Адабиёти бадеӣ ва фарқи он аз навъҳои дигари санъат мавзӯъ: адабиёт 7


Мусаммати мусаддас: аааааа, ббббба, ввввва…


Download 7.44 Mb.
bet15/17
Sana20.09.2023
Hajmi7.44 Mb.
#1682495
1   ...   9   10   11   12   13   14   15   16   17
Bog'liq
Мавзӯъ. Адабиёти бадеӣ ва..

Мусаммати мусаддас: аааааа, ббббба, ввввва…

5.

Мусаммати мусаббаъ: ааааааа, бббббба, вввввва…

6.

Мусаммати мусамман: аааааааа, ббббббба, ввввввва…

7.

Мусаммати мутассаъ: ааааааааа, бббббббба, вввввввва…

8.

Мусаммати муашшар: аааааааааа, ббббббббба, ввввввввва…

АДАБИЁТ 7
ЖАНРҲОИ ЛИРИКӢ
Гурӯҳи махсуси лирикаи тоҷику форс буда, аз дастаи шеърҳои дар як вазн, аммо дар қофияҳои гуногун эҷодшуда фароҳам меоянд.
Тарҷеот ду навъ мешавад:
1. Тарҷеъбанд - байти восила, ки хонаҳои шеърро бо ҳамдигар мепайвандад, ба ҳеҷ гуна тағйирот дучор намеояд.
2. Таркиббанд - байти восила ҳам мазмунан ва ҳам аз рӯйи қофия ҳамеша тағйир меёбад.
Шоирон миқдори байтҳои хона (банд)-ро гуногун гуфтаанд. Ҳадди хурдтарини хонаҳои тарҷеъбанд дубайтӣ омадааст. Намунае аз ашъори Нақибхони Туғрал меорем:
Аз рухат ойина то лаззати дидор гирифт,
В - аз нигоҳи дигарон ҷониби худ ор гирифт
Хокро аз қадамат рутбаи гулзор гирифт,
Аз ту гулҳои чаман зинати дастор гирифт,
Ман чӣ гуфтам, ки дили нозукат озор гирифт?
Хотират аз мани бечора ба як бор гирифт?
ТАРҶЕОТ
Тарҷеот – такрор, баргашт.
Шарҳи луғат
АДАБИЁТ 7
ЖАНРҲОИ ЛИРИКӢ
Қасида - маънии азм, қасд, ният карданро дорад. Шакли қофиябандии он ба ғазал монанд буда, ҳаҷми он бамаротиб аз ғазал зиёд аст. Нахустин устодони қасидасарои адабиёти форсу тоҷик Одамушшуаро Рӯдакӣ, Унсурӣ, Манучеҳрӣ, Фаррухӣ ва дигарон буданд.
Сохти қасида тартиби муайяне дошта, аз панҷ қисм иборат аст: насиб ё ташбиб (тағаззул), гурезгоҳ, таъриф (мадҳ), мақсад ё маталб, хотима. Ин жанри лирикӣ аз ҷиҳати қонунияти устухонбандӣ ду навъ мешавад: қасидаи муқтазаб ва қасидаи мукаммал.
Қасидаеро, ки ташбиб (насиб) надорад ва бевосита аз мадҳу ситоиш сар мешавад, қасидаи маҳдуд ё қасидаи муқтазаб (буридашуда) мегӯянд. Қасидаҳое низ ҳастанд, ки тамоми мисраъҳои онҳо ҳамқофия мебошанд ва онҳоро қасидаҳои тамомматлаъ мегӯянд. Намунаи шеъри тамомматлаъ дар адабиёти пешазисломӣ манзумаи «Суруди оташкадаи Каркӯй» аст.
Аз рӯйи мавзӯъҳои марказиашон қасидаҳоро ба чунин намудҳо ҷудо кардан мумкин аст:

Download 7.44 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   9   10   11   12   13   14   15   16   17




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling