Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ўзбекистон
Download 200.82 Kb.
|
Грам. 2018
- Bu sahifa navigatsiya:
- Рӯзмаррагии фан ва мавқеи он дар таълими олии касбӣ.
- Мақсад ва вазифаҳои фанни таълимӣ
Истамова М. Номзади фанҳои филология, дотсенти ДДС
Туробов А. Номзади фанҳои филология, доценти ИДЗХС Дастури таълимии фан дар ҷамъомади Шўрои илмии Донишгоҳи давлатии Самарқанд муҳокима гардида тавсия карда шудааст. (2018 ___ апрели баённомаи рақами № __). Рӯзмаррагии фан ва мавқеи он дар таълими олии касбӣ. Мақсади таълими фанни «Грамматикаи қиёсӣ-таърихии забонҳои эронӣ» ба донишҷӯён баррасӣ сохтани вазъи таҳаввулоти таърихӣ ва тасвири (диахронй ва синхронй)-и мушаххасоти забонҳои эронӣ аст. Ин фан дар баробари муқоисаи хусусиятҳои забонии забонҳои ба ҳам хеш алоқаи илмиву адабӣ, ҳаёти сиёсиву ваҷҳи иҷтимоии онҳоро низ ба назар мегирад. Бояд гуфт, ки фанни мазкур давоми фанни таърихи забони адабии тоҷик буда, дар қисми таърихи забон дар бораи ҳар як забон маълумоти муфассал дода шавад, дар ин қисм хусусияти забонии забонҳои хеш бо таври муқоисавӣ омўхта мешавад. Дастури таълимӣ барои такмил ва инкишофи ҷараёни таълим дар мактабҳои таълими умумй, муассисаҳои таълимии миёнаи махсус, барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, амиқан омўхтани фанҳои тахассусӣ, тайёр намудани мутахассисон ва ходимони илмӣ ва таъмини самаранокии таълими арзишманд хоҳад буд. Мақсад ва вазифаҳои фанни таълимӣ Вазифаи фанни «Грамматикаи қиёсӣ-таърихии забонҳои эронӣ» аз зеринҳо иборатанд: таъин намудани ҳамгунӣ ва мушаххасоти забонҳои тоҷикӣ, дарӣ, форсӣ; муайянсозии муҳити ҷуғрофии интишори шохаҳои адабӣ ва ғайриадабии забонҳои мазкур; таъсири ангезаҳои дохилй ва хориҷӣ дар ҳар се забон; сарманшаи рỹйдодҳои навбунёд ва таърихӣ дар тағйир ва такомулоти забонҳои хеш; тибқи андозаҳои таълими давлатҳои мутараққӣ амиқ омỹзонидани асосҳои фан, чун умумият ва тафриқаҳои забонҳои тавъам-тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ дар бобати бахшҳои фонетика, лексика, морфология, синтаксис ва фразеология. Дар баробари ин омўзиши грамматикаи қиёсии забонҳои ба ҳам хеш худшиносӣ, худогоҳӣ, наздикӣ ва дўстиву рафоқати соҳибони забонро боз ҳам мустаҳкам мегардонад. Талаботи асосӣ ба дониш, маҳорат ва малакаи донишҷӯён доир ба фан: бояд дар бораи фонетика, лексикология ва грамматикаи забони модарии худ дониши мукаммалро соҳиб бошад, зеро фанни грамматикаи муқоисавӣ хусусиятҳои забонии забонҳои хешро ба таври муқоисавӣ меомўзад; дар бораи хусусиятҳои хоси грамматикаи қиёсӣ-таърихии забонҳои эронӣ мақсад ва моҳияти он тақсимбандӣ ва таснифи забонҳои эронӣ, мушаххасот ва умумияти забонҳои эронӣ ба тасаввуроти муайян соҳиб бошанд; оиди қонуниятҳои дохилӣ ва инкишоф, омилҳои ташаккули он, дараҷаи тадқиқи забон ва категорияҳои грамматикӣ аз ҳолати таърихӣ ва ҳаёти имрўзаи забонҳои эронӣ бо воситаи фанни таърихи забони тоҷикӣ огоҳ бошад; донишҳои назарии оиди фанни мазкур ҳосилкардаро, дар ососи забони кадимаи тоҷик матнҳои мухталифро таҳлил кардан ва онро дар амал тадбиқ карда тавонад; дар бораи равобиту пайвандҳои таърихи забони тоҷикӣ бо забонҳои эрони муосир ва бостон дар ҷараёни таълими фан истифода намудан ва ҳолати забонро дар ин ҷараён муайян карда тавонистан; бо тадқиқоти илмии фанни мазкур комилан ошной доштан ва дар фаъолияти касбӣ аз онҳо самаранок истифода намуда, малака ҳосил намояд; дар таҳлили матн аз ҷиҳати забону услуб ва хати хоси ҳар як забон маълумоти кофӣ ҳосил намуда, онҳоро дар амалиёти ҳаррўза ба таҷриба санҷида тавонад. Download 200.82 Kb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling