Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси ҷУМҲури ӯзбекистон университети давлати педагогии шаҳри чирчиқ
Download 53.69 Kb.
|
Cистемаи машғулиятҳои саводомӯзӣ
- Bu sahifa navigatsiya:
- (а, о, с, р, х, ҳ, м, ш)
9. Саводомӯзӣ ва инкишофи нутқ. Омӯхтани хониш бояд дар асоси инкишофёбии нутқи кӯдак давом дода шавад. Дар просесси саводомӯзӣ хонданро тавре ба рол мондан лозим аст, ки бачагон мақсади худро озодона гуфта тавонанд, захираи луғавии худро бой кунанд, калимаҳоро (ба хиҷо ва овозҳо тақсим карда) даҳанакӣ таҳлил карда тавонанд. Инкишофи нутқи талабагон воситаҳои гуногун дорад, яке аз он, воситаҳо чистонёби аз ҳодисаҳои зиндагӣ, ҳаётӣ, аз рӯи мушоҳидаҳо нақл кардан ва ғайра мебошад.
Чистонёбӣ шавқу ҳаваси хонандагонро ба худ кашида, дар тараққиёти тафаккур ва нутқи онҳо роли калон мебозад. Муаллим бояд ҳамин хел чистонҳо интихоб кунад, ки онҳо барои инкишофи фикрӣ ва нутқи бачагон ёрӣ расонанд ва аз тарафи дигар ҷавоби чистонҳо калимаҳое бошанд, ки дар онҳо овози матлуб мавҷуд буда,ба мақсади дарс мувофиқ бошад, яъне аз рӯи вай таҳлили овози матлуб гузаронида шавад. Фарз кардем, барои овози «а» ҳамин тавр чистон дида мешавад: меравад, меравад, танга барин ҷой гирифта меистад? (асо) Ҳамаи калимаҳои ин чистон ба бачагон мафҳум аст, аммо ҷиҳати мантиқии вай шояд ба бачагон номафҳум бошад. Бинобар ин мантиқан, ба ҳамон калимаи ёфт шудагӣ мувофиқ будани ин чистон фаҳмонда шавад ва аз ҳамон калимаи ёфтшуда овози матлуб даҳанакӣ тахлил карда шавад. Намоиш додани суратҳо ҳам дар инкишофёбии нутқи талабагон роли калон мебозад. Машқҳое, ки дар боло зикр кардем, дар давраи тоалифбо гузаронида шуда, бачагонро ба давраи алифбо пурра тайёр мекунанд. Бачагон дар давраи тоалифбо калима, хиҷо ва овозҳои нутқро то як андоза дониста, даҳанаки таҳлил карда метавонистагӣ мешаванд. Дар назар доштан лозим аст, ки дар ин давра аз калимаҳо танҳо овозҳои хеле осон ҷудо карда мешавад (а, о, с, р, х, ҳ, м, ш) ва барои таҳлили овозӣ калимаҳои аз ҳама осонтар интихоб карда мешаванд. Масалан: (шох, хона, ма, Соро, она, лола). Дар давраи тоалифбо корҳои таҳлилӣ ва таркибӣ бояд ба як мақсади муайян ба давраи алифбо тайёр намудани талабагон тобеъ кунонида шаванд. Муҳимтарин давраи саводомӯзӣ —давраи алифбо мебошад. Муддати давраи алифбо 4 моҳ мебошад. Давраи алифбо ба се этапи асосӣ тақсим мешавад, ки ҳар як этап 20—30 рӯзи машғулияти дорад. Download 53.69 Kb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling