Мавзӯи Тавсифоти муќоисавии психологияи илмй ва хаётй


Download 189.54 Kb.
bet3/6
Sana17.06.2023
Hajmi189.54 Kb.
#1520847
1   2   3   4   5   6
Сохахои илми психология
Психология дар замони муосир худро хамчун илми мутараќќи муаррифи намудааст. Аз он сохахои бешумор ҷудо шуда, хар яке дар самти худ то андозае мустақилона тадќиќоти илмй мебарад. Суръати ташаккули ин илм имконият додааст, ки таќрибан дар хар 4 -5 сол самт ё сохаи нави он ба вучуд меояд. Хамаи инро ба назар гирифта истода, месазад, ки на дар бораи психология хамчун як илм, балки хамчун комплекси илмхои психологӣ сухан ронем.
Якчанд кушишхои таснифоти сохахои илмхои психологӣ мавчуданд. Намояндаи муосири психологияи рус Р.С. Немов тамоми сохахои ин илмро ба сохахои фундаменталӣ, амалӣ, умумӣ ва махсус чудо менамояд.
Ба ақидаи вай, сохахои фундаменталӣ ё базавии психология дар фахмиш ва шарх додани рафтори одамон новобаста аз кй ва ба кадом фаъолият машѓул буданашон ахамияти бузург доранд.
Сохахои амалй гуфта, ӯ сохахоеро меномад, ки дастовардхои онхо дар амалия истифода мешаванд. Сохахои умумӣ масъалахои барои тамоми сохахо мухимро пайдо ва хал менамоянд ва сохахои махсус бошанд масъалахоеро баррасӣ мекунанд, ки ба омўзиши як ё гурӯхи ходисахо равона гаштаанд.
Дар илми муосир таснифоти пешниходнамудаи психологи шинохтаи рус А.В. Петровский низ васеъ дар истифода қарор дорад. Вай дар таснифоти сохахои психология се меъёри асосиро ба эътибор мегирад:
а) фаъолияти мушаххас;
б) инкишофи психика;
в) муносибати шахс ва чамъият.
Агар меъёри аввалро ба эътибор гирем, пас як қатор сохахоро ҷудо намудан мумкин аст, ки масъалахои психологии намуди мушаххаси фаъолияти одамро меомўзанд, аз қабили: психологияи педагогӣ, психологияи тиббӣ, психологияи хуќуқ, психологияи судӣ, психологияи харбӣ, психологияи мухандисӣ ва мехнат, психологияи варзиш ва ғайрахо.
Агар хангоми таснифот чанбахои психологии тараққиёту инкишофро ба назар гирем, он гох чунин сохахо ба миён меоянд: психологияи муқоисавӣ ё зоопсихология, психологияи синнусолӣ.
Хангоми ба эътибор гирифтани чанбахои психологии муносибат ду шохаи сохахоро фарқ намудан мумкин аст: психологияи фард ва психологияи ичтимоӣ.
Ба сифати сохаи умумиятдиханда ва муттахидсозандаи ин комплекси илмхои психологӣ психологияи умумиро фарқ кардан мумкин аст.

Download 189.54 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling