Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси ҷУМҲурияти ӯзбекистон донишгоҳи давлатии омӯзгории чирчиқ


Download 0.83 Mb.
Pdf ko'rish
bet5/7
Sana01.03.2023
Hajmi0.83 Mb.
#1242667
1   2   3   4   5   6   7
Bog'liq
рррррр

 
 
 

 
 
 
 

 
 
 
 


11 
БОБИ II. МЕРОСИ АДАБИИ БАДРИДДИН ҲИЛОЛӢ 
2.1. Маснавӣ «Шоҳу Дарвеш»
 
Аз Ҳилолӣ се маснавӣ бо номи «Сифот-ул-ошиқин» (қариб 2500 
байт), «Шоҳу Дарвеш» (1144 байт), «Лайлӣ ва Маҷнун» (3542 байт) 
боқӣ мондааст. Маснавиҳои «Шоҳу Дарвеш» (ё «Шоҳу Гадо») ва 
«Сифот-ул-ошиқин» пеш аз соли 1508 ва «Лайлӣ ва Маҷнун» дар 
байни солҳои 1508−1528 эҷод шудааст. Девони Ҳилолӣ асосан аз 
ғазалу рубоӣ иборат аст, ки нусхаҳои чопии он бештар аз сесад 
ғазали 6−8 байтӣ, сиву ду рубоӣ, ҳашт қитъа ва чанд порчаи шеърии 
гуногуни дигарро фаро мегирад. 
«Шоҳу Дарвеш». Маснавӣ аз 1444 байт ва 28 боб иборат 
аст. Се боби аввал, чун анъана, ба Худову расул, ситойиши онҳо 
бахшида шудаанд. Боби 4-ум дар таърифи сухан ва боби 5-ум дар 
сабаби назми китобанд. Пас аз ин мавзӯи асосии асар шурӯъ 
мегардад. Мавзӯи асосии «Шоҳу Дарвеш» ирфонӣ буда, сухан аз 
ишқу муҳаббати шоҳ бо дарвеше меравад. 
Аз ҷиҳати идея маснавӣ қимати баланд надорад. Ҳанӯз 
ҳамзамононаш, аз ҷумла Бобур Мирзо маснавиро танқид карда, 
қайд карда буд, ки ишқу муҳаббат бояд дар байни марду зан 
шавад, на мард бо мард (Шоҳ ва Гадо). Аммо бояд гуфт, ки 
маснавӣ аз лиҳози зебоӣ, содагӣ, равонӣ, истифодаи таъбир, 
зарбулмасалу мақолҳои халқӣ, умуман, санъати суханварӣ хеле 
хуб иншо шудааст. Шоир баъзан дар руҷӯъҳои лирикиаш 
сифлагон, муддаиён, золимонро, ки ба халқ ҷабру ситам 
мекунанд, ба зери тозиёнаи танқид мегирад. 
Ғазалҳо 
З-он пештар, ки ақл шавад раҳнамун маро, 
Ишқи ту раҳм намуд ба кӯи ҷунун маро. 
Ҳам сина шуд пуроташу ҳам дида шуд пуроб, 
Дар обу оташ аст даруну бурун маро. 


12 
Шӯхе, ки буд мурдани ман коми ӯ, куҷост, 
То бар муроди хеш бубинад кунун маро? 
Ҳоки дарат эй қатли ман оғушта шуд ба хун, 
Охир фиганд ишқи ту хоку хун маро. 
Чашмат, ки сабру ҳуши Ҳилолӣ ба ғамза бурд, 
Ҳоҳад фасона сохтан аз як фусун маро. 
Ёр гуфт: «Аз мо макун қатъӣ назар». Гуфтам: «Ба чашм!» 
Гуфт: «Қатъан хам мабин сӯи дигар». Гуфтам: «Ба чашм!» 
Гуфт: «Бо мо дӯстӣ мекун ба дил». Гуфтам: «Ба чашм!» 
Гуфт: «Роҳи ишқи мо мерав ба сар». Гуфтам: «Ба чашм!» 
Гуфт: «Бо чашмат бигӯ,то дар миёни мардумон, 
Сӯи мо ҳам лам наяндозад назар». Гуфтам: «Ба чашм!» 
Гуфт: «Агар бо мо Сухан дорӣ,ба чашми дил бигӯ, 
То нагардад гӯши мардумро хабар». Гуфтам: «Ба чашм!» 
Гуфт: «Агар хоҳад дилат з-ин лаъли майгун хандае, 
Гиряҳо мекун ба сад хуни ҷигар». Гуфтам: «Ба чашм!» 
Гуфт: «Агар хоҳи ғубори фитна биншинад зи роҳ, 
Барфишон обе ба хоки раҳгузор». Гуфтам: «Ба чашм!» 
Гуфт: «Агар дорад, Ҳилолӣ, чашми гирёнат ғубор, 
Кухли биноӣ бикаш з-ин хоки дар». Гуфтам: «Ба чашм!» 


13 
Хароби як назар чашми нимхоби туем
Ба ҳоли мо назаре кун, ки мо хароби туем. 
Чӣ ҳадди он ки тавонем ҳамъинони ту шуд, 
Ҳамин саодати мо бас, ки дар рикоби туем. 
Итоби ту кашад нози ту ҳалок кунад, 
Ҳалоки нози туву куштани итоби туем. 
Аҷаб набошад агар аз лабат ба ком расем, 
Ки масти бодаи нозию мо кабоби туем. 
Зи меҳри рӯи ту дорем доғҳо бар дил, 
Ситораи сӯхта аз тоби офтоби туем. 
Ману Ҳилолӣ аз ин дар ба ҳеч ҷо наравем, 
Чаро ки ҳамчу сагон бастаи таноби тукм. 

Download 0.83 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling