Авратро ба кор бурдааст: Ва асп аъзал ҳам бад бувад ва ҳамеша авраташ


Дубур дар луғат муродифи пушт ва мақъад


Download 26.1 Kb.
bet2/4
Sana13.11.2023
Hajmi26.1 Kb.
#1770394
1   2   3   4
Bog'liq
Документ

Дубур дар луғат муродифи пушт ва мақъад маънӣ шудааст:
Рише, ки аз он пок дубур натвон кард,
Кунпӯши хару ҷӯли шутур натвон кард (97, 396) Вожатои пушт, қафо низ чун муодилаи звфемистии кун ба кор мераванд:
Ба пешашон натавон шуд зи гандаӣӯйи бағал, Ба пушташон натавон шуд зи бӯйи тунди эзор.
Калимаи хоя низ аслан тоҷикӣ буда, асосан ба маънои “тухм”, “тухми мурғ”, “байхаи инсон ва ҳайвонот” маъмул будааст. Мисолҳо:
Ба мурғи дил, ки оташ хояи ӯст,
Самандар дар самандар дояи ӯст (Нозим).
Сияҳчашму бӯрабрашу говдум,
Сияҳхояву тунду пӯлодсум (Фирдавсӣ) (97, 498). Ибораи «миёни рон» - зимни ифодаи маънои аслӣ ибораи эвфемистии бар ивази унсури луғавии дуруштмаъно наомадааст. Аммо ҳангоми маҷозан ба маънои «олоти таносули чорво ё инсон» омадан хусусияти фразеологӣ касб намуда, бар ивази калимае, ки гуфтанаш ноҷост ва ё хусусияти табуӣ гирифтааст, корбурд шудааст.
Ҳолатҳое низ ба мушоҳида мерасад, ки дисфемизмҳо аҳамияти услубӣ касб намуда, тамоми ҳиссиёту ҳаяҷони муаллифи матнро беибо нишон додаанд. Зимни чунин тарзи ифода оҳанги муассиршавӣ аз зуҳуроти номатлуб, рафтор ё кирдори ношоиста қаламдод гардидааст:
Зан нагардад гирди марди некбахт,
Гирди он гардад, ки дорад к...и сахт (13, 158).
Нисбат ба олати таносули занона дар нутқи адабӣ вожаи иқтибосии арабии фарҷ (сӯрох, шикофи байни ду чиз, андоми ниҳонии зан) (98, 423):
Шикам сӯфиеро забун карду фарҷ, Ду динор бар ҳар ду он кард харҷ.
Нависандаи бомаҳорат ҳамеша суханро чу зар баркашида, сипас, устокорона каломи мамнӯъро, ки барои ифодаи амалиёти маҳрамона корбаст мегардад. бо ибораи рехта иваз кардааст. Масалан, ибораи рехтаи «банди шалвор суст кардан»-ро ба маънои «амалиёти ҷимоъ» ин гуна ба тасвир кашидааст: Ва мардуми Ироқ на дархӯри онанд, ки кас барои эшон банди шалвор суст гардонад (13, 157).
Ё ин ки ҷараёни амалиёти маҳрамона ва зуҳуроти ба он вобастаро Аҳмади Дониш бо исгифодаи мафҳум ва ифодаҳои эвфемистӣ хеле олиҷаноб инъикос намудааст:

Download 26.1 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling