Таълим фаъолияти муаллим – таълимдиҳи ва фаъолияти хонанда – омӯзишро дарбар мегирад. Он ҷараёни донишдиҳи ва азхудкунии донишу махорату малакахо мебошад.
Азхудкунии куллаҳои илм аз таълими хондан, навиштан, ҳисобкуни, андозакуни ба хонандагони синфи якум огоз меёбад. ҳар як насли нав ба ҳаёт кадам монда таҷрибаи наслҳои пешгузаштаро меомузад ва танхо дар ин асос дар илм, техника ва ҳаёти ҷамъияти рохҳои нав мечуяд. Бо донишхо мусаллах намудани насли наврас вазифаи мухимтарини таълим мебошад.
ӯамин тавр, масъалаҳои назариявии мундаричаи маълумот ва таълим, шакл ва методҳои онро дидактика меомузад, ки ваи як қисми педагогика аст.
Ҷараёни таълим
Дар фанни педагогика таълим чун фаъолияти4 идрок (донистан) ба чандин маънои асоси сохиб аст, яъне, дар хонандагон хосил кунонидани дониш, малака ва одатхо; ташаккул додани чахонбини, афкору эътикод; ба дараҷаи муайян муваффак шудан бар ин, ки хонандагон сохибилм, бомаданият ва кобилиятнок шаванд.
Таълим фаъолиятест, ки ҷиҳатҳои муайяни таҷрибаи инсоният, яъне мувофиқи талаботи имрӯзаи тараққиёти иҷтимои ба дараҷаи бояду шояд илм омухтан ва тарбият ёфтани хонандагонро таъмин менамояд.
Мазмуни ҷараёни таълимро дониш, махорат ва малака ташкил медиҳад. Пас, хонандагон ба туфайли хондан ба илм мусаллах хоханд шуд. Барои ин факат худи илм кофи нест. Онро тарзе бояд истифода кард, ки дар зиндаги натиҷаҳои пурбаракат бахшад. Дар ин бобат пайдо кунондани махорат ва малака ба хонанда зарур аст.
Махорат мачмуи ҳаракатхоест, ки дар натиҷаи машк хосил мешавад. Кобилият ва махорат ба воситаи машк ва такрор ба малака табдил меёбад.
Дар асоси дониш махорат ва малака ба вуҷуд меояд. Агар илм бебахс вуҷуд дошта натавонад, махорат дар мехнат, дар тагйир додани дунё зарур аст. Бинобар ин, ташкил намудани бахсу мунозира, озмунхо ва мушоирахо дар мактабу донишгоххо миёни хонандагони хушзехну зирак фоидаовар аст.
Дониш — асоси методологии ҷараёни таълим
Хонандае, ки ба ҷараёни дониш гирифтан ҷалб шудааст, дар ҷараёни таълим аз донистани нодуруст ва ноаник рӯз то рӯз рохи пурратар ва дакиктару аниктар донистанро тай менамояд. Дар асоси мушоҳида, тасаввур, тафаккури мучаррад фактхо умуми карда шуда, дар натиҷа хулосаҳои илми, назарияхо, қонунхо ва категорияхо офарида мешаванд.
Дониш махсули предметхо ва ходисаҳои вокеият, қонунҳои табиат ва ҷамъиятро маърифат кардани одамон мебошад. Дар донишхо таҷрибаи чандинасраи инсоният, тасаввурот ва фахмишҳои у дар бораи ходисаҳои мухит чамъбаст карда шудааст. Донишхо дар шакли фактхо, принсипхо, қонунхо вуҷуд доранд.
Дониш гирифтан ба ду бахш – назария ва амалия чудо мешавад. Назария фикрест, ки дониши нав, аз худ намудани ягон чизи навро ифода менамояд. Ваи дар ҳар хел шакл зохир мегардад: аксиома, теорема, қонун, формула, график, ракам ва гаира. Дар назария Қоя шакл мегирад.
Do'stlaringiz bilan baham: |