Самарқанд


Download 21.62 Kb.
bet1/2
Sana07.03.2023
Hajmi21.62 Kb.
#1244444
  1   2
Bog'liq
Samarqand (Tojikcha)


Самарқанд — шаҳри қадима ва маркази вилояти Самарқанди Ӯзбекистон аст ва қисмати зиёди мардуми ин шаҳри қадима тоҷик аст (суннӣҳанафӣ). Масоҳати шаҳр 120,1 км кв аст ва дар он 504,4 ҳазор нафар (соли 2015) шаҳрванд зиндагӣ мекунанд. Самарқанд — яке аз шаҳрҳои қадимтарини дунё мебошад, ки дар асри VIII пеш аз милод бунёд шудааст. Соли 2001 Самарқанд ба феҳристи мероси умумибашарии фарҳангии ЮНЕСКО дохил карда шудааст. Дар таърихи қадим Самарқанд пойтахти Давлати Суғди қадим буда, дар сарчашмаи хаттии «Авесто» номбар гардидааст.

Баъди заволи Суғд (асри VIII), Самарқанд дар асрҳои миёна пойтахти ҳукуматдории якчанд давлатҳои таърихӣ шуда буд.(Нигаред ба:Таърихи Тоҷикистон) Самарқанд аз замонҳои қадим яке аз марказҳои асосӣ ва муҳимтарини тамаддуни Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Аксар воқеаҳои иҷтимоию сиёсӣ, таърихӣ, илмию адабӣ ва фарҳангии халқи форси бо ин шаҳри тоҷикнишин алоқаи ногусастанӣ дорад. Бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳанӯз дар аҳди Кӯшониён (асрҳои I—IV мелод) Самарқанд шаҳри обод ва инкишофёфта будааст: осори биноҳои бошукӯҳ, устохонаҳои ҳунармандӣ, ҳайкалчаҳои гилин, зарфҳои сафол, порчаи зарф бо навиштаи суғдӣ инкишофи ҳунармандӣ ва мадании ин шаҳрро дар он замон тасдиқ мекунанд. Дар охири асри VI Самарқандро Хоқонии турк ва баъдан арабҳо (соли 712) истило карданд. Мардуми шаҳрро лозим омад, ки ба муқобили аҷнабиён муқобилати сахт нишон диҳанд ва шӯриш намоянд. Яке аз ин шӯришҳои халқӣ дар таърих бо номи Исёни Муқаннаъ (солҳои 776—783) машҳур аст. Дар замони салтанати сулолаи Сомониён (солҳои 875—999) Самарқанд ба шаҳри тараққикарда, ободу зебо ва нашъунамоёфта табдил ёфт. Дар ин давра ҳунармандӣ, косибӣ, обчакорӣ, зироати полизӣ, тиҷорат, хусусан бофандагӣ тараққӣ кард. Дар Самарқанд ҳамчунин коғаз ва шиша истеҳсол мешуд, ки дар кишварҳои дуру наздик шуҳрат доштанд. Инчунин ҳунармандони Самарқанд рикоб, лаҷом, тасма, деги мис истеҳсол мекарданд. Аз ин лиҳоз дар бозорҳои кишварҳои Шарқу Ғарб савдогарон матоъи симгун, парча, газворҳои сурх (мумарҷол), газворҳои синизӣ, шоҳӣ, хайма, шиша, деги мис, чормағз, мавиз мебурданд. Инкишофи ҳунармандӣ ба ривоҷи илму фарҳанг, адабиёт, забони форсии дарӣ ва форсии тоҷикӣ мусоидат кард. Илмҳои ҳисоб, нуҷум, ҷуғрофия, кимиё, тиб, таъриху фалсафа ва нақди шеър инкишоф ёфтанд. Инчунин дар Самарқанду Бухоро ҳунари шаҳрсозӣ, меъморӣ ва санъати ороишӣ тараққӣ кард. Кӯшку қасрҳо, корвонсаройҳо, бозорҳои тимдор, масҷидҳои ҷомеъ, боғҳо бунёд гардиданд. Кандакории сутуни сақфи биноҳо, гаҷкорӣ, ороиши зарфҳои сафолӣ ва филиззӣ бо маҳорат ва ҳунармандона сохта шудаанд. Чунончӣ, мақбараи Исмоили Сомонӣ дар Бухоро имрӯз ҳам бинандаро ба ҳайрат меоварад. Дар замони ҳукмронии Сомониён дар Самарқанд санъати мусиқӣ низ равнақ пайдо кард. Силсилаи оҳангу тарона ва сурудҳое эҷод шуданд, ки минбаъд бо номи «Дувоздаҳмақом»-у «Шашмақом» шуҳрат ёфтанд. Ҳамин тариқа, дар натиҷаи ҳуҷуми хоқони турк ва араб шаҳри Самарқанд ба харобазор табдил ёфта бошад ҳам, дар замони Сомониён яке аз шаҳрҳои ободу бузурги Осиёи Марказӣ маҳсуб мешуд. Дар ин шаҳр забону адабиёти форсии тоҷикӣ равнақ ёфт. Шоиру мутафаккирон ва табибони оламшумул тарбия ёфта ба воя расиданд ва аз худ осори ғании илмию адабии гаронмояе ба мерос гузоштанд. Аввалин шоироне, ки дар Самарқанд ба забони дарӣ шеър гуфтаанд, Абӯҳафси Суғдии Самарқандӣ, Абӯлянбағӣ, Аббос ибни Тархони Самарқандӣ (Абу Тақӣ) мебошанд. Зиёда аз он, ба таъкиди муаллифи тазкираи «Оташкада» Лутфалибеки Озар, нахустин гӯяндаи «Шоҳнома» Абӯмансур Муҳаммад ибни Аҳмади Дақиқӣ зода ва тарбиятдидаи Самарқанд аст. Сипаҳсолори шеъри Аҷам Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҷавонӣ аз Панҷрӯди Панҷакент омада, дар Самарқанд тарбия дида, ба камол расидааст. Аз ин ҷост, ки Самарқанд ҳамчун шаҳри тамаддунофарини халқи тоҷик дар инкишофи илму фарҳанг, забону адабиёти форсии тоҷикӣ саҳми беназир дорад. Аз асри XI қабилаҳои бодиянишини турк яке аз паси дигаре ба Самарқанд фурӯ рехтанд: қарахониён, туркони салҷуқӣ, дар миёнаи садаи XII қаракидониён. Истилогарон ба шаҳр зарари калон расониданд. Равнақи илму адаб ба дараҷае коста шуд. Бо вуҷуди он намояндагони аҳли илму адаб, аз қабили Рашидии Самарқандӣ, Сӯзании Самарқандӣ, Шатранҷии Самарқандӣ, Низомии Арӯзии Самарқандӣ, Заҳирии Самарқандӣ ва дигарон анъанаҳои илму фарҳангу адаби замони Сомониёнро идома дода, аз худ дар соҳаҳои мухталиф мероси пурарзише боқӣ гузоштанд. Дар ин давра қабл аз ҳама истеҳсоли маснуоти кулолӣ, шишагӣ ва фулузӣ инкишоф ёфт. Ба ин бозёфтҳои бостоншиносӣ, аз қабили зарфҳои сирдор ва косаву табақҳои бесири пурнақшунигор гувоҳ аст ва аз ривоҷи ҳунармандӣ дар Самарқанд дарак медиҳанд. Соли 1220 истилогарони муғул бо сарварии Чингизхон Самарқандро забт намуданд. Аҷнабиён шаҳрро ба куллӣ хароб карда, аксари аҳолиро аз дами теғ гузарониданд. Шаҳри қадимаи Афросиёб ба харобазор мубаддал гашт ва аз байн рафт. Аллома Бобоҷон Ғафуров дар асари машҳури «Тоҷикон» оид ба ҷангҳои шадиди мардуми шаҳр, қаҳрамонию ҷонфидоии онҳо сухан ронда, аз ҷумла навиштааст: «Пас аз афтодани истеҳкомоти қалъаи Самарқанд ҳазорон диловарон ба масҷиди ҷомеъ паноҳ бурда, душманро ба наздик шудан намонданд. Муғулҳо бо роҳе масҷидро оташ заданд. Вале мудофиакунандагон аз ин наҳаросида, дар ҷои худ нишастанд ва сӯхта мурданро аз таслим шудан ба душман авлотар донистанд».[2] Минбаъд низ муқобилат ва муборизаи мардуми шаҳр алайҳи ғосибони муғул заррае паст нашудааст, ки ба ин шӯриши бузурги халқии солҳои 1365—1366 гувоҳӣ медиҳад. Ва он дар таърих бо номи ҷунбиши Сарбадорон (бо сарвари толиби мадраса Мавлонозода) машҳур аст. Табиист, ки дар натиҷаи забткориҳои аҷнабиён ва бадбахтиҳои ба сари мардуми тоҷик овардаи муғулҳо оид ба равнақи илму адаби форсии тоҷикӣ дар садаи XIII сухан гуфтан ҷои гaп ҳам нест. Илму фарҳанг дар Самарқанд шикасти сахте дид. Аксар шоирону адибон, донишмандону мутафаккирон ба Туркия, Арабистону Ҳиндустон муҳоҷират намуданд.
Дар аҳди Темуриён (охири асри XIV ва асри XV) Самарқанд аз нав ба зеботарин ва ободтарин шаҳрҳои Шарқ ва бузургтарин маркази иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Вароруд табдил ёфт. Дар шаҳр корхонаҳои ҳунармандӣ, дӯконҳои савдо, тимҳо, чойхонаву ошхонаҳо, корвонсаройҳо, устохонаҳои яроқсозӣ, зарробхона ва маҳбас бунёд гардиданд. Саноеи нафиса, минётура, меъморӣ, кошинкорӣ, наққошӣ, кандакорӣ, маснуоти филиззӣ, саҳҳофӣ, лаввоҳӣ, истеҳсоли коғаз дар зинаи нави сифатӣ тараққӣ кард. Махсусан коғази самарқандӣ дар кишварҳои дуру наздик шуҳрат дошт. Илмҳои риёзиёт, нуҷум, ҳайат, ҳандаса, тиб пеш рафтанд. Бояд гуфт, ки охирин зичи нуҷумии муътабар маҳз дар Самарқанд эҷод шудааст. Ғайр аз ин асари таърихии Муҳаммад Абдураззоқи Самарқандӣ «Матлаъ-ус-саъдайн ва маҷмаъ-ул — баҳрайн» дар ҳамин давра ба забони форсии тоҷикӣ иншо шуд, ки воқеаҳои таърихии солҳои 1304 — 1469-ро фаро мегирад. Давлатшоҳи Самарқандӣ тазкираи машҳури худ «Тазкират-уш-шуаро»-ро эҷод кард. Муҳаққиқони барҷастаи форсу тоҷик Қозизодаи Румӣ, Хоҷаи Хурд, Содиқ, Мавлонои Хофӣ, Алоудавлаи Самарқандӣ, Ғиёсуддини Ҷамшид, Муини Кошонӣ, Салоҳуддини Мӯсавӣ, Алоуддини Қӯшчӣ ва чанде дигар дар Самарқанд зиндагӣ ва эҷод кардаанд. Классикони барҷастаи адабиёти форсии тоҷикӣ ва ӯзбекӣ Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоиӣ низ дар Самарқанд таҳсил ва такмили илм намудаанд. Ба ин маънӣ Самарқанд дар охири садаи XIV ва садаи XV аз марказҳои асосии илму фарҳанг ва забону адабиёти форсии тоҷикӣ ба шумор рафтааст. Дар бораи расадхонаи Улуғбек, манзараву фарҳангу ҳунармандони Самарқанд ва таърихи забти шаҳр аз ҷониби лашкари Шайбонихон дар соли 1501 Заҳируддини Муҳаммад Бобур дар асараш Бобурнома маълумоти нодир овардааст.[3] Дар садаи XVI шайбониёни Ӯзбек ба Вароруд ҳуҷум намуданд. Дар натиҷаи ғоратгарию тохтутозҳои қабилаҳои кӯчии ӯзбек шаҳру вилоятҳо хароб гашта, ғаллаву чорвои мардум ба яғмо рафт. Гуруснагии гушношуниде рух дод ва аҳолии бисёре аз гуруснагӣ талаф ёфтанд. Бобоҷон Ғафуров дар «Тоҷикон» аз «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Восифӣ, ки дар Самарқанд сукунат дошт ва шоҳиди бевоситаи бедодгарӣ ва гуруснагӣ буд, дар ин хусус пораеро иқтибос меоварад: «Дар ин сол (яъне соли 1512 мелодӣ) дар Самарқанд қаҳтӣ ва гаронӣ ба дараҷае расид, ки халоиқ, ба ҷуз қурси моҳу офтоб, ки дар дастархони фалак буд, дар дигар ҷой сурати нонро намедиданд ва гуруснагони фақир шабҳо ба ҷои хӯшаи гандум дар хаёли худ аз хирмани Парвин хӯша мечиданд». Восифӣ дар як шеъраш низ ин қаҳтӣ ва гуруснагиро тасвир карда, ба мардуми одӣ ҳамдардӣ баён намуда, нисбат ба сарватмандони ҳарису хабис бо нафрату кароҳат сухан рондааст:

Download 21.62 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
  1   2




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling