Хуруҷи деваштич
Download 0.96 Mb. Pdf ko'rish
|
vosstanie-devashticha
- Bu sahifa navigatsiya:
- Соли 2021 аз хуруҷи Деваштич алайҳи аъроб 1300 сипарӣ гардид. Ҳамза КАМОЛ, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши
МУАРРИХ-ИСТОРИК-HISTORIAN 5 ТАЪРИХИ ВАТАНӢ-ОТЕЧЕСТВЕННАЯ ИСТОРИЯ-NATIONAL HISTORY УДК 9 (575.3) ХУРУҶИ ДЕВАШТИЧ 1 Соли 2021 аз хуруҷи Деваштич алайҳи аъроб 1300 сипарӣ гардид. Ҳамза КАМОЛ, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Табарӣ дар рухдодҳои соли 103 ҳ.қ./721-722 зикре аз ихшиди Суғд ва афшини Самарқанд-Деваштич мекунад, ки дар водии Зарафшон, дар мубориза алайҳи арабон бархоста буд. Бино ба қавли Табарӣ ӯ аз шумори ашрофдеҳқонони Самарқанд маҳсуб мешуд, ки номи вай «Девошниг буд ва онро муарраб карданд ва Девошнӣ гуфтанд» [2, 3584]. Гуфтаҳои Табарӣ роҷеъ ба Деваштич миѐни ховаршиносон он замон арзиш пайдо намуданд, ки ба тасодуф аз кӯҳи Муғ асноде пайдо гардид, ки номи Деваштич ва корномаи ӯро аз зери ғубори асрҳо берун овард. Баҳори соли 1932 ба ҳангоми чаронидани рамаи гӯсфандон дар фарози кӯҳи Муғ чӯпоне аз деҳи Хайрободи ноҳияи Заҳматобод (Айнии ҳозира) ба исми Ҷӯраалӣ Маҳмадалӣ мутаваҷҷеҳ мешавад, ки пойи гӯсфанде ба сӯрохе банд мондааст. Ба ҳангоми раҳоии пойи гӯсфанд аз ин сӯрох як сабади нимапӯсида бо пораи коғази нозуки хокистарии равшан, ки бо хати номафҳум дар он навиштаҳое вуҷуд дошт, пайдо мекунад. Ҷӯраалӣ ин ѐфтаро назди босаводтарин аҳли деҳ – муллои маҳал овард, аммо ӯ натавонист асли матнро ба дурустӣ таъйин кунад. Ин санад чанд моҳ дар рустоҳои болооби Зарафшон даст ба даст мегузашт ва билохира ба дасти Абдулҳамид Пӯлодӣ, ки он замон симати котиби Комитети ҳизби ноҳияи Заҳматободро ба дӯш дошт, мерасад. Ба ибтикори ӯ ин бозѐфт ба шаҳри Душанбе оварда мешавад. Акси ин санадро котиби илмии он замони базаи тоҷикистонии Академияи фанҳои Иттиҳоди Шӯравӣ А.И. Василев бо худ ба шаҳри Ленинград ба назди профессор А.А. Фрейман барои шиносоӣ мебарад. Профессор А.А. Фрейман муайян мекунад, ки нусхаи хаттӣ санадест, ки бо хатти шикастаи суғдӣ ба забони суғдӣ навишта шудааст. Ин аввалин бор буд, ки нусхаи хатти суғдӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ, дар қаламрави худи Суғд ѐфт шуд, дар ҳоле ки тамоми ѐфтаҳои дастнависҳои суғдӣ то ҳоло дар мустаъмароти Суғд дар Чин ба даст омадааст [14,7]. Ин нахустбозѐфт, ки дар феҳристи асноди дастнависи бадастомада аз харобаҳои дижи кӯҳи Муғ зери рақами як шуморагузорӣ шудааст [14, 33; 1 Мақола дар асоси лоиҳаи «Таърихи халқи тоҷик» (асри ІІІ-аввали асри XX), рақами қайди давлатӣ 0121TJ1211 навишта шудааст. Download 0.96 Mb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling