Чирчик вилояти тошкент
Психика хамчун предмети тадќиќоти илми психология
Download 110.71 Kb.
|
- Bu sahifa navigatsiya:
- Инъикоси физикй
Психика хамчун предмети тадќиќоти илми психология
Психика мафхуми марказии психология мебошад. Мутафаккирон аз ќадимулайём дар атрофи мазмуну мохият ва табиати ин мафхум бахсу мунозира менамоянд. Мубохисони ин масъала асосан аз ду мавќеъ, мавќеи идеалистй ва мавќеи материалистй баромад мекунанд. Идеалистон аз замони Афлотун ва ќабл аз он то имруз даъво доранд, ки идея, рўх, психика аз азал вучуд дошт ва он олами материалиро офарид. Психологияи идеалистй бо организм ва шароитхои хаёт вобаста будани психикаро инкор мекунад. Материалистон бошанд, аз Демокрит ва Арасту то ин замон исрор мекунанд, ки ашё, материя аввалин буда, рўх, психика махсули он мебошад. Афкори идеалистй ва материалистй то замони мо таќрибан баробар инкишоф ёфтаанд, вале аз асри XIX cap карда, дар асоси кашфи як ќатор ќонунхои табиат бартарии материализм мушохида мешуд. Дарачаи олии тараќќиёти материализм, материализми диалектикй мебошад, ки дар асоси аќидахои тахаввулотии Ч.Дарвин аз чониби файласуфони немис К.Маркс ва Ф. Энгелес кор карда баромада шудааст. Материализми диалектикй дар замони муосир хамчун асоси фалсафии хамаи илмхо, аз чумла, психология дониста мешавад. Мувофиќи таълимоти материализми диалектикй, ашё, материя аввалин буда, психика ва шуур махсули он мебошанд. Хамин тавр, психика хосияти ашё аст, аммо он на ба хама ашё, балки танхо ба ашёи дар дарачаи олии тараќќиёт ќарор дошта, яъне маѓзи cap хос аст. Файласуфи рус В.И.Ленин ќайд кардааст, ки: «тамоми ашё хосияти инъикосро сохибанд», вале хамзамон ќайд кардан лозим аст, ки чй ва чй тавр инъикос намудан аз дарачаи тараќќиёти системаи инъикоскунанда вобаста мебошад. Дар робита бо ин се намуди асосии инъикос фарќ карда мешавад: физикй, физиологй ва психикй. Инъикоси физикй хоси тамоми ашё, аз чумла, табиати ѓайри зинда аст. Ба он мисол шуда метавонад инъикоси равшанй, садо ва ѓайра. Инъикоси физиологй танхо ба мавчудоти зинда хос аст, масалан рў ба офтоб харакат кардани гули офтобпараст, аз таъсири ангеза ба хаячон омадани хучайраи асабй ва ѓайра. Download 110.71 Kb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling