Назарияи таълим фанни дидактика ва вазифаҳои он


Махорат — кобилияти дар асоси таҷрибаи хосилшуда


Download 20.95 Kb.
bet4/5
Sana05.01.2023
Hajmi20.95 Kb.
#1080205
1   2   3   4   5
Bog'liq
дидактика

Махорат — кобилияти дар асоси таҷрибаи хосилшуда
ичро намудани ягон амал
Махорат бо малака алокаи зич дорад. Малака – амалиётест, ки андозаи баланди азхудкуниро ифода мекунад. Одаме, ки ин ё он малакаро хосил кардааст, гуё ба таври автомати кор мекунад ва дар рафти кори у назорати шуурро паи бурдан нихоят душвор аст. Бинобар ин малакаю махорат дар ҳаёти инсон аҳамияти калон дорад.
Дидактика на танхо азхудкуни ва татбики дониш, балки инчунин махорати донишхосилкуниро вазифаҳои таълим мешуморад. Аз ин ру, ташаккули ансамбли томи махоратҳои интеллектуали: махорати диккати худро ба чизи асоси чалб кардан, ходисахоро мукоиса ва таҳлил кардан, онҳоро чамъбаст намудан, кори худро бо намунааш мукоиса кардан, санчидан ва бахо додан ба сифати кори худ ва дигар хонандагон аҳамияти калон пайдо мекунад. Хонандагон бидуни ин махоратхо ба азхудкунии донишхо ноил намешаванд.
Махорату малакаҳои ба таври стихияви пайдошуда ноустуворанд. Рохи бовариноки ташаккули малака ва махоратро таълими идорашаванда мебошад. Малакаю махоратҳои бо ин рох хосилшуда бо шуурноки, мувофиқӣ, боваринокии натиҷахо, кобилияти коричрокуни дар шароити такьирёбанда фарк мекунанд. Дар ин хол хондан осон ва шавковар мешавад.
Ташаккули махорату малакахо дар ҷараёни машкхо ба амал бароварда мешавад. Машк — такроран ичро кардани амалҳои мунтазам ба мақсади азхудкуни ё баланд бардоштани сифати он аст. Самаранокии машкхо дар ташаккули малакаю махоратхо аз бисёр ҷиҳат ба методикаи ташкили онҳо вобаста аст.


Хусусияти дутарафаи ҷараёни таълим
Ҷараёни таълим ду фаъолият — фаъолияти муаллим ва хонандаро дар бар мегирад. Фаъолияти муаллим аз баёни маводи таълим, шавкманд кардани хонандагон ба фан, роҳбари кардан ба машҚулиятҳои мустақилона. тафтиши дониш ва малака, бедорсозии майл ба хониш, хавасмандгардони, холисона бахо додан ба дараҷаи дониши онҳо иборат аст.
Фаъолияти муаллим тарафи зохирии ҷараёни таълимро ташкил менамояд, чунки вай таълим медиҳад, меомузонад. Фаъолияти хонанда ҷиҳати ботинии ҷараёни таълимро фаро мегирад, зеро у донишеро, ки муаллим медиҳад, аз худ мекунад, мефахмад, қабул мекунад.
Тарафи дуюми ҷараёни хониш аз фаъолияти хонанда иборат буда, у маводи фаннеро, ки таълим дода мешавад, аз бар мекунад. Таълим аз дониш фарк мекунад ва дар тахти роҳбарии муаллим ба амал меояд. Мақсад ва вазифаи асосии таълим аз он иборат аст, ки насли ҷавонро бо донишҳои илми, одат ва малакахо мусаллах намояд. Сохиб шудан ба дониши илми дарки алокаи байни фанҳои муайян, эзох дода тавонистан, мустақилона чамъбаст намудани онҳо ва хулоса бароварда тавонистанро дар бар мегирад. Дар асоси ин хонанда сохиби мушоҳидакори, тафаккур, хотира барин кобилиятхо мешавад.
Аз ин мебарояд, ки тамоми дастовардҳои илмии инсониятро донистан лозим аст. Дар ҷараёни таълим мухимтарин ва заруртарин ҷиҳатҳои фан омухта мешавад. Ин аст, ки муаллим бо рохи аз содда ба мураккаб, аз умуми ба хусуси рафтан ба хонандагон дониш меомузад, онҳоро ба ин рох хидоят менамояд, дар бобати хулоса бароварда тавонистан аз ҷиҳатҳои омухтаашон, ба ҳаёт ва истехсолот татбик карда тавонистани ин донишхо ёд медиҳад. Муаллим фанни худро ҳар кадар бо усули содда фахмонад, зарур аст, ки дакик ва илми бошад.
Муаллим дар ҷараёни донишдиҳи зимнан имконияти хонандагонро меомузад, душворихоро муайян менамояд ва онҳоро бартараф мекунад. Муаллими эҷодкор хох дар мавод, хох дар усули ба худ хоси педагоги ташаккул меёбад.

Download 20.95 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling