Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси ҷУМҲури ӯзбекистон университети давлати педагогии шаҳри чирчиқ


Download 53.69 Kb.
bet3/11
Sana04.05.2023
Hajmi53.69 Kb.
#1426157
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11
Bog'liq
Cистемаи машғулиятҳои саводомӯзӣ

Муқаддима
Дар саҳифаҳои аввали алифбо дар зери ҳар як расм суратҳои шапалак, моҳӣ, машина, гурба, хум ва бум бо элементҳояшон дода шудаанд. Ин расмҳоро бачагон ба дафтарҳои худ кашида ба навиштан малака ҳосил мекунанд. Муаллим бояд пешаки бо бӯр ба доска элементҳои шаклҳои кашида мешудагиро нишон диҳад, аз куҷо сар кардан, чӣ гуна кашидан ва чӣ гуна нигоҳ доштани қаламро ёд диҳад. Дар баробари ин чӣ тавр ба парта нишастан, қаламро чӣ гуна нигоҳ доштан, дафтарро ба парта чӣ хел гузоштан — ҳамаи инҳоро муаллим амали нишон медиҳад.
Дар поёни саҳифаҳо ба элементҳои ҳарфмонанд роҳҳои махсус дода шудаанд, ки онҳоро ҳам бояд машқ кунонида шаванд, то ки бачагон ба навиштани ҳарфҳо тайёр шаванд. Ҳамаи ин корҳо тайёри ба давраи алифбо мебошад. Дар ин муддат муаллим инчунин бо корҳои ташкил кардани коллективи хонандагон, мувофиқи қаду қомат ва қувваи чашми онҳо шинондан, дараҷаи шунидан ва биниши онҳо ва чанд ҳарф донистани онҳоро алоҳида-алоҳида санҷидан машғул мешавад. Барои он ки давраҳои минбаъдаи процесси саводомӯзӣ бо муваффақият давом кунад, муаллим бояд ба масаълаҳои зерини давраи тоалифбо диққати махсус диҳад, зеро давраи тоалифбо асоси минбаъдаи саводомӯзӣ мебошад.
Барои гузарондани корҳои синтези хондани калимаҳои осони ба ҳамдигар монанд ва илова кардани ҳарфҳо дар охири калимаҳои нави хонда мешудагӣ зарур аст. Ин ду усул дар этапи якуми саводомӯзӣ истифода ва дар этапҳои минбаъдаи саводомӯзӣ боз ҳам васеътар ва пурратар карда мешавад. Бо вуҷуди ин дар ин этап калимаҳое вомехӯранд, ки хондани онҳо зарур аст, аммо мактаббачагон пеш ин гуна калимаҳоро нахонда, аз ҳарфҳо тартиб надодаанд ва агар тартиб дода хонда бошанд ҳам, аз хотир фаромӯш карда, дар нутқ тарзи талаффуз карда шудани онҳоро нағз намедонанд. Фарз кардем, кн бачагон калимаи хумро хонда наметавонанд.


БОБИ I
1.1 Давраи тоалифбо
1. Давраи тоалифбо. Хондани алифбо якчанд давраҳо дорад. Азбаски ҳар кадоми ин давраҳо ба мақсади дарс вобастаанд, муаллим бояд онҳоро ҳартарафа омӯзад. Давраи аввали саводомӯзӣ (12—15 рӯз) давраи тайёр кардани хонандагон ба саводомӯзӣ мебошад, ки дар ин давра муаллим саҳифаҳои аввали алифборо, ки дар он лавҳа ва суратҳо дода шудаанд, бо бачагон кор карда мебарояд. Муаллим расмҳои аввали китоби «Алифбо»-ро ба бачагон шиносонида, мазмун ва мақсади онҳоро ба тариқи саволу ҷавоб ва эзоҳот ба бачагон фаҳмонида медиҳад. Ин кор мақсади инкишофи нутқ васеъ намудани муҳокимаю ҷаҳонбини тарбияи бадеии бачагон ва тайёр намудани онҳо ба омӯхтани савод гузаронида мешавад.
Ба воситаи саволҳо муайян кардани мазмуни ҳар як расми алифбо барои тараққиёти фикрии бачагон аҳамияти бузург дорад, масалан, доир ба расмҳои саҳифаҳои 6—18 алифбо ба бачагон саволҳои «Бачагон чӣ кор карда истодаанд?», «Дар поёни ин манзара сурати чӣст?», «Дар назди стол киҳо нишастаанд ва чӣ кор мекунанд?», «Ба болои сари оила сурати кӣ овехтагӣ?» ва монанди инҳо дода мешаванд. Дар охири сӯҳбат ҷумлае интихоб карда шуда, ба калимаҳо тақсим карда мешавад ва яке аз калимаҳои он аввал ба ҳиҷоҳо, баъд ба овозҳо ҷудо карда мешавад.
Дар саҳифаҳои аввали алифбо дар зери ҳар як расм суратҳои шапалак, моҳӣ, машина, гурба, хум ва бум бо элементҳояшон дода шудаанд. Ин расмҳоро бачагон ба дафтарҳои худ кашида ба навиштан малака ҳосил мекунанд. Муаллим бояд пешаки бо бӯр ба доска элементҳои шаклҳои кашида мешудагиро нишон диҳад, аз куҷо сар кардан, чӣ гуна кашидан ва чӣ гуна нигоҳ доштани қаламро ёд диҳад. Дар баробари ин чӣ тавр ба парта нишастан, қаламро чӣ гуна нигоҳ доштан, дафтарро ба парта чӣ хел гузоштан — ҳамаи инҳоро муаллим амали нишон медиҳад.
Дар поёни саҳифаҳо ба элементҳои ҳарфмонанд роҳҳои махсус дода шудаанд, ки онҳоро ҳам бояд машқ кунонида шаванд, то ки бачагон ба навиштани ҳарфҳо тайёр шаванд. Ҳамаи ин корҳо тайёри ба давраи алифбо мебошад. Дар ин муддат муаллим инчунин бо корҳои ташкил кардани коллективи хонандагон, мувофиқи қаду қомат ва қувваи чашми онҳо шинондан, дараҷаи шунидан ва биниши онҳо ва чанд ҳарф донистани онҳоро алоҳида-алоҳида санҷидан машғул мешавад. Барои он ки давраҳои минбаъдаи процесси саводомӯзӣ бо муваффақият давом кунад, муаллим бояд ба масаълаҳои зерини давраи тоалифбо диқати махсус диҳад, зеро давраи тоалифбо асоси минбаъдаи саводомӯзӣ мебошад.

Download 53.69 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling