Чирчик вилояти тошкент
Download 110.71 Kb.
|
- Bu sahifa navigatsiya:
- Холатхои эмотсионаливу иродавй
Инъикоси психологй бошад, танхо ба он мавчудоти зинда хос аст, ки дорой узви инъикоскунанда- маѓзи cap мебошанд. Мисоли ин намуди инъикос образи ашё, ходиса, хиссиёт ва монандй инхо мебошад, ки дар тасаввуроти мо вучуд доранд. Инъикоси психикй табиати инфиродиро дошта, таркиб ва мазмуни он дар одам аз синну сол, тачрибаи хаётй ва тарбияи ў вобаста аст.
Хамин тавр, материализми диалектикй собит намуд, ки махз инъикоси психикй ё психика бояд мавзўи бахси психология бошад. Дуруст аст, ки мафхуми психология дар замони муосир низ дар фахмиши умумй чун «илм дар бораи психика (рўх)» дониста мешавад. Вале акнун худи мафхуми «психика» мазмуну мохияти худро комилан дигар намудааст. Он айни замон чун инъикоси субъективии олами объективй ё образи идеалии хаќиќати реалй баходода мешавад. Психика акнун на «сояи бечисм», на субстансияи алохида, балки хосияти ашёи ба дарачаи олй ташаккулёфта, яъне хосияти маѓзи cap аст, хамин тавр, психика функсияи маѓзи cap аст, ки дар инъикос намудани олами ихотакарда ифода меёбад. Худи психика дар рафтор ва фаъолияти субъект дар се шакли ходисахои психикй зохир мешавад. Шаклхои зухуроти психика - ин равандхои маърифатй, холатхои рухй ва хусусиятхои фардй- психологй мебошанд. Дар зери равандхои маърифатй як ќатор унсурхои психика фахмида мешаванд, ки субъект тавассути онхо олами атроф, ашёву ходисот, чамъият ќонунхои табиат, чамъият ва инчунин худро дониста мегирад, яъне маърифат мекунад. Ин унсурхо диќќат, эхсос, идрок, хотир, тафаккур, хаёл ва нутќ мебошанд. Холатхои эмотсионаливу иродавй- хиссиёт, эмотсия, ирода мебошад. Одам бо олами ихотакарда дар таъсири байнихамдигарй буда, дар маѓзи сари худ на танхо ходиса ва ашёхои гуногун, балки муносибатхои объективии бо объектхои инъикос ба амал омадаро низ инъикос мекунад. Хамин тавр, ходисахои зиндагй моро хурсанд мекунад, дигараш ѓамгин месозад, якеро бо вачд меовараду дигареро ба ќахр ва ѓ. Бо воситаи ирода бошад мо фаъолияти худро шуурона идора менамоем, ки дар бартараф намудани душворию манеахо хангоми расидан ба маќсад ифода меёбад. Download 110.71 Kb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling