Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси ҷУМҲури ӯзбекистон университети давлати педагогии шаҳри чирчиқ


Download 53.69 Kb.
bet8/11
Sana04.05.2023
Hajmi53.69 Kb.
#1426157
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11
Bog'liq
Cистемаи машғулиятҳои саводомӯзӣ

Этапи дуюми алифбо. Дар этапи дуюми давраи алифбо кори саводомӯзӣ боз ҳам мураккабтар мешавад. Ин гуна мураккаби дар вақти ёд додани баъзе овоз ва ҳарфҳо дида мешаванд. Дар ин этап овозҳои ҳамсадои ҷарангноки кашишдиҳандаи в, з, ж ва ҳамсадоҳои таркандаи т, к, п ёд дода мешаванд. Пас аз ин ҳамсадоҳои д, г, б ва г, ғ, низ ёд дода мешавад. Дар ин этап аввал ҳиҷоҳои сеҳарфаи дар мобайн садонок доштагӣ ёд дода мешаванд. Масалан: зуд, дуд, тут, тар, дар, зоғ, кӯҳ, боб, рав, дег ва ғайра. Баъд ба омӯзондани калимаҳои аз чор-панҷ ҳарф иборат будагӣ мегузаранд. Чунончӣ: ғав-ғо, сав-ғо, ға-зал, пах-та, зи-на, тухм, Да-рав, хонд ва ҳоказо. Албатта, ҳамаи ин калимаҳо аввал таҳлил карда шуда, талабагон пеш аз омӯхтани овози матлуб оид ба он (овоз) маълумоти муайян мегиранд.
Этапи сеюми алифбо. Дар этапи сеюми давраи алифбо баъд аз овозҳои е, э, й ҳарфҳои ёдбарсари е, ё, я, ю ёд дода мешавад, пас аз ёд додани ёдбарсарҳо омӯхтани нимсадои й ва ҳамсадоҳои, к ч, ҷ, ф сар мешавад ва дар охир аломатҳои сакта (ъ) нишон дода мешаванд. Дар ин этап дар процесси хондан ва навиштан бешубҳа бачагон ба душвориҳои зиёде дучор мешаванд, зеро дар ин давра калимаҳои гуногунтип дода мешаванд, ки онхо аз 6—8 ҳарф ва зиёда аз ин иборат мебошанд. Чунончӣ: кол-хоз-;ҳо, бу-дан, каф-тар, та-бел-чӣ ва ғайра. Калимаҳои мушкил ва душвор ба бачагон якбора не, балки тадриҷан ёд дода мешаванд. Муаллим бояд кӯшиш кунад, ки талабагони ӯ тарзи навиштан ва хондани калимаҳои бисёрҳарфаро нағз аз худ карда, малакаҳои хуби хондан ва навиштанро дар ин этап ба даст оранд.
Дар этапи сеюми алифбо таълими савод асосан аз рӯи ҳамон усули таълимдиҳӣ, ки дар этапи дуюми алифбо дида гузаштем, давом мекунад. Аммо дар ин этап усули дигаре мавчуд аст, ки як хусусияти худ аз этапи дуюми алифбо Фарқ мекунад. Ин усул ҷам кардани ҳарфҳо ва ҷои ҳарфҳоро иваз кардан аст, ки вай дар процесси хондан ва навиштан ва бой намудани захираи луғатии талабагон кӯмак медиҳад. Чунончӣ: шох-шоха, мол-мола, панҷ-панҷа, об-обӣ, Даст-Даста, зӯр-рӯз, ром-мор, рас-сар ном-мон ва ғайра.
Давраи аз ҳама масъулиятноктарини таълими савод этапҳои якум ва дуюми давраи алифбо мебошад, чунки дар ин давра ба талабагон ҳиҷоҳои дуҳарфаи кушод таълим дода мешаванд, ки онҳо асоси саводнокшавии талабагон ба ҳисоб мугирад.
Хамаи машғулиятхои забони точӣкӣ, аз ҷумла таълими саводбояд дар алоқамандй б0 инкишофи нутқ ва тафаккури бачагон давом ёбад Малакаҳои аввалини хонниш дуруст ва хат дар давраи таълими савод воситан муҳиммибаланд бардоштани маданияти нутқи хонандагон мебошад.
Инкишофи нутқ ва тараққии тафаккури талабагон аз ҳамин давраи таълими савод сар мешавад. Машқҳои хониш: калимаҳо,чумлаҳо, дарк кардани маънои, онҳо, навиштани калимаю чумлаҳо ва ғайра ду чизро дар назар доранд: а) комилан саводнок кардани талабагон; б) тараққӣ додани нутқ ва тафаккури хонандагон, ки ин ду чиз ба хамдигар алоқаи зич дорад. Таълими саводро аз тафаккур ва нутқи кӯдак ҷудо карда наметавонем, зеро асоси тараққии тафаккури кудак ва нутқи он материали забон мебошад. Вале ҳаминро бояд қайд кард, ки бо мақсади тараққӣ доданн тафаккури кӯдак мо фақат дар атрофи машқҳои алифбо маҳдуд намемонем, нутқ ва тафққури кӯдаконро танҳо аз рӯи алифбо тараққӣ додан мумкин нест, вобасга ба таълими савод ва дар доираи он машқҳон гуногун гузарондан лозим аст, кн мазмуни ин гуна-машқ ва корҳо ба тараққӣ додани нутқ ва тафаккури хонандагон нигаронида мешавад.


Хулоса
Омилҳои рушд ва муваффақияти шахс, аз ҷумла ҷараёнҳои фикрронӣ,
мустақилияти фикр, саломатӣ, мутобиқшавӣ ба муҳити иҷтимоӣ, фаъолияти
меҳнатӣ, маънавият, идеология, муносибатҳои оилавӣ ва дигар ҳодисаҳо
мантиқан бо психологияи шахс алоқаманд аст.
То он даме, ки инсон вуҷуд дорад, вай метавонад бар асоси таҷрибаи
зиндагӣ худро дорои хусусиятҳое ба мисли дарк кардани олам, ҷудо кардани
ашё ва рӯӣдодҳо медонад.
Аллакай, дар давраҳои таърихи тараққиёти инсоният дар одамон
имкониятҳои рӯҳии ботинӣ рух додааст, маӣли модарзодӣ ва аломатҳои
лаёқат оҳиста-оҳиста ба истеъдод ва қобилият тадбил гаштааст.
Кӯдак тавассути хусусиятҳо, ҳолатҳо, ҳодисаҳо, хоссаҳо, сифатҳо,
фазилатҳо ва қонуниятҳои муайян дунёи моддиро дарк карда меравад ва
ҳангоми он дар мазмуни фаъолияти худ ба амал даровардани тамоми
объектҳо оғоз мегардад.


Download 53.69 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling