Бонги занги охирин оҳиста шав, Бо садои зиндагӣ пайваста шав
Download 68.65 Kb.
|
25-may-songi-qongiroq-senariy
Бонги занги охирин оҳиста шав, Бо садои зиндагӣ пайваста шав. Бо садои беғубори кӯдакӣ, Бо садои тобдори зиндагӣ. Алвидоъ, эй панҷу чори кӯдакӣ, Хайра мақдам, панҷу чори зиндагӣ. То хатам бо хатти дафтар ҷӯр шуд, Эй муаллим, чашми ту камнур шуд, Рост кардӣ каҷмакаҷ хатҳои ман, То нависам рост таърихи Ватан. Алвидоъ, эй панҷу чори кӯдакӣ, Хайра мақдам, панҷу чори зиндагӣ. Алвидоъ, эй пешдомони сафед, Хайра мақдам, бахту армони сафед. Эй дару девори мактаб як дуо, Як дуои хайр аз сидқу сафо. Алвидоъ, эй панҷу чори кӯдакӣ, Хайра мақдам, панҷу чори зиндагӣ. Назри Яздонӣ Шеър дар бораи ЗАНГИ ОХИР Зангулаи корвони умр аст, Занге, ки садо диҳад ба мактаб. Гӯё ҳамаро шитоб дорад, Бар ҷониби орзую матлаб. Занге, ки садои охиринаш, Пуршур мисоли савти дарёст. Анҷоми чаҳони бачагиҳо, Оғози чавониҳои зебост. Занге, ки садои охиринаш, Анҷом бувад ба ишқи аввал, Бар он ҳама шармҳои ноҷо, Бар он ҳама бӯсаҳои маътал. Занге, ки ҷавоби талх гӯяд, Бар номаи беҷавоби ёре. Занге, ки ниҳода дар дили ман, Занге зи муҳаббати нигоре… Як умр садо диҳад ба гӯшам, Занге, ки садо диҳад ба мактаб Даъват бикунад, ки нест ҳамвор, Роҳе, ки барад ба сӯи матлаб! Ҷӯра Юсуфӣ ЗАНГИ ОХИРИН
Ассалом эй шоҳроҳи умри мо, Хайрамақдам, навбаҳори зиндагӣ. Болу пар деҳ бар дили пуршӯри мо, То намонем зери бори бандагӣ. Алвидоъ эй солҳои бачагӣ, Хайр акнун мактаби беҳтар зи ҷон. Меравем имрӯз аз оғӯши ту, Номи некат кай равад лек аз забон?.. Ӯғулой.
Вақте, ки занги охир дар гуши мо садо кард,
ЗАНГИ ОХИРИН (Камолот) Ҳар гаҳе саргарми фикр аз назди мактаб бигзарам, Ман садои форами ин занги мактаб бишнавам. Занги мактабро шунида боз хушёр мешавам, Бар ҷавоби дарси нав гӯё, ки тайёр мешавам. Он замон ояд ба ёдам давраҳои бачагӣ, Хонда будам назди устод шеърҳои Рӯдакӣ. Дил бихоҳад андаке, панди устод гӯш кунам, Бори дигар сӯҳбати он дӯстонро гӯш кунам. Он ҳама рӯзҳои фирӯзи ҳаётам зинда бод, Ёди неку панди устодон ҳамеша зинда бод! Шералӣ ТАБАРОВ Алифборо ба дасти ман ниҳодӣ,
Муаллим раҳнамои беҳтарин шуд, Ба ангушти дилаш дониш нигин шуд. Чу роҳи растагорӣ менамояд, Сазовори ҳазорон офарин шуд. Муаллим ҷом бошад, бода – дониш, Муаллим шоиру сарвода – дониш. Барои ташнагони Замзами дил Муаллим бо садоқат дода дониш. Давоми матнро баъди реклама хонед Китоби ҳикмату маъно муаллим,
Шеъри Муаллим – Бе муаллим Бе муаллим босафо кошонаи миллат нашуд,
Шеър дар васфи Омузгор Нури маърифат ба рӯям боз кард омӯзгор, Мурғи иқболам баландпарвоз кард омӯзгор. Бесавод будам, савод омӯхту чашмам боз кард, Аз “Алифбо” ҳарфи нав оғоз кард омӯзгор. Дарси “Ҳусни хат”, “Забон”-у, “Хониш”-у “Одоб” дод, Баҳри дониш ҷустанам дартоз кард омӯзгор. То кушод бар рӯйи мо ҳар саҳфаи илму ҳунар, Бар китоби зиндагӣ ҳамроз кард омӯзгор. Ӯ ба мо ошно бикард таъриху фарҳанги бузург, Худ ба эъҷозасту сарафроз кард омӯзгор. Метавонам ман кунун аз роҳи устодам равам, Баҳри бишнидан зи панд дамсоз кард омӯзгор. Вақти он омад, ки чун устод мо доно шавем, “Илм ҷӯй”, “Такрор кун”, овоз кард омӯзгор! Озармеҳр
Шони Муаллим Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим. Бидон инро, ки виҷдони ҳама халқ Бувад аз рӯйи виҷдони муаллим. Агар фардои меҳанро биҷӯйӣ, Биёб аз файзи эҳсони муаллим. Агар армони меҳанро бихоҳӣ, Бидон аввал ту армони муаллим. Каму беши замонро рост кардан Тавон танҳо ба мизони муаллим. Куҷо ояндаи рӯшан тавон дид, Набошад нури чашмони муаллим. Ягон ҳосил ба хоки мазраи таб Магар рӯйида бе дони муаллим? Бидон парвозгоҳи миллати мо Бувад дар рӯйи дастони муаллим. Камол Насрулло Муаллим
Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам. З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим, Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим. Ҳарфе дуруст хондам, аз шавқ медамидӣ, Ноқис, ки менавиштам, бар хеш метапидӣ, То сарбаланд бошам, бисёр сар хамидӣ, Бори гарони меҳнат бар дӯши худ кашидӣ. З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим, Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим. Омӯхта бароям одоби гуфтугӯро, Во карда пеши чашмам дунёи орзуро, Суде барои мардум бахшанда бин Амуро, Дар роҳи бахтёбӣ маънои ҷустуҷӯро. З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим, Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим. Дар гиру дори ҳастӣ, гуфтӣ, ки боҳунар шав, Бар авҷ сар кашидӣ, аз қаър бохабар шав, Аз дониши замонат пайваста баҳравар шав, Дар ҳифзи халқу кишвар фарзанди номвар шав. З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим, Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим. Тақдири насли миллат бар зиммаи ту бор аст, З-ин бештар ба дунё дигар чӣ эътибор аст? Омӯзгор он гаҳ мамнуну бахтёр аст, Шогирди бовафояш бар халқ ифтихор аст. З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим, Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим. Боқӣ Раҳимзода Муаллим
Агар дар маҷлис ояд, чун дигарҳо Каломашро намесозад тиҷорат. Ба рафтори хушу ахлоқи некӯ Ба дасти дил диҳад оби таҳорат. Чу мӯйи ӯ дилаш испед бошад, Надорад заррае кибру ҳасодат. Ба мактаб, ки бувад даргоҳи олӣ, Ба гуфтори накӯ созад ибодат. Ҷудо созад зару мисро ба дониш, Алифбои фаросатро диҳад ёд. Касе, ки кор гирад пандҳояш, Намояд зиндагии хеш обод. Фидоии ҳама давру замон аст, Ба қалби одамон машъал фурӯзад. Мисоли чеваре дар санги торих Зи ақлу илму дониш нақш дӯзад. Чашмаи саршори илм аз остони мактаб аст, Мурғи масти орзу аз ошёни мактаб аст. Ақлу дониш, илму ирфон, дафтару меҳри китоб, Баҳри мо хидматрасон аз ганҷи кони мактаб аст. Download 68.65 Kb. Do'stlaringiz bilan baham: |
ma'muriyatiga murojaat qiling