Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ўзбекистон


Download 200.82 Kb.
bet4/8
Sana17.06.2023
Hajmi200.82 Kb.
#1550949
1   2   3   4   5   6   7   8
Bog'liq
Грам. 2018

Модул 2. Фонетика
Мавзӯи 6. Алифбои арабиасоси форсӣ
Хат ва имлои забонҳои форсӣ ва тоҷикӣ. Алифбои арабӣ. Алифбои арабиасоси форсӣ ва хусусиятҳои ҷудогонаи он. Алифбои кириллӣ ва хусусиятҳои фарқкунандаи он. Имлои забони форсӣ ва тоҷикӣ. Овознависӣ (транскрипсия) ва ҳарфнависӣ (транслитератсия) дар забони форсӣ ва тоҷикӣ.


Мавзӯи 7. Мавзўъи баҳси фонетика
Маълумот дар бораи фонетикаи забони тоҷикӣ ва фонетикаи забони форсӣ. Тадқиқи фонетикаии ин забонҳо. Хусусиятҳои физиологӣ ва забонии олоти нутқ, фонемаҳои забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ. Хат ва имлои забонҳои форсӣ ва тоҷикӣ.


Мавзӯи 8. Садонокҳо ва таснифи онҳо дар забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ
Маълумоти умумӣ дар бораи садонокҳои забонҳои мазкур. Таснифи садонокҳо дар ҳар ду забон. Тарзи талаффуз ва навишти садонокҳои дарозу кўтоҳ дар забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ. Дараҷаи омўзиши онҳо. Таҳлилу муқоисаи садонокҳо дар асоси ғазалиёти Саъдӣ.


Мавзӯи 9. Таснифи ҳамсадоҳо дар забонҳои ба ҳам хеш
Таснифи ҳамсадоҳо дар забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ. Иштироки олотҳои нутқ дар талаффузи ҳамсадоҳо. Гурўҳбандии ҳамсадоҳои забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ. Тафовутҳо дар боби ҳамсадоҳо дар забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ.


Модул 3. Лексикология ва фразеология
Мавзӯи 10. Лексикология. Маънои лексикӣ ва грамматикии калимаҳо дар забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ
Маънои лексикӣ ва грамматикии калимаҳо дар забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ. Сермаъногии калимаҳо. Маънои аслӣ ва маҷозии калимаҳо дар забонҳои ба ҳам хеш. Таркиби луғавии забонҳои мазкур. Омилҳои асосии такмили онҳо. Воситаи такмили таркиби луғавии забон будани омоним, синоним ва антонимҳо. Фарқияти онҳо дар забонҳои мазкур.


Мавзӯи 11. Калимасозӣ ва шаклёбии таркиби луғавии забонҳои форсӣ ва тоҷикӣ
Ҷараёнҳои калимасозии забони форсии қадим ва миёна. Калимасозии исм ва калимасози феъл дар забони форсии ҳозира. Эроншиносони рус роҳҳои калимасозӣ дар забони форсиро ба 6 навъ: 1. Ба воситаи аффикҳо; 2. Ба воситаи нимаффиксҳо; 3. Композитсия (сухани мураккаб); 4. лексикомезатсия; 5. Транпозитсия; 6. Таснифотҳои мисли калкалаш мебошад.



Download 200.82 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling