҳ мансубанд. Ин гуна сифатҳо аломатҳои грамматикии сифати аслиро қабул мекунанд: ота-шинтар, хеле оташин, мардонатар. ДАРАҶАҲОИ СИФАТ 273. Дараҷаи аломат дар сифатҳои аслй микдоран каму зиёд шуда метавонад. Вобаста ба ин дараҷаҳои сифатро аз рӯи ифодаи муқои-са ба ду гурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст: а) дараҷаҳои қиёсӣ; б) дара-ҷаҳои ғайриқиёсӣ. Дараҷаҳои қиёсии сифат кам ё зиёд шудани аломати предметро дар асоси муқоисаи аломати предметҳои ҳамҷинс ифода менамоянд. Дараҷаҳои қиесй ба муқоисавй (бузургтар, латифтар) ва олй (калон-тарин, хушбахттарин) ҷудо мешаванд. Дараҷаҳои ғайриқиёсӣ каму зиедии миқдори аломати предметро бе муқоисаи аломати предметҳои ҳамҷинс мефахмонанд: зебояк, сурхча, кабудтоб, зардина, суп-сурх, калон-калон, хунуки хунук. Албатта, дараҷаҳои каму зиёдй низ аслан ба муқоиса асос ёфта-аст. Масалан, сурхча аслан дар асоси бо сурх мукоиса кардан ба ву-ҷуд омадааст. Дараҷаи зиёдии суп-сурх ҳам ҳамии тавр аст: суп-сурх нисбат ба ранги аслй (сурх) дорой аломати бештарест. ДАРАҶАИ МУҚОИСАВЙ 274. Дараҷаи муқоисавии сифати аслй бартарии аломати як предметро нисбат ба предмети дигар нишон медиҳад: Агар ба ҷои озо-датар хобиданро хоҳед, ҷомаи худро дар зери худатон паҳн мекуиед (Айнй). Гоҳо ҳангоми муқоиса аломати ду предмет муқоиса нашуда, тағьи-ри аломати як предмет дар марҳилаҳои гуногуни тараққиёташ (пеши-па ё баъдина) бо ҳам муқоиса карда мешавад: Дар рӯи карнайчахо гулпартой кард, ки баъд аз он бозораш часпонтар шуд (Раҳим Ҷалил). Тарзи муқоисаро дар ифодаи бартарй ба се гурӯҳ тақсим намудан мумкин аст. Ба гурӯҳи якум ҷумлаҳое дохил мешаванд, ки дар онхо хам мукоисакунанда ва ҳам муқоисашаванда мавҷуданд: Аспони ҳам-роҳони ман назар ба аспи ман лоғартар буданд, аммо онхо бар рӯи ях паси ман хубтар ва чолоктар мегаштанд (Айнй). Ман аз ту зиёдтар душмани ин расму одатҳо ҳастам, — гуфт Нуралӣ (Улуғзода). Гурӯҳи дуюм ҷумлахоеро фаро мегирад, ки дар онҳо унсури му-коисашаванда мавҷуд нест. Вай ё дар ҷумлахои пеш зикр ёфтааст ва ё аз мазмуни матн бо осонй фаҳмида мешавад: Колхозчиёни боинсоф-тар хосили баланд рӯёндани ӯро аз ғайратмандӣ ва меҳнатдӯстии Зу-байда медонистанд (Улугзода). Касе, ки ба кофтани хонаи мо омада буд,— гуфт модар,— дағалтар буд («Маориф ва маданият»). Дар ҷумлаҳои гурӯҳи сеюм аломати ҳамон як предмет дар вақтҳоц гуногун мукоиса карда мешавад. Ин хусусият ба он сифатҳои дарачаи муқоисавӣ, ки хиссаи номии феъли таркибй шуда омадаанд, хос мебо-. шад: Ҳамчунон ки умеди арбоб бо ҳусули муддаои худ қавитар гардид, ҳамчунон тарсу бими Бибиоиша ҳам зиёдтар шуд (Айнӣ). Дар рӯи карнайчахо гулпартой кард, ки баъд аз он бозораш часпонтар шуд (Рахим Чалил). Дар забон ҳангоми муқоисаи аломати предмстҳои бо ҳам муқоиса-шаванда чунин ҳолатҳо дида мешаванд: аломати як предмет бо аломати предмети дигар муқоиса мешавад: Шумо аз ман ҷавонтар будаед? — пурсид оймулло (Икромӣ); аломати як предмет бо аломати предметҳои ҳамҷинс муқоиса карда мешавад: Дуруст аст, ки шиками ин одам аз шикамҳои одамони дигар хеле калон буд (Айнӣ). Чӣ гӯям?—Ман оё я гон бор гуфта бу-дам, ки ту аз дугонаҳоят ё ҳамсоязанон камтарӣ («Садои Шарқ»). Ман гумон мекунам, ки нияти ӯ,—Аз ақиқ, аз бӯлур софтар аст (Турсун-зода); аломати якчанд предмет бо як предмет мукоиса карда мешавад: Сафар Ғулом ва Ака-Эргаш дар коммунистй аз ту кӯҳнатарапд (Айнй); аломати якчанд предмет бо аломати якчанд предмет мукоиса карда мешавад: Ҳамин кадараш ҳаст, ки мо калонтар, инхо донотар, яъне мо соддатар, инхо фиребгартаранд… Эшон аз мурдашуёп боиззат-тар ва хуштолеътаранд (Айни). Политрук, агар фаҳмед, барои онҳо аз мову шумо мушкилтар аст (Ниёзй); дар мавриди мукоиса баъзан аломатхои гуногуни як предмет бо ҳам мукоиса карда мешавад: Нон бошад-чй? — гуфт гадозан,— барои мо барин кампирҳои бедандон тар кардагиаш аз хушкаш беҳтар аст (Айнй); дараҷан қиёсии сифат дар вақти ҷузъи номии феъл шуда ома-дан вобаста ба хусусияти феълҳои ёридиҳанда чунин маъноҳоро ифода мекунад: а) мукоиса бо аломати пешинаи предмет (мантикан) амалй мегардад: Вакте ки ӯ калонтар ва серпултар шуд, майдафоидахӯрии сарикӯчагиро, ки баъзан пулаш месӯхт, ба як тараф гузошта ба дӯкондорони калон ва савдогарон муомила сар кард (Айнй); б) мукоисаи аломати предмет бо аломати баъдинаи он: Вакте ки қишлоқ бойтар мешавад, хочагии коллективӣ имконият медиҳад, ки дар паҳлуи он шумо як беморхона хам бино кунед (Рахим Чалил). То ки хушбахттар шавй, Помир, — Пора бинмой синаи кӯҳсор (Миршакар)%. Дараҷаи бартарии сифат бо ду роҳ ифода меёбад: а) синтетики, б) аналитики (таркибй). 275. Роҳи синтетики. Роҳи синтетики роҳест, ки дар он дараҷаи бартарй ба воситаи афзудани суффикси -тар дар охири сифати аслй ба амал меояд: бузург — бузургтар, муҳим — мухимтар. Дар усули киёси синтетики муқоисашаванда дар ҷумла зикр намеёбад, вале вай аз маз-муни матн ба осонӣ фаҳмида мешавад. Бо ин роҳ аломати як предмет ба аломати худи он ва дар мавридҳои гуногун мукоиса карда мешавад. Суффикси -тар ба сифати аслӣ ҳамроҳ шуда, якҷоя бо он тобишҳои гуногуни маъноиро мефаҳмонад: а) нисбатан зиёд, пуркуввату баркарор шудани аломати предмети мукоисакунандаро: Не, сад бор не! Ҳамаи гап дар ҳамин, ки меҳнат бе кор наравад, кор осон шавад, зиндагй бехтар шавад (Икромй). …дар ин гуна муомилаҳо ӯ дар фикри худ инодкорона устувортар гардида, мукобилбаромадагонро ба нодопй ва аҳмақӣ ҳамл мекунад (Айнй); б) ками ва норасоии аломати предметро: Бемор бошад рӯз то рӯз сусттар ва бемадортар мешуд (Айнй). Дар лабони хубрӯён ханда хусни дигар аст,— Чилваи ин бог хам дар нозукй нозуктар аст (Турсунзода). Дар сифатҳои чида ҷои суффикси -тар гуногун аст: а) бо ҳар як аъзоҳои чида омада, маънои ҷузъи чидаро алохида таъкид мекунад: Бой шиками танобчиро хуб сер карда буд, ки зӯр шуда кадами худро калонтар ва кушодатар монда… (Айнй). Ба хама рӯзхои минбаъда хубтар, дуртар назар кардем (Турсунзода); б) бо яке аз сифатҳои чида меояд ва ба ҳамаи аъзохои он баробар тааллук дорад: Менамояд ба дида бағотат — Пурсафо, дилпишину хур-рамтар (Турсунзода). Сифат бо дараҷан муқоисавй дар ҷумла пас аз мавсуф меояд: Агар ба ҷои озодатар хобиданро хоҳед, ҷомаи худро дар зери худатон паҳн мекунед, хӯрҷинатонро болиы мекунед ва хобидан мегиред (Айни). Аммо барои им кор сарбанди мустаҳкамтар ва ҳавзаи калонтар сохтан лозим аст (Улуғзода). Сифатҳои дараҷаи муқоисавӣ барои таъкиди аломат гоҳо пеш аз мавсуф оварда мешаванд: Ҳозир шуморо дидаму ба дилам гуфтам, ки аз эшонҷони хурдй боътимодтар, донотар ва бохабартар касе мест, биё аз хампн кас пурсида гирам (Икромӣ). Баъзеҳо ҳазил, баъзеҳо танқид мекунанд, баъзеҳо аз рӯи манфиати кор ҷӯрагиро ба як сӯ монда, сахт-тар ҷазо хам медиҳанд (Ниёзй). Хусусияти дигари дараҷаи муқоисавии сифат дар забони адабйи ҳо-зираи точик он аст, ки шакли синтетикии вай дар ҷумла баъзе кали-маю таркибҳои таъкидй қабул мекунад. Дар ин хол аломати предмет пурқувваттар ифода мегардад. Ба ип вазифа калимаҳои таъкидии гу-ногун меоянд. Зарфн «боз», ки ба таври иловагй зиёд ё кам шудани аломати предметро мефахмонад: Ҳамон Қудрати самоворчии худамон, — Пулод ба оянда боз хубтар диққат карда… (Айнӣ). Рухсораи гулгупи у боз гулгунтар шуд (Ҳакнм Карим). Калимаи «боз» бо сифатҳои мукоисавии чида низ омада метавонад. Дар ин маврид «боз» гоҳо пеш аз аъзом чидаи аввал ё ки пеш аз ҳар як аъзои чида вокеъ мешавад: Шабҳо боз фоҷеътар ва боз ҷонкоҳтар мегашт (Айнй). Аз оғӯши боду бӯрон мисли укоб сипа ба пеш дода, боз устувортар. далертар ба пеш пой менихад (Ниёзй). Зарфи «боз» ва ҳиссачаи «ҳам». Агар «боз» бо дараҷаи мукоиса вии сифат омада, афзудани миқдори аломати предметро фаҳмонад, бо илова гаштани «ҳам» маънои вай таъкид меёбад ва пуркувваттар ме гардад: Бинобар ин ба шумо узр гуфтанй ва аз дилатон бароварданй шуда ба пеши шумо нишастам, гуфт бо оҳанги боз ҳам мулоимтар, лекин чиддй (Айнй). Ин ҳол ба асаби вай боз хам сахттар таъсир кард (Икромй). Ин калимаҳо бо сифатҳои чида гоҳо пеш аз аъзои чидаи аввал, го-хо бо хар як аъзои он меоянд: Рақси ӯ дар зери усули устодонаи Мул-лоҳомид боз ҳам моҳиронатар, боз ҳам нодиронатар баромад (Айнй). Дар танаш куртаи чити гулдор пӯшида, мӯяшро ба пешонааш оварда тугун намуда буд, ки ба вай хеле мезебид ва Дилбари шӯхро боз хам шӯхтар ва дилработар карда нишон мсдод (Икромй). Зарфи «торафт», ки ба дараҷаи мукоисавии сифат хамроҳ шуда, афзоиш ё камшавии пайдарҳамц аломати предметро мефахмонад: Чашмони камс аз ин пеш ниҳоят ҷиддии Ашрафпартизан торафт шод-монтар мегардиданд (Раҳим Ҷалил). Катори одамоне, ки дар таги дари зарринкории Қаъба ба иавбат истодаанд, торафт зичтар ва ғафстар мегардид (Муҳаммадисв). Зарфхои «андак», «кадре». Ин калимаҳо ба сифат тобиши зиёд ё кам шудани микдорп аломати предметро илова менамоянд: Ана дар ин гуна тазъики об, ки баъзан трубаҳои ҷӯянӣ ва цементии андак тунук-тар тоб наоварда кафида мераванд, трубахои сафолнни шумо мумкин нест, ки тоб оваранд (Айнй). Дар рӯзҳои охир қадре беҳтар шуда, сар аз болишт бардошта буд… (Айнй). Калимаҳои «дучандон», «ҳазор бор», «ланд дараҷа», «чандин ма-ротнба» ва ғайраҳо, ки дар худуди муайян зиёд шудани аломати предметро аз ҷиҳати миқдор ва дараҷа таъкид мекунанд: Дуюм ин, ки шароити зиндагониаш бо Одина чанд дараҷа душвор-тар буд, зеро Одина уро чунон ки маҳбуби аз ҷон ширинтар буд, инчу-нин ягона иарастораш хам у буд… (Айни). …аз ин гуна беаеое аз тарсида гурехтап, ки рӯзе чанд бор воқеъ мешавад, бо шам[щери аскарони сурх кушта шудан ҳазор бор беҳтар аст (Айнй). Шабхо дар чога-хи танхой фикру хаёл карда, он хикояро худаш боз ҳам чандин мароти-ба афзунтар карда медид (Икромй). Суффикси дарачаи муқоиеавии -тар дар забони адабии ҳозираи то-ҷик серистеъмол мебошад. Ин суффикс на танҳо бо сифатҳои гуногун-маънои аслй дарачаи мукоисавй месозад, балки бо сифатхоп нисбии ба сифати аслй гузашта, сифати феълӣ ва исмҳои ба зарф табдильёфта ва ё сифатхои иктибосй низ меояд: равғанинтар, ҷақондидатар, олудатар, арзандатар, абстракттар, конкреттар. 276. Рохи аналитики. Б.о рохи аналитики (ё таркиби) ифода гаш-тани муқоиса он аст, ки прсдмстҳои киёсшавапда дар ҷумла хузур дошта, сифати аслй бо ёрии пенюяндхо дарачаи муқоиса месозад: Ин хона аз он хона калон аст. Дар ташкили мукоиса пенюяндхо аҳамияти махсус дошта, махз бо ёрии онхо ва сифати аслй муқопса сурат мегирад. Дар муқоисаи ало-мати предмстхо пешояндҳои зерин иштирок мекупанд: Пешоянди аз. Яке аз роххои асосни бо роҳн аналитики ифода намудапи дарачаи бартарии сифат якчоя омадани пешоянди аз ва сифати аслй бо ҷузъҳои мукоиса мебошад. Дар ин вакт предмети муқоисашаванда дар шакли дарачаи одди ва ё бартарй меояд: Дар он ҷамъ гашта зи ҳар фаслу бобе, Памоянд сухан беҳ зи дурри хушобе. (Р а ҳ и м и). Нағз, — гуфт Шодй, — аммо тарбузҳои полези колхози мо аз ин ҳам калонтар ва хеле ширин мешавад (Икромй). Дар як вақт нстифода шудани усули муқоиса аҳамияти услубӣ до-рад, бо ин восита маънй таъкид меёбад. Истеъмоли сифати дараҷаи муқоисавй бо суффикси -тар бештар дида мешавад, ки бесабаб нест. Агар роҳи таркибй дар ҷумла ҳатман мавҷуд булана ҷузъҳои муқоисаро талаб купад, роҳи синтетики бе му-қоисашаванда ифода мегардад, ки барои тарзи ифодаи мӯъҷаз мусоид-тар мебошад. Ғайр аз ин дар усули синтетики ба шакли чида омадани сифат назар ба рохи аналитики созгортар аст: Аъзоёни бригада садое наб’ароварда, сархам машғули васеътар ва чуқуртар кандани чашма шуданд («Садои Шарқ»). Пешоянди «аз» ва пасоянди «дида». Дар чумла мукоиса метаво иад дар як вақт бо ду воситаи грамматики — бо пешоянди «аз» ва калимаи «дида» ояд. «Дида» нисбат ба пешоянди «аз» вазифаи ёридихандаи иловагиро ичро мекунад. Пасоянди «дида» доимо пас аз пешо янди «аз» ва предмети муқоисакунанда (агар муқоисакунанда бо худ калимахои тобеъ дошта бошад, пас аз онхо) воқеъ мешавад. Дар ин маврид сифат метавоиад дар шакли дараҷаи муқоисавй ва ё дараҷаи оддй истифода гардад: Аз хонаи оймулло дида ба вай ин ҷо нағз нест магар? (Икромй). Аз май дида ту худат маро хуб медонй (Ниёзй). Аммо шумо, дугонахо, аз ман дида озодтаред (Икромй). Дар таркиби мукоиса омадани пасоянди дида асосан хоси забони гуфтутӯй буда, бештар дар нутқи персонажхои асари бадей вомехӯрад. Пешояндхои нисбат ба, назар ба. Дар забони адабии ҳозираи то-чпк муқонса иичунин ба воситаи пешояндхои таркпбии нисбат ба ва назар ба ифода мешавад. Дар ин маврид сифати аслй дар шакли дарачаи оддй ё дарачаи муқоисавй омада метавоиад: Духтур бо панҷахои нисбат ба дасти кӯтоҳаш дароз… набзи Пулодро гирифт… (Раҳим Чалил). Вай… ба аскарбачаи нисбат ба дигарон сертараддуди камкор… муроҷиат кард (Ниёзй). Ботурчаи.хурдсол, навдарсхон ва со-хти ба-данаш нисбат ба бародаронаш мӯьтадилтар, дар кирдор ба бародарони худ мукобил буд (Лини). Аспони ҳамроҳони ман назар ба аспи ман лоғартар буданд (Айнй). Шакли муқоиса бо псшояндҳои таркибй дар ҷумла бо сифатҳое омада метавонад, ки калимаҳои қувватдиҳанда доранд. Онҳо бо маф-ҳуми муқоиса тобишн боз ҳам зиёдтар шудани аломати предметро плова менамоянд: Дар дари яке аз ин хуҷраҳо, ки нисбат ба дигарҳояш кадре калонтар аст, «золи заседани», «нишемангоҳи амир» гуфта на-виштааид (Айнй). Ҳангоми бо пешояндҳои мазкур ифода ёфтани мукоиса дар ҷумла мавҷуд будани ҷузъҳои мукоисакунандаю муқоисашаванда ҳатмист, чунки онҳо аломати предмет, ҳодиса ё воқеаро бо аломати ба он мо-нанди предмет, ҳодиса ва воқеаи дигар ё ки бо аломати худи он (фа-кат дар мавридхои гуногун) мукоиса мекунанд: Дар он сарой Боярчй ном як ҳинду буд, ки нисбат ба дигарон як дараҷа камбӯйтар ва озод-тар буд (Айнй). Хоҳараш нисбат ба ӯ баландкоматтар ва сафедрӯйтар буд («Садои Шарк»). Дар ин мисолҳо аломати предметҳои гуногун мантикан бо ҳам мукоиса шудаанд. Дар мисолҳои зерин аломати ҳозираи предмет бо аломати пешина ё баъдинааш мукоиса карда мешавад: Ҳавлии Қарокӯли-бои машқур, ки дар гузари Чордараи Бухоро буд, он рӯз нисбат ба дигар рӯзҳо серрафтуойтар шуда буд (Икромй). Ифодаи муқоиса бо зарфи нисбатан. Мукоиса ба воситаи зарфи нисбатан низ ба вуҷуд меояд. Бо зарфи нисбатан сифат метавонад дар шакли дараҷаи одди ё ки дараҷаи муқоисавй ояд: Дигар то ба худи гузари Кӯкалтош мо аз роҳи калон рафтем, ки ба ҳар ҳол нисбатан сер-рафтуой буд (Икромй). Ҳама мехостанд, ки то тахт шудани ҳуҷҷатҳо ва иҷозатномаи сафари Мадинаи мунаввара ду-се рӯзи интизориро дар ин шаҳрчаи обу ҳавош нисбатан сабук гузаронанд (Муҳаммадиев). Ода-тан шамъ вакте ки сӯхта ба поён расид, як шӯълаи нисбатан боқувват-тар мебарорад ва дар паи он тамоман хомӯш мешавад (Айнй). Занаш, ки нисбатан ба назар ҷавонтар менамуд, дар сари оташдон хӯрок ме-пухт (Рахим Ҷалил). Дар ҳолати мукоиса бо калимаи нисбатан предмети мукоисаша- * ванда дар ҷумла намеояд, аммо он аз мазмуни матн ба осонӣ фаҳми-да мешавад. ДАРАҶАИ ОЛЙ 277. Дараҷаи олии сифат ҳадди охирини аломат ва ё ба дараҷаи олии аломат соҳиб будани яке аз предметҳои ҳамҷинсро дар мукоиса бо предмети алоҳида ё гурӯҳи предметҳо мефаҳмонад: аз ҳама калонтар, аз хама хубтар, бехтарини роҳхо, зеботарини иморатхо, машҳурта-рин олим, зеботарин шаҳр, наздиктарин дуст. Дараҷаи олии сифат бо ду роҳ ифода мешавад: а) бо роҳи синтетики, б) бо роҳи аналитики. Рохи синтетики. Ин шакли дараҷаи олй дар натиҷаи ба сифати аслӣ ҳамроҳ шудани суффикси мураккаби -тарин ба вучуд меояд: Хосият хурсанд буд, ки шавҳараш имрӯз бо дугонаи наздиктарини вай дӯстона муомила мекунад (Улуғзода). Артисткаи пешкадамтарин, занн озод, намунаи духтари мадании советй буд (Икромй). Роҳи аналитики. Шакли мазкур бо роҳи ба хам омадани тар-кибҳои аз ҳама, аз тамоми ва сифати аслй сурат меёбад: аз ҳама доно, аз хама пешқадам, аз тамоми касбу хунархо авлотар. Дар ин мавридхо сифати аслй дар шаклҳои зерин меояд: а) дар шакли дараҷаи оддй: — Рост, оймуллои ту аз ҳама як сару гардан баланд буд (Икромй); б) дар шакли дараҷаи муқоисавй: Дар болои буз факат як ей нафар саворони аз ҳама ғаюртар монданд (Улуғзода). Таркибй «аз хама» бо сифатҳои аслии оддй, муқоисавӣ ва олй шакли дараҷаи олии сифатро ташкил дода, хусусияти махсуси услубй зо-х.ир мекунад. Масалан, дар иборахои «кори аз хама дущвор» ва «кори аз хама душвортар» сифати дуюм назар ба якум бештар таъкид ме-ёбад. ДАРАҶАХ,ОИ ҒАИРИҚИЕСИИ СИФАТ 278. Дараҷаҳои ғайриқиёсй, чунон ки дар боло хам пшора шуд, аломатро бе муқоисаи предметҳои хамҷинс ифода менамоянд. Агар дар дараҷахои қиёсй мақсади асосӣ дар муқоиса муайян намудани барта-рии аломати предметҳои ҳамчинс бошад, дар категорияи дараҷахои ғайриқиёсӣ чизи асосӣ нишон додани кам ё зиёдии аломат аз меъёри мӯътадил мебошад: барги заб-зард, ранги заҳирча. Дараҷаҳои ғайриқиёсӣ ду хел мешаванд: дараҷаи зиёдӣ ва дара-ҷаи камии аломат. 279. Дараҷаи зиёдӣ маънои зиёд будани аломати предмет, ҳодиса ва воқеаро мефаҳмонад, маъноеро мефахмонад, ки аломат дар предмете аз меъёри мӯътадил беш аст. Дараҷаи зиёдии аломат бо чунин рох-хо ифода меёбад: 1) бо роҳи бевосита такрор шудани сифати аслП: либосхои лах-лах, олуҳои калон-калон, мижгонҳои дароз-дароз; 2) бо роҳи бо сифат-хои аслӣ омадани зарфҳои микщору андоза: хеле озода, басо хуб, бисьер зебо, нихоят хатарнок, бағоят реза, бехад борик, беандоза ширин, бенихоят шод, аз хад зиёд: То як поси шаб бо тамопюи ин манзараи табиат хобаш набурд. Оянда ба назараш бисьёр дурахшон метофт (Айнй). Аз май хавотир нашавед, ҷаноб, аҳволам басо хуб аст (Муҳам-мадиев).. Чашмони каме аз ин пеш нихоят ҷиддии Ашраф-партизан то-рафт шодмонтар мегардиданд (Толис). Аз рӯи одам хурсандии аз хад *зиёд ногахонй ва инчунин тарси сахти нохост рӯй дода, сустдилонро са-баби ҳалок мешавад (Айнй); 3) бо роҳи такрори нопурраи сифатҳои таъкидй, ки мазмунан дара-ҷаи олии аломати предметро бе мукоиса ифода менамоянд. Дар ин шакл чунин конуниятро мебинем: ҳиҷои аввали калима такрор шуда, овози охирини он мувофики конуни фонетики вобаста ба мавкеаш пеш аз беҷаранг ояд, ба «б», ҷарангдор ояд, ба «б» ё «д» бадал мешавад: каб-кабуд, буд-бутун, заб-зард: Бо шунидани ин сухан рангу рӯи Гул-нор аз хиҷолат суп-сурх шуд (Айнй). Мактаби хушҳавои даҳсола, сап-сафед аст дар миёни деҳ… (Турсунзода). Дар калимаҳои каппа-калон, топпа-тоза, дуппа-дуруст ва мисли инҳо баробари нигоҳ доштани хиҷои аввал овози охирини ҳиҷо ба «п» табдил гашта, барои ҳифзи бутуни калима ва ё ташкили ҳамвазнй бо он ҳиҷои дигар дар шакли «па» хамрох мешавад: Муким, ба кавли Ака-Истад дуппа-дуруст, бо падараш чой хӯрда менишаст (Икромй). Агар пул бошад, халосй оппа-осон, хама гап дар сари пул, — гуфт (Айнй). Шакли мазкури дараҷаи гайрикиёсӣ асосан хоси услубц гуфтугӯист. Сифатҳои таъкидй бештар ба исмҳои ифодакунандаи рангҳо, баъ-зан шахе ва предметхои дигар вобаста шуда меоянд: Дар вакте ки Гулсум ин сухани охирини худро мегуфт, рӯяш аз хиҷолат суп-сурх шуда дурахшид (Айнй). Бо рохи кап-кабуди бепоён, меравад рох хо-хари хуршед (Миршакар). Ҳозир ҳам ба май баъзан лозим меояд, ки ба одамони каппа-калон — ба шавҳарон ва падарҳо панду насиҳат кунам. («Шарқи сурх»). Ин хоначаи нав сафедшудаи асбобу ускунааш оддиву кам, вале напна-нави озодаро дида, ман хоначаи муҷаррадонаи худро… ба хотир овардам («Шарки сурх»). 280. Дараҷаи камии сифат аз меъёри мӯътадил паст будани аломати предметро мефахмонад. Вай бештар аломатҳои ифодакунандаи рангро дар бар мегирад ва ба дараҷаи оддй нарасидани ягон хели онро нишон медиҳад. Дараҷаи камии аломат бо чунин воситахо ифода меёбад: а) ба воситаи ҳамрох шудани суффиксн -ча ба сифати аслй, ки танҳо бо сифатхои матэнои ранг ом ада аз ранги мӯътаднл кам, яъне ба он нарасидани аломатро мефаҳмонад: Ранги захирчаи рӯи вай (Ра- ҷаб) холо аз таъсири май андак сурх шуда буд ва бсором меваю нон мехоид (Рахим Чалил). Дар ин вақт дарро нопурсиш кушода як ода ми коматбаланд, ки ба сараш саллаи хокистарранг, дар танаш чакма- ни нимдошти зардча ва дар пояш мӯзаи пошнаборик дошт, даромада омад (Раҳим Ҷалил). б) ба воситаи суффиксн -тоб, ки бо сифатҳои ифодакунандаи ранг с хусусиятҳои гуногуни одамон меояд: Қариб дар миёнҷои хона, дар болои қолини калони абрешимӣ наздик ба тиреза столп бузурги сиёҳтобе гузошта шудааст (Ҳаким Карим). Аз ин воқеа ман ҳаминро пай бурдам, ки барои дар Бухоро шӯхрат ёфтан ва шогирд ҷамъ кардан он қадар муллой хуб будан шарт набудааст, балки як дараҷа ҳунарманд ва фиребгартоб будан шарт будааст (Айнй); в) якбора бо ду суффикс ифода шудани маънии ба ранги мӯъта-дил нарасидани аломати предмет мумкип аст: Пӯсташ монанди ишкам-баи кадре холишуда ӯрт-ӯрт хеста меистод, рангаш хам монанди ран ги ишкамба сафедчатоби моил ба хокистарй менамуд (Айнй). КАЛИМАСОЗИИ СИФАТ Дар сохтани сифат ҳамаи роҳҳои калимасозй истифода мешавад, вале сермаҳсултарини онҳо у сули морфологи мебошад. СУФФИКСҲОИ СИФАТСОЗ 281. Дар забони адабии тоҷик бо ёрии суффикс сохтани сифат яке аз роҳҳои сермахсули калимасозии ин ҳиссаи нутк ба шумор мера-вад. Суффиксхои сифатсоз аз ҷихати мавкеи калимасозй ва истеъмол ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд: сермаҳсул, каммаҳсул ва бемахсул: 1) суффиксхое, ки аз ҳиссаҳои гуногуни нутк, аз чумла калимаҳои нав, сифат месозанд, суффиксхои сермахсул ном доранд: -и, -нок, -манд, -онац 2) суффиксхое, ки калимаҳои зиёд сохта, вале доираи истифода-ашон дар сохтани сифатхои нав маҳдуд аст, суффиксхои каммахсул ба шумор мераванд: -гун, -ак, -ин, -они; 3) суффиксхое, ки фақат дар сохтани танҳо чанд калима иштирок мекунанд, суффиксхои бемаҳсуланд: -осо, -ваш, -ур. 282. Суффиксн -ӣ (-гй, -вй). Дар истеъмоли суффикси -и ва вари-антҳои он чунин конуният дида мешавад: а) агар калима бо ҳамсадо тамом шавад, суффикс дар шакли й меояд: ёри абадй, музам солдатй, пнститути тадқиқотӣ, чашмони бодомй, оинаи деворй, осмони лоҷувар-дӣ, олоти деҳқонй, ҷавонбухориёни инқилобӣ; б) пас аз садоноки -о -йй талаффуз шавад хам, -и навишта мешавад: баромади ичтимой, илми шӯрой, саломи видой, сӯҳбати фардой, либосхои аврупой; в) пас аз са-донокҳои а, е, ӯ ва йотбарсари ё дар шакли -гй навишта мешавад: соати кисагӣ, либоси хонагй, ғурури бачагй, гапҳои кӯчагй, ошноҳои соктарегӣ, харбузаҳои лӯбиёгн; г) пас аз садоноки а ва йотбарсари я низ -вй меояд: илми дуньявй, фаъолони бепартиявӣ, кахрамонҳои афсо-навӣ, бригадаи таҷрибавӣ, маҷлиси тантанавй, ҳаёти оилавӣ, колхози намунавӣ, иморатҳои оммавй. Суффикси -й сермаҳсул буда, аз қ-иссаҳои гуногуни нутк сифатҳое (алалхусус сифатхои нисбй) месозад, ки аз ҷиҳати маъно рангоранг мебошанд: 1) аз исмҳои маънию конкрет сифати нисбй месозад, ки ба предмет ва шахсу ходиса хос ва мансуб будани аломатро далолат мекунад: за-минҳои колхозй, хоҳпши шахсй, муҳаббати модарй, тадбирҳои агроно мй, саргузаштҳои сафари, латофати духтарц, либоси ҳарбӣ, токчаҳои меҳробӣ, мехри модарӣ; 2) аз исм ва зарфҳои замон сифат месозад: кишти тирамоҳӣ, сӯҳбати фардой, рафиқаи умрӣ, айёми ҷавонй, хӯро-ки пагоҳй, шарики дойми, поезди пагоҳӣ; 3) аз исмҳои макон ва тарки-би ҳар ҷо сифати нисбии ифодакунандаи макон месозад: шоири дарво-зй, хубони хуҷандӣ, мусофирони ӯротеппагӣ, аробаи қӯқандӣ, рафиқони бухорой, бон қунғуротӣ, фақирони ҳарҷоӣ; 4) аз исмҳои ифодакунандаи предметҳои гуногун сифат месозад, ки аз кадом материал сохта шудани предметро мефахмонад: пули коғазӣ, суфачаи сангй, сандончаи оҳанӣ, миёнбанди карбосӣ, сарбанди абрешимй, дарвозаи тахтагй; 5) аз исмҳои конкрету маънй сифати нисбй месозад, ки дорой хусусия-ти таъинотанд: бози шикорй, кулоҳи аскарй, шалвори ҳарбӣ, омӯзишго-ҳи тиббӣ, институти педагоги, ҷойҳои истиқоматй, олоти деҳқонӣ; 6) аз исмҳои конкрет сифати писбй месозад, ки монандии зоҳирии предметро ифода мекунад: шоҳии гулобй, рангҳоп лимӯй, зайтунӣ, лоҷувардй, хо-кистарй, чашмони гӯсфандй, чашмони бодомӣ; 7) аз исмҳои конкрет сифати нисбй месозад, ки маънои воситаи иҷро доранд: осиёи обй, бодй, электрики, ҳунари дастй, итоати забонй; 8) аз зарф ва калимаи тақли-дй сифат месозад: дарьёфти ногаҳонӣ, азонхонии ногаҳонӣ, овози хир-рй, гуфтугӯи чирросй, хандаи қахқосӣ. 283. Суффиксп -она, -ёна, -вона, -гона. Дар истеъмоли ин суффикс ва вариантҳои он чуннн конуният дида мешавад: а) калима бо ҳамсадо тамом шавад, -она меояд: плани оқилона; б) калима бо овоз-ҳои о, а, и ва нотбарсари е тамом шавад, -е’на истифода мешавад: кирдорҳои беҳаёёна, зицдагии сарсариёна, хонаи бенавоёна; в) калима бо овози а, о, х анҷом ёбад, -гона меояд: рақамҳои нӯҳгона, куттиҳои ҷудогона, гиреҳҳои дувоздаҳгона. Суффикси -она дар калимасозии сифат сермаҳсул буда, аз ҳисса-ҳои гуногуни нутқ сифат месозад: аз исмҳои ифодакунандаи ҷинсияти табий ва синну сол сифате месозад, ки таъинотро мефаҳмонад: мактаби духтарона, соддагии кӯ-дакона; аз исмҳои замон сифат месозад, ки нисбати замонӣ доранд: ҷашни солона, мактаби шабона; аз исмҳои чондори гайришахс сифатҳое месозад, ки монандии хислату характерро мефаҳмонанд: хези гурбагона, ҷангу ҷидоли саго-на, ҳирси ҳайвонона, чанголи шерона, табассуми гургона, хислатҳои морона. Суффикси -гона, ки варианти -она аст, бо шумораҳо омада, сифат месозад: рақамҳои нӯхгона, гиреҳҳоп дувоздақгона, писари ягона; Паҳ-паҳкунон бардошта калон кардам, писари яккаю ягонаи писарам гуф-та («Садои Шарк»). Дар ин коғаз дар байни гиреҳҳои дувоздаҳгона си-тораҳова бодомчаҳо накш ёфтаанд (Айнӣ). Май ба асоси он қоида харф-ҳои арабиро такрор ба такрор ҳисоб мекардам ва бо ракамҳои нӯҳго-наи ҳиндй ва цифр навишта ҷамъ менамудам ва аз ин кор завк, меги-рифтам (Айнӣ). 284. Суффикси -нок. Ин суффикс сермаҳсул аст, бештар аз исм-ҳои маънй сифати аслй месозад, ки ба маънои решай калима доро бу-дани предметро мефаҳмонад: роҳи вохиманок, оҳи аламнок, каси шуб-ҳанок, гунбади ҳайбатнок, пигоҳҳои ҳасратнок, чонварони зарарнок, муборизаи шиддатнок, ҷои таҳлуканок. Суффикси -нок гоҳо аз исмҳои конкрет сифате месозад, ки алома-ти предметро мефаҳмонад, маънои дорой низ бокӣ мемонад: пашшаҳо!: хартумнок, марғзорхои камишнок, оши ҷурғотнок, зани фаранҷинок ҳавлии рӯидаричанок, ҳиндуи салланок, хати лифофанок. 285. Суффикси -манд. Ин суффикс сермаҳсул буда, аксар аз исм-хои маънй сифатхои аслие месозад, ки ба аломат, хислат ва хосият до ро будани предметро фаҳмонанд: кампири дардманд, марди аёлманд ошноҳои давлатманд, одами обруманд, хаттотони Хунарманд, чавони Хйрадманд, касони донишманд, каси иззатманд. 286. Суффикси -ин (пас азюадонок ва ҳамсадоҳои «ҳ» ва «м» -гин). Ин суффикс аз исмҳои маънй ва баъзан конкрет сифатҳои аслие месозад, ки ба маънои решай калима монанд ва доро будани предмет-ро мефахмонанд: ранги зумураддин, бачаи ғамгин, одами хашмгин, ч,а-вони шармгин, нигоҳи захрин, зулфи анбарин. Суффикси -ин (-гин) аз исмҳои конкрет сифатҳое месозад, ки аз чй сохта шудани предметро мефаҳмонанд: дастпонаҳои нуқрагин, кӯпру-кн сангин, шишаҳои булӯрин, сарбанди абрешимин, чароғпояи чӯбин. Суффикси -ин аз зарфҳо сифат месозад, ки нисбати замониро ифода мекунад: мулоқоти аввалин, дӯсти дерин, мактуби охирин. 287. Суффикси -ина. Ин суффикс дар сифатсозӣ сермаҳсул аст: а) аз исм сифат месозад, ки аз кадом материал сохта шудани предмет ва ё ба кадом ҷинс тааллук доштани онро ифода мекунад: дастшӯи мисина, ресмони пашмина, меҳмони мардина: Ӯ ба миёнбанд корди да-роз, ба гилофи он шавнй — ресмони пашмина ва ҷуволдӯзе овехта буд (Раҳим Ҷалил). Ғайр аз ин, дар ду тарафи камин дутой равоқ буд, ки дар онҳо косаву пиёла, дар пойгаҳ офтоба ва дастшӯи мисина меис-тоданд (Раҳим Ҷалил). …ҷавонон он табакҳоро бурда ба пеши меҳмо-нони мардина мегузоштанд (Айнй); б) бо сифатҳо омада, онҳоро ба ранг ё аломате нисбат медиҳад: ранги сабзина, пирамарди қоқина; в) аз сифату зарф сифате месозад, ки нисбати замонӣ дорад: асрҳои баъдина, ҷӯраи дерина, кори фардоина, хӯроки пешина: ; /Дар зарфи ин солҳо якаш ду нашуд, як пул ҳам оқибандоз карда натавонист ва ба орзӯи деринааш — ба хонадор шудан муваффақ нашуд (Ҳаким Карим). Хайр, исто ки ту боварй дорй-мй, ки маҷлиси па-гохина «Ҳаёти нав»-ро ташкил мекунад (Икромй). 288. Суффикси -а(-я). Ин суффикс нисбатап каммаҳсул буда, аз ҳиссаҳои гуногуни нутк, сифатҳои аслию нисбй месозад, ки замой, ҷой ва ё аломати предметро ифода мекунад: а) аз сифат: богчаи озода, тиллои нақда, шаҳри қадима, чораҳои лозима, кулбаи вайрона; б) аз исм: куртаҳои ранга; в) аз зарф: таассуроти имрӯза, сармоядорони бе-руна; г) аз феъл: сумкаи овеза, марди гуреза. 289. Суффикси -ак. Ин суффикс дар сифатсозй каммаҳсул буда, аз ҳиссаҳои зерини нутк сифатҳои аслие месозад, ки ба ягой аломат, амалу ҳолат доро будани предметро мефаҳмонад: а) аз сифат: пули пуччак, духтари хаппак, кӯпруки лиққонак, лои лағжонак. Суффикси -ак (-як), -акак (-якак) ба сифати аслӣ ҳамроҳ шуда, ба аломати предмет маънои хурдиро бо тобиши нармй ва зиёдии аломат-ро бо тобиши навозиш ифода мекунад: …дар пеши дарвоза саҳпи тангаке ҳам дошт (Айнй). Аз машина духтарчан сиёҳчашмаки хурдсол сар бароварда ба Нурали нигоҳ кард (Улугзода). Суффикси -ак: а) ба еифатҳои аслӣ ҳамроҳ шуда, тобиши истеҳзо ва таҳқиқ илова мекунад: Дар тарафи шимоли рӯи ҳавлӣ як хоначан пастаки офтобрӯя буд, ки дар вай хизматгорон зиндагй мекарданд… (Айнй). Модари вай кам-пираки қадпастак ва миҷморуқақ, ки дар кишлок ҳама ӯро «бакавул» мегуфтанд, духтарашро пешвоз гирифт (Икромй); б) маънои хурдй ва навозишро ифода мекунад: Бегоҳӣ боронаки нағзакак шуду ҳама ҷоро тозаю тар кард (Икромй). …Зоя дасти кафаш дағар-бугури Сафарро ба рӯи дастони мулои-ми гармакаки худ гирифта набзи ӯро санҷидапӣ шуд… (Ниёзй). Хола, ки ӯро дар ғуломгардиши ҳавлӣ пешвоз гирифт, мехост, ки ба ин бедо-мударакшавй ба марди калон худ танбеҳн сахтакак диҳад (Раҳим Чалил); в) аз феъл: хамири часпак« г) аз исм:« табли қаторак. 290. Суффикси -акй. Ин суффикс аз ҳиссаҳои гуногуни нутқ сифат месозад, ки ба хосияте доро будани предмет ва ё йоситаи иҷроп амалро мефахмонад: а) аз сифат: свзйши хомакй, хандан дурӯ^акй; б) аз исм: фармони даҳанакй, қандфурӯшии дастакй, сураткашин ҳава-сакй, фармони рӯякӣ. Бо фармони даҳанакии оҳистаи командир отряд аз асп фуромад (Айнй). …дар байни ӯ ва ҷаноби Қорӣ дар бораи ба ӯ қарз дода за-минҳояшро ба гарав гирифтан созиши хомакй шудааст… (Айнй). …дар кодоки пешгаҳи ом Хӯҷаназарбой, дар холате ки ба болояш ҷомаи сер-пахтай майдалагандаи кфкдумакиро кашида мехобид… (Айнй). Хол-мирзо якбора хандаи дурӯғакии баланд кард… (Икромй). 291. Суффикси -чак аз сифат ;ва сифати феълй сифате месозад, ки аломат, ё ба амал ва ё ҳолате моил ё доро будани предметро мефаҳмо-над:шафтолуи луччак, одами тарсончак, духтари хандончак, гунҷишки паррончак. Наҳрчаи кӯҳии кишлокамон луччак буд (Ҳаким Карим). Як қисми занҳо ва кампирҳои тарсончак ва инчунин мардҳои буздил зуд ҳаракат карда роҳи ҳавлиро пеш гирифтанд (Икромй). Ман дигар кӯдаки гмрь-ёнчак, ғуломи зархариди бой нестам (Ҳаким Карим). Моҳрӯ намехост, кн ба гапҳои ин марди хандончак гӯш кунад (Раҳим Ҷалил). 292. Суффикси -они каммаҳсул буда, аз исм ва сифат сифатҳои аслию нисбй месозад, ки ба аломат ва хосияти решай калима молик будани предметро мефаҳмонад: пирн нуронй, кори ҷисмонй, ҳаваси нафсонй, сухани ҳаққонй. Навой дар бораи ин, ки агар роҳбари ҳукумат ва ҷамоат шодии мардум ва ободии мамлакатро хоҳад, бояд аз орзуву ҳаваси нафсонии худ ва осоишу таносоии худ гузарад… (Айнй). Марҳамат кунед, хуш омадед, — гуфт ба Оймулло як занаки пири нуронй… (Икромй). 293. Суффикси -вар каммахсул буда, аз исмҳо сифате месозад, ки ба аломате ё хислате сохиб будани предметро мефаҳмонад: ҷавони суханвар, марди хунарвар, духтарони номвар ,дили донишвар, дасти ҳунарвар. 294. Суффикси -вор каммаҳсул буда, аз исм спфатҳои нисбй месозад, ки ба аломат ва хосияти дар реша номбаршуда аз ягон ҷихат муносибат дорад: ҳадьяи сазовор, ошики умедвор. Вай инчунин аз исм сифатҳое месозад, ки монандиро ифода менамоянд: овози раъдвор, то-бишп абрешимвор. 295. Суффикси -гун. Ин суффикс каммаҳсул буда, аз исм ва сифат сифатҳое месозад, ки аз ягон ҷиҳат ба маънои дар реша баёншуда монанд будани ранги предметро ифода мекунад: рухсори лолагун, бар-ги алмосгун, шуои заргун, рӯи сафедгун. 296. Суффикси -гар исмсоз бошад ҳам, дар баъзе ибораҳо бо исм омада, ба аломату хусусияте сохиб будани предметро мефаҳмонад: одами иғвогар, кампири хилагар, марди хасратгар, котиби ҷавобгар, шамоли шӯришгар, дасти хиёнатгар, зани афсунгар. 297. Суффикси -ам, -ук, -ик. Ин суффиксҳо бемаҳсул буда, аз исм, сифат ва феъл сифатҳои аслие месозанд, ки ба аломату хусусияте доро будани предметро мефаҳмонанд: боди форам, куртаи шинам, замини корам, дастони нозук, шаби торик. Ба болои ин худаш як одами лофакии паррами беандеша аст (Айнй). Садои форами наи чӯпонӣ хаёли касро ба саҳроҳои сабзу хуррами бесару нӯг гирифта мебурд («Тоҷикистони советй»). Зеро кн, — гуфт Муҳаббат, — дасти ӯ монанди дасти шумо нозук нест… .д\\йни). Дар шаби торик, дар кӯчаи хилвати ором ин ду ҷавон дасти ҳамдигарро гирифта, хомӯшона мерафтанд (Айнй). 298. Суффиксҳой -огин, -осо (-со), -ваш, -фом, -сор бемаҳсуланд. Онҳо аз исмҳо сифат месозанд, ки ба маънои асоси калима монанд будани аломатро мефаҳмонанд: мӯи атрогин, боги ирамолн, одами дар-вешваш, духтари париваш, нигоҳн барқосо, мӯи анбаросо, рухи гулфом, сахрои зумрадфом, марди хоксор, зулфи сумансо. У, дар ҳолате ки Оо, румолчаи атрогини худ чашм, гуш ва румшро пок мекард, ба Ҳамдам-Фӯрма наздик шуд… (Айнй). Муаллифоп дар китобҳо бегапе ҳам «гесӯи анбарбӯй, анбаросою аибарбез, мӯи муш-кин» — гуфта таъриф намекардаанд (Раҳнм Ҷалил). …закону духтаро-ни онҳо дар боғчаҳои ирамоин, бо либосҳои рангини атрогин, бо сад нозу карашма хироманду занони мо мисл’и мо дар меҳнати сисҳ гириф-тор бошанд (Айнй). Бобур Мирзо як одами дарвешваш, фонисифат, каримахлоқ буд (Айнй). Ба сахроҳом зумрадфом паҳнои кӯҳистон бин, — Маҳистони гулободанд аз дидори духтарҳо (Раҳимӣ). Суффиксхои -о, -он. Ин суффиксҳо аз асоси замоли хозираи феъл сифатҳои аслие месозанд, ки ба хислате доро будани предметро мефаҳ-монанд. Калимаҳое, ки бо ин суффиксҳо меоянд, таърихан сифати феъ-лй буда, ба сифат гузаштаанд: судхӯри гузаро, суханҳои бурро, бозӯи тавоно, деги ҷӯшон, қӯраи тафсон, дарьёи хурӯшон. Фотима, ман барои ту, барон ин чашму абрӯи сиёҳи ту, барои ин рун чу моҳи ту, барои ин дасту бозӯи тавонои ту, барои он сухаиҳои •қатъии буррои ту тайёр ҳастам, ки худамро дар як деги чӯшон, дар оташи сӯзон, дар кӯраи тафсон, дар дарьёи хурӯшон андозам (Айнй). ПРЕФИКХҲОИ СИФАТСОЗ Дар забони тоҷикй ба воситаи префиксҳо сохта шудани сифат низ воситаи сермаҳсули калимасозии ин ҳиссаи нутқ ба ҳисоб меравад. 299. Префиксной ба-, бо-. Ин префиксҳо сермаҳсул буда, аз нем сифати аслй месозанд, ки мазмунан ба ягон хосият ё аломат соҳиб будани предметро мефаҳмонад: фикри бамаъни, одами баобрӯй, духтари ботамкин, донаи бобаракат, хӯрдании болаззат. Ин префиксҳо якдигарро озодона иваз карда метавонанд: бачап боадаб—баадаб, одами боандеша—баандеша. 300. Префикси бар- каммаҳсул бӯда, аз нем, сифат ва зарф сифат месозад. Ин гуна сифатҳо ба ягон аломат доро будани предметро » ифода менамоянд, ё аломати дар реша номбаршударо кувват меди-ҳанд: суханхои бардурӯғ, ташвиши барзиёд, ақли баркамол, умри бар-давом, суфаи барҳаво, чинҳои бармаҳал, тири бархато, муҳаббатп бар-ДУРуғ» анҷоми барзиёд. 301. Префикси бе- сермаҳсул аст. Аз исмҳо сифати аслй месозад, ки ба аломати дар асос номбаршуда молик набуданро мефаҳ-монад: муҳаббати бепоён, ҷои бехатар, одами бетараф, хоиаи бедахлез, нахудшӯрбои бегӯшт, либоси бедарбех, ҳавлии бедевор. 302. Префикси но-. Ин префикс дар сохтани сифат нисбат ба пре-фиксҳои дигар сермаҳсул ва серистеъмол мебошад. Вай аз ҳиссаҳои гуногуни нутқ сифати аслй месозад, ки акси маънои асос, молик набу-дани мавсуфро ба он ифода мекунад ва ё холати предметро мефаҳмо-над: а) аз нем: духтари номурод, зани ноумед, бачан ноодам; б) аз сифат: хамроҳи ноахл, вучуди нопок, ҷойхои номаълум; в) аз асоси за-мони хозираи феъл: корҳои нозеб, чойҳои ношинос, журпалисти нотарс, бачан нодон; г) аз асоси замони гузаштаи феъл: оши ногуфт, аспи нооз-муд, бачаи ношуд; д) аз сифати феълӣ: меҳмони нохонда, чизп ноарзан-да, либоси нодӯхта. Хусусияти фарқкунандаи префикси но- аз дигар префиксхо дар он аст, ки бо вай антонимҳои сифати сохта мешаванд: бино-нобино, маъ-лум-номаълум, қобил-ноқобил. 303. Префикси дар- каммахсул аст. Вай аз нем ва асосхои феъл сифат месозад: абри даргузар, хасми дарпӯст, чойники дарҷӯш. 304. Префикси -то каммахсул буда, аз нем сифати нисбин маънои замонй дошта месозад: давраи тоалифбо. Ин ходиса бо таъсири омили хоричй, дар натиҷаи калька ба амал омадааст. СИФАТҲОИ МУРАККАБ 305. Бо роҳи васлшавии калимаҳо сохта шудани сифатҳо аз сер-маҳсултарин усулҳои сифатсозист. Воситаи асосии ташкилп сифатҳои мураккаб бо ин роҳ ба хам васл шудани ду ва ё зиёда калима аст: ҳо-силхез, раҳмдил, халқдӯст, навбаромад, ҳамешасабз, сарупобарақна, чорсинфдор. Дар сифатҳои мураккаб калимахо ба ҳамдигар метавонанд бевоси-та (моҳпайкар, хушбахт, сечашма, хандонрӯ, хушхон), ё ки ба воситаи инфиксҳои -о-, -ё-, -ма- пайваст шаванд (рангоранг, дурмадароз, саф-масаф, паёпай). Аз рӯи муносибати байни ҷузъҳо сифатҳои мураккаб ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: 1) сифатҳои мураккаби тобеъ ва 2) сифатҳои мурак-каби пайваст. Дар сифатҳои мураккаби пайваст ҷузъҳо мустақил ва баробарҳу-қуқ буда, яке дигареро мазмунан пурра мекунад, такмил медихад. Ин усули калимасозии снфат каммаҳсултар аст. Дар сифатҳои мураккаби тобеъ ҷузъҳо ба якдигар тобеъ буда, ҷузъи тобеъ ҷузъи асосиро шарҳу эзоҳ медиҳад. Ин тарзи сохтани си-фатҳои мураккаб серистеъмол ва сермаҳсул мебошад. Сифатҳои мураккаби пайваст 306. Сифатҳои мураккаби пайваст бо роҳҳои зерин сохта мешаванд: 1) Такрори исм: мӯи тор-тор, матои рах-рах, фурӯши дона-дона, дуди ҳалқа-ҳалқа, тики рах-рах. « 2) Такрори калимаҳое, ки ҷузъи дуюмашон маънои алоҳида надо-раду тақлидан ба ҷузъи аввал, дар вазни он талаффуз шуда, якҷоя бо он маънои муайянро ифода менамояд: корҳои майда-чуйда, кафи дағар-буғур, роҳи каҷу-килеб, суханҳои алмоӣ-алҷоӣ. Дар як ҷо омадани ду сифати нисбии бо суффикси -ӣ сохташу-да, ки ҷузъҳояшон барои пурра кардан ва эзоҳ додани ҳамдигар ме-оянд: назариям марксистӣ-ленинӣ, адабиёти идеявӣ-назариявӣ, луғати тоҷикй-русӣ. Такрори калимаҳое, ки дар байн инфиксҳои -о-, -ё-, -ма- доранд: гулҳои рангоранг, гирьяи паёпай, модари ҷоноҷон, гулҳои хелмахел. Дар ин қолиб бештар исм ва феъл такрор шуда меояд. Сифатҳои мураккаби тобеъ 307. Аз рӯи хусусияти алоқаи ҷузъҳо сифатҳои мураккаби тобеъ ду хел мешаванд: а) ҷузъи аввал и калима ба ҷузъи дуюм тобеъ аст: бадкор, некбахт; б) ҷузъи дуюм ба якум тобеъ аст: парипайкар, оташ-забон. Ин гуна сифатҳо бо роҳи бевосита ҳамроҳ шудани калимаҳои гу-ногун сохта мешаванд. Аз нему исм: шохии парчагул, пири соҳибтадбир, духтари соҳибҷа-мол, ҷавони гулдаст, шахеи буздил, каси шутурсавор, духтарчаи ҷамо-лаккокул, босмачии хонашер, арӯси парипайкар, шоири оташзабон, одами хайвонтабиат, мӯи тиллоранг; Ман хам, ки бо игвои ин шайтони одамсурат аз Сиёҳкупдуз ва модаговам чудо шудам, дар дили худ карор ‘дода будам, ки ҳар чй у гӯяд, аксашро кунам (Айнй). Донистам, гунахкор ҳамон мӯйсафеди одамсирати ҳайвонтабиат будааст, донистам (Ҳаким Карим). Дар ку-чой ту, биё, гамбусаки тиллоранг. — Як зимистон, ки зи ту дур будам, кӯр будам (Шукӯҳӣ). Ду босмачй, яке серриши маймунқиёфа ва дига-ре кусай кампирбашара, ба сари ҳар дуяшон рӯймолҳои чиркни тобгӯла карда бастагй, ба пазди мо омаданд (УлуРзода). Ьанавоар — духта-ри соҳибҷамоли навданиҳоли симпаймо чойнаки чойро бо як пиёла оварда, бори дигар салом дод (Раҳкм Ҷалил). Дар ин гуна сифатҳо хусусияти муқоиса дида мешавад, чунки онҳо дар натиҷаи илова гаштани предметы муқоисакунанда ба муқоисаша-ванда таркиб меёбанд: мушкбӯ, сарвқомат, гулрӯ. Аз сифату нем: бачаи сурхрӯй, одами бадгап, ҳезуми сердуд, аро-баи пурбор, ҷавони кӯтоҳгардан, зани некрӯ, марди зиқтабиат, зани гурусначашм, заргари нозуктабъ, аспи сабукпо, дилбари нозукандом, марди олиҳиммат, ҷавонзани мавзунқомат, бачаи навкиса, одами чо-букдаст, бузичаи ҷингилапо, Гулбибии шӯрбахт. Корй-ишкамба.— Май хозир аз пеши ҳамин ҳуҷранишини дурӯғ-ваъда ошашро хӯрда омада истодаам (Айнй). Ду мошинаи сабуксавори идора, ҳамаи ин мардуми аз шодй ва хурсандй ба пусти худ намегун-ҷпдагиро ба шахр оварда фуровард (Ҳаким Карим). Як чавонзани бо-рикандоми зардмӯй, дар танаш нимкуртаи (кофточкаи) абрешими са-фед —доктор Зинаида Любовна дар сари патефон андармон буд (Улуғ-зода). Ин сифатҳо аломати зохирй ва ботинии мавсуфро ифода менамо-янд. Агар дар чунин калимаҳо исм чун ҷузъи дуюм воқеъ гашта, пред-метеро фаҳмонад, сифати он ба аломате (аломати мусбат ё манфй) со-ҳиб будани вайро таъин мекунад. Аз исму сифат: нинакшах, ситорагарм, дилтанг, ришдароз, бинипу-чуқ, сарбарахна, пойлуч, сарбаланд, сарсабз, дилсоф, сарсафед, хавоба-ланд, сархам, дилером, тандуруст, муштзӯр, пойбарахна, гарданшах. Аз ду сифат. Ин гурӯҳи сифатҳо ба хусусияте ё аломате соҳиб будани предметро мефаҳмонанд. Ин қолиб нисбатан каммаҳсул аст: …деҳ-қонони гушнапурзӯр, шахеи бадмаст, аспи сиёхмушкин (Икромй). Аз исму асоси замони хозираи феъл. Ин колиб сермаҳсул аст: дар-ди ҷонгудоз, ҳодисаи андӯховар, дарахти мевадор, халқи амниятпар-вар, духтари ошиқнавоз, кпштии яхшикан, дарахти гухарбор, суханҳои умедбахш, ҷавони дидадаро, суханҳои дилрабо, нигоҳи асрорангез, шах-си олимтарош, бачаи коргурез, одами хайрхох. Май хам бо похуиҳои обдори шарарбор нағмаи торро ба гӯши фа-лаки даввор мерасондам (Айнй). Аз ман хафа нашавед, тасаддуқ,— овози пиразан акнун хузнангез буд (Раҳим Ҷалил). Балки ин афғони озодипараст, — Мисли дил дар синаҳои мо нишаст (Турсунзода). Биёю кун машомамро муаттар,— Зи бӯи кишвари ҷонпарвари май (Шукӯ-хи). Аз исму асоси замони гузаштаи феъл. Ин колиб нпсбат ба колиби исму асоси замони ҳозираи феъл каммаҳсул мебошад: либосҳои навба-ромад, иморати хушсохт, бачаи хоболуд, мардуми сояпарвард, ҷомаи зарбофт, саллаи каловабаст, девори хорбаст, ҳучраи зархарид: Аз дасти як оташпораи хокистаролуд чй мебарояд, ки одамро зада девона купад ё кушад (Айнй). …ӯ аз чумлаи мардумони сояпарварди офтоб камдидаи Бухоро ва сустмизоҷтар буд, чуб ба ӯ аз ман бадтар таъсир кардааст (Айнй). …дар кӯҳистони мо, ки ҳар тарафаш бо калъ-ахои худоофарид мустахкам шудааст, агар аз теғаи кӯҳе сангеро ғело-нем, ҷавоби сад тӯпу пулеметро медиҳад (Айнй). …кӯҳ бо он азаматии худ аз шеҳакашиҳои ин аспи бодпои оташниход ба фиғоп меомад (Айнй). Хулоса, ба чашми ман он чунон ҷои зебо ва покизае ҷилвагар шуд, ки намедопистам, пои ботинкадори чанголудамро ба куҷо гузорам (Улуғ-зода). Аз исму сифати феълӣ; кампири қадхамида, нири корозмуда, саги сузанхӯрда, шахеи ҷангдида, куртаи обшуста, кӯчаи сарбаста, мурғи посӯхта, бачаи рангпарида, мӯи оташдида, шахеи бахтбаргашта: Қорй-Исмат монанди хорпушти шаттахӯрда, ки сар ва пояшро даруй мекашид, лӯб-лӯнда шуд (Айнй). Зеро ки дар ҳамсоягии мо як хари гушбурида буд… (Айнй). Қории аз ҳавобаландиву худписандӣ танбеҳгирифта барон мусофири пайкарбузург зуд ҷой васеъ намуд (Раҳим Ҷалил). Гурги даҳонолудаю юсуфнадарида — Хайрии бечора дар ин ҷо гуноҳе надошт (Раҳим Ҷалил). Ишқи ман—ип турна не, к-ояд фақат андар баҳор (Шукӯҳӣ). Аз сифати феълию исм: одамонп афтодаҳол, шикастадил, шикаста-нафс, ҷӯлидамӯ, даридаҷома, шикастабол, кушодарӯ, хандонрӯ, мурги шикастабол, маҳбубаи паридахаёл: Туро рухест пок, эй ранҷбар! Дар ҷомаи тақво — Фасоди зоҳиди олудадомонро чӣ медонй? (Л о ҳ у т ӣ). Дасти ларзони ошики шайдо — Ҳалқа беинтизом ба дар зад,—Дили маҳбубаи паридахаёл — Ба тапиш чун дили кабӯтар зад (Турсунзода). Ин гурӯҳи сифатҳои мураккаб, ки дар забои чандон зиёд нестанд, бештар ҳолат ва хусусияти одамонро мефаҳмонанд. Аз сифату асоси замони ҳозираи феъл; одами нозуксанҷ, ниҳоли навхез, чавони навомӯз, духтари тезчин, ҳавои хомпаз, шоҳии баднамо, аспи рострав, майдони гандадарав, шамъи ториксӯз, шахси некхоҳ, одами муфтхӯр, марди беҷогард, раҳбари сахтгир: Акнун таърифи ӯро аз забони Нормурод-акем барин як одами ростгӯй шупида рӯяшон сурх шавад, гуфт Шошмакул (Айнӣ). Ӯ рах то раҳ хаёл менамуд, кн чунин зани кӯхнапараст албатта рӯи худро ба ӯ нишон намедиҳад (Рахим Ҷалил). Маҳтобиҳои газӣ шабафрӯз ва ча-роғҳои электрики ториксӯз буданд (Айнӣ). Духтари хатиб аз ин кори ӯ зоҳиран дар хашм мешуд, пешоиаи худро турш, абрӯвонашро чин ва чашмонашро хашмгиннамо мекард (Айнй). Дур гаштй аз одаму олам — Ту, ҷавонмарди яккагард, кариб (Турсунзода”). Аз сифату асоси замони гузаштаи феъл; касби хушдаромад, расми навбаромад, чомаи бухоридӯхт: Вай бо таъсири ин «мусиқаи тозабаромад» мадҳуш шуда буд (Айнй). Баръакс, миннатдор хастам, падар, шумо одами нексиришт ҳастед, — ҷавоб додам (Рахим Ҷалил). Вай бо хамин фикр тозон ба паси тирезаи хонаи навандохт, ки як тирезаи он ба тарафи роҳи он ку-шода мешуд, нӯг-нӯги по кадам монда омад (Раҳим Ҷалил). Сифатҳои мураккаби навъи мазкур назар ба сифатҳое, ки аз сифату шакли замони хозираи феъл сохта мешаванд, каммаҳсултар мебо-шанд. Ин сифатхо бештар хусусият ва ҳолатҳои гуногуни шахе ва пред-метро мефаҳмонанд. Аз сифат ва сифати феълй. Чунин сифатҳои мураккаб дар кадом ҳолат будани аломати шахе ва предметро мефаҳмоианд: зардолуп ғарқпухта, меҳмони навомада, бӯи масткунанда, корн нотамоммондз. Лекин ҳамроҳи як духтари наврасидаи соҳибҷамол ба як роҳи ха-тарноки пурмалол бе як мардинаи дигар баромадан аз маслихат набуд (Айнй). …барон розй кардани ин хокимони гушнамурда хунбаҳои ману ту хам намерасад (Айнй). Аз шумора ва исм: бинои дуошьёна, мусикии якранг, мӯзаи ним-пошна, одами нимгурусна, нимбараҳна, чавопи чорпаҳлӯ, кори дуюмда-раҷа, нишасти чорзону, одамони якзабон, чорчиллик хат, хонаи ёздах-болор, курган хазорбахия. Аз шумора ва асоси замони гузаштаи феъл; Дар хона лампаи дахум месӯхт, гилеми нимдошт ва якапдозу кур-паю кӯрпачаҳое, ки аз хонаи оймулло ва ҳавлии бой оваронида шуда буданд, хонаро хеле оро медоданд (Икромй). Аз шумора ва асоси замони ҳозираи феъл; барфи якмол, духтари якрав, ресмони себанд, курпаи якандоз, ресмони ҳашттоб, деҳқони панҷьяккор. Аз ҷонишин ва исм: одамонп худрайъ, марди худком, бачаи худ-сар, зани ҳамафаҳм, машипаи ҳамабоб. Лекин ин норизоиҳо, ии зорихо ва ин илтиҷоҳо ба ин ду марди худ-писандп худком ҳеҷ таъсир пакард (Лини). Завк мепамуд, кп ин машинам ҳамабоб қабатҳои ҳам тунук, хам ғафс, хам нишеб ва хам фарозро чи тавр чусту чолокона тай мекунад (Раҳим Ҷалил). Аз ҷонишин ва асоси замони хозираи феъл: гиёҳҳои худрӯй, ҷавони худписанд, алафи худрас, олими ҳамадон: Дигаре Ыасриддинҳоҷа ном ҳамдеҳаамон буд, ки ба мо хеши дур ва ҳамсояи наздик буда, одами ҳамафахм буд (Айнй). Лекин ин нори-зоиҳо, ин зориҳо ва ин илтиҷоҳо ба ин ду марди худписанди худком ҳеҷ таъсир накард (Айнй). Аз зарф ва хиссаҳои гуногуни нутқ; одами ҳозирҷавоб, шахси зуд-бовар, меваи пешпазак, духтарчаи хамешахандон: Ту ҳар шабу рӯз чи қадаре ки хоб купи, онҳо дар саҳро аз он кам-тар кор мекунанд! — гуфт як нафар сангдарагии ҳозирҷавоб (Улуғзо-да). Ҳаёт, душвориҳои пай дар пай ва навозиши гоҳ-гоҳии он Бобии ҷа-вонро, Бобии бетачрибаро мисли падарони бисьёрдида пурдон карда буд (Ҳаким Карим). СИФАТҲОИ СЕҶУЗЪА 308. Дар байни сифатҳои мураккаби тобеъ калимаҳои зиёде во-мехӯранд, ки аксар аз се хисса ташкил ёфтаанд. Ин гурӯҳи сифатҳо аз сифатҳои мураккаби дуҷузъа, ки дар боло аз назар гузарондем, бо баъ-зе махсусияташон фарқ мекунанд. Сифатҳои сеҷузъа натиҷаи ду пояи калимасозй мебошад: ду чузъи аввал ва гоҳо ду ҷузъи сонӣ дар пояи нахустин сурат мегиранд, илова шудани ҳиссаи сеюм пояи дигар ба шумор меравад. Ин навъи сифат-ҳои мураккаб чунин ба вуҷуд меояд: 1) аз исму исм ва асоси замони хозираи феъл: боги шоҳсуфадор, марди чӯбдастдор, пахтай пунбадона-дор, ҷавони мӯйлабдор, зани чашмбанддор, коғазҳои зархалдор, оташи хонумонсӯз!; 2) исму сифат ва асоси замони ҳозираи феъл: зехкалон-пӯш, борони барфрезадор; 3) аз сифату исм ва асоси замони хозираи феъл: бадқавоқнамо, серҷаҳлнамо, куллаҳои пиряхдор; 4) аз ҷонишину исм ва асоси замони ҳозираи феъл: одами чандзабондон, мадрасаи чандхучрадор; 5) аз ибораи изофӣ ва феъл — исм бо бандаки изофй ва исму асоси замони хозираи феъл: дузди молимардумхӯр, болишти париқудор. КАЛИМАСОЗИИ ОМЕХТА . Дар калимасозии сифат ба воситаи суффиксҳо сохтани сифа-ти мураккаб низ дида мешавад. Дар ин усули калимасозй суффиксҳои -ӣ, -а истифода мешаванд. Асоси ин гуна калимаҳоро иборахо ташкил медиҳанд: 1) ибораи изофй ва суффикси -й (гӣ): меҳмонхонаи хиштихомӣ, чилими чӯбичормағзӣ, чилбурҳои мӯибузй, атри равғанигулӣ, телпаки пӯстигӯсфандй, фатири равғанизардӣ, фарьёдҳои ҳавлиҷонй, зулмҳои асримиёнагй, масъалаҳои нӯгирӯймолӣ, ресмони пашмибузГц; 2) ибораи ғайриизофй ва суффикси -а: шоҳии якрӯя, рӯймоли дахгаза, кори як-соата, умрп дубора, ҷавонп понздахсола, ҳаёти якҷоя, дари яктабақа, ҳайвони дубахра, бачап якраха, саги якчашм, овози дупӯста, мероси хазорсола, духтарчаи якунимсола, кори хаминзамона, мақсади онрӯза, хӯроки инвақта, фалокати порсола. СИФАТХОИ ТАРКИБЙ 310. Спфатҳое, ки ҷузъҳояшон аз ҳам чудо навишта мешаванд, таркибӣ ном доранд. Сифатҳои таркибй бо чанд роҳ сохта мешаванд. Аз такрори ҳиссаи номии нутк ва пешояндҳои аслй: а) пелюян-ди ба: хонахои дарун ба дарун, иморатҳои қабат ба қабат, амалҳои тоза ба тоза, барфи таҳ ба тах: Дар амонаткасса пул хам дорам, кур-таҳои шоҳии қабат ба қабат хам дорам!… — гӯён Фотима ҷавоб дод (Айнӣ). У барои хар хумдон ба Усто-амак супориш дода, нақшаҳои тоза ба тоза мегирифт (Айни). Хох он сабзу хуррам, пури долу дарахт бошад ва хоҳ дар зери яху барфи таҳ ба таху тармаҳои овезон… (Улуг-зода); б) пешоянди дар (андар: муаммаҳои печ дар печ, гурезагиҳои пай дар пай, хонаи андармиён. Аз сифатҳои мураккаб бо роҳи ба ҷузъи асосии онҳо илова на-мудани калимаи эзоҳдиҳанда: духтари ордендор (мураккаб) — ордени лениндор (таркибй), бачаи пальтопӯш (мураккаб) — пальтои чармин-пӯш (таркибй). Як гурӯҳ сифатҳои мазкурро таркибҳои изофй ташкил мекунанд. Дар ин гуна ибораҳо мустақилии маъпо ва алоқаи изофии калимаҳо сует шуда, аз маҷмӯи онҳо маънои пав фаҳмида мешавад: харидн кам-харҷи болонишин, тӯпии гули бодом, одами байни мардум, хавои ро-ҳати ҷон. СИФАТҲОИ УМУМИҶУЗЪ 311. Дар забони тоҷикӣ хели дигари сифатҳои таркибй дида мешавад, ки аз ду калимаи синонимӣ ё мазмунан наздик иборат буда, яке аз онхо морфема и сифатсозеро к.гдл мепя.мояд. Мавсуфи чуьин сифат-ҳо ба ҳар ду ҷузъ баробар тааллуқ дошта, дар натиҷа таркибй сифати ҳамҷузъ ташкил мешавад. Вазифаи муттаҳидкуниро дар ин қабил си-фатҳо префикс, суффикс ва ё морфемаҳон мустақилмаъно адо меку-й нанд. Аз рӯи тарзи ташкил сифатҳои мазкур ба ду гурӯҳ тақсим меша-ванд: а) сифатҳои сохтаи умумиҷузъ ва б) сифатҳои мураккаби умуми-ҷузъ. I) Сифатҳои сохтаи умумиҷузъ бо аффиксҳои зерин сохта мешаванд: а) бо префиксҳои -ба-, -бо-: умарои боақлу до ниш, ҷавони бахусну ҷамол; б) бо префикси бе-: бечорагони бекасу кӯй, беқилу қол, камбағалони бечизу чора, насрҳои бесару бун; в) бо суффикси -нок: марди ришу фашнок. II) Ҷузъи умумии сифатҳои мураккаб бо морфемаҳои маънодори зерин меояд: а) морфемаи хуш- ҷавони хушқаду бает, одами хушқаду қомат, шахеи хушхату савод: Download 81.92 Kb. Do'stlaringiz bilan baham: |
1 2
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling